ҚАТРАИ АВВАЛ

Пораҳои абр

Ин ҳама борони зебо ва тозакунандаи табиат аз ваҳдати абрпораҳо ба рӯйи замин мерезанд.

Ин субҳ дар само абрпораҳои зиёд дар ҳаракатанд. Бинанда бо диданашон яқин мекунад, ки аз ин абрҳои хурду аз якдигар пароканда чизе ҳосил шуда наметавонад. Аммо ин фикр то лаҳзаест, ки ба онҳо диққати бештар дода мешавад. Инак, диққат. Диққати махсус. Онҳо бо ҳамдигар наздик шуда истодаанд. Бо ҳам шинос шуданд. Бо ҳам ҷафс шуданд. Бо ҳам ваҳдат карданд. Бо ҳам унс гирифтанд. Абрпораҳои хурди осмон ба як абри бузурги сиёҳ мубаддал гардиданд. Осмон беқарор гашт. Ва инак, ба гиристан даромад. Осмони мо ин субҳ гиряи зебо ва атрогине дорад. Гиряи садодор. Гиряи илҳомбахш. Гиряи…

Мо имрӯз қарор додем, ки бо варзишгар Нодира Исаева дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” вохӯрда, аз ину он суҳбат кунем.

Ба берун баромадаму аввалин қатраи борон ба сарам рехт. Ва қадам партофтам сӯйи пеш. Сӯйи боғ.

 

ҚАТРАИ ДУВВУМ

Дақиқаҳо

Сонияҳо баробари ҳаракат карданашон маҷбур мекунанд, ки дақиқаҳо ҳам ҳаракат кунанд.

Дақиқаҳо беист ҳаракат доранд…

Дақиқаҳо паси ҳам ҷойи якдигарро иваз мекунанд…

Дақиқаҳо дақиқаҳои умри моро мерабоянд…

Дақиқаҳо моро ҳушдор медиҳанд…

Дақиқаҳо фурсати дубора ба қафо баргаштанро намедиҳанд…

Дақиқаҳо аз сахту суст шудани борон хабар медиҳанд…

Дақиқаҳо аз гузаштани вақти таъингардида дарак медиҳанд…

Дақиқаҳо ист кардани сабукрави Нодираро ба мо нишон медиҳанд…

Дақиқаҳо моро рӯ ба рӯ мекунанд…

Дақиқаҳо наздик шудан ба ҳамдигар ва саломи моро таъмин мекунанд…

Дақиқаҳо шоҳиди табассуму саломуалейки мо мешаванд…

Дақиқаҳо баробари қатраҳои борон мегузаранд…

Дақиқаҳо…

 

ҚАТРАИ САВВУМ

Чанд қадами аввал

Аз роҳи калон то макони суҳбат бояд чанд қадами аввалро ба пеш партофт.

Оҳанги боронро бисёриҳо хуш доранд. Аз он илҳом мегиранд. Фараҳ мекунанд. Ором мешаванд. Суҳбати мо низ аз ҳамин оҳанги зебо манша гирифт.

— Шуморо бештар кадом мавзуҳо ба худ ҷалб мекунанд?

— Ҳар мавзӯе, ки барои ман ва атрофиёнам фоидаовар бошад. Масалан, вақте суҳбат дар бораи варзиш, тиҷорат, зебоӣ, пухтупаз меравад, бо мароқи зиёд ҳамроҳ мешавам ва ба ҷуз он, ки фикрҳои дигаронро мешунавам, боз фикрҳои худамро ҳам мегӯям.

— Ҷавоби Шумо ба антоними ин савол чӣ хел мешавад?

— Суҳбатҳое, ки дар онҳо касеро танқид мекунанд, ғайбат мекунанд, афсӯсу ғам мехӯранд, дар бораи чизҳое гап меравад, ки ба ҷуз зарар дигар чизе оварда наметавонанд.

— Аз ин гуна суҳбатҳо чӣ хел гурехтан мумкин аст?

— Бояд вобаста ба ҳолат аксуламал нишон дода шавад. Масалан, аксар вақт ман баробари чунин ранг гирифтани суҳбат бепарда муқобил мебароям ва боз мешавад, ки ноаён мавзӯро дигар мекунам…

Илова бар чанд қадами аввал, мо ба чанд саволи авваламон ҳам ҷавоб гирифтем. Ин замон дастамро аз даруни шипангча, ки ҳоло нишастаем, ба берун баровардам ва ба дастам се қатра борон гирифтам.

