Тирамоҳи соли гузашта, возеҳтараш ҳини тантанаи ҷашни 90-солагии театри тоҷик сарусадоҳо бобати суқути театр аз ҷониби баъзе ашхос иброз гардид. Ба андешаи қисмате ин гуфтаҳо пас аз баргузории озмуни «Парасту — 2019» маншаъ мегирифта бошад. Ба қавле ин озмун аз озмунҳои қаблӣ дар сатҳи нисбатан паст доир гашт. Барои рӯшанӣ андохтан ба ин гуфтаҳо ва умуман, вазъи театрҳои кишвар тӯли солҳои ахир, бавижа соли 2019 ба чанд суоли хеш аз театршиноси шинохта, академики Академияи санъати театрии Осиёи Марказӣ Муҳаммадулло Табаров посух ҷӯё гаштем.
— Соле, ки гузашт, театрҳои тоҷик бо чӣ дастоварде шуморо қаноатманд карда бошанд?
— Гапугузор бобати озмуни «Парасту — 2019» ва сатҳу сифати баргузории он то ҷое асос дорад. Бо гузашти солҳо ин озмун ҳоло ҳам аз камбудиву норасоиҳо орӣ нагашта. Аммо, сарфи назар аз ҳама соле, ки гузашт, дар ҳаёти театрии мамлакат ҷунбише, ҳаракате сӯи беҳбудӣ ба назар хӯрд. Тӯли ин сол дар театрҳо намоишҳои диданӣ рӯи саҳна омаданд…
Театрҳои касбӣ дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву дипломҳо гардиданд. Аз ҷумла, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоиши «Дирафши Коваёнӣ» (аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ, дар таҳияи Нозим Меликов) дар шаҳри Ҷезқазғони Қазоқистон дар Фестивали байналмилалии театрии ба номи Жанат Хаджиев ширкат варзида, сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши «Фирдавсӣ» (аз рӯи асари Сотим Улуғзода, таҳиягар Султон Усмонов) дар Фестивали байналмилалии театрии «Арт — Ордо»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат намуда, ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб шуд. Бо ин ҷоиза Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир барои иҷрои нақши Фирдавсӣ қадр гардид.
Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Фестивали театрии шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ширкат варзида, соҳиби дипломи ҷашнвора гашт.
Хулоса, давоми соли гузашта қисмате аз театрҳои дигари ҷумҳурӣ дар фестивалҳои гуногун, берун аз ҷумҳурӣ ширкати фаъолона доштанд…
Соли 2019 дар миқёси кишвар 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидовро ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода конфронси илмӣ, дар Вазорати фарҳанг семинар ва дар ноҳияи Ашт маъракаи шоистае баргузор гардид, ки ин амале буд сутуданӣ…
— Вазъи театрӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар кадом поя қарор дорад?
— Дар асл гуногун, бо ду сухан шарҳ додан душвор аст. Агар аз театри лӯхтак оғоз намоем, хуб мебуд. Вазъи корӣ дар ин театр рӯ ба беҳбудӣ ниҳода. Падидаи нав — ин омадани як зумра ҷавонони соҳибистеъдод ба театр мебошад. Пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба театри лӯхтак баргаштани ҳунарпешаи хушсалиқа Мунира Зоирова моро хушнуд гардонд. Мунира алҳол ба сифати саркоргардони театр фаъолият дорад. Кори рассоми театри лӯхтак низ шоистаи таҳсин мебошад. Директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Иззатулло Сафаров аз ҳунарпешаҳои собиқадори ҳамин театр маҳсуб меёбад. Хуллас, ҳайати ҳунармандон ва барномаи театри мазкур қобили қабул аст.
Вазъият дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ қаноатбахш арзёбӣ мегардад. Имрӯз ҳайати балет дар театр аз ҳарвақта дида нерӯманд аст. Манзур солҳои Истиқлолияти давлатист. Барои рушди ин навъи санъат ва тарбияи кадрҳо саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Фиристодани чанд гуруҳи наврасони тоҷик ба омӯзишгоҳҳои махсусгардондашудаи кишвари Россия тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ нишони ғамхории Пешвои миллат ва сиёсати дурандешонаи Ҳукумати кишвар мебошад.
— Далелҳои Шумо раднашавандаанд, аммо биёед пӯсткандаи гапро бигӯем. Тамошогари тоҷик, бахусус насли калонсол аз намоишҳо, бозии актёрон, диди пасти таҳиягарон ва ғайра қаноатманд нестанд…
— Фикри бебаҳс. Бале, мушкилоти театр хело зиёданд. Касеро сафед карданӣ нестам. Агар аз театрҳо сари кор бигирем, дуруст, ки ҳар яки онҳо ба ҳоли худ саргардонанд. Алҳол вазъ дар театрҳои Данғара ва Кӯлоб нигаронкунанда аст. Онҳо солҳои охир намедурахшанд. Дар ин театрҳо таҳиягарон ҳунармандонро ба чаҳорчӯбаи худ мутобиқ кардан мехоҳанд…
— Аз рӯи шунид вазъ дар театри Бохтар низ мисли солҳои аввал нест…
— Ин ҷо гап дигар аст. Дар театр яку якбора чанд тағйироти кадрӣ рух дод. Таҳиягари мумтоз Бурҳониддин Раҷабовро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ хонданд. Ҳунарпешаи беҳамто Аловиддин Абдуллоев маъмур — сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин гардид. Пешавари ҷавон, яке аз ҳунарпешаҳои умедбахш Парвиз Раҷабов ба пойтахт омад. Алҳол дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе маъмур аст. Ба гуфте театр холӣ гашт. Бешак, ин тағйирот дар кори театр беасар нахоҳад монд…
— Кунун роҳбарияти театр дар бораи хуни тоза — ҷалби ҳунарпешаҳои ҷавон амиқ андешиданашон даркор аст. Аммо пурра кардани ҳайати театрӣ имрӯз амалест сангин…
— Дуруст, созмон додани ҳайати нав кори андак нест. Умуман, доштани ҳайати мувофиқ, дастаи муваффақ барои ҳар як театр мояи ифтихор ва комёбист. Барои пурра кардани ҳайати театр, ҷалби ҳунармандон саъю талошҳои зиёде мебояд. Имрӯз вақти он расида, ки дар донишкадаи соҳавӣ устодони номвари кишвар, собиқадорон аз зумраи ҳунарпешаҳои варзида курсҳои махсуси худро дошта бошанд…
Дар ин самт корҳо ҷоннок шудааст. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ дар зинаи магистратура кадрҳо аз рӯи ихтисоси режиссёри театр омода гашта истодаанд. Яке аз аввалин хатмкардагони ин гуруҳ Қамариддин Мирзоев соли 2019 саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов таъйин шуд, ки аз ин таҳиягари ҷавон умедҳои зиёд дорем.
Ҳамчунон, соли таҳсили 2019 — 2020 дар ин донишкада курси драматургия боз гашт. Курси мазкурро яке аз драматургони номӣ Ҷумъа Қуддус роҳбарӣ мекунад. Пас умед ҳаст…
— Ба хайр бошад. Ба андешаи инҷониб, яке аз проблемаҳои асосӣ — ин то кунун дар кишвар набудани фазои иттилоотии театрист. Барои инъикоси фаъолияти рӯзмарраи театрҳо маҷаллае намерасад. Дар ин бобат Шумо чӣ андеша доред?
— Дар мамлакат алҳол ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллае бо номи «Фарҳанг» арзи ҳастӣ дорад. Аммо ин ду ҷарида ба дарди соҳа намехӯранд. Дуруст зикр намудед, ки барои инъикоси масъалаи мазкур маҷаллае сирф соҳавӣ, ба мисоли «Театр» чун боду ҳаво зарур аст. Ин масъалаи мубрами рӯз мебошад…
Ба мисол, дар шаҳри Санкт-Петербург (Россия) маҷаллае таҳти унвони «Петербургский театральный журнал» ба табъ мерасад. Дар ин маҷалла журналистон, фарҳангшиносон, муҳаққиқони соҳаи театр ҳусну қубҳи намоишҳоро аз ғирбол мегузаронанд. Онҳо ҳатто аз дастоварду комёбӣ ва камбуди театрҳои бурунмарзӣ низ садо баланд мекунанд. Обрӯ ва манзалати маҷалла бағоят баланд аст. Алҳол ин идора мисле ба як маркази фарҳангӣ бадал ёфтааст.
