Дар шаҳри Нию Ёрки Штатҳои муттаҳидаи Амрико озмуни байналмилалии “Санъати тасвирии реализми Нию Ёрк” таҳти унвони “Рассом ва Офарандагӣ”, 27-уми декабри соли 2019 баргузор гардида буд. Дар ин озмун, ки рассомон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мусаввараҳои худро пешниҳод намуда буданд, рассоми шинохтаи тоҷик Зокир Собиров низ чор мусаввараи офаридаи худро дар ин озмун пешниҳод намуд ва бо мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ” барандаи ҷои аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид.

Бояд тазаккур дод, ки “Ташкилоти санъати тасвирии реализми Нию Ёрк” дар низомномаи худ чунин маълумот додааст: “Ташкилоти санъати тасвирии реализми Нию Ёрк” дар шаҳри Нию Ёрк асос ёфта, бо мақсади баҳогузорӣ ва пешрафти эҷодии рассомони ҷаҳон, амал мекунад.

Устод, нахуст Шуморо бо ин дастовардатон муборак мегӯем! Бар илова, Шумо боварӣ доштед, ки мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ”  дар озмуни байналмилалии  “Рассом ва офарандагӣ” ҷои аввалро мегирад?

Қисман боварӣ доштам, чунки дар ҳар озмуне, ки то имрӯз иштирок кардаам, ҳамин равияи нав ихтиро кардаамро қабул карданд ва ин якумин маротиба нест, банда соҳиби ҷоиза мегардам,пеш аз ин ҳам соли 2015 сазовори  медали “Уқоби тиллоӣ” гардидам, баъд дар Украина соли 2018 медали “THE BEST ARTIST”- ро гирифтаам. Соли 2016 дар Хитой симпозиуми намоиши рассомони ҷаҳон баргузор гардид ва ман низ дар онҷо иштирок кардам ва маро ҳамчун академики фахрии Академияи санъати тасвирии Росия қабул карданд.

Мактаби эҷодии худро чи гуна арзёбӣ мекунед?

Ин нигоҳи нав, равияи нави дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, дар Осиёи Миёна то имрӯз ягон кас чунин равияро наофаридааст, ҳар кас чизи миллии худашро мекашад, лекин ин равияи тозае ҳисобида намешавад. Албатта, рассомони зиёде ҳастанд, ки равияи ҷадид эҷод намудаанд, аммо дар ҷаҳон ягон рассом ё ин ки ягон эҷодкори дигар то имрӯз ду равия ихтироъ накардааст. Тани танҳо, бидуни мунаққидон, шоирон ва нависандагон, ҳеҷ рассом ё мусаввирофаре равияи нав эҷод накардааст, ки ин ба ҳамагон мусаллам аст, аммо камина тани танҳо ҳамин ду равияро сохтам.

Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ чанд шогирд тарбият намудаед?

Як нафар шогирд дорам, дигарҳо қудрат намекунанд. Чунки барои ин равияҳоро омӯхтан инсон бояд аз пусти худаш берун барояд, дар сатҳи академикии реализмӣ набошад ва агар бошад ҳам бояд, ки барояд, қолабшиканӣ кунад. То навҷӯ набошӣ, ҳеҷ вақт эҷодкор шудан наметавонӣ, ғайр аз ин барои равия сохтан, дониши мукаммал, яъне кулли донишҳоро фарогирифта бошӣ! рангҳо , мусиқӣ, фарҳангу адабиёт, меъморӣ, либос ва амсол аз инҳоро омӯхтан даркор, баъд он вақт аз ҳамин чизҳо як чизи дигар пайдо мешавад, ин чизҳоро надонӣ, беҳуда якҷо чун оби кӯл меистӣ, ки гандида хоҳи шуд, на софу тозакор. Мисли он ки дар мағоза рафта, нон мехарӣ, ин чиз инхел нест ва дар ягонҷо ҳам набуда, фақат аз вуҷуди шумо пайдо мешавад ва мебарояд.

 Чаро маҳз мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ”- ро барои озмун интихоб намудед?

Соли 2015 ин мусаввараро дар равияи аввалам “Параллелиз”, ки баъдан номашро ба “Нурворизм” табдил додам, чунки “Параллелизм” ба мазмуни эҷодиётам онқадар ҷавобгӯ набуд. Ва худи маънои вожаи “Нурворизм”- ҷаҳони нурҳо ва фазоҳоро ифода мекунад. Равияи дуюми бошад “Материал-изм”, яъне “Танворизм” мебошад, ки маънояш дунёи матоъҳои рангоранг мебошад. Барои ҳамин бо  равияи параллелизм ё ин ки Нурворизм алакай иштирок кардагӣ будам ва аз он медали  тиллоро гирифтам, якумин тиллои ман аз ҳамон сар шуд, ана ин сеюм маротиба, чунки дар Украина низ гирифтагӣ будам, ҳамчун рассоми беҳтарин ва ҳозир боз дар Америка ба медали тилло ноил шудам, бояд бо равияи  Танворизм мешуд, лекин, афсӯс, ки ман пешниҳод накардам, онҳо гирифтанд ба Сюрреализм ворид карданд, баъдан ман мактуб навиштам, ки шумо метавонед Танворизм кунед, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, аллакай ҳама ҳуҷҷатҳо тахт карда шудаанд ва аъзои ҳакамони озмун иҷозат намедиҳанд. Ин маротиб, ман фақат асарҳои Танворизмро пешниҳод намудам. “Дунёи маликаи абрешимӣ”, ин символи равияи Танворизм мебошад. Он чизе ки ман меофарам аз равияҳои  қолабии ҳозира берун буда, тамоман дунёи дигар ва ба ҳам чашмрас аст.

