Ноҳияи Дӯстӣ (собиқ ноҳияи Ҷилликӯл) соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳаташ 1,2 ҳазор километри мураббаъ буда, ба 1-уми январи соли 2017 дар ноҳия 108,4 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорат дар тобистон то +48 дараҷа гарм ва дар зимистон то 10 дараҷа хунук мешавад.
Ноҳияи Дӯстӣ бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён ва Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 150 км ва то шаҳри Бохтар 50 км аст. Дар ноҳия 5 ҷамоати деҳот, 1 ҷамоати шаҳрак, 14 корхонаҳои саноатӣ, 2 ташкилоти сохтмонӣ, 2 муассисаҳои нақлиётӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаҳои коммуналӣ ва 2304 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд мебошад.
Дар ноҳияи Дӯстӣ 23,7 ҳазор нафар хонанда дар 46 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1476 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Дар 2 кӯдакистон 271 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.
Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 132 нафар табибон ва 380 нафар мутахассисони миёнаи тиб ба уҳда доранд. Таъминоти табибон ба 10,0 ҳазор нафар аҳолӣ 1,2 нафар, мутахасисони миёнаи тиббӣ 3,9 нафар ва таъминоти катҳо ба 10 000 нафар аҳолӣ ба 46 кат рост меояд.
Ба аҳолӣ муассисаҳои маданӣ-маърифатии шуъбаи фарҳанги ноҳия, аз он ҷумла 2 қасри фарҳанг, 15 китобхона, 80637 нусха фонди китобҳо, 1 мактаби мусиқӣ, ансамбли тарона ва рақс, 4 адад клубҳои сайёр ва ғайра хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия 7214 нафар нафақагирон зиндагӣ менамоянд.
Раисии ин ноҳияи овозадору ободро марди фидоиву кордон ва ташаббускор Саидзода Нурмуҳаммад Хол бар дӯш дорад.
Таърихи ноҳияи Дӯстӣ
Ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин) диёри қадимию куҳанбунёд буда, таърихи бою рангин дорад. Зимни ковишҳои архелогӣ аз ин ҷо намунаи зарфҳои қадимаро ёфтанд, ки ба даврони давлатдории Кӯшониён ва Сомониён тааллуқ доранд. Дар ноҳия мазори «Ҳазрати Имом Зайналобиддин», теппаи «Қаробура», «Қабристони бародарӣ», мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» ва чанд мавзеи таърихии дигар вуҷуд доранд, ки сайри ин мавзеъҳо ба ҳар як сайркунанда таассуроти хуб мебахшад. Сокинони ин диёри шуҳратёр дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар вазифаҳои пурмасъулият меҳнат карда, номи диёрро баланд мебардоранд.
Тавре дар боло ёдрас шудем, ноҳия қаблан Ҷилликӯл ном дошт. Дар мавриди вожаи «Ҷилликӯл» ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Аз нуқтаи назари муаррихон дар фонди луғавии забони тоҷикӣ вожаи «Чайл» ба маънои «Канори Дарё» ва «Куҳ», инчунин «Чилла» ба маънои «Бузург», «Бисёр» оварда шудааст ва пас вожаи «Ҷилликӯл» — маънои аслии тоҷикиаш «Чилликӯл» аст. Аз мавқеи ҷуғрофӣ низ ин мақом дуруст аст, зеро Чилликӯл дар лаби рӯди Вахш ва канори кӯлҳо ҷойгир шудааст.
Ҷилликӯл ҳамчун ноҳия бори аввал 29-уми августи соли 1930 таъсис ёфта, то сентябри соли 1955 арзи вуҷуд дошт ва баъдан барҳам дода мешавад. 6-уми декабри соли 1979 ноҳия аз нав ташкил карда мешавад.
Бо Қарори ҲҶТ таҳти №29 аз 2-юми феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси миллии МО ҶТ №204 аз 3-юми марти соли 2016 номи ноҳияи Ҷилликӯл ба Дӯстӣ иваз карда шуд.
Дар ноҳия солҳои зиёдест, ки тоҷикону туркманон, ӯзбекону русҳо ва дигар халқу миллатҳо якҷояву дӯстона кору зиндагӣ мекунанд. Дар ҳақиқат, мардуми ин диёр аз қадим боз дӯсту тифоқанд, ки инро зимни муомила, муошират, муносибат ва зимни сайругашт дар ноҳия ҳис мекунед.
Иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
Бо ташаббуси раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол дар ноҳия корҳои ободонӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақша-чорабинии махсус тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он бояд зиёда аз 80 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шаванд.
