Дар зарфи чанд сол фаъолияти ҷамоатҳои кишвар рӯ ба беҳбуд овардааст, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро дуруст дарк намуда, баҳри пешрафту зиндагии шоистаи мардум саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз он ҷамоатҳоест, ки барои ободиву шукуфоии як гӯшаи кишвари азизамон саҳми худро гузошта истодааст ва тибқи қарору амри Ҳукумати ноҳия ва Ҳукумати кишвар баҳри амалисозии ҳадафҳои ободонию пешрафт якқатор корҳои арзишмандеро ба сомон расондааст ва дар оянда низ ин иқдомро мунтазам амалӣ хоҳад намуд.

Дар суҳбат ба хабарнигори МТЖТ Шодиев Давлатбек раиси ҷамоат изҳор дошт, ки ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати тадбиқ намудани иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурӣ”. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикикистон ба роҳбари гирифта, баҳри иҷрои онҳо нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудаанд, дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, вакилони ҷамоат дар тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳо, корҳои фармондадиҳӣ бурда шуд. Дар ин самт барои амалӣ намудани барномаҳои рушди маҳалҳо барои солҳо 2019-2021 дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ дида шуд ва ҳамчунин ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодаем. Ҷамоат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро ба роҳбари гирифта, муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар вақтҳои муайянгардида баррасӣ намуда ва барои иҷрои онҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар оғози соли 2020 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои омузиши пешкаш карда шуда буд, ки пурра дар байни аҳли ҷамоат муҳокима карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли сипари гардида, ҷамоати шаҳраки Навобод як маҷлиси вакилони ҷамоатро гузаронидааст, ки дар ин маҷлис се масъалаи рӯзмарра  ҳалу фасли худро ёфтанд, ки он масъалаҳо чунин унвон доштанд:

  1. Дар бораи нақшаи рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамоат дар шашмоҳи чоряки яккуми соли 2020 ва нақшаҳо барои соли
  2. Дар бораи тастиқ намудани буҷаи ҷамоати шаҳраки Навобод барои соли
  3. Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории ҷамоати шаҳраки Навобод.

Инчунин, шаш маҷлиси назди раиси ҷамоат, ки дар он 22 масъала муҳокима карда шуд ва шаш маҷлиси шӯрои ҷамоат гузаронида шудааст, ки масъалаҳои доғи рӯзро ба монандӣ:

  1. Оиди гузаронидани корҳои ободонию кабутизоркунӣ.
  2. Супоридани бойгонии ҷамоат.
  3. Таъмин намудани сарпараст ба мактабҳо.
  4. Дар бораи гузаронидани озмуни фарҳанги маҳалдорӣ.
  5. Таҷлили ҷашни Наврӯз.
  6. Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ.
  7. Таҷлили Рӯзи Ғалаба.
  8. Иди саиди Фитр.
  9. Ҷашни Ваҳдати миллӣ.
  10. Омодагӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. Эълон намудани 400- рӯзи ободони дар ҳудуди ҷамоат ва дигар амру Қарорҳои Раиси ноҳияро барои баррасӣ қарор дода, омӯзиш ва ҳалу фасл намудаанд, ки дар рафти иҷрои ин қарорҳо дар муддати нимсолаи аввали ҷамбастӣ ба натиҷаҳои хуб сазовор гардидаем.

Ҷамоат, кормандони он ва мардуми шарифи шаҳраки Навобод саъю талоши худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ равона карданд ва то ҳол бисёр ободиву созандагиҳои назаррасро анҷом доданд.

Ҷамоати шаҳраки Навобод ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷуёни ҳама зинаҳои таҳсилот ва занон, ҷавондухтарони ҳудуди ҷамоат дар соли 2020 зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ”,  “Фестивали ҳунарҳои мардумӣ”, озмунҳои ҷумҳуриявӣ гузаронида истодааст.

Дар асоси Қарори раиси ҷамоат дар бораи қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти ҷамоат қабул карда шуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон ба воситаи комиссияҳои дахлдор баррасӣ карда мешаванд ва қабули онҳо дар асоси ҷадвали рӯзҳои қабул, хусусан рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шудааст.

Дар 6-моҳи чоряки дуюми соли 2020 аз тарафи шаҳрвандони маҳаллҳо ба унвони ҷамоат 31 адад аризаҳо ворид гаштанд, ки муҳтавои асосии ин муроҷиатҳо барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ мебошад.

Барои таъмин намудани замини наздиҳавлигӣ 26 адад аризаҳои воридгашта, пурра баррасӣ гардида, ҳамчунин ҷавоби аризаҳо ба шаҳрвандон ва мақомотҳои дахлдор фиристода шудааст.

