Ҳукумати Доналд Трамп — раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, бо вуҷуди нокомиҳои Эрон, гуруҳи “Давлати исломӣ” ва Ал-қоида дар соли 2019 ҳамоно “хатари ҷиддии террористӣ боқӣ мемонанд”.
Дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи терроризм дар соли 2019 Эронро “бадтарин сармоягузори терроризми ҷаҳонӣ” номида, гуфтаанд, ки гуруҳҳои дастнишондаи Эрон “ба тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ идома медиҳанд”. Дар гузориш омадааст, ки Теҳрон инчунин барои гуруҳе аз аъзои «Ал-қоида» имкони кор дар Эронро фароҳам оварда, “пул ва ҷангҷӯёнро ба манотиқи низоъ дар Афғонистону Сурия мефиристад”.
Дар гузориш омадааст, ки “режими Эрон аз хушунатҳо даст накашидааст ва ин амалҳоро ба таври мустақим ва ё тавассути дастнишондаҳояш дар Баҳрайн, Ироқ, Лубнон, Сурия ва Яман” анҷом медиҳад. Муаллифони гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтаанд, ки гуруҳҳои ба ном “Давлати исломӣ” ва «Ал-қоида» соли гузашта талафоти зиёд диданд, аз ҷумла чанд раҳбари калони ин гуруҳҳо кушта шуд. Ба зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки аз “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон пуштибонӣ мекунад, таҳримҳои “фалаҷкунанда” ҷорӣ шуд. Гузориш рӯзи чоршанбе, 25-уми июн дар Вашингтон муаррифӣ шуд ва то кунун ҳеҷ давлат ё созмоне ба он вокуниш накардаанд.
Тоҷикистон: “Хатари терроризм аз Афғонистон”
Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат соли 2019 ҳам талошҳо барои беҳтар кардани имкониятҳои сохторҳои интизомӣ ба хотири муқобила бо терроризм, таъмини амнияти марзҳо ва мушаххас кардани манбаъҳои сармоягузории терроризмро идома дод. Дар гузориш омадааст: “Ҳукумат таъкид мекунад, ки шимоли Афғонистон манбаи аслии фаъолиятҳои террористӣ аст ва мақомоти амниятии Тоҷикистон тахмин мекунанд, ки ҳазорҳо ҷангҷӯ, аз ҷумла ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вилоятҳои шимолии ин кишвар ҷамъ шудаанд…”.
Дар ин гузориш аз ошӯб дар зиндони Ваҳдат ёдовар шудаанд, ки рӯзи 19-уми май сурат гирифт ва 32 нафар, бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расиданд. Ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқобод дар ноҳияи Рӯдакӣ дар рӯзи 6-уми ноябр, ки 15 нафар кушта бар ҷой гузошт, ҳамчун дуввумин ҳодисаи терорристӣ дар соли 2019 зикр шудааст.
Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши мубориза бо терроризм бо созмонҳои байналмилалӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Милал ҳамкорӣ мекунад ва “хостори ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо терроризм ва амният дар марзҳо мебошад”.
Дар гузориш аз бозгардонии 84 тифл — фарзандони ҷангҷӯёни тоҷик аз хориҷа ҳам навиштаанд. Ин гуруҳи кӯдакон, ки падаронашон барои ҷанг дар сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ба Ироқу Сурия рафта буданд, 30-юми апрели соли 2019 ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд. Дар гузориши моҳи июни соли 2019 Вазорати умури хориҷии Амрико бозгардонии кӯдакони тоҷикро ситоиш кард ва гуфт, агар онҳо ба ватан баргардонида намешуданд, “зери назари ҷангиёни гуруҳи «Давлати исломӣ» ба «сарбози ҷанг» табдил меёфтанд.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно якҷониба гуруҳҳои сиёсии мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ё равияҳои динӣ мисли салафиро ҳамчун созмонҳои террористӣ ёд мекунад”. Худи ҳизб иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро ҳамеша ҳамчун бепояву асос хонда, рад кардааст. Мақомоти Ғарбу Аврупо даъватҳои Тоҷикистон барои террористӣ эътироф кардани Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро иҷро накардаанд.
Ҷустуҷӯи манбаъҳои сармоягузории терроризм?
Гузориш аз муборизаи Тоҷикистон бо маблағгузории терроризм бар асоси талаботи FATF ҳам ёд кардааст. Гузориши департаменти давлатӣ мегӯяд, ки моҳи декабр дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Маркази ягонаи интиқоли пул таъсис шуд, ки дар баробари хадамоти дигари марбут ба интиқоли пулҳои нақд аз сӯйистифодаи пулҳо ба хотири сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Таъсиси маркази мазкур оғози зимистони соли гузашта дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсу суолҳои зиёд эҷод кард. Аксари суолҳо аз он ҷо буд, ки чаро тамаркузи маблағҳои воридшаванда ба кишвар, ки танҳо аз Русия соле 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳанд, бояд зери назари ниҳоди молии марказии ҳукумат бошад?
Ҷамолиддин Нуралиев — муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин тасмим он замон ба унвони яке аз далелҳои таъсиси марказ «пешгирӣ намудани амалиётҳои пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм” гуфта буд. Ӯ дар нишасти матбуотии 4-уми декабри соли 2019 гуфт: “Дар гузашта мо шоҳиди он будем, ки ба воситаи чунин интиқолҳо маблағгузорӣ намудани амалҳои терроризм дида мешуд».
Гузориши департаменти давлатӣ дар бораи терроризм дар соли 2019 дар бахшиТоҷикистон инчунин аз машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА дар чаҳорчӯби гуруҳи мавсум ба “С5+1”, ки онро маҳфили вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА ҳам меноманд, ёдовар шудааст. Машқҳои муштараки зиддитеррористии артиши Чин ва Тоҷикистон дар моҳи август дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим яке дигар аз фаъолиятҳои Душанбе дар самти муқобила бо терроризм зикр мешавад.
Мақомот дар Тоҷикистон дар робита ба гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико изҳори назар накардаанд.
Хиромон БАҚОЗОДА
Оzodi.org