Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи меҳнатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судманд андешида,  ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинони шаҳр корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодааст.

Баҳри татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №АП-1146 вобаста ба иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 5 феврали соли 2019, №54 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд” тадбирҳо андешида, бо ин мақсад қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 27 феврали соли 2019, №59 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд» ба тасвиб расида, мувофиқи он корбарӣ идома дорад.

Дар самти таъсис додани гуруҳҳои корӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи масоили сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Бӯстон ҷадвали вобастакунии аъзоёни гуруҳҳои кории доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва роҳбарони коргоҳу муассисаҳо ҷиҳати вусъати робита бо волидону пайвандони ҷавонони гумроҳшуда, ки аз шаҳри Бӯстон дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷ ва таълими ғайрирасмӣ қарор доранд аз 14 феврали соли 2019 тасдиқ гардида, мувофиқи он корбарӣ идома дорад.

 

1300 рӯзи меҳнати зарбдор

Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, “Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, «Дар бораи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин раванд қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 6 апрели соли 2018, №78 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ ба имзо расид. Дар замимаи қарори мазкур 155 банд нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ баҳри омодагии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, бунёди майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо таҳия ва тасдиқ гардида, дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин бо мақсади татбиқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 30 марти соли 2018, №72 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, мувофиқи он корбарӣ идома дорад.

 

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин давра ба иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи буҷети умумидавлатӣ ва маҳаллӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои воридоти маблағ, истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судманд андешид.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр семоҳаи аввали ба андозаи 105,3 фоиз ва ба маблағи 19 млн. 760,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 994,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 315,5 ҳазор сомонӣ ё худ 101,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 101,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 7 млн. 929,9 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда ба буҷети маҳаллӣ 8 млн. 68,5 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 138,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи ҳиссаҷудокуниҳо аз андозу пардохтҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 115,4 фоиз ва ба маблағи 7 млн. 94,5 ҳазор сомонӣ ва ба буҷети вилоятӣ 98,1 фоиз ва ба маблағи 4 млн. 597,7 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбат ба нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан  946,5 ҳазор ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёд ва буҷети вилояти бошад ин нишондиҳанда аз сабаби иҷро нагардидани андоз аз фоида 90,3 ҳазор сомонӣ кам ворид гардиааст.

Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи  99,6 фоиз иҷро гардида, ба иқтисодиёти шаҳр 9 млн. 427,7 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 136,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш 5 млн. 790,9 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 61,4 фоизи хароҷотҳои умумии буҷети шаҳрро ташкил менамояд. Аз ҷумла барои соҳаи маориф 3 млн. 41,8 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 2 млн. 292,7 ҳазор сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 416,5 ҳазор сомонӣ,  суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40,0 ҳазор сомонӣ ва барои хоҷагии комуналлӣ 3 млн. 288 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст.

 

Рушди соҳибкорӣ   

Дар шаҳри Бӯстон ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд то давраи соли 2020” таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави шаҳр 2474 адад соҳибкорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 436 адад бо шаҳодатнома ва 1747 адад тариқи патент фаъолият намуда, 291 нафар шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар миқёси шаҳри Бӯстон филиалҳои бонки “Ориёнбонк”, ҶСП “Эсхата”, БДА “Амонатбонк” амал намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастрасии қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорону шаҳрвандон аз ҷониби филиали бонки ҶСП “Эсхата” аз рӯи 4 лоиҳа амалӣ гардида, аз ҷониби филиали бонки мазкур дар давоми се моҳи соли 2019 — 6 млн 453 ҳазору 202 сомонӣ ба 346 нафар шаҳрвандон маблағгузорӣ карда шудааст. Аз он ҷумла ба соҳаи саноат 2 млн 439 ҳазору 993 сомонӣ, ба соҳаи сохтмон 212 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ 408 ҳазору 900 сомонӣ, хизматрасонӣ 1 млн 306 ҳазору 302 сомонӣ ва ба аҳолӣ 2 млн 86 ҳазору 8 сомонӣ сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