Инчунин, аз тарафи  раиси ҷамоат 24 нафар шаҳрвандон шифоҳӣ қабул гардида, муроҷиатҳои онҳо аз тарафи мутасаддиёни ҷамоат ва сохторҳои дахлдор баррасӣ карда шуданд.

Аз мақомотҳои болоӣ 37 адад мактуб, қарор ва амрҳои Раиси ноҳия нусха аз протоколҳои маҷлисҳои назоратии Раиси ноҳия ва дигар мактубҳо аз прокуратура, ШВКД, суд ворид шудааст, ки баҳри иҷрои он дар ҷамоат ба воситаи мутасаддиён баррасӣ гардидаанд.

Дар иртибот ба ободонӣ, созандагӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон 6-маҷлиси шурои ҷамоат баргузор гардид ва 29 адад Қарорҳои раиси ҷамоат ба имзо расонда шуд, ки баҳри тадбиқи онҳо чораҳои зарурӣ дида мешавад.

Инчунин, дар ин муддат 6 маҷлисҳои назорати раиси ҷамоат бо иштироки вакилони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, ҷавонон, занони фаъол, имомхатибон гузаронида шуд, дар он масъалаҳои ободонӣ, кабудизоркунию созандаги, тартиботи ҷамъиятӣ, интизоми меҳнат, пешгири аз омилҳои номатлуб ба монанди худкушӣ, суиқасд ба ҷони одам ва одамфурушӣ, нашъамандӣ, гаравидани ҷавонон ба гуруҳои ифротгароӣ, пешгири аз корупсия, бегонапарастӣ, пушидани сару либоси мардуми бегона ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

Ҳар моҳ мувофиқи нақшаи ҷамоат бо раисони маҳаллаҳо маҷлиси васеъ гузаронида шуд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ба назорат гирифтани беҳдошти сатҳи санитарӣ, экологӣ ва тозагии маҳал машварат гузаронида шуд ва баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ дида шудаанду мешаванд.

Дар бобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо падару модарон, муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёде барпо карда шудааст. Дар ин росто барои ба низом даровардани тарбияи ахлоқи ҳамида ва амалӣ гаштани қонуни мазкур кушишу талошҳои мо натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.

Инчунин, ба 3039- нафар шаҳрвандон маълумотномаҳои гуногун дода шудааст. Дар ин давра 23 нафар шаҳрвандон ба маҳал омаданд ва дар ҷамоат ба қайд гирифта шудаанд, 426-нафар аз қайд бароварда шудаанд.

Рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷамоат баҳри дар амал тадбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумат дар ин самт чораҳои мушаххас мебинад.

Хусусан, ҷамоат ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонону наврасон диққати ҷиддӣ дода истодааст, ки сол ба сол шароити таълиму тарбия дар муассисаҳо беҳ гашта истодааст.

Буҷет

Нақшаи солонаи қисми даромади андоза аз молу мулк ва аз замин 162023 сомонӣ буда, иҷроиши 5 моҳа 63391,15 сомониро ташкил медиҳад.

Қисми иҷроиши нақшаи солона 202191 сомонӣ ва нақшаи қисми хароҷоти 5 моҳа 84246 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти 5 моҳа 43579 сомонӣ, аз ҷумла 327 сомонӣ пардохти музди меҳнат ва 6009 сомонӣ андози иҷтимоиро ташкил дод.

Ҳифзи иҷтимоӣ

Тибқи омори пешниҳод гардида аз 1-уми июни соли 2020, дар ҳудуди шаҳраки Навобод 553-нафар нафақахӯрони умумӣ, аз он ҷумла нафақа аз рӯи синну сол 387 нафар, 5 нафар нафақагирони амнияти маҳаллӣ, 17 нафар маъюби гуруҳи 1, 42 нафар маъюби гуруҳи 2, 69 нафар маъюби гуруҳи 3, 35 нафар маъюбони то 18 сола, 41 нафар нафақагирони бепарастор, 3 нафар кӯдакони ятими кулро ташкил медиҳанд.

Инчунин, 300 оила расман камбизоат эътироф шудаанд, ки ин нишондод 22,9% хоҷагиҳоро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии шахсони саховатпешаи шаҳраки Навобод, ки дар партави супоришу ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расонидани кумак ба шаҳрвандони ниёзманд, ятимон, бепарасторону маъюбон ба маблағи 37425 сомонӣ маҳсулоти ниёзи авалия ёрии башардӯстон расонида шуд.