  Офаридаҳои Шумо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва рассоми хеле моҳир астед ва шахсиятатон низ дар миёни меҳтарону кеҳтарон шинохта шуда, аз ин росто пурсиданиам, ки  аз ҷониби ягон вазорати кишвар дастгирӣ дидаед?

Не, ягон вазорат то имрӯз маро дастгирӣ накардааст ва ҳатто баъд аз мушарраф гардидан ба ҷоизаҳо низ табрик накардааст. Аз соли 2006 дар Осорхона, якумин бор мусаввараҳои худро гузошта будам, аз ягонҷо ҳатто садое ҳам набаромад, табрикот ҳам нашудааст, гарчанде ки ман эълон кардам ки ин ду равияи нав мебошанд.

Равияҳои эҷодкардаатон дар шакли китобӣ вуҷуд доранд?

Бале, азбаски мунаққид наёфтам, худам аз назари илмӣ-фарҳангӣ навиштам.  Танҳо кор мекунам, ба оянда боварӣ дорам.

Мақсади ин ҳама эҷод ва офарандагиатон чист?

Аввал, мехоҳам миллатро зинда дорам, дуюм, давлатро ояндадор кардан, зеро моро оянда, аз рӯи ҳамин ду равия, дар ҷаҳон мешиносанд, чунки мо ҳозир дар сатҳи  ҷаҳон, ягон кор накардаем, ки гӯянд инро тоҷикон кардаанд ва ман бо ин равияҳо Тоҷикистонро муаррифӣ карда истодаам. Лекин, афсӯс, ки дар худи Тоҷикистон моликияти тоҷик гуфта, қабул ҳам нест.

 Барои ошно кардани кашфиётҳоятон дар кишвар, ягон намоишнома баргузор гардидааст?

Бале, ман худам ташкил мекунам. Соли гузашта, дар меҳмонхонаи Серена асарҳои худро ба намоиш гузоштам ва дар ВАО бисёр васеъ ифода карданд. Аммо аз вазоратҳо ягон хабар нест (механдад).

Умед дорем, ки дар оянда ягон хабар мешавад

Шояд, аммо ман муҳтоҷи ин чизҳо нестам.

Мақсади мо ин аст, ки осори эҷоднамудаи шуморо, ки албатта, шумораи зиёди мардуми кишвар дарак надоранд, ошно намудан аст, то насли наврас фаҳманд, ки чунин рассом ва эҷодкори шаҳир дорад. Муаррифии мактаби эҷодии Шумо фикр мекунам, на танҳо ба манфиати худи шумост, балки барои миллат низ хеле муҳим хоҳад буд, дар оянда, агар Шумо курсҳои омӯзиширо бароҳ мемонед, ҷавонон аз мактаби Шумо огоҳ бошанд, ҳатман меоянд, ба ин назар чи андеша доред?

Албатта, лекин хоҳишмандон кам. Як чизи дигарро бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон аз пушти рассомӣ ва эҷодиёт ҳеҷ кас нон хӯрдан наметавонад. Зеро ин бахш дар кишвари мо ба таври бояду шояд тараққӣ накардааст.

Биёед устод сари мавзӯи асли бар мегардем, озмуни “Рассом ва офарандагӣ дар миқёси ҷаҳон чӣ мақом дорад?

Инро ман гуфта наметавонам, барои он ки ман дар онҷо набудам, лекин аз рӯйи шахсиятҳое, ки дар онҷо асарҳои худашонро ба озмун пешниҳод мекунанд, аз бисёр давлатҳои дунё дар онҷо иштирок доранд, худаш ҳамин баҳо аст, яъне аз якду давлат не, аз чандин мамоликҳои ҷаҳон иштирок карданд, албатта, аввал конкурс мегузарад, ҳамаи онҳо аз марҳилаҳои озмун гузашта,  дар охир аъзои ҳакамон  ғолибонро интихоб мекунанд.

Фаҳмидем, ки озмун се марҳила дорад, Шумо барои ин марҳилаҳоро гузаштан, чанд мусаввараро пешниҳод намудед?

Дар онҷо ман чор мусаввараро пешниҳод намудам ва аз байни онҳо мусаввараи “Дунёи маликаи абрешим”-ро интихоб карданд

Яъне, як нафар чор расм пешниҳод мекунад?

Не, метавонед ҳатто даҳ-бист асар пешниҳод кунед, ман ҳамин чор асарро пешниҳод кардам. Дар онҷо аз Япония, Украина,Рассия, Амрико, Аврупо, Фаронса, Бразилия, ҳатто Қазоқистон ва бисёр давлатҳои дигар пешниҳод намудаанд. Инчунин, дар Росия филиали ҳамон ташкилот ба фикрам мавҷуд аст.

Агар пӯшида набошад, Ҷоизаи гирифтаатон чӣ миқдор арзиш дорад?

Арзишашро намедонам, чи қадар аст, вале  аз рӯи қудраташ хеле арзиши баланд дорад, лекин аз ҷиҳати вазн гӯед 50 грамм аст ва чорта одама дандонашро тилло кардан мумкин аст(механдад). Фикр мекунам, пул гирифтан дигар, вале ин арзишаш болотар аст. Беҳтарин мукофотро бо тилло мекунанд. Лекин онҷо ҳастанд нархҳоҳе, ки 1000 доллар, 2000 доллар, 5000 доллар, лекин инҳо кам ҳастанд ва ман қариб, ки дар онҳо иштирок намекунам. Бештар Австралия 50 000, 10 0000, 20 0000 доллар озмунҳо ташкил мекунанд, лекин барои ин бояд ҳатман шаҳрвандии ҳамон давлатро дошта бошед ва ё ҳамон қитъа, фарз кардем, Зеландияи Нав иштирок кардан метавонад, чунки дар дохили ҳамон қитъа мебошад. Аз ҳама баландтарин нархҳо ҳамонҷо, вале ҷаҳониён иштирок кардан наметавонанд.

Мебинем, ки ин ҳама расмҳои шоирону адибони тоҷикро кашидаед, ягонтоашро дар озмунҳо пешниҳод кардаед?

Не, инхел озмунҳо нашудааст, ки ман тавонам бузургони худамонро муаррифӣ кунам. Танҳо, аз тарафи давлат пешниҳод шуданаш мумкин. Ман медонам, ки Абӯалӣ Пури Синои тоҷик. як симои хосе ба худ надорад, он ҳама тандисҳо таваккалӣ, устод Рӯдакӣ ҳам чунин, лекин фақат дар як ҳайкалаш дуруст аст. Симои Рӯдакиро мебинед, мисли мӯйсафеде, ки дар масҷид ё ин ки дар бозор кор мекунад, шоирона нест. Вуҷуди ин шахсиятҳо ва эҷодиёташон дар симояшон зоҳир нест. Аз устод Лоиқ, Муъмин Қаноат шахсиятҳое ҳастанд, ки худам мешиносам ва бо онҳо кор кардаам, вуҷуди эҷодиёти онҳоро дар асар бояд инъикос кунам. Расми Сино, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ Рӯдакӣ, Носири Хисравро, Айнӣ ва чандин бузургони дигарамонро орзу дорам, ки аксашонро тасвир кунам. Шахсиятҳое астанд, ки дар пайдошавии худи равияҳои ихтироъ кардаи камина сабабгор шудаанд, фарз кардем Гулназар Келдӣ, сабабгори пайдоиши ин равия мебошад. Як вақт сурати худро кашидам, тамоман дар шакли дигар албатта, барои ман он хуб буд, лекин дигарҳо мумкин ханданд, аммо баъд фаҳмидам, ки қолабшиканӣ кори бузург будааст, яъне дар як рӯз гӯё ман аз сари нав таваллуд шудам ва он чизе, ки пеш мекашидам ҳамаашро пушти сар карда, роҳи навро барои худ ва миллат  кашф кардам.

Андешаҳои рассомони бузурги дунё дар бораи равияҳои Шумо чигуна аст?

Бисёр рассомони Амрико, Аврупо, Хитой, ки ман онҳоро мешиносам онҳо бисёр лаззат мебаранд, кушоду равшан гап мезананд ва фахр мекунанд, ки мо надорему дар Тоҷикистон пайдо шудааст. Рассомони шинохтаи дунё, ки дӯстони ман ҳастанд дар шабакаи фейсбук менависанд ва ақидаҳои худро баён мекунанд. Бо баҳои рассомони шинохта, ба ман унвони академики фахрии Академияи рассомони Росия тақдим карданд, ки ман ҳатто орзуи онро надоштам. Тасаввур кунед, ки ин академияро дар вақташ Пётри 1 ташкил карда буд ва аз ҳама баландтарин академия дар ҷаҳон аст ва ин аз ҳама баҳои баландтарин аст, ки ба ман доданд. Бидуни унвон якуякбора ба унвони академӣ сарфароз гардиданд, ин барои ман як муъҷиза буд. Асарҳои равиясоз ҷовидон мемонад ва ман боварӣ дорам, ки пас аз худ ҷаҳони нави худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ аллакай ворид кардаам.

Суҳбаторо:

Дилои БАНДАИШО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here