Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда, равона гардидааст. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ «ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он — терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Пеш аз оне, ки сабабҳои пайдоиши ин зуҳуротҳои номатлубро муаян намоем сараввал мехостем оиди мохияти онҳо чанд сухан гӯем. Экстремизм (аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) — фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда, рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳуқиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст. Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд: “Дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд. Махсусан, дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Имрӯз тавре ки мебинем дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар чунин шароит терроризм ба бизнеси бисёр сердаромади миқёси глобалӣ, дорои «бозори кор» (зархаридон ва ғайра) ва сармоягузорӣ (таъмини яроқу аслиҳа, фурӯши маводи мухаддир) ва ғайра табдил ёфтааст. Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: — сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; — сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; — моддӣ; — идеологӣ; — хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;- пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; — ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; — коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; — хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; — поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; — дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; — фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад: Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон; Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар; Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, ба хусус, наврасону ҷавонон; Ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар фарогирандаи масъалаи ахлоқӣ баррасӣ карда шавад. Инчунин ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд: — ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳитииҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон; — ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда; — ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа; — баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ; — ба ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон; — баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон; — таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; — баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ. Самара ва натиҷаи ин кор боядчунин бошад: ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст; рушди корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат равона карда шудааст, ташаккули маҳорати ҳамгироии иҷтимоӣ, малакаи аҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар; баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати экстремизм (ифротгароӣ)-ро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд; танзими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирикунанда, бо усулҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмур дар ҳамбастагии мураккаби онҳо; маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳрум намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣва берунӣ, ошкор ва нест кардани онҳо аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои қонунӣ ва ҷиноятии террористонҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла, маҳдуд кардани террористон аз манбаъҳоипурра кардани силоҳ ва воситаҳои техникӣ, воридот ва фурӯши яроқ; ошкор ва бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳои пайдоиши терроризм, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии қувваҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идоракунии марказонидашуда оид ба тамоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи амалишавии чорабиниҳои ҳарбӣ, махсус ва идеологӣ. Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Ҳодибег ДАВЛАТОВ,
ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур