Муҳаққиқон одамони қадимро “одамони саҳроӣ номидаанд ва дертар онҳо ба “одамони соҳибақл” мубаддал гаштанд. Одами замони муосирро “одами ахборот” ва ё худ “одами иттилоот” ном мебаранд.

Пахши ахбор агар дирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз илова бар ин иттилоот як аслиҳаи муассири гуруҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст. Иттилооти имрӯз метавонад ба мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла пайдо кардани адовату нафрат ва низоъ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, тоифаҳои одамон, миллатҳо, гуруҳҳои динӣ тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба мақсади ниҳоии созмонҳои манфиатхоҳ — барҳам задани арзишҳои милливу маънавӣ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ахбор дар асри XXI ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфтааст. Ин ҷиҳати шаклгирӣ, яъне ҳамин ахбор як навъ восита дар ташаккули экстремизми динӣ мусоидат карда истодааст. Бояд гуфт, ки мақсади аслии терроризм дар аҳолӣ ҳисси ваҳм ва тарсро бедор кардан ва дар байни ҷомеа нооромиҳоро ба вуҷуд овардан, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона ва ғайра мебошад. Аммо ҳаминро ҳам гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар террорист пеш аз он ки террорист гардад, тундгаро — экстремист мешавад.

Функсияҳои татбиқи экстремизми диниро шартан ба 3 гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гуруҳи аввал ташкилотҳое шомиланд, ки вазифаи асосии онҳо гӯё одамонро “исломӣ” менамоянд ва аз “даъват ба тақво” иборат мебошад. Ба қатори ин гуруҳҳо ҳаракати эктремистӣ-террористии бо ном “Давлати Исломӣ”, “ТЭТ ҲНИ” ва амсоли инҳоро ворид кардан мумкин аст.

Ба гуруҳи дуввум ташкилотҳое дохиланд, ки “кадр”-ҳоро барои дар шуури одамон ғояҳои мутаассибиро ҷойгир кунонидан, ба ғояи муайян тобеъ кунонидан, машғул мегарданд. Ба қатори ин гуруҳ ташкилоти динӣ-экстремистиеро ба монанди “Ҳизби таҳрир”, “Бародарони мусалмон”, “ТЭТ ҲНИ” ва ғайра ворид кардан мумкин аст.

Ба гуруҳи сеюм ҳаракати мансубият доранд, ки бе ҳеҷ асос диёри мусулмононро “куфр” эълон карда, тавассути аз ватан ба ҳиҷрат раҳнамун карданҳо ба ҳар гуна оташи низову фитна ҷалб мекунанд. Аслиҳа ба даст гирифта, вакилони аҳолии осоишта ва намояндагони динҳои дигарро ба қатл расонида, дар минтақаҳо оташи ҷангро аланга мезанонанд. Мафҳуми ҷиҳодро нодуруст тарғиб карда, ҷавононро барои қатлу куштор даъват менамоянд.

Мувофиқ ба таҳлили мутахассисон, “даъват”-ҳои аз ҷониби экстримистони замонавӣ садодода, дар ҳолати эътибори ҷиддӣ додан, ба сарчашмаҳои психологияи иҷтимоӣ мунтазам коркард шудааст. Онҳо дар пешбарии ғояҳои ғаразнокашон аз услубҳои зерин истифода кардаанд:

Якум, дар номгузории ташкилотҳои экстремистии динӣ мақсадҳои пурғаразу чеҳраҳои манфури онҳо зери ниқоб ҳувайдо аст. Фаъолияти иттиҳодияҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Ҳизби таҳрир ал-исломӣ” (Ҳизби озодии ислом), “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” (алҳол “Ҳаракати исломии Туркистон”), ”Лашкари ислом”, ва монанди инҳо дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки экстремистону террористон ба мақсади таассуроти мусбати мусулмононро нисбати худ афзудан ба истилоҳҳои (ислом, тавба, адолат ва ғайра) исломӣ эътибори калон дода, онҳоро устокорона истифода мебаранд.

Дуввум, ташкилотҳои экстремистии динӣ оятҳои Қуръони карим, ҳадисҳои шарифро дар роҳи манфиати худ, бо вайрон кардани маъно тарғиб мекунанд.

Саввум, фаъолони ҳаракати экстремистии динӣ бо мақсади моил кардани аъзои нав, ба бузургвории раҳнамоёнашон эътибори алоҳида медиҳанд ва онҳоро ҳамчун шахсияти бузург муаррифӣ мекунанд.

