Имрӯз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи навин қарор дорад. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар кураи замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо «шабакаҳои интернетӣ» ба шумор меравад.

Яке аз шабакаҳои маъмули паҳнамоӣ-иттилоотии интернетӣ ин шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки истифодабарандагонашон миллиардҳо нафарро дар бар мегиранд. Шабакаи мазкур соли 1995 сохта шуда, вале расман солҳои 2003-2004 ба фаъолият шуруъ намуд. Бояд қайд намуд, ки сомонаҳои интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса намуд. Дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби сомонаҳои интернетӣ, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, амнияти ҷомеаро зери хатар қарор медиҳад.

Маълумоти бардурӯғ ё носаҳеҳ дар ҷанги иттилоотӣ истифода бурда мешавад. Маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани он шубҳа намемонад. Ба чунин маълумот истифодабарандагони интернет ҳангоми кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Дар замони муосир бештари давлатҳо аз маълумоти бардурӯғ истифода мебаранд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ҳам мерасанд. Ҳамчунин, гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тавассути ин шабакаҳо ҷавононро ба созмонҳои худ ҷалаб намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд, ё ин ки онҳоро бо паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ нисбати ҳокимияти кишвари хеш мухолиф месозанд. Яъне, фазои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мафкураи одамонро дар ғояҳои инсондӯстию ватанпарастӣ ва боз метавонад дар руҳияи ифротӣ тарбия созад.

«Facebook» ва «Одноклассники» аз ҷумлаи бузургтарин ва маъмултарин шабакаҳои иҷтимоӣ буда, истифодабарандагонашон ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон 33,3%-ро ташкил дода, аксари онҳо дар кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст мебошанд ва 66,7%-и онҳо бошанд, ба он пайвастагӣ надоранд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии Интернет диққат диҳем, дар маҷмуъ, аз онҳо 53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ, махсусан «Одноклассники» ва «Facebook» пайвастагӣ доранд, вале 46,5% ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагон аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд (яъне, 68,2% ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот).

Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 65%, ВМКБ — 50%, вилояти Суғд — 43%, НТМ — 33,5% ва вилояти Хатлон 14,3%-ро ташкил медиҳанд.

Илова бар ин, дар соли 2019 аз ҷониби «Зеркало» тадқиқоти сотсиологӣ дар бораи «Кӣ ба чӣ дар Тоҷикистон бартарӣ медиҳад: тадқиқот оид ба афзалияти ВАО миёни аҳолӣ» гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки бештари истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Youtube, «Одноклассники» ва Facebook фаъолтар мебошанд. Дар байни сомонаҳои ватанӣ бошад, somon.tj, «Озодӣ» ва Asia-Plus сегонаи беҳтарин шинохта шуданд. Машҳуртарин паёмҳои интернетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон IMO ва Viber ба шумор мераванд.

Истифодабарандагон ҳангоми кор дар интернет вақти худро дар ҷустуҷӯйи ҳар гуна маълумот, тамошои филму видеороликҳо, гӯш кардани мусиқиҳои гуногуни хориҷӣ, ҳар гуна бозиҳо ва қисми каме аз онҳо барои илмомӯзӣ ва таҳсилот сарф менамоянд. Маълум гардид, ки дар як рӯз 33,3%-и истифодабарандагони ҷавон 5,8 соат вақти худро беҳуда дар истифодаи интернет мегузаронанд, ки ин маънои на касбият ё шуғли ҳаррӯзаи онҳо, балки вобастагии онҳоро ба сомонаҳои интернетӣ дорад. Ба таври дигар гӯем, вобастагии ҷавононро ба сомонаҳои интернетӣ як навъи бемории руҳӣ ҳисобидан хато нест, зеро баъзе аз истифодабарандагон дар як рӯз зиёда 10 соат вақти худро дар кор бо интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд.

