Яке аз мушкилот ва амалҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонии моро ба ташвиш овардааст, терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумҳо дар алоҳидагӣ маъноҳои худро доранд.
Терроризмро дар аввал ҳамчун вожаи итолиёвӣ мешинохтанд. Баъдан ин мафҳумро ба забони фаронсавӣ таалдуқ медонистанд, ки маънои «тарсу ваҳм»-ро дорад. Экстремист бошад, ҳамон шахсест, ки тарсу ваҳмро нисбати дигарон раво мебинад. Агар мо ба таърихи худи ҳамин мафҳум нигарем, қабл аз ҳама пеши назарамон яке аз донишмандони қирғиз — Чингиз Айтматов падид меояд. Зеро ӯ 30 сол қабл ин мафҳумро аз ҳама паҳлуҳо маънидод карда буд.
Имрӯзҳо мо метавонем ба хубӣ мушоҳида намоем, ки бисёре аз ҷавонон ба найрангҳои шахсоне, ки ваъдаи пули калонро мекунанд, фирефта мешаванд. Ин гуна ҷавонон дар кишвари мо низ ҳастанд, ки ба доми онҳо афтодаанд ва фирефтаи онҳо шуданашонро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Ҳатто бисёриҳо бо зану фарзандон ва волидони худ ба гуруҳҳои номатлуб ҳамроҳ шудаанд, ки боиси таассуф аст. Сабаби асосии ин ҳама дар он аст, ки ҷавонон дониши кофӣ, маърифат ва дониши динии хуб надоранд. Баъзе ҷавонони имрӯзаи мо ба насиҳатҳои калонсолону пиронсолон ва волидайну омӯзгорони худ эътиборе намедиҳанд, ҳатто майле надоранд, ки ба онҳо гӯш андозанд. Сабаби дигари ба чунин гуруҳҳо шомил шудани ҷавонон — ин дур будан аз наздикон ва фаъолмандии онҳо дар олами виртуалӣ мебошад, ки бештарашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба он гуруҳҳо мепайванданд.
Доир ба пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро дар ҷумҳурӣ пайваста гуфтушунидҳо ва чорабинию озмунҳо доир мегарданд, ки ба гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо мусоидат менамояд. Ман ҳамчун яке аз ҷавонони ин кишвар гуфтаниам, ки мо — ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!
Меҳробшоҳ РАВШАНЗОДА