 

ҚАТРАИ ЧАҲОРУМ

“Ман”-и дигар

“Ман” самараи меҳнату заҳмат ва накӯкорию садоқатмандӣ аст.

— Шумо тайёр ҳастед, ки шабро дар толори варзишӣ рӯз кунед?

— Бале, ман тайёрам. Бояд бигӯям, ки бисёр мешуд вақтҳое, ки мо то дергоҳи шаб тамрин мекардем ва толори варзишӣ барои мо хонаи дуюм аст.

— Мо дар аксари мусоҳибаҳо бо варзишгарон ба ибораю ҷумлаҳои “тамрин дорам”, “тамринҳоямон зиёданд”, “вақти зиёдам дар тамрин мегузарад”-ро мешунавем. Шумо бигӯед, ки чӣ гуна тамрин мекунед?

— Тамрин, яъне усулҳои нав омӯхтан, хатоиҳоро истоҳ кардан, машқҳои ҳамарӯзаро иҷро кардан, ба худ зиёдтар нерӯ гирифтан ва худро зиёдтар ба мусобиқаҳо омода кардан аст.

— Агар аҳамият дода бошед, дар аксар филмҳо образи варзишгарро тавре меофаранд, ки камсавод аст ва инро дар пайи гӯишҳои мардумӣ ҳам пайхас кардан мумкин аст. Андешаи Шумо дар ин маврид чист?

— Бисёриҳо фикр мекунанд, ки варзишгар ба майдон баромада, ҳарифашро чанд мушту лагад мезанад ва ҷойҳои намоёнро ишғол карда, бо медалу унвонҳо сарфароз мегардад, вале ин тавр нест. Дар варзиш ақл ва савод бисёр нақши муҳим доранд. Масалан, ман пеш аз як зарбаро задан фикри чанд зарбаи мезадаи ҳарифамро мекунам. Ба монанди шоҳмот. Дар ин ҷо ақл ва савод нақши калидӣ доранд. Барои ба майдон баромадан, хусусан мусобиқаҳои байналмилалӣ, хеле заҳмат кашидан даркор аст. Дар майдон тамоми қувваи руҳӣ ва ҷисмониро сарф мекунем, то ғолиб шавем. Агар варзиш тавре бошад, ки баъзеҳо меҳисобанд, пас имрӯзҳо ҳама варзишгар ва муваффақ мешуданд.

— Табиист, ки вақти муҳориба аз беруни майдон садоҳои гуногун ба гӯш мерасад. Онҳоро Шумо чӣ гуна қабул мекунед?

— Аз ҷонибдориҳое, ки аз берун ба гӯшам мерасанд, нерӯи нав мегирам. Барои ман нидоҳое, ки “ту метавонӣ!”, “ба рӯяш зан!”, “пойи ростатро кор фармо!”… “адреналин” ба гӯш мерасанд. Дар чунин лаҳзаҳо фикр мекунам, ки зиёда аз 9 миллион тоҷикистонӣ дар пуштам маро тарафдорӣ мекунанд.

— Тӯли ин қадар вақт “ман”и Нодираро дар дигаре дидед?

— Ҳоло ман мураббӣ ҳастам ва аз миёни шогирдонам як кӯдакеро пайдо кардам, ки худамро дар ӯ мебинам. Ӯ ҳанӯз сесола аст, аммо бо ман як умумияти хос дорад. Монандӣ миёни мо он аст, ки кӯдак тамоми қувваашро дар вақти тамрин сарф мекунад ва аз ин хеле хушҳол ҳам мешавад. Дар ин баробар ман ҳам бисёр хурсанду хушбахтам, ки ӯро дида, чандин сол пеши худамро ба хотир меорам.

Нодира “ман”-и худро кайҳо боз ёфтааст. Ин ҷо маълум шуд, ки “ман”и дигарашро ҳам пайдо кардааст.

Як, ду, се чор. Чор қатра боронро ҳисоб кардам. Чӣ қадар қатраҳои борон бо ҳам наздиканд. Чӣ қадар қатраҳои борон нисбати ҳамдигар бомуҳаббатанд. Чӣ қадар қатраҳои борон бо ҳам монанданд.

 

ҚАТРАИ ПАНҶУМ

Баҳонаи зистан

Вақте субҳ аз хоб бедор мешаведу мебинед, ки ҳадафи муайян надоред, беҳтар аст, ки боз хоб кунед.

(Стив Ҷобс)

— Ба андешаи Шумо, як баҳонае, ки барои зистан арзанда бошад, чист?

