Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ баҳри иҷрои дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шашмоҳаи аввали соли равон ҷиҳати иҷрои Барномаҳои раванди рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар маҳал корҳои амалиро ба сомон расонидааст.

Иҷроиши буҷет

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта натиҷаҳо оид ба  нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 2003160 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.07.2020-ум 2065481 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки  ин рақам аз нақша 62321 сомонӣ зиёд буда, 103,0 фоизро ташкил медиҳад. Ба қисми даромади буҷети давлатӣ 340836 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 19,7 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ноҳия пардохти андозҳо аз рӯи намудҳои он, ки даҳ намудро ташкил медиҳанд, хело хуб ба роҳ монда шудааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 11007664 сомониро дар бар гирифта, дар натиҷаи ҷамъбасти нимсолаи аввал 10977780 сомонӣ маблағ равона гардидааст, ки 99,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра воридоти андозҳо дар маҷмуъ тибқи нақша 2003160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки иҷроиши он 2065481 ҳазор сомонӣ ё 103 фоиз таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 772,38 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,04 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози суғуртаи иҷтимоӣ 94900 сомониро ташкил дода, таъминоти он ба маблағи 98600 сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 104 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 2371,6 ҳазор сомониро ташкил дода, иҷроиши он 2444,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки 103,1 фоизро дар бар мегирад.

Рушди соҳаи саноат

Соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим дар рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз бо чунин мақсад 26-уми декабри соли 2019 Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паёмашон ҳадафи чоруми миллиро “Саноатикунонии босуръати кишвар” эълон намуданд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 1861,9 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202,9 ҳазор сомонӣ ё 12,2 фисадро ташкил намудааст. Дар ноҳия 2 корхонаи калони саноатӣ фаъолият менамоянд. Самти истеҳсолии ҶДММ “Қудрат 2010” истихроҷи ангиштсанг мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхона 6220 тонна ангиштсанг истихроҷ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гушта 3065 тонна ё 1,9 баробар зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар ин давра 677,4 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,5 ҳазор сомонӣ ё 19,3 фисад зиёд мебошад. Фаъолияти ҶДММ “Оби Ғулуч” мавсимӣ буда, дар нимсолаи аввали соли равон ба кор оғоз намуд. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар ин давра 60 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 ҳазор сомонӣ ё 6 баробар зиёд мебошад.

Дар ноҳия доир ба таъсиси коргоҳҳои нави саноатии хурд кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 2 адад коргоҳи коркарди чӯбу тахта дар деҳаи Лангар ва коргоҳи пахтатозакунӣ дар деҳаи Истошони ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо таъсиси 5 ҷойи кории доимӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар деҳаҳои Эсизи поён, Мадрушкат, Роғ ва Падрох коргоҳҳои таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ фаъолият карда истодаанд.

Рушди энергетика

Айни замон дар ноҳия дар сектори ҷамъиятию хусусӣ 45 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ фаъолият доранд. Дар нимсолаи аввали соли равон ба ноҳия 1 адад трансформатори 250 Кв ба маҳаллаи Ғудоки деҳаи Мадрушкат ворид карда шудааст. Хати асосии минтақаи барқи ноҳия дар масофаи 1,7 км таъмир ва изоляторҳои симчӯбҳо ба миқдори 68 дона иваз карда шудаанд.

Маблағи фурӯши барқ 497933 сомонӣ буда, аз он 468300 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки иҷроиши он 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби аҳолӣ 291250 сомониро ташкил дода, иҷроиши он 97,1 фисадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши барқ дар нимсолаи якуми соли 2020 1874,7 Квт-ро дар бар мегирад.

