1-уми сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»ро, ки айни замон сарварии онро номзади илми тиб, бонуи ғамхору дилсӯз ва роҳбари кордону соҳибтаҷриба Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода бар уҳда доранд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ башхида шуд. Инак, муассисаи таълимӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, ки дар минтақа назир надорад.

Соли 2020 ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 85 сол пур шуд. Таърихи ин макони илму маърифат ва касбу ҳунар аз соли 1935 оғоз мегардад. Бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон 25-уми августи соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) Политехникуми тиббӣ таъсис ёфт, ки соли 1936 номи Мактаби миёнаи тиббӣ ва баъдан Омӯзишгоҳи тиббиро гирифт. Асосгузор ва аввалин директори омӯзишгоҳ А. В. Тихонович буд. Ӯ то соли 1939 роҳбарии омӯзишгоҳро бомуваффақият пеш бурда, дар ташкили бисёр сохторҳои таълимию тарбиявии он саҳми назаррас гузоштааст. Солҳои минбаъда ба Омӯзишгоҳи тиббӣ мутахассисони варзида Ю. И. Додхоев, У. У. Умаров, Ф. А. Абдураҳмонов, М. Қ. Қаюмова, М. К. Отаева, А. Ҳ. Ҳакимҷонов, Б. Ш. Гадоев ва Ҳ. Ибодов роҳбарӣ намудаанд. Феълан роҳбарии коллеҷро н.и.т., Ш. С. Ашӯриён ба уҳда дорад.

Аз соли 1970 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе барои дигар омӯзишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ заминаи таълимию методӣ гардид.

Соли 1988 таълимгоҳ барои хизматҳои шоён дар кори омода сохтани мутахассисони миёнаи тиб бо медали нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр карда шуд. Ҳамчунин, 2 нафар кормандони он бо медалҳои нуқраи намоишгоҳ ва 3 нафар бо шаҳодатномаи «Иштирокдори Намоишгоҳи Комёбиҳои Хочагии Халқ»-и СССР сарфароз гаштанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 1999, №100 ва фармони вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1999, №141 Омӯзишгоҳи тиббӣ ба коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд. Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2006, №527 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2007, №11 Коллеҷи тиббӣ номи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро гирифт. Дар асоси “Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014, №148 тасдиқ карда шудааст, “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” табдили ном кард.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар коллеҷ дигаргуниҳои муҳиму назаррас ба вуқуъ пайваст. Заминаи моддию техникӣ ва кадрии коллеҷ сол аз сол мукаммал гардид. Айни замон МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дорои 4 бинои таълимӣ, хобгоҳ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ, маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия, маркази таълимӣ-табобатии стоматология, маркази таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила, 4 адад ташхисгоҳҳои таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ), зиёда аз 255 адад синфхонаҳои таълимӣ, 10 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 3 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 2 толори маҷлисӣ ва 2 ошхона мебошад.

Соли 2020 бинои нави таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар суроғаи кӯчаи Раҳмон Набиев — 248 ба истифода дода шуд. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи ҶДММ “ГМ ва Партнёрҳо” омода карда шудааст. Сохтмони бинои таълимии мазкур аз соли 2014 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар он бо маблағи 40 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи ҶДММ ширкати сохтмонии “Меҳрсоз” ба анҷом расонида шудаанд. Дар тамоми ошёнаҳо, толорҳо, роҳравҳо ва саҳни ҳавлии бино 200 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Масоҳати умумии ҳудуди он 13 000 метри квадратӣ (1,3 га), аз он ҷумла, масоҳати зери сохтмон 4150,50, масоҳати роҳҳо ва гузаргоҳҳо 3270,50, масоҳати майдончаи варзишӣ 1850,25, масоҳати сабзазорҳо ва гулгаштҳо 3728,75 метри квадратиро ташкил медиҳад. Масоҳати таълимии бино бошад, 16 627 метри квадратиро ташкил медиҳад, ки барои таълиму омӯзиши 3 500 донишҷӯ дар як баст рост меояд. Бинои мазкур аз 146 кабинетҳои таълимӣ, 8 толори лексионӣ ва 1 маҷлисгоҳ барои 350 нафар иборат мебошад.

