Чун ҳарсола имсол ҳам дар маркази шаҳр назди мағозаи универсалӣ арчаи солинавӣ гузошта, онро оро доданд. Дар гирди арча садҳо нафар сокинон ҷамъ омада, соли навро пешвоз мегирифтанд. Садои мусиқӣ ва суруди ҳофизон ҳозиронро ба ваҷд меовард, хурсандии кӯдакону наврасон ҳадду канор надошт, онҳо дар майдони васеъ рақсу бозӣ мекарданд, сурат мегирифтанд.

Сурайё ҳамроҳи дугонаҳояш хеле рақсу бозӣ кард ва тахмин соати даҳи шаб бо ҳамроҳонаш хайру хуш намуда, сӯйи хонааш равон шуд. Аз кӯчаи марказӣ гузашта, ба тангкӯча тоб хӯрд. Тангкӯча бе одаму торик буд, вале Сурайё аз ин хавотир нашуд, зеро борҳо шабона бо ин мавзеъ бе хавфу хатар ба манзилаш расидааст.
Ҳамагӣ чанд қадам рафта буд, ки ҷавоне дартоз аз қафояш расида омад ва даст ба ҳамёнаш зад, Сурайё бо як даст ҳамёнашро фишурд, бо дасти дигар дасти ҷавонро дошт, вале кашмакаш дер давом накард, қувваи духтар ба ҷавон нарасид ва лаҳзае пас вай ҳамёнро гирифта қафо гашту давида рафт. Дастпӯшаки ҷавон дар кафи Сурайё монд. Ӯ доду вой карда ба тарафи гуреза давид, то роҳи калон баромад, аммо ба назараш ҷавон нанамуд. Доду войи вайро шунида, чанд нафар наздаш омада, сабаб пурсиданд, ӯ гаштаю баргашта такрор мекард, ки ҷавоне ҳамёнашро кашида гирифту гурехт.
Як вақт ду корманди милитсия наздаш пайдо шуда, сабаби дод заданашро пурсиданд. Сурайё гуфт, ки хонааш мерафт, як вақт аз қафояш ҷавоне омаду ҳамёнашро гирифта гурехт.
— Намуди зоҳириашро дар хотир доред? — пурсид милитсионери миёнақади паҳлавонпайкар.
— Қоматаш аз ман баланд, дар тан курткаи сиёҳ дошт, дар дасташ дастпӯшаки латтагин буд, ана, яктоаш дар дасти ман монд, — дастпӯшаки дар кафаш ғиҷимкардаро нишон дод Сурайё.
Як милитсионер ба тарафи духтар нишон дода рафт, дигараш ӯро ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр бурд.
Муфаттиши навбатдор Сурайёро пурсуҷӯ карда, баёноташро гирифту чанд савол дод, аз ҷумла пурсид, ки чӣ қадар пул дошт, имрӯз бо киҳо вохӯрд, дар атрофаш ягон шахси шубҳанокро надид?…
— Ҳамин рӯз ҳаштсад сомонӣ маош гирифта будам, ҷавоб дод Сурайё. — Даҳ сомониашро сарф намудам, боқимондааш дар ҳамён буд, — гуфт бо алам духтар.
— Ман аз даруни даспӯшаки айбдоршаванда ана ин коғазро ёфтам,- пораи коғазро ба муфаттиш дароз карда гуфт ҷабрдида.- Ин чиптаи бозори «Фаровон аст.
Муфаттиш пораи коғазро аз назар гузаронида, гӯшаки телефонро бардошту ба касе гуфт:
— Баҳром, назди ман биё.
Дақиқае пас ҷавони тахмин биступанҷсола ба ҳуҷраи корӣ даромада, салом дода хост боз чизе гӯяд, ки муфаттиш ӯро бо ишорат боздошта, илова кард:
— Аз даруни дастпӯшаки айбдоршаванда ин чипта баромадааст, онро дар бозори «Фаровон» додаанд. Аниқ намо, ки онро барои чӣ додаанд? Дар воқеъ, Сурайёро то мошинистгоҳ гусел намо.
Баҳром рӯзи дигар аниқ намуд, ки чиптаи аз дастпӯшак баромадаро тарозубони бозори «Фаровон»-и шаҳри Ғафуров ба мевафурӯш, сокини ноҳияи Исфара Асадулло Амируллоев додааст.