Мутаассифона, имрӯз дар қаламрави кишвар муҳити ягонаи театриро ба вуҷуд оварда натавонистаем. Дар бораи соҳа дар матбуоти даврӣ аҳён-аҳён ин ё он журналист ба масъалае дахл мекунад, ки он ба дарди соҳа намехӯрад. Шояд фаҳмиданиед, ки оё метавон потенсиали эҷодиро барои чунин як маҷалла дарёфт кард. Бо боварии азим метавонам гуфт, ки мо чунин нерӯ дорем…
Алъон дар шаҳри Душанбе дари 6 театр барои тамошогарон боз аст. Мутаассифона, онҳо ҳам муҳити театриро ба вуҷуд оварда натавониста истодаанд. Як мисол, овони шӯравӣ дар пойтахт ду ансамбли рақсӣ: «Лола» ва «Зебо» доштем. Нахуст «Лола», баъдан «Зебо» ҳам дар кишвар ва ҳам дар ақсои олам ҳангома бармеангехтанд. Шукронаи соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз танҳо дар як шаҳри Душанбе на кам аз 10 дастаи рақсӣ амал мекунанд, аммо он шуҳрате, ки ду дастаи аввал доштанд, инҳо надоранд…
— Чандест, ки овозаи таъсиси Донишкадаи театр, кино ва хореография дар Тоҷикистон ба гӯш мерасад. Шумо ба ин гуфта чӣ назар доред. Оё Институти фарҳанг ва санъат ин камбудро уҳда карда наметавонад. Оё аз уҳдаи таъсиси чунин як ҳунаристоне мебароем? Омӯзгор меёбем…?
— (Механдад). Саволи Шумо фикри маро ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мебарад. Қабл аз таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва коллеҷи хореографӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулони соҳаи фарҳанг пурсиданд, ки оё мо қудрати созмон додани чунин муассисаи таълимиро дорем ва ё на? Ҳар доим онҳо посух медоданд, ки «надорем, наметавонем». Танҳо як тан аз оҳангсозони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ зиндаёд Талабхӯҷа Сатторов Президенти муҳтарами Тоҷикистонро ҷонибдор гашту халос.
Хушбахтона, бо исрори Сарвари давлат ду муассисаи нав таъсис ёфт. Баъдан Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ин саф падид омад. Акнун он нафароне, ки зидди таъсиси чунин ҳунаристонҳо буданд, худро шахсе вонамуд месозанд, ки гӯё дар саргаҳи ин иқдом истода бошанд.
— Аз ин гуфтаи Шумо бармеояд, ки созмон додани донишкадаи мазкур ҳатмист?
— Бале. Бар он боварам, ки таъсиси Донишкадаи театр, кино ва хореография дар Тоҷикистон чун боду ҳаво зарур аст. Наметавонем, намешавад, база надорем, кадрҳои омӯзгорӣ намерасад гуфтанҳо садди роҳ шуда наметавонанд. Бо Сарваре чун Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ҳама гуна корҳо мебароем. Насиб бошад, ин рӯзи фараҳбахшро бо ҳам мебинем, ман аминам.
Мисоли зинда Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов — 17-сола, коллеҷи хореографӣ — 17-сола, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон — 7-сола шуданд…
— Барои беҳтар шудани сатҳи намоишҳои нав чӣ корҳоеро ба сомон расонидан даркор аст?
— Қабл аз ҳама мисли солҳои пеш, пас аз таҳияи намоиши нав ба театр тамошогарони хосаро даъват намуда, андешаҳои онҳо шунида, ба инобат гирифта шавад…
Имрӯз тарзи амалкарди раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ боиси таҳсин аст. Масъулон анъанаи ҷолиберо роҳандозӣ намудаанд. Пас аз омода намудани намоиши нав онҳо роҳбарони театрҳои вилоятӣ, коргардонҳо ва аҳли қаламро гирд оварда, намоишро нишон медиҳанд. Сипас, чунин як намоишро барои кормандони васоити ахбори умум созмон медиҳанд. Мулоҳизаҳои ҳамагонро мавриди назар қарор дода, пас ба ислоҳи камбудиҳо дасти остин бармезананд. Ниҳоят варианти асосиро ба тамошогарон, ҳаводорони театр пешниҳод менамоянд, ки айни муддаост. Ин амали андешамандона дар тарғиби намоишҳо низ саҳми муносиб мегузорад. Чунин амали нек дар шаҳри Кӯлоб ҳам роҳандозӣ шудааст.
Боиси хушнудист, ки намояндагони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ низ ба театр рӯ оварда истодаанд. Ташрифи хизматчиёни давлатӣ ба театр масъулияти кормандони онро дучанд менамояд.
— Имрӯз вазъи театрҳои лӯхтак дар кадом поя қарор дорад. Оё теъдоди чунин театрҳо дар қаламрави Тоҷикистон кифоя аст?
— Алҳол дар ҷумҳурӣ 3 театри лӯхтак: дар шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон (Чкаловск) ва Бохтар (театри «Афсона») фаъоланд, ки ин шумора ба дарди тамошогарони хурдсол намехӯрад…
Вақти он расида, ки ҳадди ақал дар кишвар 2 театри лӯхтаки дигар, дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб таъсис диҳем. Фаромӯш набояд кард, ки қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, норасоии асосӣ дар фазои фарҳангӣ — ин надоштани театри драмавие дар минтақаи Рашт аст. Як минтақаи калону муҳимро аз доираи назари фарҳангӣ дур мондан ба манфиати кор нест. Моро имрӯз мебояд, ки дар ин минтақаи сернуфуси кишвар театр низ дошта бошем.
— Алҳол дар мамлакат чанд театр фаъолият доранд?
— Имрӯз дар ҳудуди кишвар ҳамагӣ 18 театр мавҷуд аст. Аксар театрҳои мусиқӣ — драмавӣ ва мазҳакаанд. Дар вилояти Суғд 7 театр: дар шаҳри Хуҷанд — Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаров, шаҳри Конибодом — Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова, Бӯстон — Театри драмаи русии ба номи Александр Сергеевич Пушкин ва театри лӯхтак, Нов — Театри ӯзбекии драмаи мусиқӣ ва дар ноҳияи Ашт — Театри драмаи мусиқӣ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов…
Дар Бадахшон Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров дар арафаи гузаштан ба бинои нав сохташаванда аст.
Дар вилояти Хатлон 3 театр: дар ноҳияи Данғара — Театри драмаи мусиқӣ, шаҳри Кӯлоб — Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода ва дар шаҳри Бохтар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов амал менамоянд.
Дар шаҳри Душанбе 5 театри давлатӣ: Театри давлатии драмавии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри лӯхтак ва Театри таҷрибавии тамошобинони ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов…
— Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?
— Мутаассифона, ин ниҳод қобил нест…
— Чаро рӯз ба рӯз сафи мухлисони театр коста мегардад?
— Як сабабашро зикр менамоям. Мухлис, тамошогари тоҷик аслан асарҳои мусиқӣ — мазҳакавиро меписандад. Мутаассифона, имрӯз дар барномаҳои театрҳо асарҳои хуби мусиқӣ мавҷуд нест. Ҳол он ки, театрҳои мусиқӣ дастаҳои хуби мутрибону ҳофизон ва раққосон низ доранд. Ин нерӯ танҳо барои иҷрои нақша истифода мешаваду халос.
Филмҳои маъруфи «Тоҷикфилм», ки дар жанри мусиқӣ офарида шудаанд, то кунун маъруфияти худро аз даст раҳо накардаанд. Ба мисли «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Вақти зангирии писар расид», «Рояли сафед», «Ошпаз ва сароянда» аз филмҳои дӯстдоштатарини тамошогарони тоҷиканд. Сурудҳои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» ҳатто дар хориҷи кишвар ҳам то ҳол маҳбубият доранд.
Чунин ранг гирифтани кор аз беаҳамиятии роҳбарони театрҳо ва масъулони фарҳанг аст. Дар театр роҳбарон, таҳиягари ҷонфидо қариб ки намондааст. Ба ҷуз ин, имрӯз драматургони тоҷик бо қолабҳои куҳна асар офарида истодаанд.
Масъалаи дигар, ин фарсуда гаштани васоити техникии театрҳост, яъне ҷавобгӯ набудани онҳо ба замони муосир. Ҳукумати кишвар ҳадди имкон ҳамасола ба ин бахш ёрӣ мерасонад. Аммо фаъолияти ходимони театрӣ қаноатбахш нест.
— Замоне дар кишвар озмуне буд бо номи «Наврӯз». Чӣ хеле ки ин фестивал аз доираи фарҳангии кишвар нопадид гаштааст. Вақти он нарасидааст, ки Ҳукумати кишвар дар симои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар мамлакат озмуни театрии байналмилалиеро роҳандозӣ намоянд?