Бинои таълимӣ аз 6 ошёна бо таҳхона ва чор қисми бо ҳам алоқаманд иборат мебошад. Қисми А-и бино маъмурӣ буда, дар он болобар (лифт) насб карда шудаст. Дар таҳхонаи он китобхона барои 80 ҷойи нишаст ва маркази тестӣ, ки дар он 200 адад компютер насб карда шудаааст, ҷойгир карда шудааст. Дар дигар ошёнаҳои бинои А кабинетҳо барои роҳбарият, бойгонӣ, шуъбаи таълим, тарбия, илм, муҳосибот ва хоҷагӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар ошёнаи 1-уми қисми Б маркази омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ ва маркази таълимию табобатии стоматология ҷойгир мебошанд. Кабинетҳои таълимӣ дар маркази омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ вобаста ба тахассусҳои дар коллеҷ мавҷудбуда бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Аз ҷумла, дар он кабинетҳои алоҳида барои омӯзиши малакаҳои амалии ихтисосҳои момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори ташхиси лабораторӣ, таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ мавҷуданд.

Маркази таълимию табобатии стоматология бо муосиртарин дастгоҳҳои ташхисию табобатии соҳаи стоматология муҷаҳҳаз карда шудааст ва аз чор ҳуҷраи табобатӣ бо 9 адад курсии стоматологӣ ва 1 устохонаи дандонсозӣ иборат мебошад. Дар марказ кабинети алоҳида барои бесироятгардонии асбобу олоти стоматологӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳои бесироятгардонӣ муҷаҳҳаз мебошад, ташкил карда шудааст. Маркази мазкур метавонад дар як рӯз то ба 50 нафар муштариён хизмат расонад. Марказ ҳамчун заминаи таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои кори дандонсозӣ ва табобати дандон истифода бурда мешавад.

Дар ошёнаҳои болоии қисми А ва дигари ошёнаҳои қисмҳои Б, В ва Г-и бино 15 адад кафедраҳои равияҳои тиббӣ-биологӣ ҷойгир карда шудаанд, аз ҷумла кафедраҳои фармакология ва забони лотинӣ, кори дандонсозӣ, стоматология, тибби оилавӣ, технологияи иттилоотӣ ва тиббӣ, фанҳои тиббӣ-биологӣ, фанҳои морфологӣ, технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ, ташхиси лабораторӣ, гигиена, косметология, тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ. Тамоми кабинетҳои таълимии кафедраҳо бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва муосиртарин технологияи таълимӣ, аз ҷумла тахтаҳои электронӣ ва проекторҳои мултимедӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои фанни информатика, кабинетҳои мудирони кафедраҳо, ҳуҷраҳои омӯзгорон, деканони факултетҳо ва роҳбарият бо хати интернет пайваст карда шудаанд, ки омӯзгорону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд.

Дар қисми Г-и бино ошхона барои 200 нафар ва толори варзишӣ ҷойгир мебошад. Дар саҳни Коллеҷ 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мавриди истифода қарор дода шудаанд. Мавҷудияти толори барҳаво ва майдончаҳои варзишӣ имкон медиҳад, ки дар коллеҷ на танҳо мусобиқаҳои варзишии дохилимуассисавӣ, балки мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкилу баргузор карда шаванд.

Бо мақсади ба шароити муосири таълим мутобиқ намудани раванди таълим солҳои охир теъдоди зиёди технологияи компютерӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар коллеҷ 440 адад, принтерҳо 109, тахтаҳои электронӣ 87 ва проекторҳои мултимедӣ 82 ададро ташкил медиҳанд. Технологияи мазкур дар ҳама синфхонаҳои таълимӣ насб карда шуда, аз тарафи омӯзгорон зимни машғулиятгузаронӣ васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар коллеҷ 321 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда се нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 2 нафар бо медали “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар бо медали “Хизмати Шоиста” ва як нафар бо медали “Шафқат” сарфароз гардонида шудаанд. 33 нафар кормандони коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 16 нафар бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 6 нафар бо Ифтихорномаи “Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд. Дар коллеҷ 85 нафар омӯзгорон бо дараҷаи тахассусии олӣ, 64 нафар бо дараҷаи тахассусии якум ва 49 бо дараҷаи тахассусии дуюм фаъолият менамоянд.

