Шомилшавии сокинони ноҳияи Бохтар ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ ва иштирокашон дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2016 зиёдтар аст.

30 дарсади ифротиҳо аз Бохтаранд?
Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни як вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони ноҳияи Бохтар аз ин тамоюли номатлуб изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иттилоъ дод, ки аз камобеш 400 нафар ҷавонони хатлонии ба гуруҳҳои ифротию террористӣ пайваста дар соли 2016-ум 30 дарсадашон аз Бохтар ҳастанд. “Бигзор, нони қоқ хӯрем, аммо дастамон хунолуд набошад”,- афзуд раиси вилоят.
Парвиз Азимов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар, зимни суҳбат бо мо илова кард, ки аз ноҳия 98 нафар ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ шомил шудаанд.

Аз 8 то 13 сол ҷазо гирифтанд
— Дар ин замина прокуратураи ноҳия давоми соли 2016 ва нимсолаи соли 2017 нисбати он шахсоне, ки ба сафҳои террористону экстремистон пайвастаанд, 21 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 27 нафар оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол кардааст,- гуфт Баҳром Шомирзода, муовини прокурори ноҳияи Бохтар.
— Парвандаҳои хусусияти экстремистию террористидошта,- мегӯяд Сайраҳмон Давлатзода, раиси Суди ноҳияи Бохтар,- соли 2016 дар қиёс ба солҳои гузашта хеле зиёд ворид гардид. Зеро агар мо соли 2015 ҳамагӣ дуто парванда доштем, пас, соли 2016 нисбати 11 сокини ноҳия 10 парванда боз кардем. Суд баъд аз баррасии 9 парванда гунаҳкоронро аз 8 то 13 сол равонаи зиндон карда, як парвандаро ба Суди вилояти Хатлон фиристод. Чунончи, шаҳрвандон Барот Шамсов бо дастарасии моддаи 32, қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва сӯиқасд ба ҷиноят) ва 401 (Зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлати 12 сол ва Саломиддин Исоев бо моддаи 307, прим 3, қисми 2 ва 324, қисми 3 ва 401, прим 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муддати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Омилҳои майл ба гуруҳҳои террористӣ
Ба андешаи Парвиз, Азимов як сабаби гаравиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистию террористӣ нокифоя будан ё умуман надоштани донишҳои динию дунявӣ мебошад. “Ҷавонони ноогоҳ ҳатто ба суханони нимчамуллоҳо бовар мекунанд. Омили дигар ин умед бастан ба роҳи осони пулёбӣ аст”,- изофа кард вай.
Гуфта шуд, ки ин шакли шомилшавӣ бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ асосан аз Федератсияи Россия тарҳрезӣ шуда, баъдан бо истифода аз роҳҳои гузариши давлатҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Туркия ва Миср амалӣ мегарданд.
— Аксари ҷавонон аз надонистани қонунҳои кишвар даст ба чунин кирдорҳои нораво задаанд,- изҳор дошт Сайраҳмон Давлатзода, раиси Суди ноҳияи Бохтар.- Дар вақти баррасии парвандаҳо ҳамаи онҳо пушаймонии худро иброз медоштанд, вале “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” гуфтаанд.
Ба иддаои Баҳром Шомирзода, сабаби дигари пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ин ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани онҳо мебошад: “Дар он кишварҳо ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба ҷангҳои бемаънии Шому Ироқ мефиристанд”.
Манбаъ гуфт, ки бо вуҷуди даъватҳои зиёд аз 127 сокини ноҳия то ҳол 23 нафараш аз мактабҳои хориҷии динӣ барнагаштаанд. Ва дар хусуси пайвастани 3 касаш ба ташаккулҳои террористӣ иттилоъ дарёфт гардидааст.
— Ин ҷавонон бо гумоне, ки ба биҳишт хоҳанд рафт, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мепайванданд,- мегӯяд Диловаршо Сафаров, мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Бохтар.- Лекин ин ҷангҳое, ки имрӯзҳо дар давлатҳои Сурия ва Ироқ рафта истодаанд, аз нигоҳи ислом ҷиҳод нестанд. Чунки ислом рехтани хуни ноҳақро ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад.

Тадбир меандешанд, аммо…
Мусоҳибони мо, ки ҳамагӣ намояндаи мақомоти давлатӣ ҳастанд, баён карданд, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгарою даҳшатафкан аз ҳисоби кулли сохторҳои давлатии ноҳия, имом-хатибон ва фаъолони ҷомеа гуруҳҳои вижа таъсис дода шуда, корҳои оммафаҳмонӣ ҳатто бо усули хона ба хона роҳандозӣ гардидааст.
Ба иддаои Парвиз Азимов, ин тадобир боиси коҳишёбии гаравиши ҷавонони бохтарӣ гардидааст. Аммо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони ноҳия чораҳои андешидаи мақомотро номуассир арзёбӣ кард. “Ин аз ҷой доштани тарбияи нодуруст дар баъзе оилаҳо ва фаҳмонида натавонистан аз ҷониби бахши маънавиёт ва дин гувоҳӣ медиҳад. Маслиҳатгар ки намондааст, натиҷа ҳамин аст. Барои рафъи ин гуна ҳолатҳои нангин бояд фаъолони ҷомеа, хусусан уламои дин ба дигарон намунаи ибрат бошанд”,- гуфт ӯ.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here