Ҳамагон аз васоити ахбори омма хуб огоҳӣ доранд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро иттиҳоди террористӣ- экстремистӣ эълон карда, фаъолияти онро дар ҷумҳурӣ манъ кард. Ҳамин тавр, ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
«Паймони милли Тоҷикистон» моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ таъсис ёфтааст. Фаъолияти ҳамаи ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон манъ аст.
Ёдрас мешавем, ки Суди Олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро низ дар Тоҷикистон мамнуъ ва онро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуд.
Роҳбари Иттиҳоди ТЭ ПМТ қарори қабулнамудаи Суди Олиро нисбати иттиҳодаш қабул надошта, аз худ ва ҳаммаслаконаш мӯсичаи бегуноҳ метарошад. Як бор ба амалҳои зишт ва манфураш назар намеафканад, ки ӯ чӣ корҳоеро кардаасту ба кадом корҳои дигар қодир аст. Хонанда хуб дарк кардааст, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли солҳои 90-ум азм доранд, ки амалҳои тахрибкорона ва террористию экстриместиашонро зери ниқоби ин паймон амалӣ созанд. Яъне «Паймони милли Тоҷикистон» — ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо номи дигар аст. Кабирӣ аз рӯи ҳамон сенарияҳояш ин дафъа низ Тоҷикистон ва роҳбарони Ҳукуматро мавриди танқид қарор дода, санги маломат зад. Ӯ андеша намекунад, ки то имрӯз барои миллату давлаташ чӣ коре кардааст ва кадом амали некеро анҷом додааст? Кору пайкораш исён овардану тафриқа андохтан асту халос. Дар баромади худ шарм накарда сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодиёти кишварро таҳлил менамояд. Дар ҳоле, ки аз дастовардҳову пешравиҳои Тоҷикистон ва бунёдкориву ободкориҳо огоҳии хуб дорад ва медонад, ки Тоҷикистон дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ ба кадом натиҷаҳо ноил гардид.
Тамоми шарту шарои дар кишвар муҳайё буда, сатҳи зиндагӣ арзанда ва иқтисоди кишвар рӯ ба афзоиш аст. Кабирӣ, ки саропо ғарқи ғаразҳо гардидааст, фақат кина ҷуста, тухми адоват мекорад. Кабирӣ, дон ва огоҳ бош, ки фитнаҳоят ба кор намераванд. Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки шумо амру супоришҳои боз ҳамон хоҷагонатонро маккорона роҳандозӣ намуда истодаед. Шумо ҳамон афроде нестед, ки бо амалҳои зишт соли 2015 табаддулоти давлатӣ карданӣ будед?!
Ин бегонапарастон дар сурат худро ғамхор нишон дода, дар сират дилашон, нияту амалашон пур аз буғзу кина аст. Ин дафъа низ ақли солим боло гирифта, бо кӯшишҳои дастаҷамъона миллати мо тавонист онҳоро сарнагун созад.
Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки наҳзатиёни моҷароҷӯ аз дур мақсадҳои ғаразноки хешро ҷониби Тоҷикистон анҷом надиҳанд. Ақидаҳои ифротии худро ифшо нанамоед.
Он қарору қонунҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат нисбати шумо ва иттиҳоди исёноваратон қабул карда мешаванд, бамаврид ва саривақтӣ мебошанд, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки шумо бозичаи дасти хоҷагони хориҷиатон қарор гирифта, нақшаҳои тахрибкоронаи худро мехоҳед бо ҳар роҳу восита амалӣ намоед.
Иноятулло КАРИМОВ,
устоди ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа