Ҳамасола дар ҷаҳон бо сабаби сар задани садамаи воситаҳои нақлиётӣ ва риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагону пиёдагардон наздики 1 миллиону 35 ҳазор одам ба таври фоҷеавӣ ҳалок мешаванд ва миллионҳо одами дигар захмиву маъюб мегарданд. Дар натиҷа ҳазорҳо хонавода ба мотам печида, кӯдакони зиёд ятиму нимятим мемонанд ё волидон аз ҷигарбандонашон маҳрум мегарданд.

 

Бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон аз 100 ҳазор одам 19 нафар ба ҳалокат мерасад, ки ин нишондод бузургтарин дар Осиёи Марказӣ ва тақрибан баробари омори ИМА ва Русияву Чин мебошад.

Аз 6 то 12-уми майи соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон

Панҷумин ҳафтаи амнияти ҳаракат дар роҳҳои СММ-ро баргузор намуд. Дар ҳошияи баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ бо иштироки масъулини вазоратҳои тандурустӣ, нақлиёт, корҳои дохилӣ, маориф, вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, коршиносони соҳа ва намояндагони Васоити ахбори омма таҳти унвони «Бехатарӣ дар роҳҳо: мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо» мизи гирд баргузор гардид.

Дастандаркорон мегӯянд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ мусоидат ба наҷоти ҳаёти одамон дар роҳҳои кулли сайёра буда, дар умум ба хотири пешгирии хатари аз байн рафтани ҷони инсонҳо ва ҷароҳатбардории онҳо дар садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Бо ифтитоҳ бахшидан ба кори мизи гирд Миралӣ Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз дошт: «Дар натиҷаи рушди соҳаи роҳсозӣ, урбанизатсия, зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар кишвар мушкилоти зиёд дар ин самт ҷой доранд. Дар самти пешгирии осебҳо, пеш аз ҳама, бояд ба баланд бардоштани маданияти баланди шаҳрвандӣ ноил гардем. Зеро мутаассифона, имрӯзҳо муносибати аҳолӣ ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ коҳиш ёфта, қисми муайяни аҳолӣ онро риоя намекунанд. Барои ислоҳи ин қонунвайронкуниҳо бояд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад».

Дар навбати худ Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Муртазозода гуфт, пас аз як пажуҳиш дар мавзӯи амнияти роҳҳо ба ин хулоса расидааст.

— Ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ ва надоштани курсии кӯдакона дар мошин боло бурда шавад. Ҳоло барои набастани тасмаи бехатарӣ 55 сомонӣ ва барои дар ранги сурхи чароғаки роҳ гузаштан то 275 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Пешниҳоде, ки ба боварии коршиносон мушкилоти ронандагонро зиёд карда ва ба фасод роҳ мекушояд. Ба қавли огоҳони умур бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ — профилактикӣ ва омӯзишӣ дар миёни шаҳрвандони синну соли хурду калон зиёд карда шавад.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, бо афзоиши ҷарима намешавад мушкилро ҳал кард. Ва ҳамчунин таъкид мекунанд, ки дар навбати аввал бояд татбиқи қонун барои ҳама яксон бошад ва мақомдорону аъзои хонаводаи онҳо ҳангоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беҷазо намонанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, “баъзе одамон ҷаримаҳои калон месупоранд ва ҷазои сахт мегиранд, вале баъзеи дигар осон аз банди қонун раҳо мешаванд ва ба беназмӣ идома медиҳанд”.

Дар мизи гирд аз ҷониби коршиносони соҳа чунин омору арқоми изтиробангез ва огоҳинома барои пешгирии садамаи воситаҳои нақлиёт манзури ҳозирин гардонида шуд:

— Ҳар 6 дақиқа дар роҳҳои қитъаи АвруОсиёи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин ё он шахс ба ҳалокат мерасад. Дар умум дар роҳҳои ин қитъа дар як рӯз 230 ва дар як сол 85,000 одам ба ҳалокат мерасанд;

— 40-50 дарсади ронандагон суръати муқарраршудаи воситаи нақлиётро ҳангоми идораи он риоя намекунанд;

— Ҳангоми идораи воситаи нақлиёт бо суръати 50 км/соат 20 дарсад ва бо суръати 80 км/соат 60 дарсад хавфи ба марг рӯ ба рӯ шудани ин ё он ронанда ва мусофири ӯ зиёд мегардад;

— Ҳар қадаре ки суръати воситаи нақлиёт зиёд бошад, хавфи ҷароҳат ё ба ҳалокат расидани пиёдагард зиёд мегардад;

— Садамаҳои автомобилӣ ногаҳонӣ ё аз ноомади кор рух намедиҳанд, онҳоро пешгирӣ кардан имкон дорад;

— Садамаи автомобилӣ яке аз сабабҳои асосии омили ҷон аз даст додани кӯдакону ҷавонони аз 5 то 29-сола дар ҷаҳон гаштааст;

— 50 дарсади сабабҳои асосии ба марг расидани истифодабарандагони воситаи нақлиёт марбут аст ба суръати баланд, дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт, идора ё саворӣ шудан бе кулоҳи махсус, набудани тасмаи бехатарӣ ва курсиҳои махсуси кӯдакона;

— Ҳамасола ҳангоми рух додани садамаи воситаҳои нақлиёт дар ҷаҳон 1 миллиону 35 ҳазор сокини курраи замин ба ҳалокат мерасанд. Дар ҳамин ҳол дар ҳошияи ин садамаҳо аз 20 то 50 миллион одамон ҷароҳат мебардоранд ё маъюб мегарданд;

— 90 дарсади садамаи воситаҳои нақлиёт дар кишварҳои даромадашон дар ҳоли паст ё миёна рух медиҳанд. Аз ҳама зиёд садамаҳои воситаи нақлиёт дар роҳҳои минтақаи Африқо ба амал меоянд. Ҳатто дар кишварҳои даромадашон баланд эҳтимоли рух додани садамаҳои воситаҳои нақлиёт дар миёни аҳолии камбизоат ва осебпазири он зиёд аст;

— Мардон нисбат ба занон бештар ба садамаҳои воситаҳои нақлиётӣ гирифтор шуданашон имкон дорад.