 

Рушди  саноат

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 84 млн. 888 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 млн. 426 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 66,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 38,5 млн. зиёд ё худ 236 фоизро дарбар гирифтааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр наздик ба 30 намуди маҳсулотҳои саноатиро истеҳсол менамоянд, ки маҳсулотҳои истеҳсолшавандаи онҳо ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ба  ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анҳор» истеҳсоли орд, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарбати мева» истеҳсоли маҳсулоти шарбат, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» истеҳсоли сангҳои ороишӣ, нахи базалтӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-Пак» истеҳсоли халтаҳои полипропеленӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдполитекс» истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷилои Ҷавҳар» истеҳсоли равғани растанӣ ва ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Евро-Азия 2005» истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва  мебошанд. Дар ин давра аз 26 корхонаҳои саноатии шаҳр 18 адад корхонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши худро зиёд таъмин намуданд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои соли 2019 ӯҳдадориҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр 324,7 млн. сомониро гузашта, иҷрои он ба андозаи  26,1 фоиз таъмин гардид.

Бояд қайд намуд, ки шумораи кормандони соҳаи саноат дар 2 моҳи соли 2019 — 2969 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 337 зиёд ё худ 112,8 фоизро дарбар гирифтааст. Музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноат мувофиқи маълумоти омори шаҳр дар 2 моҳи соли 2019 — 2059 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 264 сомонӣ афзуд ё худ 114,7 фоизро ташкил дод.

Истифодаи оқилонаи иқтидорҳои мавҷуда буд, ки аз тарафи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон дар семоҳаи аввали соли 2019 —  16137 тонна орд,  5571 тонна сабус, 34,6 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 121 тонна равғани растанӣ, 142 тонна гӯшт, 277 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 59 тонна маҳсулоти ширӣ, 5445 декалитр нӯшокиҳои беспирт, 2351 декалитр обӣ маъданӣ, 300 декалитр машрубот, 20,5 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ, 289 тонна арматура, 20,7 ҳазор дона хишти сементӣ, 33 тонна ранги сохтмонӣ, 7 млн. 58 ҳазор дона халтаҳои полипропиленӣ, 30,7 тонна халтаҳои полиэтиленӣ ва 200 тонна рехтаи пулодӣ истеҳсол карда шуд. Ин омил барои расидан татбиқи муваффақонаи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда истодааст.

 

Амнияти озуқаворӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат силсилаи корҳоро амалӣ намуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки мунтазам дар шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо пешниҳоди нархҳои нисбати бозор то 20 фоиз арзон ҳар рӯзи шанбе баргузор гардида истода, ба ярмаркаи номбурда маҳсулотҳои гуногун аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара, Конибодом, Деваштич, Бӯстон ва Б. Ғафуров бароварда шудааст.

Дар қаламрави шаҳри Бӯстон сардхонаи соҳибкори инфиродӣ “Қудратова” аз соли 1998 ба тариқи шартномаи хариду фурӯш аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Наврӯз» фаъолият менамояд. Масоҳати умумии сардхонаи мазкур 9 гектарро ташкил дода, самти асосии фаъолияти он иҷорадиҳии амвол буда, дар корхонаи номбурда 35 адад анборҳо ва 17 дона анборҳои яхдонӣ бо иқтидори 1800 тонна мавҷуд мебошад. Айни замон дар корхонаи мазкур дар 18 адад анборҳо маҳсулотҳои хӯрокворӣ, кимиёвӣ ва саноатӣ захира карда шудааст.

Ҳамчунин аз соли 2011 фаъолияти сардхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷоми Ҷам” ба роҳ монда шуда дар он 4 адад анборҳо ва 8 адад анборҳои яхдонӣ бо иқтидори 2400 тонна мавҷуд мебошад. Айни ҳол дар сардхонаи мазкур маҳсулоти гӯштӣ захира карда шудааст.