Пагоҳӣ Баҳром Асадуллоро боздошт намуда ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр оварду ба муфаттиш супурд.
— Ин паспорташ, — шиносномаро ба муфаттиш дароз кард Баҳром. Ман онро аз тарозубон гирифтам, инашро вақти боздошт аз кисааш ёфтам.- Дастпӯшаки чапро рӯйи миз гузошт ӯ.
— Дастпӯшаки росташ куҷост?- пурсид Асадуллоро муфаттиш.
— Дирӯз дар бозор гум кардам, — ҷавоб дод ҷавон.
— Як маслиҳат ба ту Асадулло, — Мо ин ҷавоби туро нашунидем. На барои он, ки гӯшамон вазнин аст, ҷавониатро ба инобат гирифта, як бор гузашт кардем, бори дуюм дурӯғ гӯйи вой бар ҳолат. Барои ҳаштсад сомонӣ чанд сол зиндонӣ шуданатро медонӣ? Бо Кодекси ҷиноятӣ шинос кунам?
Сурайё бо дугонааш Мастона ба шуъба омад. Вай аз байни чанд ҷавон Асадуллоро шинохт. Мастона бошад, баёнот дод, ки ин ҷавон шабона дар атрофи онҳо палмида гашта буд.
Асадулло ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт, ки Сурайё баъди сурат гирифтан хамёнашро кушода, ба суратгир чанд сомонӣ дод, он вақт вай дид, ки ҳамёни духтар пури пул аст, бо нияти ғорат кардан аз пасаш рафт ва онро кашида гирифту гурехт…
— Ман ягон сомониашро нагирифтаам, ҳоло ҳамён дар иҷора-хонаамон, — иқрор шуд ҷавон.
Гуфтааш рост баромад, аз иҷорахона ҳамёни Сурайёро ёфтанду ба Асадулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
Худкардаро чора чист?
Дар хонаи Орифовҳо базми солинавӣ давом мекард. Кӯдакон дар гирди арча шеъру суруд мехонданд, рақс мекарданд, калонсолон паси миз суҳбат доштанд. Ҷарангоси занги дар тори суҳбатро барканд, онҳо гумон карданд, ки меҳмон омад. Дарро кушоданду дар остона Бобои барфӣ ва Барфакро диданд. Ҳарду дар бар либоси солинавӣ доштанд.
— Соли наватон муборак бод!- бо овози баланд гуфт Бобои барфӣ.
— Мо ба табрики шумо омадем, бароятон туҳфаҳо овардем.
— Ура!- баробар дод заданд кӯдакон. — Биёед, биёед, мо шуморо мунтазирем.
Орифовҳо Бобою Барфакро таклиф накарда буданд, гумон намуданд, ки ягон рафиқ ё хешу таборашон ин корро кардаанд. Онҳо меҳмононро ба нишастан таклиф намуданд, вале Бобои барфӣ арзи сипос намуда, гуфт: — Ташаккур, вақтамон танг аст, боз супоришҳои дигар дорем.
Бобои барфӣ халтаю асояшро дар кунҷи хона монда, қарсак заду шеър хонд:
Соли Нав омад, шоду ғазалхон,
Табрик созем, онро рафиқон…
Хурсандии бачаҳо афзуд, онҳо ҳамроҳи Бобои барфӣ шеърхониро давом доданд, баъд ба арғушт рафтанд. Бобо ба ҳар каси шеър хонда ё чистонро ёфта, аз халтааш туҳфа бароварда тақдим мекард.
— Барфак, ту дар куҷоӣ, як вақт суол кард Бобои барфӣ ва афзуд:
— Биёед бачаҳо, баробар Барфакро ҷеғ мезанем, вай биёяду базми моро тафсонад.
— Барфак аз куҳи- куҳи баланд,
Тохта- тохта чун аспи даванд.
Сӯйи мо омада боз,
Дили моро кунад хурсанд…
— Мана, ман омадам, акнун якҷоя рақс мекунем,- ба хона даромада гуфт Барфак.
Раққоси моҳир будаст Барфаки зебо. Дар як дам бачаҳоро мафтун карда ба рақс даровард.
— Акнун ба мо рухсат,- як вақт гуфт Бобои барфӣ.- Моро дигар бачаҳо ҳам мунтазиранд. Хайр, то соли дигар дар паноҳи худо бошед.
