Солҳои охир ба амал омадани ҳодисаҳои ваҳмангези террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишварамон аз ҷониби ташкилоти террористию экстремистии ба ном “Давлати исломӣ мардуми сулҳпарвару шарифи тоҷикро ба ташвиш овардааст.

Чунин таъсиррасониҳои идеологии созмонҳои террористиро мо дар шуури баъзе аз мардуми кишвар, бахусус насли ҷавон, ки камтаҷрибаанд, метавонем мушоҳида намоем. Хусусан, анҷом додани амалиётҳои террористӣ дар солҳои охир аз ҷониби саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои дар ҳудуди кишвар мамнуъгардида ва аъзои ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ”, аз ҷумла ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ, ошӯбҳо дар маҳбасҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Ваҳдат ҷомеаи сулҳпарвару мустақил ва дунявию ҳуқуқии Тоҷикистонро орому бетараф гузошта наметавонад.

Дар воқеъ, содир гардидани амалҳои террористӣ ба мисли ҳодисаҳои дигари ҳаёт, бо гузашти вақт сабти таърих мегарданд, аммо ба руҳияи мардуми сулҳпарвари тоҷик то андозае таъсири манфӣ гузошта, тухми кинаву адовати беасосро нисбати кору фаъолияти қонунии Ҳукумати кишвар ва мақомоти интизомии он дар шуури наздикону пайвандони маҳбусони дигар, ки аз дасти террористон қурбон гаштанд, ҷой менамоянд. Бахусус амали даҳшатангезе, ки шаби 19-уми майи соли 2019 дар маҳбаси №3/2-и шаҳри Ваҳдат рух дод, ин амали террористӣ, ки ҳадафи иғвоангезона дошт, аз ҷониби аъзои маҳбасӣ гардидаи ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” содир гардид, ки дар ин ошӯб саркардагон ва иштирокчиёни фаъол маҳз аъзои ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” буданд, ки даст ба қатлу куштори чеҳраҳои шинохтаи маҳбас ва нозирони маҳбасхона заданд. Аз таҳлили пурраи ҳодиса хулоса кардан мумкин аст, ки мақсади аслии анҷом дода шудани ин амали террористӣ, ин фирор аз маҳбас буда, бо қатли чеҳраҳои шинохта, террористон мехостанд дар байни мардуми кишвар тарсу ваҳмро паҳн намоянд.

Дар натиҷаи амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои даҳшатангези худ, маҳбусони қасди фирор дошта даст ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили терроризм, куштор, гирифтани гаравгон ва бетартибӣ зада, сабабгори марги худ ва 3 нозири маҳбас, аз ҷумла майор Ҳалимов Абдуҷаббор, Муродов Бурҳониддин, лейтенанти калон Асоев Маҳмуд гаштанд. Таҳлили воқеият аз он шаҳодат медиҳад, ки ташкилкунандагони асосии ин бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии ба ном “Давлати исломӣ” буда, таҳти роҳбарии бевоситаи узви фаъоли ин созмони террористӣ Беҳрӯзи Гулмурод — писари Гулмурод Ҳалимов ва ҳаммаслаконаш Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Руҳулло тарҳрезӣ ва анҷом дода шудааст. Ин террористони қотил бо як ваҳшонияти ғайриинсонӣ ҳам маҳбусони нуфуздошта ва ҳам нозирони ин маҳбасро ба қатл расониданд.

Шояд хонандаи кунҷков ба муаллиф суол кунад, ки саркардагон ва аъзои фаъоли ин созмони террористӣ чаро 3 нафар аз маҳбусони дигарро, ки дар гузашта дар доираҳои муайяни тарафдоронашон нуфуз доштанд, ба ҳалокат расониданд, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Абдусаттор Самадович (машҳур бо номи Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (машҳур бо лақаби Шайх Темур)? Ин ҷо ҳадаф ягона аст, яъне дар назди нозирони маҳбас ва дигар маҳбусон намоишкорона ба қатл расонидани маҳбусони дар гузашта нуфуздошта, ин дар вуҷуди маҳбусони дигар ва нозирон ҷой намудани тарсу ваҳм буда, бад-ин васила шартгузорӣ барои озод гаштан мебошаду бас.