Инчунин аз ҷониби корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷеро-Суғд» анбори нигоҳдошти маҳсулоти хушк, маҳсулоти яхкардашуда ва дигар иншоотҳои ёрирасон барои фаъолияти мунтазами хоҷагидории ширкати мазкур аз рӯи таъиноташон истифода карда мешаванд. Барои нигоҳ доштани маҳсулоти қиммаи мурғ анбори махсус дар ҳаҷми 900 м3, барои маҳсулоти мурғӣ дар ҳаҷми 750 м3 ва барои нигоҳ доштани дигар маҳсулотҳо дар ҳаҷми 900 м3 яхдонҳо ба роҳ монда шудааст.

Бобати амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии шаҳр ба маводҳои ғизоӣ дар шаҳр 13 адад гармхонаҳо бо масоҳати зиёда аз 4 га амал намуда, дар онҳо парвариши гулу дарахтҳо ва меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳр гармхонаи инноватсионӣ дар заминаи ҶДММ “Элегант” ташкил карда шуда, масоҳати умумии гармхонаи гидропоника 1800 м2, масоҳати умумии гармхонаи лимӯпарварӣ 1000 м2 буда, дар гармхонаи мазкур парвариши меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шудааст.

 

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Дар шаҳри Бӯстон марҳила ба марҳила музди маоши аҳолӣ ва ҷойҳои нави корӣ афзун гардида истодааст. Мувофиқи ҳисоботи омории шаҳр дар ин давра шумораи миёнаи кормандони дар рӯйхатбуда 7,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 ҳазор нафар зиёд ё худ 104,0 фоизро ташкил дод. Музди маоши миёна 1691 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 сомонӣ зиёд ё худ 116,2 фоиз афзоиш ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини маблағгузории ҳароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вобаста ба пардохти музди меҳнат 4 млн. 345,2 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоӣ 1 млн. 79 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, ба ҳолати 1 апрели соли 2019  қарздориҳо аз музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мавҷуд намебошанд. Дар ин давра қарздорӣ аз музди меҳнат ба ҳолати 1 марти соли 2019  –  57,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 171,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Айни замон қарздориҳо дар корхонаи муштараки “Хуҷанд-зил” ба миён омада, бобати аз байн бардоштани қарздорӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 49 нафар ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, 3 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуд ва 95 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин ба 5 нафар шаҳрвандони бешуғл барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо шарти баргардонидан, қарзи имтиёзнок таъмин карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли равон дар қайди шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Бӯстон 2594 нафар нафақагирон мавҷуд буда, талаботи нафақа 3 млн 77 ҳазор сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақа 386 сомониро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои бақайдгирии раванди муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан дар се моҳи соли 2019 аз шаҳри Бӯстон 205 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд, ки (152 нафар мард, 53 нафар зан) ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40 нафар кам мебошад.

 

Маориф

Муассисаҳои таълимии шаҳр дорои синфхонаҳои замонавӣ, кабинетҳои фаннӣ, лабораторияҳо, кабинетҳои компютерӣ, маҷлисгоҳ ва толорҳои варзишӣ буда, бо маводҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ  гимназияҳои №1 ва №2 бо равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, литсейи №1-бо равияи табиӣ-риёзӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, №4, №10 ва №11 бо равияҳои умумӣ, ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, Мактаби Президентӣ бо ташкили таҳсил бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ, мактаб-парваришгоҳ, муассисаҳои таълимии хусусии “Нурафшон”, “Мактаби ояндаи дурахшон”, “Академия” ва “Ворисони илм” ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар панҷ муассисаҳои таълимӣ — гимназияи №1, 2, литсейи №1, МТМУ №4, 10 системаи кабинетӣ ҷорӣ карда шуда, дар МТМУ №3, 11, Мактаби Президентӣ, муассисаҳои таълимии хусусии “Нурафшон” ва “Мактаби ояндаи дурахшон”, “Академия” ва “Ворисони илм” системаи синф-кабинет мавҷуд мебошад.

