КАТИБАИ АВВАЛ
“Ҳоло мо барои мусоҳибӣ нашудаем”
Медонистам, ки устод Саъдулло Ҳайдарӣ 10-уми феврал зодрӯз доранд, вале ҳатто ба хаёлам бовар намекардам, ки эшон 60-сола мешаванд. Ва инро танҳо аз меҳрномаи устод Ҷовид Муқим, ки 8-уми январ дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуда буд, фаҳмидам.
Барои чӣ инро гуфтам? Рости гап, ҳанӯз як сол пеш хоҳиши бо устод сари пиёлаи чойе суҳбат карданро доштам, вале устод мудом як гапро мегуфтанд: “Ҳоло мо барои мусоҳибӣ нашудаем”.
КАТИБАИ ДУВВУМ
Қарзҳои устод
Дар нимсолаи дуюми соли аввали таҳсил марди “причоскадор”-е вориди аудитория шуд. Мо медонистем, ки ин соат аз фанни “Асосҳои журналистикаи телевизион” дарс мегузарем, вале чунин муаллимро интизор набудем.
Устод “салом ба шумо” гуфта, моро ба нишастан ишора карданд.
Сардори гуруҳамон Далерҷон журнали гуруҳро назди устод гузошт. Муаллим ба он таваҷҷуҳ накарда, ба минбар баромаданд:
— Бачаҳо, ман чанд сухане дорам, ки дар ҳама гуруҳҳо онҳоро мегӯям, яъне онҳо барои ман қарз ҳастанд. Ман медонам ва шумо ҳам медонед, ки ҳоло аз насиҳатшунавандагон дида, насиҳаткунандагон зиёд ҳастанд. Аз ин лиҳоз, касеро насиҳат кардан намехоҳам, танҳо чанд суханеро, ки гуфтанашонро барои худам қарз мешуморам, ин ҷо мегӯям ва аз шумо ягона хоҳиш ҳамин ки беаҳамият набошед:
— ҳамту омада наравед, аз донишгоҳ як чиз гирифта баред;
— ҷувзъдонҳоро холӣ оварда набаред;
— ҳар чизе ки намедонеду намефаҳмед, пурсед, айб нест;
— фикри нафаронеро, ки барои донишҷӯ шуданатон аз шумо дида зиёдтар хурсанд шуданд ва ифтихор мекунанд, ки фарзандашон хондаву хизматгузори ҷомеаву мардум мешаванд, ба боди фано набаред. Боварии волидонатонро машиканед;
— барои баҳогирӣ не, балки барои донишу фаҳмише гирифтан талош кунед;
— агар тасодуфӣ омада бошед, ё одат кунед ва ё умратонро барбод надиҳед.
КАТИБАИ САВВУМ
Инсонсозӣ
— Устод, замоне ки Шумо дар мактаб ё донишгоҳ таҳсил мекардед, буданд устодоне, ки мисли Шумо “чанд сухани қарз дорам” гуфта бошанд?
— Бале, буданд. Ман ба фикре ҳастам, ки ҳар муаллим бояд чунин суханҳоро дошта бошад ва ба насли оянда гӯяд.
— Ҳамон суханҳо воқеан ҳам қарз ҳастанд ё…?
— Аслан муҳим гуфтаҳои мо нестанд, балки ба ҳар суханамон устувор монданамон аст. Чунин суханҳо шахсан барои ман қарз ҳастанд, чунки бештар волидон ба ёдам мезананд. Падарону модарон аз донишҷӯ шудани фарзандонашон меболанд, ифтихор мекунанд, ғам мехӯранд, роҳ меҷӯянд, кор мекобанд, мехӯронанд, мепӯшонанд… ва ман танҳо ба хотири бачаҳо як бори дигар мерасонам, ки онҳоро ноумед накунанд.
— Дар фикрронии бачаҳо чиро иваз кардан мехоҳед?
— Баҳоталбию балталбиро. Яъне ҳар толибилм бояд баҳо не, балки дониш гирад. Вале баъзан бачаҳо аз пушти дониш дида, аз пушти баҳо зиёдтар медаванд, дониста, ки имрӯз баҳо муайянкунандаи шахсият нест.