Тандурустӣ

Дар ҳудуди шаҳраки Навобод 1 адад маркази саломатӣ (Навобод) фаъолият дорад.

Маркази саломатии шаҳраки Навобод ба 6055-нафар аҳоли хизмати тиббиро мерасонад. Дар маркази саломатӣ сартабиб, 3 нафар табиб бо маълумоти олӣ, кормандони миёнаи тиб 8 нафар ва кормандони хӯрди тиб 2 нафарро фаъолият мекунанд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 17.04.2020 таҳти рақами №40 “Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ, баҳри бо мардум дуруст ва воқеъбинона шарҳ додани вазъияти ба амал омада, ба паҳншавии бемории каронавирус дар кишварҳои ҷаҳон” ҳамчунин, барои пешгирии бемории короновирус дар ҳамаи минтақаҳо тибқи қарорҳои раиси ҷамоат гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби вакилони ҷамоат, фаъолон роҳбарони корхонаю муассиса, раисони маҳаллаҳо, маркази саломатӣ, омӯзгорон, таъсис дода шудаанд.

Ҳайати гуруҳҳои корӣ давоми фаъолияти худ дар ҳудуди муқарраргардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди дуруст шарҳ додани вазъияти баамаломада ва вобаста ба паҳншавии бемории каронавирус дар кишварҳои ҷаҳон.

Дар шаҳраки Навобод дар ҳайати умумии 25 нафар вобаста ба ҳамаи кучаҳо гуруҳҳои корӣ таъсис ёфта, давоми фаъолият тариқи усули хона ба хона ба 1416 хоҷагии шахсӣ ташриф оварда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда ва аз тарафи соҳибкорон орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ, макарон ва ба миқдори 205 дона ниқоб, 205 дона антисепт-СА ва 205 ҷуфт дастпушак ба 50 нафар шаҳрвандони камбизоат, маъюбон, ятимони кул ва русзабонҳо тақсим карда шуд.

Дар давраи хуруҷи сирояти каронавирус 65 нафар сироятгардида ба ҳисоб гирифта шуданд, баъди гузаронидани табобатҳои статсионарӣ ва амбулаторӣ 61 нафар солим гардонида шуданд ва 2 нафар фавтиданд.

Айни ҳол дар назорати табибони оилавӣ 2 нафар қарор доранд.

Варзиш

Шумораи умумии ҷавонони шаҳраки Навобод 3520 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди ҷамоат 1 адад толори варзишӣ, 1 адад майдончаи футбол, 1 адад майдончаи волейбол ва 1 адад майдончаи баскетбол фаъолият доранд.

Дар ҳудуди  шаҳраки Навобод ҳамагӣ 2 муассисаи таълимии дорои 35 синфхона, бо фарогирии 1344 нафар хонанда ва 74 нафар омӯзгорон фаъолият доранд.

Даъват ба хизмати ҳарбӣ

Шумораи ҷавонони ба синни даъват ба хизмати ҳарбӣ расида, наздикии 594 нафарро ташкил медиҳад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон  “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҷамоати шаҳраки Навобод барои сафарбар намудани ҷавонписарон дар давраи баҳорӣ бо кумаки фаъолони ҷамоат, вакилон, раисони маҳалла нақшаи даъватии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар давраи баҳорӣ пеш аз муҳлат ба пуррагӣ иҷро гардид.

Тартиботи ҷамъиятӣ

Барои риояи тартиботи ҷамъияти ва пешгирии ҷиноятҳо нозирони минтақавӣ дар якҷояги бо раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигиҳо дар шашмоҳаи квартали дуюми соли 2020 корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Хусусан, дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо якқаттор корҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра зиёда аз 126 адад протоколҳои маъмурӣ нисбати қонуншиканиҳои шаҳрвандон тартиб дода шудааст. Инчунин, дар ин муддат  26 адад арзу шикоятҳои шаҳрвандон баррасӣ гардидааст.

Барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ба қайдгирии шаҳрвандон, мунтазам рейдҳо гузаронида шуда истодааст.

Инчунин, дар бисёри кӯчаҳо дружиначиён ташкил карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо нозири минтақавӣ кор мекунанд.

Бинобар ҳамин, сатҳи ошкор намудани ҷиноятҳо нисбат ба солҳои гузашта хеле ҳам зиёд гаштааст.