Ягон бинои муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ ё қисман садамавӣ намебошад.

Бо мақсади фаъолияти пурсамари муассисаҳои соҳаи маориф дар аввали соли 2019-ум буҷети соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи умумии 12 млн. 696 ҳазору 701 сомонӣ тасдиқ гардидааст, ки нисбати соли 2018  зиёда аз  2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии тобеъи шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон феълан 9667 (аз он 4413 духтар) нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 557 нафар омӯзгор таълим медиҳанд.

Дар шаҳри Бӯстон 11 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мебаранд, ки аз он 2 адад тобеи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” мебошад: муассисаҳои томактабии №1 ва №5; 5 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ (4 адад дар шаҳри Бӯстон ва як адад дар шаҳраки Палос) амал менамояд: муассисаи томактабии хусусии ”Меҳрона”-и Ҷамоати шаҳраки Палос, муассисаи томактабии хусусии “Меҳрона”, кӯдакистони хусусии “Эврика”, кӯдакистони хусусии «Чашмача», ҶДММ “Ворисони илм”; 4 адад муассисаҳои таълимӣ томактабии назди шуъбаи маориф фаъолият мебаранд.

Боиси қайд аст, ки моҳи марти соли 2019  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр кӯдакистони хусусии ба номи “Гули Наврӯз” ба истифода супорида шуд.

 

Тандурустӣ

Ба аҳолии шаҳри Бӯстон, ки 35700 нафарро ташкил медиҳад, хизматрасонии тиббиро Беморхонаи шаҳрӣ бо 275 кати беморӣ ва муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон» барои қабули 1274 қабул дар як баст, муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шаш маркази хусусии тиббӣ хизмат мерасонад. Дар беморхонаи шаҳрӣ ва муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон 580 нафар кормандон ташкил дода, аз он 120 нафар духтур, 382 нафар ҳамшираи тиббӣ мебошанд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амалиётҳои ташхисию табобатӣ, озмоишӣ, хизматрасониҳои тиббии ёрирасон ва ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, инчунин хизматрасониҳои ҳуҷраҳои мутахассисони соҳаҳои маҳдуд ба маблағи 92 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 79 ҳазор сомонӣ ё худ 86 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ муоинаҳои тиббӣ гузаронида шуд. Дар ин давра ба маблағи 6 ҳазор  сомонӣ хизматрасониҳои ройгон ба шахсони имтиёздошта гузаронида шудааст, аз он ҷумла маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм 202 нафар, шахсони аз оилаи камбизоат 58 нафар, иштирокчиёни ҶБВ 1 нафар, шахсони ба онҳо баробар 13 нафар, бартарафкунандагони садамаи Чернобил 7 нафар, шахсони аз 80- сола боло 11 нафар, кӯдакони то 1 сола 30 нафар, 76 нафар никоҳшавандагон хизматрасонии ройгон гузаронида шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз тарафи комиссияҳои муоинаҳои тиббӣ-профилактикӣ ҳамагӣ 1293 нафар аз муоинаи тиббӣ-профилактикӣ гузаронида шудаанд. Аз он ҷумла кормандони соҳаи маориф 118 нафар, соҳаи тандурустӣ 275 нафар, кормандони соҳаи саноат 116 нафар, соҳаи хӯрокворӣ 100 нафар, бо ҳуҷчати тиббии шакли №038 ҳамагӣ 255 нафар, 79 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.  Дар аввали соли 2019 дар қайди диспансерии табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳаҳо маҳдуд 2544 нафар меистоданд, дар давоми семоҳаи якуми  соли 2018 — 170 нафар ба қайд гирифта шуд, 208 нафар аз қайд бароварда шуд, аз он ҷумла бо сиҳатшавӣ 139 нафар аз қайд бароварда шуд, айни ҳол дар қайд 2048 нафар меистанд. Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар ташхисгоҳи клиникии маркази саломатии шаҳр ҳамагӣ 5955 адад таҳлил гузаронида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи гузашта 2742 адад зиёд  гардида, аз шумораи умумии таҳлилҳо 918 ададаш ройгон мебошад. Дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 — 129 нафар зиндатаваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 промилл кам гардидааст. Фавти кӯдакони то 1 сола -1 нафар ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 промилл зиёд мебошад. Дар ин давра фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 — 302 нафар зани ҳомила ба қайд гирифта шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29 нафар зиёд мебошанд. Нишондоди фарогирии бармаҳали ҳомиладорон 276 нафар ё худ 91,3 фоизро ташкил медиҳад.

