Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Деваштич сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Деваштич дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

 Иҷроиши нақшаи буҷет

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва супоришҳои раиси вилояти Суғд бармеояд, “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Деваштич дар давраи то соли 2020” фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ин давра баҳри дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” кору фаъолият намуда, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидааст.

Дар ин давра, мувофиқи ноҳия бо назардошти ворид намудани тағйирот нақшаи қисми даромади умумии буҷет аз рӯи 25 миллиону 188 ҳазору 670 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои воқеии он 24 миллиону 944 ҳазору 184 сомонӣ, ё ки ба андозаи 99 фоиз таъмин карда шудааст.

Иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 103,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 10 миллиону 190 ҳазору 360 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 10 миллиону 583 ҳазору 928 сомонӣ андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 393 ҳазору 568 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра аз буҷети вилоятӣ ба тариқи субвенсия 29 миллиону 268 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ҳамагӣ нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бо якҷоягии субвенсия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 39 миллиону 458 ҳазору 360 сомониро ташкил дода, иҷроиши воқеии он 39 миллиону 851 ҳазору 928 сомониро ташкил додааст, ки он ба 101 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ вобаста ба иҷрои воқеии қисми даромад ба роҳ монда шуда, иҷрои он 99,8%-ро ташкил дода, ба ҷойи 39 миллиону 538 ҳазору 400 сомонии дар шаш моҳи соли 2020 пешбинигардида аз буҷаи ноҳия ба ҳаҷми 39 миллиону 454 ҳазору 446 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки аз он барои пардохти музди меҳнат 25 миллиону 691 ҳазору 503 сомонӣ (97,6 фоизи хароҷоти умумӣ), 6 миллиону 225 ҳазору 598 сомонӣ барои пардохти ҳиссаҷудокунӣ (94,7 %-и хароҷоти умумӣ) равона карда шудааст.

Барои ҳолати пардохти андозҳо аз рӯи ҳар як намуди онҳо чораҳои зарурӣ мавриди амал қарор дода шуда, дар шаш моҳи соли 2020 аз 10 намуди сарчашмаҳои буҷет нақшаи 8 намуд барзиёд иҷро гардида, аз ҳисоби ин ба буҷетҳои дахлдор ба таври иловагӣ 807 ҳазору 484 сомонӣ андозҳо пардохта шудааст.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат дар ноҳия корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2020 кишоварзони ноҳия дар майдони 30 ҳазору 693 гектар зироатҳои ғалладонагиҳо, 486 гектар зироатҳои техникӣ, 5400,5 гектар картошка, 1507 гектар сабзавот, 617,34 гектар полезиҳо кишт намуда, дар майдони 47,25 гектар боғу токзори нав бунёд намудаанд, ки нисбати соли гузашта зироатҳои ғалладонагиҳо 643 гектар зиёд, картошка 972 гектар зиёд ва сабзавот 397,5 гектар ва полезиҳо 325 гектар зиёд кишт карда шудааст.

Дар маҷмуъ, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳамаи манбаҳои кишткунанда ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 38 ҳазору 075 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1594,1 гектар зиёд аст. Кишоварзони ноҳия дар соли ҷорӣ ба ҷойи 26 ҳазору 661 гектари дурнамо тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар майдони 28 ҳазору 236 гектар (105,9 фоиз) кишти баҳорӣ гузаронидаанд. Аз ҷумла, кишти ғаллагиҳо ба ҷойи 21 ҳазору 147 гектари дурнамо дар майдони 21 ҳазору 645 гектар (102,4 фоиз), сабзавот ба ҷойи 577 гектари дурнамо дар майдони 884,94 га (153,4 фоиз), полезиҳо ба ҷойи 240 гектари дурнамо дар майдони 617,34 га (157 фоиз) гузаронида шудааст.

Бо назардошти манбаи об дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия сол аз сол майдони кишти картошка, сабзавот ва полезиҳо зиёд гардида, кишоварзони ноҳия бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли гӯшт 958,7 тонна, шир 8240,8 тонна ва тухм 2 миллиону 74 ҳазору 200 донаро ташкил медиҳад. Саршумори моли калони шохдор мувофиқи ноҳия 78 ҳазору 638 сар, моли майдаи шохдор 146 ҳазору 412 сар, асп 1115 сар, паранда 87 ҳазору 680 сарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои кишоварзӣ моли калони шохдор 4 ҳазору 291 сар, моли майдаи шохдор 17 ҳазору 419 сар, асп 346 сар ва паранда 13 ҳазору 218 сарро ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳамагӣ 25 ҳазору 626 сар гӯсола, 63 ҳазору 462 сар барра ва гӯсола нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 67 миллиону 577 ҳазору 900 сомониро ташкил дода, ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 101,3 фоиз баробар мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд набуда, азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия ба майдони 150 гектар аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва боир барои бунёди боғу токзорҳои нав истифода шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 1417 гектар чарогоҳ ва 333 гектар дар байни қатораҳои боғот кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Дар соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Яхтан 4 га боғи интенсивӣ ва 15,5 га токзори нави навъҳои “Суғдиёна” ва “Гигант” бунёд карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи ноҳия 15 адад гармхонаҳо ба масоҳати 0,67 га фаъолият дошта, дар соли 2020 барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва берун аз он зиёда за 2000 кг меваи лимӯ ва 1050 кг бодиринг пешниҳод карда шудааст.

