Тибқи иттилои мақомоти қудратии кишвар, айни ҳол ҳудуди 1100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд. Ин дар ҳолест, ки бештари пайвастшудагон ба “Давлати исломӣ”-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои масъулини ВКД, дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 228 нафар аъзои гурӯҳҳои террористӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз ин 228 нафаре, ки ҳамчун узви гурӯҳҳои террористӣ боздошт карда шудаанд, 104 нафар узви гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», «Салафия» — 80, «Ҷамоати ансоруллоҳ» — 17, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» — 18, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — 3, «Гурӯҳи 24» — 6 нафар мебошанд. Дар соли гузашта нисбат ба солҳои қаблӣ сафи ҷавононе, ки ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ба маротиб кам шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 20-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта 40 нафар аз тоҷикистониён ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.
То ҳол нигаронӣ ҳаст
Маҳз иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ боиси нигаронии Ҳукумати кишвар гардидааст. Гарчанде аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пешгирии ин падидаи номатлуб чораҳо андешида мешаванд, вале дар баробари ин, то ҳол пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ идома ёфта, нигаронкунанда аст.
Воқен, барои боз ҳам камтар шудани ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ солҳои охир нақши чӣ аз ҳама таъсирбахш аст? Нақши тарғиботи давлат? Мавъизаи имомхатибҳои масҷидҳо? Матбуот? Сомонаҳои Интрнетӣ? Суолҳоест, ки посух мехоҳанд.
Дар ин маврид Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили сиёсӣ омилҳои асосии кам шудани ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро гунонун шарҳ медиҳад. Ба ақидаи ин коршинос, аввалин ҳуҷҷат алайҳи ифротгароӣ аз ҷониби СММ ба имзор расидааст. “Қабули Стратегияи миллӣ алайҳи ифротгароӣ ва терроризм, ки моҳи ноябри соли 2016 ба тасвиб расид, нахустин ҳуҷҷати барномавӣ дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ буд, ки чунин ҳуҷҷат дар сатҳи байналмиллӣ танҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст”- мегӯяд ӯ.
Омили дигари коҳиш ёфтани ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ин коршиноси тоҷик дар дигар сохторҳои давлатӣ мебинад.
— Албатта, ҳангоме ки ҳар як вазорату идора, сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ нақшаи амалии худро тартиб доданду аз рӯи он фаъолиятро оғоз намуданд, бешубҳа, ин корҳо бетаъсир намонданд. Вазифаҳои нави дар назди ҷомеа гузошташуда оид ба фаҳмондадиҳӣ на танҳо ҳокимияти маҳаллӣ, ходимони динро маҷбур сохт, ки канораҷӯӣ накунанд, балки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама ба фаъолияти худ оид ба мубориза дигаргуниҳо ворид намоянд. Албатта, ҳеҷ як мубориза муваффақият пайдо намекунад, агар заминаи ифротгароӣ барҳам нахӯрад,- афзуд ӯ.
Насиҳати хушку холӣ таъсирбахш нест
Имрӯз воқеан ҳам чӣ иқдомҳои дигаре бояд гирифт, то ҷавонон ба роҳи хато нараванд ва ақидаҳои нодурустро пайравӣ накунанд? Дар ин маврид бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомотро мебояд иқдоме мисли барои бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ин қишри ҷомеа, таъсиси марказҳои ёрии равонпизишкӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, роҳандозӣ кунанд, чун насиҳатҳои хушку холӣ он қадар таъсирбахш нестанд. Дар ин бора Лола Олимова, коршиноси тоҷик мегӯяд: “Пеш аз ҳама, мубориза бар зидди ифротгароиро бояд мақомоти қудратии мо пеш барад ва ин падидаро пешгирӣ намояд. Ҷавонон бояд дар кишвари худ роҳи дурусти зиндагиро пайдо кунанд ва на ба муҳоҷират раванду на ба Сурияву дигар ҷойҳо. Ҳукумат бояд барои онҳо ҷойи кории хубро фароҳам оварад ва ҷавонон низ дар навбати худ аз ин имкониятҳо ба таври васеъ истифода баранд. Масалан, дар Аврупо онҳое ба ДИИШ пайваст мешаванд, ки имкониятҳои хуби корӣ дар кишвари худро доранд, лекин ба ин нигоҳ накарда, онҳо фиреб хӯрдаву рафтаанд. Чӣ сабаби асосӣ аст, ки як нафарро ба онҷо тела медиҳад, то ҳол муайян нашудааст. Вале чизи аз ҳама асосӣ доштани дониши кофӣ ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати дунявӣ аст. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ҷавононамонро аз роҳи ифротгароӣ баргардонем”.
