Баъзе аз мардумон донишҳои бовармандии хешро бар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ муассир меҳисобанд ва чунин вонамуд месозанд, ки тамоми равобити зиндагиашон таҳти таъсири эътиқод ва расму оини  муаян қарор мегирад. Дар зеҳнияти ин гуна одамон чунин тасаввуре ҳосил мешавад, ки онҳо бо нерӯҳои мармузи осмонӣ робитаи бевосита доранд. Онҳо эҳсосоти хешро ба ҳайси айни воқеъият қабул мекунанд ва гумон меварзанд ҳарчи онон ҳис мекунанд, инҳо ҳамагӣ инъикоси воқеъиятанд.

Касе ки аз робитаи шахсии худ бо нерӯҳои осмонӣ ҳарф мезанад одатан онҳоро ба забони истиора ва луғатҳои мубҳам истифода мекунад. Дар бештар маврид ӯ тавзеҳ медиҳад, ки чи гуна ӯро анҷом додани амалҳое муаяни эътиқодӣ ором месозад. Баъзеи дигар мегӯянд, ки чизҳое дидаанд ва садоҳое шунидаанд, ки онҳо ба дидаҳои заминӣ ё садоҳои заминӣ марбут нестанд. Балки онҳо хусусияти фарозаминӣ доранд. Ин ҷо бояд як масъаларо тавзеҳ дод, ки таъсири дарки дуо фақат наметавонад маншаи ғайири табиӣ дошта бошад ва инсонҳои мазҳабиву боварманд танҳо касоне нестанд, ки зоҳиран таҷрибаҳои ҳиссӣ доранд. Ин таҷрибаҳо метавонанд дар шароитҳои комилан ғайримазҳабӣ низ рух диҳанд. Барои мисол, бемориҳои равонӣ ва маводи мухаддиру муҳаррик метавонанд боиси ихтилом дар коркарди таҷрибаҳои ҳиссӣ гарданд. Дар воқеъ солиёни дароз аз анвои хосе аз маводи таваҳҳумзо дар маросими мазҳабии бархе аз фарҳангҳо истифода шудааст. Таҳқиқот ва кашфиётҳои ахири илмӣ боиси он гардидаанд, ки фаҳмиши беҳтаре аз вокунишҳои химиявӣ ба амал ояд, ки аксари онҳо сабаби ба вуҷуд омадани таҷрибаҳои мазҳабӣ ҳастанд. Баъзе аз ин таҳқиқот дар мавриди беморони сар ва гиҷгоҳӣ буда он як бемории асабӣ шинохта мешавад, ки дар он бемор илова бар ҳамалоти асабӣ ва ихтилолоти эҳсосӣ такроран аз ваҳмҳои таваҳумот низ ранҷ мебарад.

Як натиҷагирии куллӣ, ки дар ин ҷо ба даст меояд, ин аст ки агарчи мумкин аст як шахс эҳсосот ва таҷрибаҳои шигифтовар дошта бошад, аммо инро наметавон ба қувваҳои фарозаминӣ марбут донист, ки сабаби ба вуҷуд омадани ҳаводис шуда бошад ва он метавонад маншаи комилан табиӣ дошта бошад.

Чизи дигаре ки маъмул аст ва собит шудааст ин аст, ки инсонҳо бештар чизҳоеро мебинанд, ки онҳоро дӯст медоранд ва меписанданд. Яъне мағзи инсон ба гунае сохта шуда, ки ҳатто дар садоҳои бемаънӣ низ хоҳиш ва ниёзҳояшро шиносоӣ мекунанд. Ин улгугароӣ он тавре ки олимон тавзеҳ медиҳанд, нақши муҳиме дар ба вуқуъ омадани таҷрибаҳои боварманд дорад. Инсонҳое, ки дар як муҳити боварманди баста рушд мекунанд, ба таври куллӣ таҷрибаҳое хоҳанд дошт, ки бозтоби хостҳои ҳамон муҳит аст. Ин ба он маънӣ аст, ки як шахси мазҳабӣ мумкин аст як таҷрибаи ҳиссиро пайғоме аз осмон донад. Аммо шахси дигар баста ба интизорот ва таҷрибаҳояш мумкин аст, ҳамон таҷрибаро ба як шабаҳи шайтон ё ягон падидаи ваҳмноки дигар нисбат диҳад. Яъне дар ин маврид ҳам фаҳм, дарк, андеша ва ҷаҳонбинии худи субъект фард ё инсон дар чигунагии шарҳи ин вазъият даст дорад, на ягон қувваи фарозаминӣ. Ин гуна тарзи биниш боиси ба вуҷуд омадани як чархаи гардишиест, ки дар ин чарха инсонҳо чизҳоеро мебинанд, ки мехоҳанд бовар кунанд ва сипас ин хаёлу имон онҳоро тасдиқ мекунад, дар ҳоле ки ин тасаввурот барои худи фард ба назар амиқан қонеъкунанда меояд ва айни ҳол ҳеҷ кадоме аз ин бинишҳо, ки сад дар сад бастаи тарзи хаёлу тафаккури инсонанд, наметавон онҳоро ба вуҷуди неруи фарозаминӣ нисбат дод.