— Мақсад. Ҳадаф доштан маънои онро дорад, ки умри дар ихтиёр доштаатро сарфи чӣ мекунӣ. Ҳар як одам бояд худро дар ягон соҳаву кор кобад ва ёбад. Ман худамро дар варзиш ёфтам. Ва фикр мекунам, ки то андозае ба мақсадҳои гузоштаам расидаам.

— Гуфтанӣ ҳастед, ки мақсад дар зиндагиро қабл аз ба варзиш омадан гузошта будед?

— Ин хел ҳам гӯем, хато намекунем, зеро орзуҳои ман зиёд буданд, аммо мақсад як буд: расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ, ки шукр, расидам ва Худо хоҳад, аз ин дида ба муваффақиятҳои зиёдтар ноил мегардам.

— Як нафар чӣ гуна метавонад барои худ мақсад тавлид кунад?

— Фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ як нафар барои нафари дигар наметавонад мақсади зиндагӣ тавлид кунад, зеро ин аз худи ҳар шахс вобаста аст. Маҳз ҳар нафар дар алоҳидагӣ аз чӣ хостану чӣ тавр дар оянда зиндагӣ карданаш огоҳ аст. Ҳамин хостанҳову орзу карданҳо, ки мақсади аслии зиндагианд. Дар инсон мақсад вақте пайдо мешавад, ки ӯ бар ивази умри додаи Офаридгор чӣ хостану чӣ кор карданашро медонад. Як нафар бо шинохти аслии худаш, ки дар ин шинохт чӣ хостану чӣ кор кардан, чӣ тавонистану чиро дӯст доштан, боварию умед, орзуву ҳавас… дохил мешаванд, метавонад мақсад ё баҳонаи зистанро дар худ кашф кунад.

— Дар ростои пайдо кардани мақсади зиндагӣ набояд нақша ва танзими вақтро фаромӯш кунем, ки маҳз доштани нақшаи муайян метавонад пайраҳае барои расидан ба мақсади зиндагӣ шавад

— Бале, аз рӯйи нақшаи муайян вақти дар ихтиёр доштаро истифода бурдан ин маънои тезтар ва хубтар ба мақсад расиданро дорад. Фикр мекунам ҳар нафаре, ки дар худ мақсади зиндагиашро кашф кард, бояд ҳатман барои ба он расидан нақша дошта бошад. Яъне нақшаи муайяни рӯзгузаронӣ доштан маънои вақти худро дуруст истифода карданро дорад.

— Худи Нодира чӣ гуна нақша мекашад ва оё аз рӯйи он амал мекунад?

— Ман нақшаи ҳаррӯзаамро вобаста ба корҳое, ки бояд иҷро кунам, аз шаб таҳрезӣ мекунам. Ва ба қадри имкон зерашон аломати “галочка” мегузорам.

— Дар нақшаи Шумо кадом калимаву ибораҳоро дидан мумкин?

— Кор, машқ кардан, тамрин додан, корҳои хона, омӯзиш…

Қатраҳои борон ба замин мерезанд. Ба миқдори дар як ҷо шаш қатраи борон чакидан ҳамсуҳбати мо ба фикр фурӯ рафт. Маълум аст, ки дар ин гуна мавридҳо як ҷавон дар хусуси ҳамсинну солонаш фикр мекунад.

— Аз мақсаду нақша гуфтем, аммо бадбахтона қисме аз ҷавонони мо мақсади зиндагиашонро намеҷӯянду нақшае ҳам надоранд ва боз мехоҳанд, ки муваффақ бошанд

— Ин дуруст аст. Қисме аз ҷавонони мо бе заҳмату меҳнат мехоҳанд соҳиби ҳама чиз шаванд, ки ин хатои аввалини онҳост. Мутаассифона, онҳо хеле зиёд танбал шудаанд. Яъне аз ҳеҷ чиз ва дар холигие муваффақ шудан мехоҳанд.

— Дар ин маврид оё Шумо метавонед ба саволи “Чӣ бояд кард? ҷавоб диҳед?

— Мо бояд ҷавонони фаъолро дастгирӣ кунем. Беҳтаринҳоро ҳамчун намунаи ибрат ба дигарон нишон диҳем, тарғибашон намоем. Аммо мутаассифона, дар ҳоли ҳозир чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи мо ҷиҳатҳои нохуби ҷавононро зиёдтар нишон медиҳанд, ки ин бисёр бад аст. Ва ба гуфтае рекламаи сиёҳ ҳам реклама аст. Дар ҳоле, ки бояд зиёдтар аз беҳбудӣ ва муваффақиятҳои ҷавонон гуфта шавад, зеро насли нав комёбиҳову бурдбориҳои якдигарро дида, кӯшиши онҳоро такрор кардан мекунанд.