Сол то сол истифодабарандагони «Одноклассники» ва «Facebook» дар минтақаҳои гунонгуни ҷумҳурӣ афзуда истодаанд, ки бо ҳар роҳу восита метавонад таъсири худро ба мафкураи ҷавонон расонад. Аз ин хотир, тадқиқоти ин масъала ҳамасола бамаврид ва зарурист, зеро дар Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва табиист, ки масъалаи ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа буда, он дар маркази сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад. Ҷавҳари тадқиқоти мазкурро таҳлили муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, «Одноклассники») ва таъсири он ба мафкураи одамон ташкил медиҳад, зеро имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як нерӯи бузурги татбиқкунандаи мақсадҳои гуруҳҳои ифротӣ табдил ёфтаанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон воситаи асосии таблиғи сиёсати давлатӣ шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, зеро аксари аҳолӣ дастрасӣ ба онро доранд. Ҳар як кишвар метавонад онро ҳамчун силоҳи асосии таблиғи сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон истифода карда, ба ин васила ба ҳадафҳои гузоштаи худ ноил гардад.

Аҳамияти он дар муайяннамоии таъсироти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти сиёсию идеологии ҷавонони кишвар мебошад. Ҳар рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ҳазорон ҷавон ба воситаи «Одноклассники», «Facebook», IMO, Viber ва амсоли инҳо дар гуфтугӯ, муайяннамоии вақти мулоқот, дарёфти ҳар гуна хабарҳо мебошанд. Дар ҷаҳони муосир ҷавонон барои қонеъ кардани талаботи худ дар муносибат бо ҷомеа зарурати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро дуруст меҳисобанд.

Истифодабарандагони ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварамон, ки аслан ҷавононанд, қариб тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи худро (таҳсилот, омӯзиши ҳар гуна касбҳо, ба кӯча баромадан, маишат кардан, ба клубҳои варзишию фарҳангӣ ва меҳмонӣ рафтан ва амалҳои дигар) ба истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ иваз кардаанд.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ воситае гардидааст, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Онро барои ҳимояи манфиатҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин низ як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳар як давлат, махсусан Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба гуруҳҳои экстремистию террористии ба ном «Давлати исломӣ» мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир муборизаро бар зидди шабакаҳои ичтимоӣ пурзӯртар намуда истодааст, ки хеле саривақтӣ ва бамавқеъ мебошад.

Хулоса, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ба шаклгирии мафкураи ҷавонону наврасон паҳнамоии иттилоот тавассути ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ нақши калидиро мебозад. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар воситаҳои паҳнкунандаи иттилоот тавонистанд дар муҳлати хело кӯтоҳ ҷойгоҳи махсуси худро ёбанд. Яъне шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои тарбия кардани насли солими ҷомеа ва ҳам ифротӣ намудани насли наврас ҳамчун сарчашмаи асосии таблиғкунандаю инъикоскунанда дар фазои иттилоотӣ баромад намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёданд, ки аксари онҳоро ҷавононро ташкил медиҳанд. Муҳити имрӯзаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири он ба ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони кишвар дар ҳолати муътадил қарор дорад, вале бояд таҳдиду хатарҳои он ба таъмини амнияти миллиро истисно накунем ва дар ин самт корро ҷоннок намуда, назорати пайвастаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман сомонаҳои интернетӣ дар фазоии иттилоотии кишвар мувофиқи мақсад шуморида шавад.

Ба андешаи мо, ҷиҳати назорати ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман баҳри таъмини амнияти иттилоотии кишвар хуб мешуд, ки мисли кишварҳои дигар сохторҳои дахлдори кишвари мо низ шабакаҳои иҷтимоии худӣ ё маҳаллиро ташкил намуда, бо додани имтиёзҳо ҷавонон тавонанд аз он истифода намоянд. Бо ин роҳ метавон ҷавононро дар ҷомеаи иттилоотӣ назорат намоем ва мафкураи онҳоро аз таъсири идеологияи бегона нигоҳ дорем.

Шорухи ҶАББОР,

таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here