Гуфтан бамаврид аст, ки то имрӯз бештар аз 30 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки симои ноҳияро зебову дигаргун сохтаанд. Аз ҷумла бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия (иҷрокунанда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон) бо маблағи 1 миллиону 533 ҳазору 421 сомонӣ, сохтмони дарвозаи замонавии даромадгоҳи ноҳия бо маблағи 791 ҳазору 118 сомонӣ, таҷдид ва азнавсозии пули деҳаи Марказ аз ҷониби соҳибкор Муҳиддинов З. бо маблағи 27 ҳазору 720 сомонӣ, пули деҳаи Нуробод аз ҷониби соҳибкор Файёзов Х. бо маблағи 32 ҳазору 300 сомонӣ, пули деҳаи Шӯро аз ҷониби соҳибкор Карягдиев Р. бо маблағи 46 ҳазору 200 сомонӣ, сохтмони сардхона барои 100 тонна меваву сабзавот аз ҷониби соҳибкор Муфарраҳов Ҷ. бо маблағи 343 ҳазору 363 сомонӣ, бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Ҷилликӯл (иҷрокунанда КАТС-и ноҳия) бо маблағи 573 ҳазору 934 сомонӣ ва чанде дигар ба анҷом расидаанд. Айни ҳол дар ноҳияи Дӯстӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ ва дигар корҳои ободонӣ босуръат идома доранд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳо сарвари ноҳия ҳар ҳафта аз иншооти ҷашнӣ дидан намуда, рафти иҷроиши онро таҳти назорати қатъии худ қарор дода, бо соҳибкорону масъулон ва коргарони иншооти ҷашнӣ вохӯрда, маслиҳатҳои судманд ва баҳри сохтмони босифати бинову иншооти ҷашнӣ супоришу дастурҳо медиҳанд.
Дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкони хубе даст медиҳад, ки ноҳияи Дӯстиро бо мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон», мазори «Ҳазрати Имом Зайналобиддин», анору меваҳои шаҳдбораш, моҳиву сабзавоти барвақтиаш ва бо ҳунарҳои дастии мардуми заҳматкашу наҷибаш ба меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷи кишвар дар сатҳи шоиставу муносиб муаррифӣ намоем.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия корҳои созандагиву ободкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҷамоти деҳоти Ҷилликӯл мувофиқи нақша 16 иншооти сохтмонӣ, ки аз он 6-тоаш иҷро, ҷамоти деҳоти Гардӣ Гулмуродов 15 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 6-тоаш иҷро, ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолият 12 иншоот, ки аз он 5-тоаш иҷро, ҷамоати деҳоти Нури Вахш 9 иншоот, ки аз он 4-тоаш иҷро, ҷамоати деҳоти Деҳқонобод 17 иншоот, ки аз он 8-тоаш ба иҷро расидааст.
Рози «Бешаи палангон»
Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш (60 км) мегузарад. Дар ноҳия мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» бо масоҳати 50 ҳазор га мавҷуд буда, олами набототу ҳайвоноти он рангин аст. Ин мавзеи дилангез диққати сайёҳони дохилу хориҷро ба худ ҷалб кардааст.
Солҳои 30-40-уми садаи гузашта, ҳудуди паҳншавии паланги туронӣ туғайзорҳои водиҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Сурхоб ва Ёхсуро дар бар мегирифт. Саршумори паланг дар солҳои 50-уми асри гузашта тамоман маҳдуд шуда ва ба нестӣ расид. Ҷасади охирини аз тарафи шикорчиён паррондашудаи паланг дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Муҳити хоси зисти паланги туронӣ ҷангалзор ва туғайзорҳои наздисоҳилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида буд.
Дар солҳои 40-уми асри гузашта дар натиҷаи босуръат аз худ гардидани мавзеъҳои хоси зист, ҳамчунин маҳдуд гардидани саршумори туъма гавазни бухороӣ, хуки ёбоӣ, ғизол, паланги туронӣ дар қисмати ҷанубӣғарбии Тоҷикистон пурра маҳв гардид.
Саршумори ин ҳайвон дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта, дар поёноби дарёи Вахш 1520 сар ва дар охири солҳои 40-уми асри гузашта, дар тамоми туғайзорҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 1015 сар паланги туронӣ боқӣ монда буд. Соли 1948 дар масофаи 100 км туғайзори соҳилҳои чап ва рости дарёи Вахш танҳо 3 изи гуногунҳаҷми паланг ба қайд гирифта шуда буд. Дар туғайзори дарёи Сурхоб дар ин солҳо 35 паланг вомехӯрд. Дар Тоҷикистон паланги туронӣ ба рӯйхати ҳайвоноти маҳвгардида дохил карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки алҳол паланги туронӣ дар ягон боғи ҳайвоноти дунё боқӣ намондааст.