 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тақвияти ғамхорӣ ба ятимону маъюбон ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Дар шаҳри Бӯстон як мактаб-интернати вилояти Суғд барои кӯдакони ятим, бачагони маҳрум аз парастории волидайн ва оилаҳои камбизоати шаҳри Бӯстон ҷойгир буда, айни ҳол дар мактаб-интернати номбурда 76 нафар тарбиятгирандагон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шаҳри Бӯстон аз 1 октябри соли 2016 механизми таҷрибавии кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ гардид.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар шаҳр 1033 нафар ҳамчун шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуданд. Дар ин давра ҷиҳати расонидани кӯмаки моддӣ ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон,  собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, оилаҳои бесарпараст, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои маъюб дошта мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида истода, дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд.

 

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар шаҳри Бӯстон 5 адад муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи марказии оммавӣ ва 1 адад филиали китобхона дар Ҷамоати шаҳраки Палос, театри давлатии драмма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкин, мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва  Қасри фарҳанг фаъолият дошта, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, тарбияи маънавию эстетикии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон, фарҳам овардани шароит ва ташкили  фароғату истироҳати шаҳрвандону меҳмонони, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сайругаштҳои оммавӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бахшида ба ҷашну маъракаҳои умумидавлатӣ ва умумихалқӣ, санаҳои таърихӣ, идҳои умумимиллӣ саҳм гузошта истодаанд.

Дар ин давра дар шаҳр 10 адад барномаи баландмазмуни фарҳангӣ ташкил карда шуда, аз он 4 маротиба дар Қасри фарҳанг, 6 маротиба дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, 2 намоишҳои театрӣ ба ҷашнҳои Рӯзи Модар ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар шаҳр 1 адад мактаби санъат бо 54 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, дар он 570 хонандагон аз синни 7 то 16 сола таҳсил намуда истоданд.

 

Соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр силсилаи корҳо ба роҳ монда шуд.

Шумораи умумии ҷавонони шаҳр 11100 нафар буда, аз он 5600 нафар писарон ва 5500 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳр 72 иншоотҳои варзишӣ мавҷуд буда, аз ин 22 адад толорҳои варзишӣ, 45 адад майдонҳо ва майдончаҳои варзишӣ, 1 адад ҳавзҳои шиноварӣ, 3 адад варзишгоҳ амал менамояд.

Ҳамзамон дар шаҳр як муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” бо 42 гуруҳҳо аз рӯи 14 намуди варзиш амал намуда, шумораи тарбиятгирандагони он 529 нафар, аз он 36 нафарашон духтарҳо ва бонувон буда, ба онҳо 19 нафар мураббиён таълим медиҳанд. Умуман дар шаҳр зиёда аз 4000 нафар ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар самти ташаккул додани эҳсоси ватандорӣ, рушди ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва дигар омилҳо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр зиёда аз 20 чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вохӯриву мулоқотҳо, аксияву ҳамоишҳо, семинару машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ  бо фарогирии зиёда аз 4 ҳазор ҷавонону наврасон ва аҳолии шаҳр ва 23 мусобиқаҳои варзишӣ ва оммавӣ-варзишӣ аз қабили Шоҳмот-шашка, футбол, варзиши сабук, гӯштинҳои миллӣ, дзюдо, самбо, юнону румӣ, тарзи озод, бокс, волейбол, таэквандо ВТФ ва велосипедронӣ бо иштироки 730 нафар варзишгарон аз ин 210 нафар бонувон ва 3000 нафар тамошобинон аз корхонаву муассисаҳо, қисмҳои низомӣ ва аҳолии шаҳр фаро гирифта шудаанд, баргузор гардид.

