Мусоҳиба атрофи гуфтаҳои пизишк Александр Мясников дар бораи намудҳои нави генетикии коронавирус ва маҳсулнокии ваксинаҳои коркардшудаи зидди COVID-19

 Суол:  27 январи соли равон пизишк ва барандаи телевизион Александр Мясников дар мусоҳибаи худ бо агентии иттилоотии «Sputnik» зикр каруд, ки дар Тоҷикистон  дубора авҷи уфунати коронавирусӣ дар назар дошта шудааст.  Ӯ ҳамзамон иброз дошт, ки: «изҳороти президент Э. Раҳмон дар бораи ғалаба кардан дар мубориза бо ин уфунати вирусӣ бармаҳал мебошад». Андешаи шумо оиди ин гуфтаҷоҳо чист?

Саидбек Сатторов: Доктор Мясников ҳамчун табиб ва барандаи «ток-шоу»-и телевизионӣ дар барномаҳои худ дар Федератсия Русия ба масъалаи асосии ба инсон муҳим – саломатӣ бештар диққат медиҳад, чунки саломати инсон гавҳари ноёб ба ҳисоб меравад. Бинобар қобилияти баланди касбӣ, ӯ барандаи машҳури телевизионӣ дар Федератсияи Русия ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ман наметавонам бо гуфтаҳои ӯ вобаста ба изҳороти президент Э. Раҳмон оид ба ғалаба кардан бар зидди сироятёбӣ аз коронавирус розӣ шавам. Шубҳаи ӯ нисбати вазъи ин уфунат дар кишварамон беасос буда, заминаи воқеӣ надорад.

Аввалан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар дар бораи бо пуррагӣ барҳам додани додани КОВИД-19 дар Тоҷикистон изҳорот надода, танҳо диққати ҳозиринро ба он ҷалб намуданд, ки ба туфайли чораандишиҳои бомаврид Ҳукумати кишвар, меҳнати фидокорона ва кордонии баланди мутахассисони соҳаи тиб аз аввали соли 2021 дар ҷумҳурӣ ягон ҳолатӣ сироятёбӣ ба короновирус ба қайд гирифта нашудааст. Дуюм ин, ки доктор Мясников бинобар мутахассиси соҳаи бемориҳои дарунӣ ва кардиолог будан маълумоти пураро вобаста ба ҳолати эпидемиявии кишвари мо надорад.

Бо масъалаҳои пайдоиш, паҳншавӣ ва барҳам додани бемориҳои сироятӣ мутахассисони соҳаи инфектология: эпидемиологҳо, микробиологҳо ва вирусологҳо машғул мешаванд. Маҳз онҳо ба вазъи эпидемиологӣ баҳои фаврӣ дода, бо таҳлили паҳншавии беморӣ дар мавзеъҳо ва гурӯҳҳои гуногуни синнусолию  иҷтимоии аҳолӣ сару кор доранд. Мутахассисони ин соҳа моделҳои ҷараёни эпидемиологии ин ва ё он уфунат, аз ҷумла сирояти вируси мазкурро дар минтақаҳои гуногун, ки  фарқияти демографӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва ғайраро доранд, тартиб медиҳанд ва ин бевосита ба сатҳи гирифторшавӣ ба беморӣ таъсири худро мерасонад.

Вобаста ба ин, ҳамчун мутахассиси соҳаи инфектология мехостам хотиррасон намоям, ки 33,9% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони то 25-сола ташкил медиҳанд. Тақрибан, ҳамин теъдоди  аҳолии кишвар ба синну соли аз 25 то 40-сола рост меояд, ки дар умум ин 70%-и аҳолии ҷумҳуриамонро ташкил медиҳанд. Бо назардошти далеҳои мавҷуда  аз он ки шумораи зиёди ҷавонон ва кӯдакон намуди ниҳонии бемориро аз сар мегузаронанд ва ҳамчунин дар шахсони синни то 40-сола, намуди сабуки клиникии бемории COVID-19 мушоҳида мешавад, мо метавонем гуем, ки алҳол дар байни  аҳолии ҷумҳуриамон масунияти коллективӣ ва ё оммавӣ пайдо шудааст, Аз ин рӯ, авҷи навбатии ин уфунат эҳтимолияти ниҳоят кам дорад.

Суол: Дар расонаҳо зуд-зуд маълумот дар бораи пайдоиши сулолаи нави генетикии коронавирус, яъне ангезандаи КОВИД-19 (SARS-Cov-21) ба назар мерасад. Пайдоиш ва паҳншавии чунин сулолаҳои вируси мазкур то кадом андоза метавонанд хатаровар бошанд?

Саидбек Сатторов:  Дар бораи пайдоиши сулолаи нави генетикии вирус SARS-Cov-2 олимони бритонӣ дар моҳи декабри соли 2020 хабар дода буданд. Баъдтар маълумот оид ба ташаккулёбии сулолаҳои генетикии  навъи “африқои ҷанубӣ” ва “бразилӣ”-и коронавирус пайдо шуданд. Вобаста ба ин, бояд қайд кард, ки тағйирпазириҳои босуръати генетикӣ барои ҳамаи вирусҳои КРН-дор хос мебошад.