Соҳаи саноат ва энергетика

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар ноҳия аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусӣ ба маблағи 26 миллиону 973 ҳазору 600 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ин нишондод нисбати соли гузашта 406 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 101,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 343,3 ҳазор сомонӣ молҳои дӯхта, 500 ҳазор дона хишти хом, 2 миллиону 407 ҳазор дона хишти пухта, 1042 метри кубӣ коркарди қуму шағал, 2146 тонна оҳаксанг, 220 дал оби ҷав ба аҳолӣ пешкаш намудаанд.

Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия мунтазам корбарӣ карда шуда, мувофиқи ноҳия дар ин самт корҳо бомаром идома доранд. Дар ноҳия ду шабакаҳои барқӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба муштариёни ноҳия 58 ҳазору 317 кВт/соат барқ интиқол намудаанд. Маблағи истифодаи барқ дар ин давра 11 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, пардохти он ба маблағи 10 миллиону 28 ҳазору 500 сомонӣ таъмин гардидааст, ки 85,0 фоизро ташкил медиҳад.

Таъмиру тармими роҳҳо

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки дар ин доира мувофиқи ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 725,4 км роҳҳо мавҷуд мебошанд, ки аз он 22 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 13,8 км роҳҳои байналмилалӣ ва 197,6 км роҳҳои дохилӣ мебошанд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби муассисаи назорати роҳҳои автомобилгард дар ин давра 57,4 км роҳҳо, аз ҷумла 13 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 44,4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмиру тармим гардида, қисмати роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Далёни ҷамоати деҳоти Далёни Боло ба масофаи 2,6 км асфалтпӯш кунонида шудааст.

Рушди соҳаи маориф

Дар ноҳия 77 муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз инҳо 1 адад Маркази таҳсилоти иловагӣ, 8 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шумораи 1439 нафар кӯдак, 65 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо шумораи 37833 нафар хонандагонро ташкил дода, 2644 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд. Дар соли таҳсили 2020-ум 2426 нафар хонандагон мактаби миёнаро хатм намуда, 1143 нафар ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ супоридаанд ва 21 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил гардидаанд.

Дар давраи ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон аз ноҳия 6 нафар хонандагоне, ки дар даври вилоятӣ сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гашта буданд, иштирок намуда, 4 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намудаанд.

Дар соли хониши 2019-2020-ум 3183 нафар хонанда синфи 9-ро хатм намуда, 2583 нафар ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб карда шудаанд, ки 81,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, 253 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба муассисаҳои миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар назди 14 муассисаҳои таълимӣ барои 2815 нафар хонанда ва дар назди муассисаи томактабии №1 корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шуда, дар баъзе аз онҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Барои устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (компютер, тахтаи электронӣ) ва ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, сатҳи фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 74 ҳуҷраи компютерӣ мавҷуд буда, бо 1002 адад компютер, 191 адад принтер, 24 адад сканер, 51 адад доскаҳои электронӣ, 56 адад проэктор, 19 адад таҷҳизоти нусхабардорӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустии ноҳия баҳри амалишавии барномаҳои давлатии қабулгардида ва хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.

Дар муассисаҳои тандурустӣ 165 нафар табибон ва 913 нафар кормандони миёнаи тиб, 417 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд. Дар ноҳия 2 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 Маркази саломатии деҳот ва 20 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Дар ноҳия катҳои табобатӣ 650 ададро ташкил медиҳад. 19 муассисаҳои фурӯши доруворӣ ва маводҳои тиббӣ фаъолият мебаранд. Тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашар сохтмони якчанд муассисаҳои тандурустӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар самти пешгирии интиқоли бемории сироятии нави коронавирус “Соvid-19” дар ноҳия фаъолият ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Дар ноҳия бо мақсади қабули гумонбарон ба ин бемории сироятӣ айни ҳол 190 кати табобатӣ омода карда шудааст. То санаи 1-уми июли соли 2020-ум 89 нафар шаҳрвандон дар нуқтаи карантинии беморхонаи марказӣ бистарӣ карда шуда, аз ин шумора 48 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ва 41 нафар алоқаманди онҳо табобат гирифтаанд. Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 72 ҳазору 500 сомонӣ барои захира намудани маводҳои хӯрока, доруворӣ, маводҳои муҳофизативу безараргардонӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии ин бемории сироятӣ ҷудо гардида, дар як вақт барои 11 нафар табибони ноҳия, ки бевосита бо ин беморӣ мубориза мебаранд, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 8 ҳазору 503 сомонӣ иловапулӣ ба маоши вазифавӣ ҷудо гардидааст. Дар умум барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус “Covid-19” аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои махсус зиёда аз 942 ҳазору 529 сомонӣ равона карда шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Далёни ҷамоати деҳоти Далёни Боло Беморхонаи ноҳиявии №5 барои 75 кат бо таъмини таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба руҳбаландии тамоми кормандони соҳаи тиби ноҳия боис гардида, дар як вақт масъулини соҳаро водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои худ масъулияти кории худро дучанд намуда, кору фаъолият намоянд. Барои бунёд ва муҷаҳҳаз гардонидани ин беморхона аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус беш аз 8 млн сомонӣ харҷ карда шуда, беморхона ба тавозуни беморхонаи марказӣ супорида шудааст.