Бояд махсус қайд намоям, ки як қатор гуруҳҳои манфиатдор аз қабили ҳизбу ҳаракатҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъгашта, ба ибораи халқӣ “мурдаро гузошта, худ дар назди ҷасад рақсида истодаанд”, яъне онҳо аз марги собиқ аъзои маҳбасии худ истифода намуда, Ҳукумат ва мақомоти дахлдори онро бо туҳмату буҳтон олуда сохта истодаанд. Тибқи навиштаҳои онҳо дар саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ ва радиову сомонаи иттилоотии иғвоангезашон, гӯё “Ҳукумати кишвар ба гузаштани маросими азодории маҳбусон монеа эҷод намуда, ҷасади маҳбусонро ба наздиконашон надода бошад”, аммо ҷасади маҳбусон ба наздиконашон супорида шуда, аксҳову сабти видеоии маросими дафни баъзе аз наздикони маҳбусон хабару матолиби ғаразноку туҳматангези ин гуруҳҳоро пурра ботил сохт.

Ҳамчунин, ин гуруҳҳо хабари бардурӯғ ва иғвоангезонаеро паҳн намуда истодаанд, ки гӯё “собиқ аъзои маҳбасии онҳо аз тири силоҳи оташфишони нозирон ба ҳалокат расида бошанд”, аммо мусоҳибаи дар сомонаҳои “Ютуб” ва “Фейсбук” нашр гардидаи наздикон ва иштирокчиёни маросими азодорӣ ва шустушӯйи маит ва дафн, дубора исбот сохт, ки ин нафарони манзури назарашон аз олотҳои буррандаву халандаи худсоз ба ҳалокат расидаанд.

Мутолиа ва таҳлили чанд амалҳои террористии охир рухдода, ки дар зарфи ҳамагӣ 7 моҳ тарҳрезӣ ва амалӣ гаштааст, касро ба андеша водор месозад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҷонибдорони ин равияҳои терррористию экстремистӣ ҳадафҳои ягонаи муғризона доранд, ки ин “теша задан ба решаи миллат ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқи тоҷик” аст. Зеро ин ватанфурӯшони миллатбезор пайваста аз номи дини мубораку муқаддаси Ислом сӯйистифода намуда, бо истифода аз эътиқоди динии мардуми шарифи Тоҷикистон дар байни онҳо ақидаҳои заҳролуди хешро паҳн месозанд.

Аммо баъзе аз ақидаҳои фитнаангези ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ”-ро баъзе аз ҷавонони буздилу зери фишори идеологии ин равияҳо қарордошта эътироф намуда, шояд ба назарияи дурӯғу бофтаи онҳо, ки пуштибонӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои динии онҳоро мекунанд, эътироф намудаанд. Ин гуруҳҳо мехоҳанд аз руҳияи заифи чунин ҷавонон истифода карда, маротибаи дуюм халқи тоҷикро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд, вале ҷавонону сокинони худогоҳу худшиноси ҷумҳурӣ дигар ҷавонону сокинони даврони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нестанд ва фирефтаи ақидаҳои бемағзу муғризона нахоҳанд шуд.

Ҳамватанони азиз, биёед худ қазоват намоем, ки чи гуна ҳомиёни дини Ислом дар ин раванд бар муқобили фармудаи Худову Фиристодааш (с.а.с.) амал намуда истода, ба тафриқаандозӣ ва қатлу ғорат даст мезананд. Пас, тибқи тарозуи арзишҳои динӣ худи онҳо на мусалмони асиланд, балки дар назди Офаридгор шармсор ва гунаҳкоранд.

Ҳамин тариқ, анҷоми амалҳои террористӣ ва ба қатл расонидани инсон, бигзор агар ӯ маҳбус ҳам бошад, ба дини мубини Ислом ягон рабте дошта наметавонад. Ҳар як фарди соҳибандешаи кишвар огоҳ аст, ки бо роҳи зӯроварӣ ва иғвоангезию фиреби мардум наметавон кишвари ободу осуда ва пешрафтаро сохт, бо ин роҳ метавон танҳо кишвари азизамон Тоҷикистонро ба майдони ҷанг табдил дод. Бо ин роҳ ҳатто метавон Ватани азизу маҳбуби хешро ба дараҷаи нестиву нобудӣ оварда расонид. Аз ин рӯ, тамоми қувваҳои мухолифи Ҳукумат ва аъзои “Давлати исломӣ” мутмаин бошанд, ки давлати муосири Тоҷикистон дорои артишу мақомоти пуриқтидори қудратист ва ин ҷавонмардони ҷасуру далери Ватан кафили осудагии мардуми ин сарзаминанд. Зеро сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёд ва тӯлонии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати сулҳофари тоҷик мебошад.

Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи ҷумҳурӣ нишон дод, ки Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи муттаҳидии фарзандони содиқи халқи азизамон ба даст омадааст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас — ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри он расем. Насли ояндаи кишварро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намуда, дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз ва эҳтиёт намуда, моро зарур аст, ки ба муқобили ин гуруҳҳои террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муборизаи беамон барем.

 

Ш. М. МӮСОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here