Намудтҳои нави коронавируси COVID-19 дар марҳилаи  мутобиқшавии онҳо дар бадани одам метавонад пайдо шавад ва инро наметавон ғайриоддӣ номид. Метавон вируси зукомро мисол овард. Аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шудааст, ки  ҳар эпидемияи зуком (грипп) бо  тағйирпазирии ҷузъӣ нишондиҳандаҳои генетикии ангезанда (масалан вируси зукоми навъи А) анҷом ёбад ва он “дрейфи антигенӣ” ном гирифтааст. Бо сабаби он, ки бештар шакли миёнаи клиникии зуком вомехурад, ба гузаронидани назорати доимии молекулавию-генетикии вируси он зарурияти зиёд нест. Аз ин рӯ ба андешаи ман, агар назорати доимӣ бурда шавад, пайдоиши вариантҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйир ёфтаи  вируси зукоми А дар қиёс ба вируси КОВИД-19, яъне SARS-Cov-2 метавонад нисбатан зиёдтар ба қайд гирифта шавад.

Аз тарафи дигар хусусиятҳои генетикии организми инсон ва барангезандагони бемориҳои сироятӣ дар ҷараёнгирӣ ва оқибати чунин бемориҳо аҳамияти зиёдро дорад. Ҳоло тамоюли генетикии  одам нисбати бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ илман тасдиқ шудааст. Маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятидошта нисбат ба КОВИД-19, ки дар як муддати кӯтоҳ  ба даст оварда шуд, бори дигар аз алоқамандии тарафайни нишондодҳои генетикии бадани одам ва вирус шаҳодат медиҳад.

Бо ақидаи олимони Аврупо ва Амрико, навъҳои нави генетикии вируси КОВИД-19, аз ҷумла  “варианти бритонӣ” қобилияти ниҳоят босуръати тез паҳн шуданро доранд, ки бо ин хусусият, аз навъи аввалаи худ фарқ менкунанд. Вале маълумоти аниқ дар бораи он, ки сироятёбӣ бо ин навъи коронавирус, боиси ҷараёнгирии намудҳои вазнини бемории коронавирусӣ ва ё фавти беморон мегардад, вуҷуд надорад.

Суол: Масъалаи дигари мубраму ҷавобталаб, ки аҳолии ҳамаи кишварҳои дунёро ба ташвиш овардааст, ин то кадом андоза пурсамар ва бехатар будани ваксинаҳои зидди КОВИД-19 мебошад. Оё тағйиротҳои генетикии дохиливирусӣ метавонанд ба натиҷаҳои ташхис ва ваксинакунонӣ таъсири худро расонанд?

Саидбек Сатторов:  Аввалан, ба даст овардани худи ваксинаи зидди COVID-19 ин омили асосиест, ки дар якҷоягӣ бо усулҳои муфиди ташхисӣ ва риояи қоидаҳои профилактикӣ ба мо имконияти зери назорат қарор додани  пандемияро фароҳам меоварад. Бо ин назардош,т дар заминаи марказҳои бонуфузи илмию-тадқиқотии мамлакатҳо, аз ҷумла дар Русия, ИМА, Чин ва дигар кишварҳои мутарақии ҷаҳон пас аз истеҳсоли ваксинаҳо ваксинакунонии аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Мо метавонем дар бораи натиҷабахшии ваксинаҳои коркардшуда ва истифодашаванда хулосабарорӣ кунем. Мутобиқи нишондодҳои тадқиқоти иммунологҳои ин кишварҳо, қариб ҳамаи намудҳои ваксинаҳои коркардшуда самаранокӣ ва бехатарии баландро нишон медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳолатҳои алоҳида пайдоиши масунияти ноустувору суст ва оқибатҳои ногувор ҳангоми ваксинакунонии бар зидди бемориҳои гуногуни уфунатҳои бактериявию вирусӣ мушоҳида карда мешавад. Чунин натиҷаҳо ва оризаҳо метавонанд ба сифати ваксинаҳо ва ё ҳолати физиологии бадани инсон алоқаманд бошад.

Доир ба эҳтимолияти таъсири ғайричашмдошти вирусҳои мубталои мутатсия  метавон ба маълумотҳои ҳамкасбони мо аз Федератсияи  Русия  такя кард. Мутобиқи иттилои мутахасисони Роспотребнадзор, тағйирпазирии  (модификасияи) ночизи  генетикии вирус, ба ҷараёни ташхис ва ваксинатсияи зидди ин уфунат  таъсири ҷиддӣ  намерасонад.

Дар хотима, бори дигар мехоҳам диққати шаҳрвандони ҷумҳуриамонро ба гуфтаҳои  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кунам, ки гуфтааст: Ҳарчанд  имрӯз Тоҷикистон дар вазъияти бе  КОВИД -19 қарор  дорад,  вале ин  маънои онро надорад, ки мо  нисбати саломатии худ ва атрофиён фориғболона рафтор намуда, бепарвоӣ зоҳир кунем, баръакс, чун  аввала ҳушёриро аз  даст надода, қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъиян риоя ва ҳамдигарро  эҳтиёт кунем.

Маълумотнома:

Саидбек Сатторов, д.и.т., профессор, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино.

Саидбек Сатторов хатмкардаи факултети санитарию гигиении Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Харков (Украина) буда, рисолаи номзади илми тибро дар заминаи Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии микробиология ва эпидемиологияи ба номи Гамалея (Маскав, ФР) амалӣ намуда, дар назди Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Габричевскийи  ҳамин шаҳр ҳимоя кардааст. Рисолаи доктори илми тибро дар заминаи Пажуҳишгоҳи тибби эксперименталӣ (Санкт-Петербург, ФР) амалӣ ва дар назди Пажуҳишгоҳи тибби ҳарбии ҳамин шаҳр иҷро кардааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here