Бо мақсади беҳтар намудани раванди машғулиятҳои амалии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон дар коллеҷ якчанд марказҳои таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ ташкил ва мавриди истифода қарор дода шудаанд, аз ҷумла маркази таълимӣ-табобатии “Ҷарроҳия”, маркази таълимӣ-табобатии “Стоматология”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”,  маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ” ва “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ”, ки дар онҳо ҳайати омӯзгорони соҳибтахассус фаъолит намуда, ба донишҷӯён машғулияти амалӣ мегузаранд.

Аз соли 2018 дар коллеҷ маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки дар он аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар коллеҷ мавҷудбуда курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатии коллеҷ дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб қарор дорад. Дар заминаи осоишгоҳи мазкур Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш фаъолият дорад. Ҳамчунин, дар заминаи осоишгоҳ айни замон сохтмони маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва табобатӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он идома дорад.

Шумораи донишҷӯёни коллеҷ айни замон 7 569 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 2019 нафарашон писарон ва 5550 нафарашон духтарон мебошанд. Дар коллеҷ 25 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 8 нафар, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1 нафар, аз Ҷумҳурии Туркманистон 12 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон 1 нафар ва аз Федератсияи Россия 3 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Айни замон дар коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд: кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори ҳамширагӣ, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ-офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, корҳои тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ.

Аз соли 2020 ба коллеҷ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” бо тахассуси “Коргари ҳифзи иҷтимоӣ” иҷозат дода шудааст. Дар коллеҷ 28 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии онҳоро мутахассисони дорои унвони илмӣ ва дараҷаҳои баланди тахассусӣ ба уҳда доранд.

Соли 2019 МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузаронида шуда буд, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Айни замон хазинаи китобхонаи коллеҷ 64 845 адад адабиёти таълимиро дар бар мегирад, ки аз он адабиёти тахассусӣ 12 248 адад, таълимӣ — 39 460 адад, методӣ — 2080 адад, бадеӣ — 9 122 адад ва адабиёти сиёсӣ-фарҳангӣ 1935 ададро ташкил медиҳад. Китобхонаи электронии коллеҷ бо 15 адад компютер, ки бо шабакаи интернет пайвастанд, муҷаҳҳаз буда, хазинаи он зиёда аз 3 200 номгӯи адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 30 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун: тиб, кимиё, биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа барои дарёфти дараҷаи илмии номзад ва доктори илм таҳқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар коллеҷ конференсияҳои илмию амалӣ ташкилу баргузор мегарданд, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳоло дар коллеҷ 15 нафар омӯзгорони унвони илмӣ дошта фаъолият доранд, ки аз ҷумлаи онҳо 3 нафар доктори илмҳои тиб, як нафар академики Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор ва 12 нафар номзадони илм мебошанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тамоми намудҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ”, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2020 таҳти №92 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо гузаронида мешаванд.

Айни замон аз ҷониби МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо 40 муассисаи тиббию профилактикӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, шартномаи дуҷониба баста шудааст ва барои машғулиятгузаронӣ аз тарафи муассисаҳои мазкур зиёда аз 100 кабинетҳои таълимӣ ҷудо карда шудаанд.

Ҳамасола коллеҷро зиёда аз ҳазор нафар мутахассисони миёнаи касбӣ аз рӯи 12 ихтисос хатм менамоянд. Аз ҷумла, дар соли 2020 коллеҷро 2280 нафар донишҷӯён хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардидаанд.

Бино ба гуфтаи директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода, муассиса баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажуҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон, Пажуҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ, коллеҷҳои тиббии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон ҳамкории босамар дорад.

Ҳамчунин, коллеҷ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария (Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ), Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, UNFPA (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории  байналмилалӣ (GIZ) бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here