— Дар ин масъала бо Шумо комилан мувофиқам. Надоштани фестивал — озмуни байналмилалӣ дар як кишвари фарҳангӣ ба манфиати кор нест. Дар кишварҳои ҳамсоя то 5 — 6 фестивали байналмилалӣ дар як сол доир мегардад.
Фестивали «Наврӯз», ки бо пешниҳоди ходимони театрии тоҷик таъсис ёфта буд, кунун ҳамчун фестивали театрҳои турктабор маъмул гаштааст. Дар баъзе кишварҳои дорои режими шадиди мазҳабӣ, ки ходимони театриашон бо олами фарҳангии беруна робитае надоранд, бо баҳонаи фестивали театрӣ беҳтарин намоишҳоро ба кишвари худ меоранд. Мо бошем, ба «халтура» омӯхт шудаем. Кор ба ҳаддест, ки дар баъзе театрҳо, умуман, машқҳо ва тамринҳои ҳамарӯза ба ҳадди нестӣ расидаанд. Вокал, пластика ва хореография ба ҳунармандон омӯзонда намешавад. Одоб ва муоширати театрӣ низ тағйир ёфтааст. Дигар дар театрҳо бару буфетҳо ҳам амал намекунанд (механдад).
Ағлаби мутахассисони хуб бо баҳонаи кам будани маош тарки театр карданд. Ҷои онҳоро, мутаассифона, актёрҳои сатҳашон паст гирифта истодаанд. Дар ҷумҳурӣ дигар мутахассисон аз онҳо маоши зиёд намегиранд. Ба қавли онҳо, пас, биёед кор накунем, будааст. Аз рӯи инсоф, ҳамон маоши мегирифтагиро ҳалол кардан даркор аст-ку…
— Зери мафҳуми услуби театрӣ чиро фаҳмидан мумкин аст?
— Аслан услуби театрӣ гум шудааст. Театрҳо қариб ҳама якранг шудаанд, ҳама як хел спектакл мемонанд. Барномаи театри Лоҳутиро аз Театри ҷавонон фарқ карда намешавад. Гумон мебаред, ки масъулони фарҳангу ҳунар аз ин огаҳ наянд ё намефаҳманд? Медонанд, мефаҳманд, аммо…
— Боз бармегардем ба ҳамон озмуни «Парасту»…
— Мавҷудияти озмуни мазкур хуб аст. Он як маъракаи таҳрикдиҳандаест барои театрҳо. Ин озмун дар 2 сол як маротиба доир мешавад. Ба ин хотир, театрҳо як сол кор мекунанд, як соли дигар «дам» мегиранд. Барои театри тоҷик хуни тоза намерасад. Ба қавли дигар, ҷараёни ҳавои тоза.
Баъдан, барои руҳбаландии пешаварон дар ин озмун ҷоизаҳои гуногун даркор аст. Ба мисли ҷоизаи ба номи Туҳфа Фозилова барои бонувони ҳунарманд, ҷоизаи ба номи Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва ё Ефим Исаевич Мителман барои коргардонҳо, ҷоизаи Сотим Улуғзода ва ё Ғанӣ Абдулло барои драматургон, Маҳмудҷон Воҳидов барои наттоқон…
— Дар охири сол маъракаи ҷамъбасти соли театрӣ мавҷуд аст ё не?
— На, дар тақвими театри тоҷик чунин намуди ҷамъбаст (маъракае) мушоҳида намегардад. Дар ин самт синамогарони тоҷик нисбатан пештозанд. Кинои тоҷик бо «Дидор»-аш чун сарв ба боло қад кашидааст. Сол ба сол ин озмун беҳтару хубтар мегардад… Ҳоло беҳтарин намоиши сол ва амсоли онро ҳар идора ба таври худ муайян месозад…
— Аввали соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи ҳунарии донишҷӯёни курси 1-уми факултаи санъати театрӣ таҳти роҳбарии Ҳошим Гадоев пешкаш гардид ва он аз ҷониби аҳли завқ, устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд пазируфта шуд. Чаро чунин корро дар театр кардан мумкин набошад?
