28 январи соли равон ҷонишини вазири корҳои дохилии Русия Игор Зубов хабар дод, ки чархболҳои номаълуме ҷангиёни ДОИШ-ро аз Покистон ба марзи Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Ин соҳибмақоми давлати Русия мегуфт, ки ба назар мерасад кадом иғвое дар пай аст ва мавҷи паноҳандагон бо намояндагони ин созмон ба Русия аз ин тариқ сарозер мешавад.
Аз ин пештар ҳам чунин як хабаре буд. 18-уми июли соли 2018 сафири Русия дар Афғонистон Александр Мантишкий изҳор дошта буд, ки ИМА ҷангиёни ДОИШ-ро аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон интиқол медиҳад. Ва сафир ҳам мегуфт, ки онҳо дар чархболҳои номаълум оварда мешавад. Яъне, касе намедонад ин чархболҳо моли кадом кишваранд.
Ба дунболи ин моҳи октябри соли гузашта ин хабар паҳн шуд, ки “вазири ҷанги”ДОИШ Гулмурод Ҳалимов дар Афғонистон ҷой гирифтааст ва ҳоло омодаи вуруд ба Тоҷикистон аст. Дар бораи сарҳанги фирории ОМОН Гулмурод Ҳалимов зиёд навишта шудааст, бахусус аз сарнавишту амалкардҳояш дар Сурия. Бино ба иттилои матбуоти Ғарб ӯ гоҳо захмӣ мешуду гоҳо кушта ва гоҳи дигар ӯро дар майдонҳои набард медиданд. Ниҳоят охири соли гузашта аз ҳузураш дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дода шуд ва боз ҳам манбаъҳои хабарӣ ё ғарбиёнанд ва ё тахмину гумони касоне. Иттилои дақиқе то кунун нест, ки Ҳалимов зинда аст ва ё на ва агар зинда нест, пас сӯистифода аз номи ӯ чаро ва ба кадом ҳадафҳо.
Русҳо, ғарбиён, Толибон…
Таҳлили хабарҳо касро ба андешаҳои дигар мебарад ва решаи ин ҳама гӯмагуҳо аслан метавонанд чизҳои дигари ба ҳам алоқаманд бошанд. Метавон ҳарфи Зубовро ҷиддӣ ҳам гирифт ва метавон бо такя ба изҳороти хадамоти марзбонии Тоҷикистон бетаваҷҷуҳ буд. Вале наметавон аз баъзе умумиятҳо дар ин гирудорҳо нагуфт.
Чанд кишвари қудратманди олам ҳоло талош доранд барои тақвияти мавқеъи худ дар Афғонистон бо мухолифони сарсахти давлати Кобул-Толибон гуфтушунид кунанд. Русия, ИМА аз ҷумлаи ин мамоликанд ва фиристодаи вижаи ИМА Залмай Халилзод, ки ҳатто гуфта мешуд муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон аст, вале баъдтар такзиб шуд, хабар дод, ки сулҳи Афғонистон наздик аст ва тибқи баъзе хушбиниҳо метавон дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҷанги се даҳсолаи ахир дар ин кишвар поён дод. Халилзод аз музокароти Доҳа хабар медод ва мегуфт, ки акнун озими Кобул аст, то шартҳои Толибонро бо мақомоти расмӣ баррасӣ кунад.
Намояндаи Толибон ҳам ба хабаргузории Associated Press иттилоъ дода буд, ки дар мавриди ихроҷи неруҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба тавофуқ расидаанд ва Толибон қавл додааст, ки аз ин ба баъд ба сарбозони амрикоӣ ва муттаҳидони вай ҳамла намекунад. Аммо шарти Толибон ин аст, ки то даме неруҳои амрикоӣ ва НАТО аз кишвар хориҷ нашаванд, ягон муоҳада иҷро нахоҳад шуд. Яъне, шарти калидии Толибон низ берун рондани амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо аз хоки Афғонистон аст.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки аз гуфтушунид бо Толибон огоҳ аст, шарти онҳоро медонад ва омодааст неруҳои амрикоиро аз Афғонистон берун барад. Вале барои ин бояд гуфтушнидҳо натиҷа диҳанд. Вай гуфт, ки Толибон аввалин шуда дар мавриди танзими сулҳ ҳарф заданд ва ӯ омода аст сарбозони амрикоиро ба хона баргардонад. “Бубинем ҳоло чӣ мешавад. Гуфтушунидҳои ҷиддӣ нав шуруъ шудаанд”,- гуфт Трамп.