— Ва Шумо гуфтаниед, ки бо баҳоталбию баҳохоҳӣ ба ҷое намерасем?
— Албатта, то имрӯз кӣ бо ин усул ба ҷое расидааст, ки бачаҳои мо мерасанд? “Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст”. Имрӯз бачаҳо ҳар қадаре, ки дониш гиранд, ҳамон қадар таъмиргари ҷомеа мешаванд ва мақсади ягонаи мо ҳам ҳарчи бештару пештар таъмиргарони ҷомеаро зиёд кардан аст.
— Чӣ қувваест, ки Шуморо ба доштани чунин фикрҳо маҷбур мекунад?
— Ҳамагон мегӯянд, ки омӯзгорӣ кори саҳл нест ва аҳсан ба онҳое, ки аз вазнинии ин пеша хаста намешаванд. Воқеан ҳам ин дуруст аст, зеро муаллим нури чашмашро кам мекунад, ба хотире, ки нури чашми дигаронро зиёд кунад. Кори муаллим барои худаш нест, балки барои ояндагон аст. Яъне устод инсонро месозад, барои он ки инсон ҷомеаро созад.
КАТИБАИ ЧАҲОРУМ
Як қадам ба қафо
— Устод, як қадам ба қафо равем, мешавад?
— Ҳамин муҳим бошад, майлаш.
— Фикри муаллимшавӣ аз куҷо пайдо шуд?
— Мо дар деҳа таҳсил кардем ва табиист, ки шароити деҳа душвортар аст. Зеро дар баробари таҳсил дар корҳои хонаву ҷамъиятӣ машғул мешавӣ, ки ин метавонад ҳар нафарро ҳаматарафа такмил диҳад. Барои мо ба мактаб рафтан маъноеро дошт, ки аз он ҷо чизе бо худ орем. Ҳамту рафта омадан набуд.
-Вале ман ҷавоб нагирифтам…
— Мактаби мо 10-сола буд. Падарам доимо дар фикре буданд, ки мо фарзандонашон хонда як кас шавем. Пас аз синфи 8 маро ба Омӯзишгоҳи шаҳри Панҷакент бурданд. Мақсадашон, дар гуруҳи русӣ хонда, муаллими забони русӣ шавам. Вақте ба мо гуфтанд, ки пас аз синфи 8 ба гуруҳи русӣ қабул намекунем, ман ба гуруҳи тоҷикӣ дохил шудам ва аз соли 1975 то соли 1979 таҳсил кардам. Як сол каме нотоб шудам ва аз соли 1980 дар мактаби худам ба кор шуруъ кардам.
— Он солҳо муаллимӣ чӣ гуна буд?
— Бисёр душвор буд, вале масъулияти бар дӯш доштаамонро эҳсос мекардем. Мо худамонро такмил медодем. Он вақтҳо бисёртар радио гӯш мекардем ва радио маърифатомӯз буд. Ба рӯзномаву маҷаллаҳои вақтӣ обуна будам. Китобҳои бадеӣ бисёртар мутолиа мекардем. Ва баъд бачаҳоро талқини китобхонӣ мекардем.
— Интиҳои ин ҳама…
— Интиҳои ин ҳама бо фикре ҷамъбаст мешуд, ки ба хонандагон як чиз диҳем. Бачаҳоро барои роҳи ояндаашонро дуруст ва мустақилона интихоб кардан кӯмак мекардем.
— Аз чӣ метарсидед?
— Аз он, ки дар ҳар синфхона 25-30 нафар буд ва бояд он ҳама психологияро донисту бо онҳо ба таври худашон муносибат кард.
КАТИБАИ ПАНҶУМ
Як қадам ба пеш
— Шумо бо рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкорӣ дошед ва каму беш матолибатон дар онҳо нашр мешуд. Бигӯед, ки як муаллими синфҳои ибтидоиро чӣ водор мекард, ки ин корро кунад?