Бобои барфӣ халтаю асояшро гирифта ба «не»-гӯйии бачаҳо аҳамият надода, тақ- тақкунон асояшро ба фарш зада ҳамроҳи Барфак баромада рафт.
— Акнун дастатонро шӯеду паси дастархон шинед,- гуфт Орифова,- ҳозир хӯрокро мекашам, баъд базмро давом медиҳем.
Хӯрок хӯрданд, сонӣ филми бадеиро тамошо карданд. Кадбонуи хона Райҳона Орифова ҳамроҳи духтараш Шаҳло косаю табақҳоро ғундошта, ба ошхона бурданду зарфҳоро шустанд. Баъд Орифова барои ивази либос ба хонаи хоб даромад.Ӯ ба ҷевон наздик омаду ҳайрон шуда, дар ҷояш шах шуда монд. Ба назараш дар хона дигаргуние тофт. Дари ҷевон нимроғ кушода буд. Вай чунин одат надошт, дари ҷевонро мепӯшид, бачаҳо бошанд ба ин ҳуҷра намедаромаданд. Ӯ дари ҷевонро калонтар кушода ба дохили он нигаристу фаҳмид, ки касе либосҳояшро тит кардааст, саросема ғаладонро кушоду ҳангу мангаш канд, дар ғаладон ороишҳои занона набуданд. Ин тарафу он тарафро диду аз ҷавоҳирот нишон наёфт, баъд шавҳарашро наздаш хонда гуфт:
— Ҷавоҳиротам нест.
— Чӣ хел нест? Ту онро куҷо гузошта будӣ?
— Чун ҳарвақта дар ғаладон гузошта будам. Ҳоло барои ивази куртаам даромада, дидам, ки дари ҷевон нимроғ аст.
— Чунинаш гумон, ягон шахси бегона ба хонаамон надаромадааст.
Зану шавҳар ҷевонро кофтанд, вале ҷавоҳиротро наёфтанд.
— Ин кори Бобои барфию Барфак аст, — хулоса баровард Орифов.
— Ман ҳозир ба милитсия телефон мекунам.
Гуруҳи фаврии тафтишотӣ омаду аризаю баёноти Орифоваро гирифт. Вай вақти пурсуҷӯ гуфт, ки ба хонаи хоби онҳо бегона, аз ҷумла, хусуру хушдоман ва фарзандонашон намедароянд.
Дар бораи Бобои барфию Барфак нақл кунед, онҳоро ба хонаатон кӣ таклиф кард?
— Ҳеҷ кас, худашон омаданд.
Муфаттиш ҷавоби соҳибони хонаро навишта пурсид: — Бобои барфӣ ба куҷо халтаю асояшро гузошт, туҳфаҳоро чӣ хел тақсим кард, чӣ дод?
— Халтаю асояшро ҳо он ҷо дар кунҷи хона монд. Ба бачаҳо ҳар хел туҳфа, хирсак, заргӯш ва шоколад дод.
— Ҳамон туҳфаҳоро ба мо нишон диҳед,- хоҳиш намуд муфаттиш.
Тафтишгарон бозичаҳоро аз назар гузарониданд, баъд ба ҷойи халта гузоштаи Бобо рафта, фаршро бодиққат диданд ва коғазпораеро ёфтанд.
— Инро бинед, рафиқ сардор,-қати коғазро рост карда ба муфаттиш дароз кард нозири ҷавон. — Бобои барфию Барфак аз прокат либос гирифтаанд.
— Офарин, таъриф кард ӯро муфаттиш. — Он ҷо меравему аз Бобою Барфак нишон меҷӯем.
Дере нагузашта ҷӯяндагон шахсияти гумонбаршудагонро аниқу худашонро боздошт намуданд. Бобои барфӣ дар маҳаллаи Орифовҳо зиндагӣ мекардааст ва медонистааст, ки онҳо сарватманданд. Вай ҳамроҳи Барфак — ҳунарманди тӯйгард маслиҳат карда, ба ин ҷиноят даст задаанд. Ҷӯяндагон онҳоро боздошт ва далели шайъиро дарёб намуданд.
Худкардаро чора чист?- вовайлойи пинҳонӣ. Акнун Бобои барфию Барфак Соли навро дар ҳабси пешакӣ пешвоз мегиранд.

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here