Вожаи туризм аз калимаи тур (турис) ба маънои “гаштан” оғоз шуда, лафзи лотинии туренс ба маънои “давр задан”, “рафту баргашт” баён меёбад ва мақсад аз чархишро дорад, ки аз тариқи забонҳои франсавӣ ва англисӣ ба форсӣ роҳ ёфтааст. Сайёҳӣ — шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат, тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизаматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷойи истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад.
Ҳарчанд, ки дар солҳои охир шомили ҳар гуна мусофират мешавем, ки шахсе аз муҳити кор ё зиндагии худ ҷудо мешавад. Касе, ки гардишгарӣ мекунад, гардишгар ё турист гуфта мешавад. Вожаи гардишгар аз замоне падид омад, ки афроду табақаи мутавассид ба мусофират кардан намонданд. Аз замоне, ки мардум тавоноии молӣ бештар пайдо карданд ва умрашон тӯлонитар шуд, ин амр мумкин шуд. Албатта, на ба таври иттифоқӣ, балки дар ниҳоят ба як манзури хос. Ба таври мисол, барои дидани сохтмонҳои маъруф ва осори ҳунарӣ, омӯхтани забонҳои ҷадид ва чашидани ғизоҳои мутафовит. Гардишгарии созмонёфтаи имрӯза, як санъати бисёр муҳим дар тамоми ҷаҳон аст.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодӣ дар солҳои охир эътироф гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои таббиию анъанаҳои миллӣ мебошад. Бо мақсади ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиалӣ инчунин, ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки бештар сайёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб намоянд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон ниҳоди наве бо номи “Кумитаи рушди сайёҳӣ” таъсис дода шуд. Илова бар ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”қабул гардид. Инчунин, Консепсияи Рушди сайёҳӣ ва барномаи рушди сайёҳӣ 28-уми майи соли 2009 №299 қабул шудааст.
Дар яке аз паёмашон Пешвои миллат қайд намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, феномени иқтисодии садсола эътироф гардидааст. Дар бисёр мамлакат туризм дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида,ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмони хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва ғайраҳо таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳам туризми дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи туризмӣ ҷумҳурти самти афзалиятноки иқтисодиётӣ миллӣ эълон гаштааст.
Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 (минбаъд барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
Бояд қайд намуд, ки аввалин маротиба тарҳи туристӣ аз тарафи Томас Кук сохта шудааст. Соли 1830 аз тарафи Б. Желеко калимаи турист дар Фаронса пешниҳод гардида, баъд солҳои 40-и асри 19 туризм дар Англия ба пуррагӣ пайдо шудааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми соддакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа шумораи сайёҳон дар 3 соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар аз 207 то 414 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Дар Тоҷикистон аз ҳама соҳаи хуб тарақикардаи туристӣ, ин туризми куҳнавардӣ мебошад. Аксари сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, аввалан ба диёри зебоманзари Бадахшон мераванду аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дидан мекунанд. Баъди туристи куҳнавардӣ туристи таърихӣ меистад,зеро ки Тоҷикистон таърихи бою ғанӣ дорад. Бинобар ин, мо ҷавонон бештар кушиш мекунем, ки барои ҷалби бештари сайёҳон шароит фароҳам оварем.
Камолиддин КАРИМОВ,
омӯзгори МТМУ №10-и ш. Душанбе
Азамҷон РАФИҚЗОДА,
магистранти курси 1-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