Ободонӣ

Ҳама сола ҷамоат кушиш ба харҷ медиҳад, ки ба корҳои ободонию кабутизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳудуди ҷамоат вусъати нав бибахшад ва маданияти шаҳрдориро баланд бардорад. Омодагӣ ба маъракаи ободонию кабутизоркунӣ ва хуррамгардонӣ ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январ оғоз гардид, ки дар ин маърака 1 адад иншоотҳои ҷашнӣ муайян гардида, таҷдиду таъмири корхонаҳо, ба тартиб даровардани роҳу кӯчаҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин ва ободу кабутизор гардонидани ҳудуди ҷамоат ба нақша гирифта шуд. Инчунин, бо ҷалби сокинон ва шахсони саховатманд корҳои дигар аз қабили сафед кардани биноҳои истиқоматию маъмурӣ, сафед кардани танаи дарахтон дар маҳаллаҳо ба анҷом расонида шуд, ки ҳусни маҳаллаҳо ва шаҳракро зебо гардонидаанд. Барои омодагӣ ба истиқболи ин ҷашни пуршукуҳ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак мунтазам ҳашарҳои умумӣ, корҳои ободонӣ, зебонигорию бунёдкорӣ, таъмири биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва роҳу кӯчаҳо ташкил карда шуданд. Роҳу кӯчаҳои аз ҳудуди ҷамоат мавҷуд буда, дар арафаи ҷашнҳо бо шиору овезаҳо оро дода шудаанд. Корҳои сохтмонию созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ давом дорад. Кушиш ба харҷ дода истодаем, ки то рӯзи ҷашн, иншоотҳои нотамом ба истифода дода шаванд.

Аз ҷумла сохтмони мағоза, тарабхона дар кӯчаи Кушониён аз ҳисоби соҳибкор Қурбонов Ҷамшед то рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода дода мешавад, ки дар он тахминан 10 нафар одамон ба ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд. Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 28-уми январи соли 2020, №349 “Дар бораи гузаронидани аксияҳои тозагии маҳалл ва тозагии соҳил” бо Қарори раиси ҷамоати шаҳраки Навобод аз 3-юми феврали соли 2020, №5 барраси гардонида шуд ва ба маълумоти роҳбарони ташкилоту корхона, муассиса, раисони маҳал, раисони кумитаҳои занону ҷавонон ва соҳибкорон расонида шудааст, ки ҳамаи сохторҳо баҳри иҷрои ин амр ҳиссагузо бошанд. Ҳамаи сохторҳо вазифадор карда шуданд, ки ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва зебонигорӣ вусъати нав бахшанд ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфарозона пешвоз гирифта шавад. Мардуми ҷамоат амри Раиси ноҳияро дуруст дарк карда, ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ кор бурда истодаанд. Ҷамоат ва аҳли ҷамоатчигӣ дар назди худ вазифа мегузорад, ки он дастуру ҳидоятҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, дар амал тадбиқ намуда, баҳри созандагӣ, ободонии шаҳрак чораҳои зарурӣ мебинад.

Шуморо бовар мекунонем, ки ҷамоати шаҳраки Навобод баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардониро пурзӯр менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба маҷлиси Олии кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти шаҳрвандони кишвар, пеш аз ҳама ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва тадбиқи афзалиятҳои миллӣ диққат дода, танҳо ба нерӯи созандаи мардум ва заҳмати содиқонаву софдилона такя менамоянд.

Аз ин лиҳоз, ҳар сокини шаҳрак барои пойдории сулҳу амният, ободии шаҳрак бо меҳнати софдилона саҳми худро гузошта, барои  гулгулшукуфии ватани азизамон саҳми худро мегузорад.

Дар идомаи суханҳои худ, раиси ҷамоати шаҳраки Навобод Шодиев Давлатбек афзуд, ки баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми мардуми шаҳрак содиқона хизмат намуда истодаанд ва дар ҷавоб ба хизматҳои арзандаи Пешвои муаззам ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ё ёрирасонро самаранок истифода намуда, барои 2-3 соли оянда маҳсулоти авалиндараҷаи ғизоӣ ва консерваҳои гуногунро омода намуда истодаанд. Мавсуф афзуд, ки Раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Акрамзода Рустам низ аз роҳбарону раисони ҷамоатҳо, деҳот ва фаъолон даъват ба амал овардаанд, ки идеяҳои созандаю саривақтии Роҳбари давлатро дуруст дарк намоем ва сар карда аз манзилу кӯча ва маҳалаю ҳудуди ҷамоатҳоро ба як гӯшаи ободи Ватани азиз табдил диҳем, гузашта аз ин, муҳтарам Раиси ноҳия ҳар сари вақт аз ҳудуди деҳаҳои ноҳия дидан менамоянд ва ин аст, ки тамоми ноҳия рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Саиди ҲАЙДАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here