Илм дар ҳоли кашфу дарки бештари заминаҳои асабии бисёре аз ин таҷрибаҳои бовармандӣ аст. Дар айни ҳол на аз илм интизор меравад ва наметавонад иддаоҳоеро, ки бар асоси таҷрибаҳои бовари як шахс ҳастанд, рад кунад. Заҳмати исбот дар ин ҳол ҳамеша бар души шахси даъвогар аст. Ба ҳамин сурат барои он ки битавонем робитаи шахсии як фард бо худашро ба унвони мадраке барои вуҷуди қувваҳои мовароӣ дар назар бигирем, худи фард мебоист ин иддаоро бо далелу мадорик собит кунад. Барои мисол тасаввур кунед, ки касе даъво мекунад, ки фариштае аз биҳишт барои мулоқот бо ӯ омад ва онҳо бо ҳам чой нушиданд. Ин як иддаои воҳимабарангез ва аз воқеъият дур аст. Ин ҷо ҳатман бояд як пурсише аз ин даъво сурат гирад, ки оё касе дигаре низ фариштаро дидаст? Оё ягон нишоние аз ҳузури аз фаришта боқӣ будааст? Бидуни гувоҳ ва тавзеҳи мантиқӣ хоҳад буд, ки дар чорчубаи қонунҳои ҳоким бар ҷаҳон биғунҷад. Дар ин сурат мо дар нисбати шахси даъвогар чунин ҳукм мекунем, ки ё таваҳумзада аст ё дурӯғ мегуяд ё дар мавриди ин иттифоқ иштибоҳе содир кардааст.

Ҳоло тасаввур кунед, ки агар ду нафар чунин даъвои монанд ба инро кунанд, дар ҳоле ки яке аз онҳо таваҳум шуда, вале дигаре бо як фаришта мулоқот карда бошад. Мо ба унвони шунаванда наметавонем ду достонро аз ҳам ҷудо созем ва далеле барои бовари ин достонҳо ва ё ҳар таҷрибаи шахсии дигаре, ки мо дар он ҳузур надорем онро тасдиқ намоем. Таҷрибаи шахсии зеҳни онҳо ғайри қобили инкор ҳастанд. Мо наметавонем хаёл, руъё ва тасаввури дигаронро бубинем ва ё садоҳои даруни рагҳои хунгузари инсонҳоро шунавем. Агар касе даъво кунад, ки таҷрибаи шахсии ӯ бозтобе аз воқеъияти физикии ҷаҳон аст, бояд бо собит кардани ин назар ва шоҳиду санад овардан аз он дифоъ кунад. Хаёлпардозӣ ва санадҳои достонгуна барои собит намудани қувваҳои мармуз кифоят намекунанд, зеро ҳарчи дар хаёлу бовар шакл гирифтааст, наметавонад ифодагари кулли воқеъият бошад.