Соҳаи фарҳанг

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯй гардонидани муассисаҳои фарҳангӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Дар ноҳия 1 адад Қасри фарҳанг, 1 адад Хонаи фарҳанги ноҳиявӣ, 4 адад Хонаи фарҳанги деҳот, 16 адад клуб, китобхонаи ноҳиявӣ, китобхонаи бачагона, 24 китобхонаҳои деҳот, мактаби санъати бачагона, 2 осорхонаи шахсӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат расонида, 35 ёдгориҳои таърихӣ арзи вуҷуд доранд.

Дар ноҳия бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ҳунари миллӣ, рушду инкишофи ташаббускорӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон Фестивал-озмунҳои ноҳиявии «Суруди Модар — Алла», “Чакомаи гесӯ”, маҳфили “Кадбону”, озмуни ноҳиявии “Ватанпарвар”, “Маликаи наврӯзӣ” ва аксияву вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ бо фарогирии шумораи зиёди ҷавонон, инчунин, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани ҷавонону наврасони лаёқатманди ноҳия ва ба лагерҳо сафарбар намудани онҳо, таъсиси стипендияҳои раиси ноҳия барои ҷавонони болаёқат ва завқи фарҳангидошта, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад, ташкил ва баргузор карда шудаанд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 «Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси ноҳияи Деваштич аз 15-уми июни соли 2018, №491 «Дар бораи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, № АП-1059 «Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шудааст, ки мувофиқи ноҳия корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 309 банд дар таҳрири нав таҳия гардида, аз он сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 23 адад, муассисаҳои табобатӣ 15 адад, нуқтаҳои хатнакунии кӯдакон 11 адад, сартарошхона ва толори ҳусн 17 адад, майдончаҳо ва толори варзишӣ 13 адад, боғи истироҳатӣ-фароғатӣ 1 адад, китобхонаҳо 3 адад, дорухонаҳо 3 адад, ҳаммом 15 адад, корхонаҳои истеҳсолии хурд 14 адад, марказҳои хизматрасонӣ 46 адад, майдончаи бозии кӯдакон 1 адад ва дигар иншооти гуногун 153 ададро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки аз 309 банд то ин давра 206 адад бандҳои нақшаи чорабинӣ иҷро гардидааст. Дар соли 2020-ум 104 банди нақшаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамагӣ 1787 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва 17 муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ворид гардида, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 179 адад кам мебошад.

Аз шумораи умумии аризаҳои хаттии воридгардида аз рӯи тобеият 1254 адад ба Кумитаи идораи замини ноҳия ирсол гардида, 12 адад рад, 19 адад қонеъ, 333 адад тибқи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаҳмонида дода шуда, 186 адад муроҷиатҳо дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд.

— Бо шарафмандӣ бояд қайд намуд, ки дар ин рӯзҳо тамоми сокинони ноҳия зери таассуроти бузург аз ташрифи мубораки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия қарор дошта, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, созандагӣ ва барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия меҳнат намуда истодаанд,- гуфт дар суҳбат бо мо раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, “файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ва боздидҳои он кас аз ноҳия, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021-у ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии кишвар моро муваззаф менамояд, ки нисбат ба пештара чандин маротиба зиёдтару беҳтар фаъолият намоем. Ин аст, ки тибқи дурнамо дар майдони 38 ҳазору 075 га кишт гузаронидем, ки нисбати соли 2019-ум 1594,1 га зиёд аст. Дар 5400,5 га (нисбати соли гузашта 972 га зиёд) картошка, сабзавот 397,5 га зиёд, полезиҳо 325 га зиёд, ғалладонагиҳо 643 га зиёд кишт карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба пешравиҳои беназир ноил гардидаем, ки ҳамагӣ аз файзу баракати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои муаззам барои ноҳияи Деваштич онқадар хизматҳову ободкориҳо намудаанд, ки касе накардааст. Ин аст, ки мардум аз Пешвои муаззами худ розиву мамнун буда, ба он кас арҷ мегузоранд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here