Яке аз мушкилоти асосии соҳа — ин пайваст набудани 14 деҳаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар ба хати баландшиддати барқ буд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби корхонаи  лоиҳакашии “Энергосетпроэкт” лоиҳа барои деҳаҳои мазкур бо маблағи 17 миллион сомонӣ омода карда шуда, барои амалӣ гардидани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик” пешниҳод карда шудааст. Боиси хушнудист, ки лоиҳаи мазкур ҳамчун лоиҳаи афзалиятнок дастгирӣ ёфта, марҳилаи якуми он ба масофаи 15 километр ва бо фарогирии се деҳа аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Зулол-112” оғоз гардида, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо ба масофаи 51 километр ба итмом расонида мешаванд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 25355 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки 648,7 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 24706,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ тааллуқ дорад ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав ва пешгирии шӯршавии заминҳо якҷо бо ниҳодҳои ноҳиявӣ корбарӣ зери назорат қарор дода шудааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 80 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад, ки аз ин миқдор 41 гектари онро заминҳои бекорхобида ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мувофиқи дурнамо аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ ва сектори хусусӣ дар майдони 2834,5 гектар ба роҳ монда шудааст. Нақшаи дурнамои кишти картошка 94,6 фисад таъмин карда шуда, кишоварзони ноҳия аз ҳамаи воситаву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 507,9 гектар зиёд мебошад. Барои рушди соҳаи соҳибкорӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ барои ташкили як адад гармхона дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Мусоидат дар вусъати имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои занон ва ҷавонон дар водии Зарафшон” 68830 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Сохтмон ва меъморӣ

Нақшаи генералии маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар-М» ба миқдори 50 биноҳои маъмурию маишӣ тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2018, №229 тасдиқ карда шудааст. Майдони умумии нақшаи генералӣ 20,45 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора заминҳои маҳали истиқоматӣ 3,90 гектар, қитъаи заминҳои муассисаҳои маъмурию ҷамъиятӣ 6,50 гектар, муассисаҳои коммуналӣ 2,76 гектар, кӯчаю роҳҳо 2,09 гектар, боғ 1,47 гектар ва майдони кабудизоркунии умумӣ 2,14 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла бинои маъмурии суди ноҳия, бинои шуъбаи ноҳиявии КДАМ, бинои ШВКД-и ноҳия, ки фармоишгари иншооти номбурда Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти лоиҳакаш ҶСК “САНИИОСП” мебошанд, ҳамчунин бинои маъмурии идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия, бинои маъмурии филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» бо маблағгузории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бинои Беморхонаи марказии ноҳия ва майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуданд, бинои маъмурии бахши ноҳиявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд гардид, инчунин дар деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Лангар шуъбаи беморхонаи марказӣ дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 20-уми августи соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуданд.

Сохтмони мактаб барои 450 нафар хонанда дар маркази ноҳия, ки фармоишгари он Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум, дуюм дар як қабат ба охир расида, васли болопӯши он идома дорад.

Роҳу нақлиёт

Дар ноҳия як муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, кормандони он 29 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 311 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. 160 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд.

Дар давоми моҳи июн роҳи асосии ноҳия баҳри пайваст намудан бо роҳи ағбаи Оббурдон-Овчӣ дар масофаи 7000 метр ба паҳноии 8 метр васеъ гардид. Роҳи асосии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон ду маротиба пурра таъмир шуд.

Ҳаҷми боркашонӣ аз рӯи намуди нақлиёт 47,1 ҳазор тонна мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 тонна ё 7 фисад афзудааст.

Соли ҷорӣ ба мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 46 километр роҳҳо, аз ҷумла 14 километр роҳи Худгифи боло-Туро, 7 километр роҳи деҳаи Падаск, 14 километр роҳи Оббурдон-Имбеф, 11 километр роҳи Ҳадишаҳр-Ғузн дохил карда шуданд.

Рушди соҳаи маориф

Дар ноҳия 34 муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 25 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат бо фарогирии 5529 нафар хонандагон ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Дар давоми се соли охир дар ноҳия 9 адад муассисаи таълимӣ, 18 адад синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Баҳри васеъ намудани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Айни ҳол дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ дар деҳаҳои Оббурдон ва Пастиғав бо фарогирии 80 нафар кӯдакон фаъолият доранд. Барои таъсиси як адад муассисаи томактабӣ дар бинои собиқ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корбарӣ рафта истодааст. Баҳри баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳия 12 адад кабинетҳои фаннӣ, 105 адад синф-кабинетҳо фаъолият доранд.

12 нафар омӯзгорони ҷавон дар давоми ду соли охир аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бархӯрдор буда, ин иқдом соли равон идома дода мешавад.

Дар ноҳия барои бунёди як муассисаи томактабӣ дар як деҳа ва маҳалҳои аҳолинишине, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида шуда, ин нишондиҳанда тибқи муқаррарот ба иҷро расонида мешавад.

Айни ҳол дар ноҳия 35 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ, 34 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд.

Дар 34 муассисаи таълимии ноҳия китобхонаҳои соҳавӣ фаъолият доранд, ки фонди китобҳои онҳо 120 ҳазор китобро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимии ноҳия бо 2 комплект компютер таъмин гардидаанд. Миқдори умумии компютерҳо дар ноҳия ба 320 адад ва принтерҳо ба 72 адад расонида шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ 35 нафар иштирок намуда, аз инҳо як нафар ғолиби даври вилоятӣ гашта, дар олимпидаи ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизот барои 3 адад кабинетҳои фаннӣ ворид карда шудааст.

Барои ишғоли Квотаи Президентӣ ба даври ҷумҳуриявӣ 102 нафар роҳхат гирифта, аз инҳо 24 нафар (12 нафар духтар) соҳиби унвони донишҷӯӣ гаштаанд. Ҳамзамон зикр кардан бамаврид аст, ки бори аввал дар ҳудуди ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд курсҳои кӯтоҳмуддат барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвари Русия баргузор гардида, дар он 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тариқи квота аз санҷиш гузаронида шудаанд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор шуда, ғолибон ба даври озмуни ноҳиявӣ омодагӣ дида истодаанд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳи саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати кӯдакона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолияти хуб доранд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ноҳия то ба имрӯз корҳои назаррас ба иҷро расонида шудаанд. Бо ин мақсад дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365 оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва амри Раиси вилояти Суғд аз 01.04.2020 ва инчунин амри раиси ноҳия аз 27.03.2020, №14 ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020, №АП-1365 гуруҳҳои корӣ дар ҳудуди ноҳия иборат аз 34 нафар ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 10 банд ба тасвиб расида, корбарӣ дар байни аҳолӣ мунтазам идома дода шуда истодааст. Дар ин замина бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус то ба имрӯз ба соҳаи тандурустии ноҳия 91650 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо карда шудааст.

Аз ҳисоби кумакҳои Пешвои муаззами миллат 30 литр маҳлули спирт, 23 намуд доруворӣ алайҳи бемории мазкур, маводҳои хӯрока, аз қабили сабзӣ, картошка, пиёз, биринҷ, макарон, орд,  равған, гречка ба миқдори 24 тонна ба маблағи 15382 сомонӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморхонаҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят 20 литр маҳлули спирт, 23 адад термосканери фосилавӣ, 203 либоси муҳофизатӣ, 5200 адад ниқоб, 485 адад айнаки муҳофизатӣ, 100 адад дастпӯшаки яккарата, 50 баста доруворӣ бо маблағи 71988 сомонӣ ворид карда шудааст.

Аз тарафи ташкилоти байналмилалии Ҳилоли Аҳмар 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 700 либоси муҳофизатӣ, 900 адад ниқоб ба маблағи 374499 сомонӣ дастрас карда шудааст.

Айни ҳол дар ноҳия фавт аз ҳисоби бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазъи соҳаи фарҳанг

Дар давоми солҳои охир барои таҳкими пояҳои устувори техникии муассисаҳои фарҳангии ноҳия заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Дар ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона амал мекунанд. Айни замон дар китобхонаҳои ноҳия 48454 адад адабиёти бадеӣ мавҷуд мебошад.

Дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангии ноҳия бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гӯшаҳои махсуси тарғиботию ташвиқотӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шудаанд.

Ҷавонон ва варзиш

Дар ноҳия 9883 нафар ҷавон буда, аз онҳо 4632 нафарашон, ё худ 46,3 фисадро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 29 адад майдонча, 5 толори варзишӣ мавҷуд мебошад, ки баҳри ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон заминаҳои устувору мусоид сол аз сол фароҳам омада истодааст. Шумораи ҷавононе, ки дар толорҳои варзишӣ машқу тамрин менамоянд, 3412 нафар мебошанд. Дар ин давра корҳои сохтмонии як майдончаи варзишӣ дар деҳаи Табушни ҷамоати деҳоти Лангар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон оғоз гардида, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад. Корҳои сохтмониву тахту ҳамворкунии майдони варзишӣ дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон идома дорад.

Дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 9 нафар ҷавонон дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2 нафарашон бонувон мебошанд.

Рушди сайёҳӣ

Шумораи сайёҳон дар ин давра зиёда аз 121 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 6 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Дар ноҳия асосан намудҳои сайёҳии куҳнавардӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад.

Дар ноҳия ёдгориҳои таърихии зиёд, аз қабили қалъаи Ҳисорак, қалъаи Ботурхоҷа, сангнигораҳои Сабағ, ҳаммоми Дашт, қалъаи Оббурдон, мазори Абумусои Ашъарӣ, Аълами Оламиён, сангнигораҳо дар мавзеи Дашти Хоксафеди деҳаи Падрох ва монанди инҳо мавҷуданд, ки барои рушди соҳа ва ҷалби сайёҳон мусоидат менамоянд. Боварӣ ҳаст, ки баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор дастгирӣ ёфтани лоиҳаи таъмири роҳи мошингарди Куҳистони Мастчоҳ-Айнӣ соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд меёбад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади иҷрои вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, № АП-1059 қарори раиси ноҳия аз 01.06.2018, №100 ба тасвиб расидааст. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 108 банд таҳия карда шуда, дар заминаи он то соли 2021 иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар давоми соли 2018 дар ноҳия мувофиқи нақшаи чорабиниҳои омодагардида бояд 29 иншоот мавриди истифода қарор дода мешуд. Дар натиҷаи корбарии ҳамешагӣ аз ин миқдор дар худи ҳамон сол 24 адади он мавриди истифода қарор дода шуд, ки 82,7 фисади нақшаро дар бар гирифт. Аз панҷ адад иншооти боқимонда мувофиқи нақшаҳои алоҳида 2 адади он дар давоми соли 2019 ба истифода дода шуд.

Дар давоми солҳои 2018 ва 2019 умуман дар ноҳия бояд 73 иншоот мавриди истифода қарор дода мешуданд. Дар давоми ин солҳо 54 адади онҳо сохта ба истифода дода шуданд, ки 73,9 фисади иҷрои нақшаро дар бар гирифт. Тайи солҳои 2018-2019 ва нимсолаи соли 2020 дар умум дар ноҳия 61 адад иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ муҳтарам Бобозода Хайрулло Бобо, “аз қадимулайём дар ҳудудҳои ҳозираи Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ ва қисман Рашт бекигарии Мастчоҳ ва дар охирҳои асри ХIХ шоҳигарии Масчоҳ амал намуда будааст. Бекигарии Мастчоҳ охирон нуқтаи муқовимати аҳолии маҳаллӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ будааст, ки соли 1923 аз тарафи болшевикон бо қувваи даҳчанд пахш карда шуда, шоҳи Мастчоҳ Аҳмадхуҷа дар ҷангҳои нобаробар беном гум мешавад ва то соли 1931 зиёд мардумони ғаюру диловари Куҳистони Мастчоҳ ба Сибиру Қазоқистон ҳамчун унсурҳои зиддиболшевикӣ бадарға карда мешаванд. Соли 1953 қарор дар бораи кӯчонидани мардуми Куҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин ба имзо расонида мешавад, ки солҳои 1956-1960 мардумони Куҳистони Мастчоҳ пурра ба дашти Дилварзин, ки имрӯз ба як ноҳияи ободу зебо табдил дода шудааст, кӯчонида мешаванд”.

— Пешвои муаззами миллат, доҳии тоҷикони ҷаҳон 6-уми декабри соли 1995 таҳти №712 фармон ба имзо расониданд, ки тибқи ин фармон орзуву ормони мардуми Мастчоҳ баъди чанд даҳсола ҷомаи амал пӯшид, яъне ноҳия аз нав таъсис дода шуд. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бунёдгузори ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба шумор мераванд. Тӯли тамоми солҳои мавҷудияти ноҳия мо ғамхориҳои Пешвои муаззамро дар тамоми самтҳо эҳсос намудаву менамоем. Ман кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати ҷашни мубораки 19-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон умри дарозу хонаободӣ ва вафодорӣ ба Пешвои худу миллат хоҳонам,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here