 

ҚАТРАИ ШАШУМ

Чанд қадами охир

Борон сахт шуд. Дигар мисли пештара қатраҳои новаи шипангчаро ҳисоб карда намешавад. Ҳарчанд диққат кунам ҳам, ҳисоб карда намешавад. Бигзор лаҳзаи охири диққат кардаамон шаш қатра бошад.

— Намегӯед, ки дар ин моҳу солҳои наздик чӣ кор карданиед?

— Тавре ҳоло медонед, ман дар баробари кор, ки дар як ширкат ба ҳайси маркетолог фаъолият мекунам, боз мураббӣ ҳастам. Ва ҳафтае се маротиба кӯдакону наврасони аз 3 то 16-соларо тамрин медиҳам. Дар ояндаи наздик ният дорам, ки толори варзишии алоҳида кушоям ва ба насли нав, ки ояндаи мо маҳсуб меёбанд, ҷиддитар машғул шавам. Ҳадафам аз ин иқдом, ҳар чизеро медонам, ба насли оянда омӯзонам. Ҳамчуноне ки шоир ва мутафаккири бузургамон Саъдии Шерозӣ гуфта буд: “Ман пас аз ин ҳама дидану шуниданҳо ва таҷриба андӯхтанҳо мехоҳам аз худам чизе ба ёдгор монам ва чизҳои медонистаамро ба дунёи дигар набарам”. Ва оғоз карда ба навиштани “Гулистон”-у “Бӯстон”.

— Инро гуфтед, вале аз ҳама чизи асосиро нагуфтед

— Чиро?

— Маълум аст, ки аз толори варзишӣ фоида, ҳатто фоидаи хуб ба даст оварда метавонед. Аммо нагуфтед, ки ба нафъи дидаатон чӣ кор мекунед?

— Ин масъаларо ҳам ман фикр кардаам. Ният дорам, ки аз фоидаи толори варзишӣ фонде таъсис диҳам ва барои занону духтарони хонашину бедиплом ҳам кӯмаке карда тавонам. Ҳадди ақал ба онҳо ҳунаре омӯзонида тавонам, то ки дар баробари мардони хона барои таъмини рӯзгорашон кӯмаке шавад. Фикр мекунам, ки агар ба ин иқдом расида тавонам, коре мешавад дар назди халқу ватанам…

Мо аз ҷоямон хестем. Борон шиддат дошт. Бо шипангчае, ки аз як соат зиёд моро аз таршавӣ нигоҳ дошт, хайрухуш кардем. Ба сӯйи пеш қадам мепартоем. Ба сӯйи роҳи калон. Ба сӯйи асфалти сиёҳ. Ҷониби сабукрави Нодира.

 

ҚАТРАИ ҲАФТУМ

Раҳораҳ

Пушти ҳар аввал охире истодааст

— Нодира, роҳи интихобкардаатон, ки ҳоло дар он зиндагӣ доред, монанди ҳамин асфалт дароз, зебо, ҳамвор аст. Вале агар аз тарафи рост як асфалти дигар пайдо шавад, аз роҳи худ баромада ба он меравед?

— Аввал фаҳмам, ки он асфалт чӣ гуна асфалт аст ва бар ивази роҳи дигареро пешниҳод кардан аз ман чӣ талаб мешавад?

— Асфалти нави зиндагӣ он аст, ки аз ҳаёти оммавӣ даст кашида, пурра ба маркетологӣ ва тамрини насли нав машғул мешавӣ. Аз ситорагии Instsgram маҳрум шуда, ситораи ошхона мешавӣ…

— Дар ин хусус фикр карданам даркор аст.

Роҳ тамом шуд. Дастҳои рост бардошта шуданд. Ишораи “хайр” карда шуд. Диктофон хомӯш шуд. Нодира рафт…

 

ҚАТРАИ ҲАШТУМ

Шиноснома

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквандо — кикбоксинг, ҷоизадори чемпионати ҷаҳон, чор карат чемпиони Осиё, се карат чемпиони Осиё оид ба кикбоксинг Нодира Исаева 28-уми июли соли 1994 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2001 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 рафта, ин таълимгоҳро соли 2011 ба охир расонидааст. Соли 2011 ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дохил шуда, муассисаи мазкурро соли 2016 хатм намудааст. Ӯ аз синни 12-солагӣ ба намуди варзиши таэквандо ИТФ машғул аст. Аввалин маротиба соли 2007 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок карда, сазовори ҷойи аввал шудааст.

 

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here