Чаҳорум, ҳаракатҳои экстремистии динӣ ба бузургвор нишон додани раҳнамоёнашон, ба осмони ҳафтум баровардани онҳо кифоят накарда, балки ба беназирии “асар”-ҳои ғояҳои экстремистии диниро фарогирандаашон ҳам эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ҳатто онҳо ба нишон додани бузургии “асар”-ҳояшон ҳаракат карда, онҳоро чун Қуръони карим ва аҳодиси шариф медонанд.

Алоҳида таъкид кардан зарур аст, ки имрӯзҳо равияҳои динӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои паҳни кайфияти норизоӣ дар ҷомеа зӯр зада, ҳангоми суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зимни тарғиби ғояҳояшон кӯшиш доранд дар тасаввуроти ҷавонон мафҳумҳои “диёри куфр”, “ҳиҷрат”, ”ҷиҳод”, ”шаҳидӣ”, ”тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ”-ро мустаҳкам намуда, онҳоро ба гирдоби низову задухӯрд гирифтор кунанд.

Дар ислом ба ҳеҷ мусулмон ҳуқуқи мусулмони дигарро ба «кофирӣ» айбдор кардан дода нашудааст. Чунки ҳиссиётҳое, ки аз қалби инсон мегузаранд, ба ҷуз Худо барои касе аён нест. Ибни Наҷим мегӯяд: “Агар дар ин масъала барои кофир номидан 99-то далел бошад, 99 далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим аст”. Аммо раҳнамоёни дар дин аз меъёр баромадаву аз худ рафтаи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар ин масъала “барои муъмин гуфтан 99-то далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим” мегӯянду бо ҳамин ақидаашон барои ба қатл расонидани ҳазорҳо мусулмонон сабаб мешаванд. Далели ин гуфтаҳо гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик ва ҳамроҳ намудан ба сафи ДИИШ, яъне равона намудан ба Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои ҷангзада аст.

Сарҳад надоштани шабакаҳои иҷтимоӣ, набудани илоҷи монеагӣ ба эфирҳои каналҳои фазовиро ба ҳисоб гирем, алҳол барои ҳифзи аҳолӣ лозим аст, то онҳо аз ғояҳои вайронкор заҳролуд нагарданд. Ба воситаи интернет ва ВАО ба гуруҳҳои мазкур раддияҳо додан, таълимоти софи диниро ба ҷавонон расонидан, тарбия кардани онҳо дар руҳияи халқпарварӣ, Ватанпарварӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба аҳамияти калон соҳиб буданаш бараъло намоён аст.

Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои характери экстремистӣ-террористӣ дошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон ва хосатан ҷавонони моро зарур аст:

— ворид нашудан ба сайтҳое, ки руҳияи диниву экстремистӣ доранд ва аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои экстремистӣ ва террористӣ эълон карда шудаанд. Аломатҳои ин гуна сайтҳо: дар материалҳои ҷойгиркунондашуда мавҷудияти даъват ба “ҳиҷрат” ва “ҷиҳод”, ҳукумати дунявӣ ва сохтори онро ба кофирӣ айбдор кардан, ҳаром эълон кардани идҳои мустақилӣ, Соли нав, Наврӯз, ҷашнгирии рӯзи таваллуд, мадҳи ҷангараҳои мамлакатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия ва монанди инҳо;

— дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои гуногун майл накардан ба мавзуҳои динӣ, дур будан аз мулоқоти шахсоне, ки саволҳои нозук дода, ба суҳбат даъват мекунанд, умуман алоқа накардан ба афроде, ки ҷамъияти дунявиро танқид карда, тарзи зисти диниро мутаассибона талқин мекунанд;

— тавассути почтаҳои электронӣ ҷавоб нагардонидан ба шахсони номаълум, ки даъватҳои динӣ ва таклифҳо оид ба шиносоӣ мекунанд;

— дониставу надониста дар телефонҳои мобилӣ маърӯзаҳо, суратҳо, видеороликҳои мутаасибонаро ҳифз ва паҳн накардан.

Бо дарназардошти ҳолатҳои болоӣ, ки ҷаҳон ҷаҳони иттилоот аст, ҳаминро гуфтан зарур аст, ки барои пешгирии роҳи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ маърифати истифода бурда тавонистани иттилоотро омӯзонидан лозим аст, зеро танҳо маърифатнокӣ ва илм метавонад сипари воқеӣ ба экстремизм ва терроризм бошад.

Маъруфҷон МАҲМУДОВ,

ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here