— Бале, каму нимкам дар нашрияҳо ягон чизаки хурд чоп мекардам. Аввалин хабари ман декабри соли 1979 дар рӯзномаи ноҳияамон “Зарафшон” нашр шуда буд. Сабаби ягонаи қалам ронданам ин буд, ки дар бораи воқеоту ҳосидоти минтақаи мо бисёр кам менавиштанд. Ман хостам он холигиро пур кунам. Ва баъдтар матолибам дар “Ҳақиқати Ленинобод”, “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикисони советӣ” чоп мешуданд.
— Як нафаре, ки омӯзишгоҳро хатм кардаву 7 сол собиқаи муаллимӣ дорад, барои чӣ ба журналистика омад?
— Соли 1987 ногаҳон дар як эълон дидам, ки дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шуъбаи рӯзноманигорӣ дубора таъсис ёфт. Ман ҳамон замон тасмим гирифтам, ки ҳуҷҷатҳоямро рафта супорам. Ҳамин тавр, ба касе нагуфтам, ки ман Душанбе хонданӣ меравам, балки гуфтам як тамошо равам. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро оварда супоридам, албатта бо матолиби нашршудаам. Ва аз соли 1987 то соли 1992 таҳсил кардам.
— Баъд волидонатон чӣ гуна хабар ёфтанд?
— Падари ман рӯзномахон буданд. Рӯзи иншонависиамон аз “Газетаи муаллимон” мухбир омадаву довталабонро сурат гирифта, дар газета маводе навишта буд. Дар газета сурати маро падарам мебинанд ва мефаҳманд. Пасон ба ман гуфтанд, ки азм кардӣ, кӯшиш кун. Некро аз бад фарқ кун. Ҳаёти шаҳр мисли деҳот нест.
— Дар шуъбаи рӯзноманигорӣ кадом устодон ба шумо дарс гуфтаанд?
— Устодон Воҳид Асрорӣ, Абдусаттор Нуралиев, Асадулло Саъдуллоев, Иброҳим Усмонов, Аъзамҷон Азимов, Пайванди Гулмуродзода ба мо дарс гуфтаанд.
— Чӣ шуд, ки Шумо баъди хатм ба ноҳия барнагаштед?
— Ман пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳам баргаштанӣ будам. Устодам, шодравон Асадулло Саъдуллоев гуфтанд, ки кафедраро обод кардан муҳимтар. Ин ҷоро партофта рафтан кори хуб нест. Насиб бошад, факултет таъсис меёбад. Ва ман хуб гуфта, дар паҳлуи устод истодам. Соли аввал ба сифати коромӯз-муҳаққиқ будам ва аз соли дуюм ба сифати ассисенти кафедра корро оғоз кардам.
— Солҳо гузаштанд. Ҳоло ба донишҷӯёни факултети журналистика назар карда, метавон ба ояндаи журналистикаи амалӣ ва назарӣ умеди нек намуд?
— Некнигарӣ бисёр муҳим аст. Мо умед мебандем. Одам агар ба чизи бад нек нигарад, чизи нек мегирад ва аз чизи барҷастаи нек метавонад чизи барҷастаи бад кашф кунад. Ҳама чиз ба назар ва дид вобаста аст. Диди мо нек аст ва ҳамааш хуб мешавад.
КАТИБАИ ШАШУМ:
“Шасту чил”-и устод Ҳайдарӣ
— Ба шастсолагӣ расидан чӣ маъно дорад?
— Аслан ба мо аз рӯи он ки ба чанд даромадем, баҳо намедиҳанд. Умрро ҳисоб кардан ҳам даркор нест. Баҳодиҳанда ва муайянкунандаи шахсият кори ӯст. Барои солҳо дар хотираҳо мондан шасту ҳафтоди мо муҳим нест, балки муҳим он чизест, ки ӯ анҷом медиҳад.
— Чил сол муаллим будан чӣ?
— Фикр мекунам, роҳкушоӣ кардан. Агар муаллиме, ки дар чил сол ба чил нафар роҳнамо шуда тавонад, пас хуш ба ҳолаш.
— Худо кунад, ки 100-солагиатонро бо 80-солагии муаллимиатон табрик гӯем.
— Ташаккури зиёд!
Мусоҳиб: М. ТОҲИР