— Бале, воқифам, ин имтиҳони донишҷӯён дар шакли барномаи ҳунарӣ омода шудааст. Бояд гуфт, ки худи Ҳошим Гадоев нақши масхарабози кӯзапуштро дар сатҳи олӣ бозиданд. Воқеан ҳам ин намоиш муайян сохт, ки мисли устод Ҳошим Гадоев таҳиягарони сарсупурда ҳастанд ва аз ҳунару истеъдоди волои эшон истифода бояд бурд…
— Барои чӣ Ҳошим Гадоев дар донишкада бо донишҷӯёни курсҳои аввал ҳангома бармеангезанду ин корро дар театр кардан мумкин набошад? Намешавад, ки театри Лоҳутӣ устодон Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Убайдулло Раҷабов, Мирзоватан Миров, Барзу Абдураззоқов ва дигар коргардонҳои қудратманди тоҷикро ҷалб намояд?
— Чаро на, мешавад. Аммо, дастандаркорон аз зумраи таҳиягарони сахтгир, серталаб, ҷиддӣ, принсипнок ва дар баробари ин, бас нозук ҳазар мекунанд. Вале ин замон кор бо чунин таҳиягарони сахтгиру серталаб на ба роҳбарони театру на ба ҳунарпешаҳои ғунуда хуш меояд. Имрӯз аҳли ҳунар худро ғам додан намехоҳад, роҳбарон бошанд, «риск» (таваккал) намекунанд. Масали ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад маҳаки асосии фаъолияти рӯзмарраи аксарият шудааст…
— Соли гузашта дар Театри давлатии ҷавонон ҳунарпешаи ҷавоне намоише эҷод намудаву онро ба саҳна гузоштанд. Дар ин хусус сухане чанд ироа медоштед.
— Шумо спектакли «Гумроҳон»-и Далер Мирхоновро дар назар доред. Таҳиягари ин намоиш Бердӣ Мингбоев аст. Кори хуб шуд, ки собиқ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода тозанамоишро иҷозаи ба саҳна гузоштан дод. Бале, муаллифе нав, ҷавоне дар ин шоҳроҳи ҳунар падид омад. Бигзор нерӯи хешро дар ин самт бисанҷад.
— Дар бораи ҳунари актёрии Далер Мирхонов чӣ гуфтаниед?
— Ҳунарпешаи ҷавон, қобил ва уҳдабарост. Даҳ сол аст, ки дар театр заҳмат мекашад. Дар намоишу киноҳо нақш меофарад. Ҳунарпешаи умедбахш аст. Қаду баст ва тобиши хуб дорад. Боварӣ дорем, ки дар фатҳи роҳи пуршебу фароз муваффақ мегардад.
Мусоҳиб: Умари ШЕРХОН
МУҲАММАДУЛЛО ТАБАРОВ
(28.12.1969)
Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор (1992), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998), аспирантураи АИ ҶТ (театршиносӣ, 2001)- ро поён бурда.
Дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ (1998-2001) ва Ширкати «Барқи тоҷик» (2001-2015) фаъолият намудааст.
Аз августи соли 2015 мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Таҳти унвони «Инъикоси воқеаҳои таърихӣ дар ҳунари муосири театрии тоҷик» (риштаи таърих) рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст (2006).
Академики Академияи санъати театрии Осиёи Марказӣ (2017).
Асарҳояш: «Шахсият, таърих, саҳна» (2004), «Воқеаҳо ва намоишҳо» (2005), «Дидори дӯст», (2009), «Нақши нур» (2009), «Театри Мавлоно ва ҷиҳатҳои театрии зикру самоъ» (2009), «Театр ва истиқлол» (2010), «Фазои ҳамгироӣ» (2011), «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» (2013), «Анъана ва навоварӣ дар театри тоҷик» (2019) «Традиции и новаторства в таджикском театре» («Дониш», 2020), «Театри ҷавонони Тоҷикистон. Ҷустуҷуҳои эҷодӣ» (2020) ба таҳқиқи масъалаҳои таъриху назарияи санъати театрӣ, бахусус театри суннатӣ, драматургияи тоҷик ва татбиқи саҳнавии он, масъалаҳои фолклор, раванди ташаккули маҳорати ҳунарии ҳайати эҷодии театрҳои кишвар, ҳаёт ва эҷодиёти донишмандон, пешаварони аршад ва мумтози театри тоҷик, равандҳои муосири драматургияи миллӣ бахшида шудаанд.