Ба ақидаи коршиноси тоҷик Неъматулло Мирсаидов, имрӯз ҳокимияти давлатӣ талош дорад, ки бештар ҷойҳои корӣ муҳайё намояд, ҳадалимкон сатҳи маошро баланд бардорад, вале бисёр вақт риоя нашудани ҳуқуқи инсон, дар маҳалҳо дағалона риоя нашудани талаботи адолати иҷтимоӣ то ҳол ба афзоиши сафи тундравон мусоидат мекунад. Ӯ меафзояд: “Албатта, хуб мешуд мо ифротгари ҳақиқиро аз онҳое, ки гумроҳ шудаанд, тавонем ҷудо карда гирем ва беасос нисбати гумроҳшудагон ҷазои сахтро раво набинем”.
Коршиносон яке аз роҳҳои пешгирии ақидаҳои ифротиро дар ба таври густурда дар масҷидҳо таълимоти Имоми Аъзамро ба роҳ мондан, дари мадрасаҳои диниро кушодан ва дар ин мадарсаҳо дар баробари таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам, илмҳои муосир ба роҳ мондан мебинанд, то ҷавонон аз хурдӣ аллакай ақидаи дуруст ва таълимоти дурустро аз худ кунанду ба таълимоти ғайриқонунӣ фаро гирифта нашаванд.
Эҳтимолияти аз байн рафтани ДИИШ
Тибқи гуфтаи коршиносони соҳа, эҳтимол меравад, ки дар ояндаи наздик ДИИШ барҳам мехӯрад. Дар Тоҷикистон низ бештари оилаҳое, ки аъзои хонаводаашон айни замон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доранд, умед бар он бастаанд, ки онҳо пас аз барҳам хӯрдани ин ташкилоти тундгаро ба ватан бармегарданд ва пас аз авф метавонанд зиндагии осоиштаро дар Тоҷикистон идома диҳанд.
Вале, аз байн рафтани ДИИШ ин танҳо эҳтимолият аст ва на ҳамаи коршиносон ин ақидаро дастгирӣ мекунанд. Профессор Иброҳим Усмонов бар он ақида аст, ки имконияти аз байн рафтани ДИИШ вуҷуд надорад, вале кам шудани хатараш аз эҳтимол дур нест. Сабаби аз байн нарафтани ДИИШ-ро Иброҳим Усмонов чунин шарҳ дод: “Аввал ин ки, ба “Давлати исломӣ” дар шакли умум ҳам давлатҳои шиа ва ҳам давлатҳои суннӣ зид ҳастанд. Дуюм, “Давлати исломӣ” атрофи давлатҳои дигарро даъвогар аст. Масалан Ироқ, Ливия, Сурия худ кишвари ягона будан мехоҳанд, вале ифротиҳо даъвогари ин давлатҳоянд. Яъне одамони бегонаеанд, ки хонаи касро гирифтан мехоҳанд. Барои ҳамин ҳам, аз байн рафтанаш ғайриимкон аст. Ҳадафи асосии “Давлати исломӣ” ба вуҷуд овардани хилофат аст”.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа ягона давлатест, ки эълон дошт, ҳар нафаре бо хоҳиши худ аз ҷангҳои кишвари хориҷ бармегардад, авф карда мешавад. Ҳамзамон, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ банди махсус барои авфи ин гурӯҳ ворид гардидаааст.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ дар нишасти навбатии худ, ки моҳи июли соли равон баргузор гардид, изҳор намуд, ки соли ҷорӣ 13 нафар ҷавон аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ изҳори пушаймонӣ намуда, ба ватан баргаштанд, ки соли гузашта ин шумора 70 нафарро ташкил медод.
Фарзонаи Умаралӣ