Моҳе қабл кулли васоити ахбори олам аз хабари ҳамлаи парандаҳо ба ҳавопаймои А321 пур шуда буд. Ҳавопаймое, ки бо бархӯрди парандаҳо ба гардонаи он ночор шуд ба замин фуруд ояд ва на дар фурудгоҳе, балки дар майдони ҷуворимакка ба таври изтирорӣ нишаст ва ҳама мусофиронашро солим аз он берун овард. Вале ин гуна рӯйдодҳо нодиранд. Нишасти ҳавопаймо дар мавозеъи дигаре ба ҷуз фурудгоҳ дар аксар мавридҳо фоҷеавӣ анҷом гирифтааст. Он рӯзи фоҷеа парандаҳо якбора ба ду муҳаррики он ворид шуда, ҳардуро аз кор бароварданд.
Барои сарҳавонавард ҳар парандае душмани рақами аввал аст. Зеро вуруди паранда ба гардона (муҳаррик) на танҳо онро аз кор бозмедорад, балки дар аксар мавридҳо сабабгори сар задани сӯхтор мешавад.
Парандаҳо барои ҳавопаймо ҳангоми боло рафтан ва поин нишастан хатар доранд. Дар авҷи ҳаракат ва дар ҳоле, ки тайёра хеле болост, ҳодисаи бархӯрд бо паранда ба сифр баробар аст, ҳарчанд ин гуна рӯйдодҳо низ будаанд. Дар ҳамаи фурудгоҳҳо хадамоти вижаи парандашиносӣ вуҷуд дорад, ки саргарми пароканда кардани парандаҳо ба минтақаи дигар мешаванд. Барои ин на танҳо воситаҳои техникӣ (тарсдиҳандаҳои биоакустикӣ ва ултросадоӣ) истифода мешаванд, балки аз парандаҳои ваҳшӣ аз қабили шоҳин ва бошаҳо, ки аксари болдорон аз онҳо метарсанд, истифода мешаванд. Ва албатта, ин гуна корҳо танҳо дар маҳдудаи фурудгоҳ анҷом мегиранд, на дар берун аз он.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо дар олам бархӯрди киштиҳои ҳавоӣ бо парандагон ҳамоно зуд-зуд рух медиҳанд ва зарари аз онҳо расидаро коршиносон ба миллиард доллар дар як сол баробар медонанд. Ҷонҳои аз дастрафта аз ин ҳисоб берун аст…
Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё метавон гардонаи (муҳаррики) ҳавопайморо аз вуруди парандагон ҳифз кард? Осонтарин роҳи ҳалле, ки ба сари ҳар инсон меояд, ин гузоштани туре, ки садди роҳи онҳо шавад.
Мутаассифона, ин гуна тур аслан имкон надорад ва буда ҳам наметавонад. Аввалан, дар фазо, вақте ҳавопаймо бо суръати хеле баланд боло мешавад ва меравад, ин муқовимати иловагӣ хоҳад дошт, фишори ҳаворо дар ҳавокаш коҳиш медиҳад. Тарҳи турҳои ҳаракаткунанда, ки онҳоро метавон танҳо ҳангоми ба ҳаво хестан ва ё нишастан истифода кард, ба миён омад, вале онҳо мушкили коҳиши фишорро натавонистанд ҳал кунанд, зеро маҳз дар ҳамин низом муҳаррик бо нерӯи баланд метавонад кор кунанд.
Дуюм, ва ин асосист, тур ҳавопайморо наметавонад аз паранда наҷот диҳад. Ҳангоми суръати ҳаракати муътадил паранда ба сони тири тӯп парвоз мекунад ва метавонад ба муҳаррик ҳамроҳ бо тури он ворид шавад. Ҳатто ҳангоми ба ҳаво хестан ва ё нишастан, ки суръати парвоз бештар аз 200 км дар як соат аст, ягон тур қодир нест, парандаро боздорад. Ҳатто дар сурате ҳам агар тур вайрон нашавад, дар ин бархӯрд паранда пош мехӯрад ва аз ду сар ба муҳаррик дохил мешавад.
Маъмулан ҳангоми истеҳсоли ҳар гуна муҳаррики ҳавопаймо онро барои устувориаш ба вуруди ашёи берун ба дохил месанҷанд. Аммо асли ҳадафи ин санҷишҳо гурез аз сӯхтор аст. Яъне, ашёи ворида то куҷо метавонад оташгиранда бошад, ки муҳаррикро тахриб кунад. Ва табиист, ки сӯхтор як ҳолати буҳронист дар парвози ҳавопаймо.
Яъне, ба ин солҳои наздик барои дифоъ аз парандагон ҳеч сохтаи дигаре дар назар нест. Олимон ҳамоно сари ин андешаанд, то аз талафоти ҷониву молӣ ҷилавгирӣ кунанд. Мутаассифона, дар айни замон ҳама талошҳо бенатиҷаанд… Чуноне ки то ба ҳол ҳавонавардии мулкӣ бо парашютҳо таъмин нест.
Таҳияи Парвиз АМИНЗОДА