Яке аз печидагиҳо ва сабаби бозмондагии афкори хурофа дар он аст, ки гурӯҳҳои муайян ба хотири тавсеяи манофеи хеш ва гардон намудани дӯкони манфиат ва аз худ ҷилва намудани шахсииятҳои матраҳ, ки гӯё воқифи тамоми асрори ҷаҳонанд, ин боварҳоро ва тасаввуру хиёлоти хешро ниҳодина мекунанд ва онро ба тарзи густурда ба мардумон ба такрор баён месозанд ва онро ҳамчун муқаррарот ва дастуроти фавқулбашарӣ арзёбӣ месозанд. Ин навъ таблиғгарӣ боиси он мешавад, ки гурӯҳҳои муаяйн, ки хоҳони шуҳрату эътибор будаанд, ҷиҳати дар назди мардумони соддабовар худро пуршукуҳу муҷалло ба намоиш даровардан, худро ҳамчун намоянда ё нафари расонандаи дастуру аҳкоми осмонӣ таллақӣ намудаанд. Ин нафарон ҳар кадоме ба салиқа тасаввурот, хаёлпардозӣ ва ҷаҳонбинии хеш тасаввуротеро дар баробари ҳаводиси олам ба вуҷуд оварда, онҳоро тавсирҳои зеҳнӣ намудаанд. Чунин пиндорҳо боиси он гардидаанд, ки инсонҳо пушти ҳар ҳаводисе як нерӯи мармузеро дарёфтаанд ва тасаввур намудаанд, ки ин нерӯҳо як ҳамбастагие ба нафароне, ки худро муъҷизакор медонанд, дар равобитанд. Нафарони суиистифодакунанда аз нодонию таассубзадагӣ ва хурофот ҳамеша дарк мекардаанд, ки бузургию шаҳомати онҳо аз нодонии мардумон аст. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамеша кӯшиш кардаанд, ки бар алайҳи шинохти воқеъии табиату ҷаҳон қад алам кунанд ва ҳама гуна дониши воқеъиро рад ва мамнуъ ҳисобанд.

Аз тарафи дигар, ин гурӯҳҳо худро ҳамчун намояндаи осмон муаррифӣ намуда мардумонро ба манбаи даромаду зиндагии хеш табдил дода ва талқин намудаанд, ки гӯё онон дорои бузургию шаҳомате ҳастанд, ки метавонанд бар умури олами вуҷуд таъсиргузор бошанд. Барои беҳтар гӯл задани мардум гурӯҳҳои шайёди суиистифодакунанда аз боварҳои мардумон худро ҷойгузини паёмбарон, шахсиятҳои қудсӣ, пешгӯён, фолбинон ва амсоли ин ҷилва намудаанд ва дар зеҳнияти мардуми авом боз ҳам чун шахсияти муқаддас ба ҷилва даромаданд. Аз он ҷо ки инсонҳо ҳамеша як нигароние дар баробари ояндаи хеш доранд ва чи гуна сурат гирифтани вазъи ҷаҳонро, яъне ҳаводиси гуногуни табииро пешгӯӣ карда наметавонанд ва аз тарафи дигар дар баробари ҳолатҳои зиёде метавонанд осебпазир боқӣ монанд, аз ин рӯ онҳо ҳамеша дар бобати сарнавишти худашон кунҷков ҳастанд ва ин ҳолат барои шайёдоне, ки аз бовари мардум суиистифода менамоянд, як дӯкони наве ба миён меояд. Ин нафарон аз тарзҳои гуногун истифода менамоянд, ки аслан ба шеваҳои маъмулӣ бегона аст, амалҳо ва кирдорҳои аҷибу ғариберо анҷом додаанд, ки аз ин роҳ дар зеҳнияти атрофиён мутмаин созанд ин амалҳое, ки воқеъан ба мантиқ хирад ҳеҷ қонунмандӣ ва алоқамандӣ надоранд. Амалҳое ҳастанд, ки тавассути онон ин нафарон гӯё метавонанд бо қувваҳои ғайбӣ дар тамос шаванд ва ба амалҳои хайр ё шарре дар сарнавишти ё он нафар таъсир гузоранд. Ин амалкардҳои хешро онҳо ба ҳайси ҷодугарӣ ва муъҷиза, ки як навъ огоҳӣ аз илми ғайб аст ва ҳамагон ба ӯ дастрасӣ надошта, балки баъзе аз гурӯҳҳои хоса, ки барояшон ин илм рушан гардидааст, метавонанд аз ин ҳолат баҳраёб бошанд ва ба мардумон нисбати сарнавишташон ё таъсири нерӯҳои бад ё нек кумак намоянд. Ба ҳамин минвол онҳо ҳазорон аз ҳодисаҳои аҷибу ғариберо бофтаю сохтаанд, ки ҳар нафари корафтода вақте ин амалҳоро мебинад ба назараш чунин менамояд, ки гӯё онҳо воқеан аз як оламе ва ё сирре огаҳанд, ки дигарҳо чунин дастрасиро надоранд.

