“Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ -Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.

Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи фаҳмонидани муҳтавои асосии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирии амалҳои коррупсионӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд, ки он натиҷаи хуб ҳам додааст.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм дар ҳама суҳбату мулоқотҳояш пайваста таъкид мекунад, ки: “Коррупсия то кадом андозае бошад, иқтисодиёти давлатро, ки таҳкурсии асосии он аст, костаю заиф мегардонад ва эътимоду боварии ҷомеаро ба давлат аз байн мебарад. Коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба пешрафти иқтисодиёти давлат монеаҳои зиёд эҷод менамояд. Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъолонаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Коррупсия яке аз ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ буда, ба пояҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа таҳдид намуда, нуфузу обрӯи байналмилалии кишварро паст мезанад. Дар ин раванд вазифаи мо дар ноҳия ва маҳалҳо корҳои пешгирикунандаро дар самтҳои мухталиф ташкил намудан ва умдатарини онҳо гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда мебошад.

Бо шарофати ташабусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самарнокии мубориза бар зидди коррупсия ҳар яки моро зарур аст, муқовимат бо коррупсияро пурзур намоем. Албатта, ки мо ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳоиПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода, муқовимати шадидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзӯр хоҳем кард”.

Дар ҳақиқат, чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа ба роҳ монда шавад. Ба ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия мо метавонем коррупсияро коҳиш диҳем. Айни замон пешгирии ин падидаи фалокатовар, ки дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ монеаҳои хело ҷиддиро ба бор овардааст, бе иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Хушбахтона дар ноҳияи мо ҳастанд нафароне, ки дар тақдири халқу миллат бетараф нестанд ва ба сиёсати сулҳофару адолатпарвари Сарвари давлат эътимоду эътиқод доранд. Маҳз дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони адолатҷӯй, Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Шараф Турсунзодаро бо иттиҳоми порахӯрӣ дастгир намуд. Чанде пеш Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи бо 15 ҳазор сомонӣ пора дастгир шудани Раиси суди ноҳияи Айнӣ Шараф Турсунзодаро тасдиқ кард. Мувофиқи иттилои Маркази матбуоти агентӣ Шараф Турсунзода аз шаҳрванд “Б” барои шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати судшавандагон “И, З, С” маблағи 15000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда, қисмеи аз он, яъне, 10000 сомониро 3-юми июни соли равон тавассути миёнаравон гирифтааст. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, Раиси судро рӯзи 6-уми июн ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ маблағи боқимонда ба сифати пора дастгир карда, ин маблағ аз вай ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шудааст. Нисбат ба Шараф Турсунзода бар асоси қисми сеюми моддаи 319-уми КҶ бо иттиҳоми гирифтани пора парванда оғоз кардаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн Турсунзодаро ба далели «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнӣ озод карданд.

Мутаассифона, дар ноҳияи мо ин аллакай маротибаи дуюм аст, ки раисони судро бо ҳолати порахӯрӣ муттаҳам ва дастгир менамоянд. Раиси суди тозаинтихоб сиёсати адолатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтааст ё худ ба чашми Қонуни Конститутсионии давлат хок пошидани шуд. Дидаю дониста поймол намудани қонун аз ҷониби як намояндаи низомии давлат албатта, ки хатогӣ нест, ин аллакай ҷиноят аст.  Зеро, аз 30-юми июли соли 2018 курсии раиси суди ноҳия то 07.02.2020  холӣ буд ва барои Турсунзода, ки иҷрокунандаи вазифаи судро ба уҳда дошт бояд дарси ибрат мешуд. Чунончи раиси пешинаи суди ноҳия Ҷумъазода Икром Абдусаломро низ маҳз бо далели «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори Мақомоти судиро паст мезанад”, яъне “порахӯрӣ” аз вазифа барканор карда буданд. (Ошкор карда шуда буд, ки Ҷумъазода аз як сокини маҳаллӣ 16 ҳазор доллар пора гирифтааст).

Шамсиддин ХАЛИФАЕВ

1 бинависед

  1. Дар хама соха, дар хама зинахо то пул нагиранд, коратро буд намекунанд, Ин маколахо бефоидаанд. Об аз сар лой

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here