Варзишгарони шаҳри Бӯстон дар семоҳаи аввали соли 2019 дар мусобиқаҳои гуногунсатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳриву кушоди шаҳрӣ иштирок намуда 88 медали тилло, 76 медали нуқра ва 72 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ бошад ширкат варзида, 11 медали тилло, 13 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида 1 медали нуқра ба даст оварда, дар маҷмӯъ дар ин давра 285 медал аз ҷумла 99 тилло, 90 нуқра ва 96 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 адад медал зиёд мебошад.

 

Кор бо иттиҳодияҳои динӣ

Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар канори 2 комиссияҳои доимӣ оид ба  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зиёда аз 55 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳо, идораву ташкилот амал намуда, фаъолияти онҳо зери назорати ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар семоҳаи соли 2019 дар шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Палос 51 маъракаҳо баргузор гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 16 маърака зиёд мебошад.

Аз ҷумла 24 тӯйи арӯсию домодӣ нисбати семоҳаи соли 2018 5 адад зиёд, 2 маъракаи хатнасури хайриявӣ нисбати соли 2018 3 адад кам, 12 маросими чилу солро, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 – 8 адад зиёд мебошад, ташкил медиҳад. Дар маъракаҳои баргузоршуда, 123 ҳазору сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 – 6.5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар семоьаи соли 2019 аъзоёни комиссияи доимӣ дар ҳамбастагӣ бо прокуратураи шаҳрӣ 1 қонуншиканӣ дар тӯю маъракаҳо ошкор намуданд, ки бо қарори суд 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.

Дар қаламрави шаҳри Бӯстон 1 масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам ва 1 масҷиди панҷвақтаи ба номи Имом Бухорӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Палос амал мекунад. Ғайр аз ин 6 ташкилоти динии ғайриисломӣ: аз ҷумла Калисои Исои Масеҳои баптистҳо «Любов Христа», Калисои православии «Иверской икони Божей матери», Калисои Христиании «Филаделфия», Калисои Новоапостолӣ, Калисои Инҷилии Масеҳиён «Пристан спасения» ва маҳфили Баҳоиён фаъолият мебарад.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № АП-983 оид ба расонидани кӯмакҳои моддии хайриявӣ ба хона-интернатҳо барои ятимон, хонаҳои пиронсолону маъюбон, оилаҳои маъюбдошта ва камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони эҳтиёҷманд дар қаламрави шаҳр як қатор чораҳоро роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳар моҳ аз тарафи масҷиди ҷомеи шаҳр ба ду нафар шаҳрванди ниёзманди шаҳр кумакҳои унвонии ҳармоҳа расонида шуда истодааст.

Вобаста ба иҷроиши дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семоҳаи соли равон хатнасури хайриявии 11 нафар тифлакон аз оилаҳои ниёзманд бо ибтикор ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби саховатмандон барпо карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Бӯстон дар оянда низ ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегия ва Барномаҳои миллӣ тадбирҳои судманро рӯи кор гирифта, дар ҳамбастагӣ бо фаъолони шаҳр баҳри таъмини зиндагии арзанда ба сокинон, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, ҷаҳду талош хоҳад намуд”, — зикр намуд раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар ҷамъбасти ин суҳбат ба хабарнигори МТЖТ.

 

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here