Мардумони соддабовар гумон меварзанд, ки чунин нафарон воқеан қудрате доранд, ки дар баробари чи гуна сурат гирифтани зиндагонии як нафар ва онро ба тамоми ҷузъиёт қудрати пешбинӣ намудан дорад. Ҳамин аст ки чи дар гузашта ва чи дар замони муосир ҳазорон ҳазор дар саросари ҷаҳон хешро ба ҳайси донандаи ғайб ва огоҳ аз сарнавишти инсонҳо муаррифӣ карда, дӯкони даромаде барои хеш дуруст кардаанд, ки гӯё тавони пешбинӣ кардани қисмату сарнавишти дигаронро дошта бошанд. Ҳатто баъзе аз ин нафарон хешро то ҷойе дар назари мардум бузург ва ғайри одӣ ҷилва додаанд, ки гӯё онҳо метавонанд бо руҳҳо мурдагон ва ашбоҳ гуфтугӯ анҷом диҳанд ва ё тамос ба онҳо барқарор кунанд. Бархи дигаре иддао кардаанд, ки метавонанд ояндаро аз рӯи парвози паррандаҳо ва ё бо дилу рудаи ҷонварон пешбинӣ кунанд. Саранҷом чашм, даст, сурати ашёи шигифтангез ва ҳар чизе ки битавонад василае бошад барои эъҷоди боварҳои хуб ё бади мардумони ноогоҳ, онро истифода намуда мардумро дар зери нуфузи хеш қарор додаанд. Дар зинаҳои баъдӣ барои истеҳком бахшидани қудрати хеш ин табақа муқаррарот ва қавонине дуруст кардаанд, то дар баробари он боварҳое, ки мояу асосии қудрату ҳокимияти онҳо буданд, камтарин шубҳае ба вуҷуд ояд. Онҳо ором — ором қудрати сиёсиро низ дар ихтиёр дошта ва бо нишон додани муъҷизаосо будани худ зеҳнҳои соддаро тасхир намудаанд. Аксар аз ин шайёдон бо роҳи тарс додани мардум ва ба вуҷуд овардани ваҳм дар зеҳнияти онҳо тавонистаанд ба тахаюлоти худ ҷомаи воқеъият пӯшонанд ва мардумонро барои муддатҳои мадид аз андешидан ва дарёфти воқеъият дур нигоҳ доранд. Зеро ҳамеша таблиғи ин нуқта ки шакку шубҳа кардан дар баробари ин ё он бовар, фармудаи ҷодугар фолбин ва ё амсоли ин метавонад мушкили вуҷудӣ ҳам барои фард ва ҳам барои ҷомеа ба миён оварад, боиси ваҳшатзадагие дар байни мардумони оддӣ гардидааст, ки онҳо на танҳо дар баёни назари ин ки ин ё он амал ғайримантиқӣ, хато ё дурӯғ аст, ҳатто онҳо дар бобати андешидан нисбати бебунёд будани ин ақида худдорӣ намудаанд ва гоҳҳо агар чунин ҳолате дар зеҳнашон рух додааст, пайи кафораи гуноҳи хеш гардидаанд. Чунин вазъ боиси он гардидааст, ки дар тамаддунҳои гуногун ва мардумони гуногуни ҷаҳон ба тарзи пайваставу густурда, муддатҳои тӯлоние зери таъсири боварҳо ва донишҳои хаёливу хурофӣ боқӣ мондаанд. Онҳо ба тарзи густурда аз рушди бемайлон бозмондаанд ва дар ҳолати карахтию хушбоварӣ ба ҷои истифода намудан аз ақлу хиради инсонии худ ва тадбир ҷӯстан дар баробари мушкилот, дар якҷо пой кӯфтаанд ва дар нотавонию вомондагӣ бо ҳазорон мушкил ба сар бурдаанд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here