— Ҳар як инсон ҳиссаи худро барои бехатарии ҳаракат дар роҳ гузошта метавонад.

— 73 дарсади маргу мир ҳангоми рух додани садамаи воситаҳои нақлиёт бо иштирки мардони то 25-сола ба амал меояд, ки ин нишондод аз нишондоди намунаи зайли ҷавонзанон бамаротиб бештар аст.

— Мувофиқи талаботи муайяншуда пӯшидани тоскулоҳ хавфи осеб дидани танро 42 ва сарро то 69 дарсад кам мекунад. Пас салоҳ аст, ки истифодабарандагони мототсикл ҳамеша аз тоскулоҳ истифода баранд.

— Истифода ё дар курсии махсуси кӯдакона гузоштани кӯдак, ҳангоми рух додани садамаи автомобилӣ хавфи марги ӯро то 60 дарсад кам мекунад. Тавсия дода мешавад, ки волидон ба таври доимӣ барои кӯдакон курсии махсуси кӯдакона дар дохили худравҳо муҷаҳҳазу муҳайё созанд.

— Истифодаи телефони мобилӣ аз ҷониби ронанда ҳангоми идораи воситаи нақлиёт хавфи ба садама гирифтор шудани онро нисбат ба ронандагони худравҳое, ки дар вақти идораи он аз телефон истифода намебаранд, зиёд мегардонад.

Дар ҳамин ҳол, агар коршиносони соҳа баландии суръати ҳаракат, истеъмоли машруботи спиртӣ, набастани камарбанди курсӣ, истифода накардан аз курсиҳо барои кӯдакон ва надоштани кулоҳи муҳофизатиро омилҳои рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ шуморанд, дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ амалан муътақиданд, ки барои коҳиш додани сатҳи фавт бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт метавон тавассути беҳтарсозии қонунгузориҳо, таъмини иҷроиши онҳо ва боло бурдани амнияти роҳу нақлиёт даст ёфт.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, тайи солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд. Яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад.

Аз таҳлилҳои кормандони БДА бармеояд, ки ҳодисаҳои бо марг анҷом ёфтани садамаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштич, Масчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон ташвишовар буда, зарур аст, ки барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Зимнан, ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 180 ҳазор осеби одамон ба қайд гирифта мешавад, ки аз инҳо то 500 нафар дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ мефавтанд ва 1,5 ҳазор нафар одамон маҷруҳ мешаванд.

Бе шак, рух додани садама дар роҳҳо хисороти бузурги иқтисодиву иҷтимоиро дар пай дорад. Аз рӯи баҳогузориҳо, садама дар роҳҳо дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна метавонад то 5% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад, ки ин барои Тоҷикистон солона тақрибан ба $350 млн рост меояд. Бо назардошти ҳамин, Тоҷикистон дар доираи Стратегия оид ба амнияти ҳаракат дар роҳҳои минтақаи Осиёи Миёна уҳдадор гардид, ки амнияти ҳаракат дар роҳро беҳтар намояд.

Ба қавли коршиносони соҳа, стратегияи мазкур то соли 2030 дар муқоиса ба соли 2010 дар ҳадди то 50 фоиз коҳиш додани маргу мир дар роҳҳои минтақаи Осиёи Миёна нигаронида шудааст. Ин стратегия ҳадаф дорад, ки солона ҷони то 23 000 нафарро наҷот дода, дар минтақа то 250 000 ҷароҳатҳои вазнинро пешгирӣ намояд.

Бозраси калони шуъбаи техникии РБДА ВКД ҶТ Низом Салимов аз таваҷҷуҳ зоҳир намудани СҶТ ба масъалаҳои пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт истиқбол намуда, меафзояд, ки бо истифода аз ин таваҷҷуҳ бояд ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда тадбирҳои муассир андешида шавад. Нигаронии Низом Салимов аз он аст, ки агар дар ҷое таркиш, сӯхтор, селу обхезӣ ва ё ягон ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух диҳад, мардум ба он бо ҳайрат менигаранду садо баланд менамоянд, вале мутаассифона, бавуқуъоии ҳодисаҳои садамавии вобаста ба роҳу нақлиётро нодида мегиранд ва ё ҳамчун як амри воқеӣ қабул менамоянд, ки дилхарош аст. Ҳарчанд дар ин ҳодисаву садамаҳо ҳам инсонҳо мефавтанд ва ё якумр маҷруҳу носолим боқӣ мемонанд.

Дар идома Н. Салимов иброз дошт, ки соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба амал омадани садамаҳои нақлиётӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Ба бовари ин корманди масъули БДА, садаманокӣ дар пойтахти кишвар то 2 маротиба коҳиш ёфтаааст, ки ин натиҷаи ворид шудан ба системаи «Шаҳри бехатар» мебошад.

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here