Аз худ гардидани туғайзорҳо, маҳдуд гардидани саршумори туъма, таъқиб ва шикор аз ҷониби инсон омилҳое буданд, ки боиси маҳвшавии паланги туронӣ гардиданд.
Дастгирии ниёзмандон ва дастовардҳо
Дастгирии эҳтиёҷмандон, пиронсолон, барҷомондагон ва нафақагирони ноҳия зери назорат буда, мувофиқи имконият ба онҳо мадад расонида мешавад.
Ноҳияи Дӯстӣ нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро намудааст, ки қисми зиёдашонро ихтиёриён ташкил медиҳанд. Дастовардҳои соҳаи маориф низ назаррас аст. Соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Соҳаи кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ
Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зиннатбахшу мевадор (себ, нок, олу, олуча, зардолу, шафтолу, хурмо, анор, анҷир, ангур, тут, гелос, бодом ва ғайра), растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд.
Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дар ҳоли тараққӣ буда, он рушд намуда истодааст. Таҳти роҳбарии раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода кор дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи мавриди зикр ба таври дуруст ба роҳ монда шудааст. Инро бо мушоҳида аз заминҳои пахтазор, нашъунамои зироатҳо, заҳмати деҳқонон ва ҷамъоварии ҳосили бадастовардаи деҳқонон бармало дидан мумкин аст.
Об сарчашмаи ҳаёт буда, асоси пешравию комёбиро дар ҳама соҳа таъмини доимии об ташкил медиҳад. Меҳнати шабонарӯзии кормандони соҳаи об, хусусан нуқтаҳои обтаъминкунӣ қобили қайд аст. Инро аз дастранҷи деҳқонон, нашъунамои зироатҳои гуногун, ҷамъоварии беда, пиёз, тарбуз, картошка ва дигар зироатҳо хуб дидан мумкин аст. Воқеан сарвари ноҳия тавонист, ки дасту дили деҳқононро ба замин гарм намояд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳосили барвақтиро аз замин ҷамъоварӣ намуда, дар он ба кишти дуюму сеюм машғуланд.
Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
Раиси ноҳияи Дӯстӣ ҳамвора бо соҳибкорон дидору вохӯрӣ намуда, дастоварду муваффақиятҳои ҳар шахсро васф намуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва пешрафти кори соҳа дастуру маслиҳатҳои судманд медиҳад. Мавсуф ҳамеша аз пайи супоришҳои додааш назорат бурда, бо натиҷаи кор шинос гардида, аз самаранокии он руҳу илҳоми тоза мегирад.
Дар қаламрави ноҳия аз канданиҳои фоиданок нефт, варақсангҳои сӯзанда, санги мармари сохтмонӣ, оҳаксанг, сангҳои сохтмонӣ ва захираи қум мавҷуд аст. Кони нафти Қашқадум яке аз конҳои ояндадор ба ҳисоб рафта, захираи он 4,9 млн тоннаро ташкил медиҳад. Варақсангҳои сӯзандаи Ғаравутиро ҳамчун маводи сӯзишворӣ дар корхонаҳои саноатӣ ба кор бурдан мумкин аст.
Мавқеи ҷойгиршавии ноҳия барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоид аст. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани «Бохтар-Термиз-Маскав» ва роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи «Душанбе-Шаҳритус», «Шаҳритус-Қубодиён-Ҷалолиддини Балхӣ-Бохтар» мегузаранд, ки ноҳияро бо дигар марказҳои саноатии вилояти Хатлон ва дар ҷануби мамлакат тавассути бандари Панҷи Поён дар дарёи Амударё бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пайваст мекунад. Истгоҳи роҳи оҳани «Колхозобод» аз маркази ноҳия дар масофаи 16 км дур ҷойгир шудааст, ки дар рушди иқтисоди ноҳия нақши муҳим мебозад. Наздик будани ноҳия бо маркази вилоят — шаҳри Бохтар ва сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконияти истифодаи захираҳои потенсиалии мавҷударо медиҳад.
Ба ҷои охирсухан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Дӯстӣ бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд.
Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 80 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд ноҳияи овозадори Дӯстиро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.
Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ,
Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