Ва хабаре, ки ба мавзӯи мо иртиботи мустақим дорад, он аст, ки бино ба гуфтаи Залмай Халилзод Толибон комилан мухолифи он аст, ки Афғонистон ба майдони тохтутози гуруҳҳои террористӣ қарор гирад. Намояндагони Толибон гуфтаанд, ки калиди сулҳи Афғонистон дар дасти худи афғонҳост.
Ва ҷолиб он аст, ки ҳам изҳороти Халилзод-намояндаи Амрико ва хушбиниҳо дар мавриди ниятҳои Толибон ва ҳам изҳороти Зубов тақрибан ҳамзамон сурат гирифтанд. Таҳлилгароне, ки мӯшикофонатар хостанд қазияро пайгирӣ кунанд, миёни ин ду изҳори назар умумиятҳо ҷустанд. Зубов мегӯяд ҷангиёни ДОИШ ба марз бо Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Халилзод ба ин назар аст, ки Толибон мухолифи ба майдони ҳарбу зарби гуруҳҳои мухталиф табдил шудани Афғонистонанд. Яъне, чун тарҳи амрикоии овардани нуқтаи доғ аз Сурия ба Афғонистон сабаби мухолифати Толибон шуд, онҳо тасмим гирифтанд ин нуқтаро дар Тоҷикистон созанд. Ҳам Зубов ва ҳам Халилзод аслан як назар доранд: Дар Афғонистон сулҳ мешавад, Тоҷикистон ҷанг.
Чунучароҳои дигар
Аслан мавзӯ аз дергоҳ мавриди баҳс аст ва Зубов дар ақидаи худ танҳо ҳам нест. Ман, ки мехостам танҳо нуқтаи назари ӯро аз зовияи хумори русии бозгашт ба Тоҷикистон баррасӣ кунам, ҳамгоми гирдоварии маводҳо чашмам ба манбаъҳои дигар ҳам бархӯрд. Аз ҷумла, ба хабаре, ки моҳи ноябри соли гузашта расонаӣ шуда буд, чашм дӯхтам. Сомонаи Маркази зиддитеррористии Академияи ҳарбии ИМА таҳлили Дэймон Мэйлро интишор дода буд. Вай менавишт, ки “ДОИШ баъди аз даст додани қаламрави азимаш дар Ироқ ва Сурия метавонад дар қаламрави Тоҷикистон худро ҷобаҷо созад. Муддати ду даҳсоли охир ҷиҳодгарони тоҷик мақоми худро дар байни гуруҳҳои ҷаҳонии террористӣ боло бурданд ва эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки гуруҳҳои машҳури террористии ҷаҳон онҳоро барои комёбиҳояшон дар Осиёи Марказӣ, дастгирӣ кунанд”. Ва Дэймон Мэйл аз Гулмурод Ҳалимов ба унвони яке аз ин шахсиятҳои таъсиргузор ном мебарад. Ва ҷолиб он аст, ки ҳамин Дэймон Мэйл дар Twitter мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи исломиро дар радиои Озодӣ ҷо додааст, ки ҳамаи мухолифонро барои муқовимати муташаккил даъват мекардааст.
Сомонаи news-front.info дар таҳлиле рӯи ин мавзӯ таваҷҷуҳи хонандаро ба сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ҷалб мекунад, ки қарор аст чанде баъд вориди Душанбе шавад. Бино ба навиштаи ин манбаъ сафири нав Ҷон Марк Поммершайм яке аз русидонҳои хуби Департаменти давлатии ИМА буда, забонҳои олмонӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва қазоқиро ҳам медонад. Ба Душанбе баъди хидматаш дар Қазоқистон меояд, дар донишкадаи забони ба номи А.С.Пушкини Русия таҳсил кардааст. Қафқозро ҳам хуб медонад. Ин манбаъ ба ин назар аст, ки ҳоло ИМА омодагии онро мебинад, ки стратегияи хоси худро дар Тоҷикистон пиёда кунад ва аз Кабирӣ чун сарвари мухолифон ва аз гуруҳҳои бадахшонӣ чун пуштибонҳои Ҳалимов истифода намояд.
Албатта, ин таҳлилест, ки наметавон онро рост пиндошт ва наметавон гуфт, ки ИМА баъди хуруҷ аз Афғонистон чӣ хоҳад кард, ДОИШ баъди шикастҳо дар Сурия ба чӣ ҳоле гирифтор аст. Вале метавон ҳадс зад: соҳибмақоми вазорати корҳои дохилии Русия низ баъди андешаҳо сари ҳамин шикасти ДОИШ ва хуруҷи Амрико аз Афғонистон ба хулоса омадааст, ки вазъ дар Тоҷикистон метавонад муташанниҷ шавад.
Такзиби изҳорот
Маъмулан ҳар гуна изҳороти мақомоти расмӣ аввал барои фаҳмидани вокунишҳои ҷомеа расонаӣ мешаванд ва баъдан ба навҳе онро ё такзиб мекунанд ва ё таҳким мебахшанд. Изҳороти Зубов дар ҷомеаи рӯшанфикрони шабакаҳои интернетии тоҷик мавриди накуҳишҳо қарор гирифт. Хадамоти марзбонии кишвар низ вокуниш нишон дод ва иддаои ӯро шадидан такзиб кард. Ниҳоди вобаста ба Кумитаи амнияти миллии кишвар эълон дошт, ки сокинони мамлкат нигарон набошанд, ҳеч таҷаммуъи неруҳои хориҷӣ дар марз бо Афғонистон дида нашудааст.
“Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-и мамнуъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд”, — омадааст дар гузориши ҷавобии мақомоти марзбонии КДАМ. Ва таъкид ҳам шудааст, ки феълан дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҷҳизоти қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани нерӯ ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест. “Инчунин дар хатти дуюм неруҳои қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар мустақаранд. Таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба вазъ дар Афғонистон ҳоло зарурат надорад”.
Билохира, намояндаи ваколатдори вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк расман эълон крад, ки Зубов нуқтаи назари шахсии худро гуфтааст ва ба ҳеч ваҷҳ ин назари ВКД-и Русия нест. Ба гуфтаи Ирина Волк, ноиби вазири корҳои дохилии Русия назари шахсияшро дар бораи раванди эҳтимолии ҳаводис ва вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ баён доштааст.
Чанд ҷумлае ба ҷойи хулоса
Ҳамчуноне дар оғоз ҳам таъкид кардем, мақомоти интизомиву дипломатии Русия сари чанд вақт ин гуна изҳори назарҳои ғайривоқеъӣ ҳам мекунад ва ҳамеша Тоҷикистонро дар рӯ ба рӯ ба хатарҳои хориҷӣ заъифу нотавон нишон медиҳанд. Маъмулан ин гуна изҳори назарҳо марзро ҳадаф қарор медиҳанд ва ба назар мерасад замоне, ки хумори бозгашти русҳо ба марзҳо мегирад, ҳатман касе чизе мегӯяд. Яъне, мо тавоноем ва моро хонед, то шуморо ҳифз кунем. Аллакай одат кардаем, чун дарвоқеъ то кунун ҳама талоши русҳо барои бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ба нокомӣ анҷомидааст…
Фирӯзи МУҲАММАД