Шоираи Раҳимҷон — рӯзноманигор, шоир ва таронанависи машҳур, оҳангсоз. Муаллифи ду маҷмуаи шеърӣ бо номи «Нахустин номаҳои дард» ва «Вопасин номаҳои дард». Садҳо оҳангу таронаҳояш аз ҷониби сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ суруда шудаанд.

 — Сараввал сипос, ки вақти пурқиммати хешро дареғ надоштед ва суҳбат бо бандаро қабул кардед. Мехостам аз он суолро шуруъ намоям, ки чӣ гуна пайдо шуд ин истеъдоди фавқулодда? Чӣ гуна ҳис кардед, ки дорои ин гуна истеъдодед ва аввалин шеърҳоятон кай буданд?

— Вақте дар синфи чаҳорум мехондам, 10 сол доштам, шеъри аввалинамро дар як рӯзи зебои баҳор, барои як «парасту» навиштам. Дар худам пеш аз гуфтани ин шеър эҳсос кардам, ки гӯё калимаҳо бо қофия дар зеҳнам падид меоянд ва ҳис намекардам, ки ин шеър аст. Баъдан ҳамин тавр шеърҳои такрор ба такрор. Баъд аз шеъри «парасту» боз шеъри «очаҷони ҷонона» ва ҳамин тавр шеърҳои кӯдакона. Баъди даҳсолагӣ эътироф кардам, ки ин истеъдодро Худованди якто ба ман арзонӣ доштааст. Шукрона мекунам, ки дорои чунин истеъдоде ҳастам, ки муаррифигари чеҳраи камина аст.

— Чун Шоираро эътироф карданд, атрофи ҳамкориҳо бо сарояндагон ҳарф бизанем. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки бо сарояндагон ҳамкории зич доред. Чӣ гуна шуруъ шуд ин ҳамкориҳо?

— Аввалин ҳамкорие, ки бо сарояндагон шуруъ кардам, ин болои як таронаи устоди шодравон Нигина Рауфова буд, ки тақрибан солҳои 1995-1996 бо оҳанги пешниҳоднамудаи Фарҳоди Одина, ки таронаи маъруфу мондагор аст, бо номи «Ваъдаатро интизорум, Ту биё ба хонаи ман»… Ин аввалин ҳамкориҳо буд, ки болои як таронаи дигар шеър бинависам, аммо ба гуфтани оҳанг ва эҷоди оҳанг, вақте дубора баъди танаффуси тӯлонӣ ба кор омадам баъди тавлиди писаронам, чанд вақт бо Матлуба Раҳимова ҳамкорӣ доштем, тавассути телефон ҳарф мезадем ва дили ман чанд вақт пеш барои ин духтарак ин таронаро замзама карда буд:

Сари роҳи дардҳо биншинам, ай дӯст,

Ман туро бо чашми дил мебинам, ай дӯст.

Ва ин таронаи «Зиндагӣ» таронае буд, ки маро ба ҳайси оҳангсоз миёни ҷомеа муаррифӣ кард. Ҳам шеър ва ҳам оҳанг моли банда аст.

— Чуноне медонем, шумо муаллифи ду маҷмуаи шеърӣ бо номи «Нахустин номаҳои дард» ва «Вопасин номаҳои дард» ҳастед. Чаро ин гуна номгузорӣ кардед? Дар китоби дуввум вопасин дардҳоро гуфтан хостед?

— Китоби нахустини ман соли 2003 интишор шудааст, бо номи «Нахустин номаҳои дард» ва китобро худам номгузорӣ кардам. Пешниҳоди модарам буд, ки китобро «Дарди ишқ » номгузорӣ кунем, аммо ман бо ин ном китобҳо, саҳнаҳо ва ҳатто филмҳоро вохӯрда будам ва хостам як номи фавқулодда бошад, ки пеш аз ҳама ифодагари олами ботинии худам бошад. Чун саропо он ҷо шеърҳои пур аз дард буданд, барояш ин номро гузоштам.

Китоби дуввум соли 2013 интишор шуд. Онро ҳам худам ном гузоштам, «Вопасин номаҳои дард», ба он нияте, ки вопасин дардҳо бошанд ва баъд аз ин аз шодӣ гуфта бошем ва таронаҳои танини шодидор бигӯем. Айни замон китобе, ки дасти таҳриру таҳия аст ва дар арафаи чоп аст, инро ҳам худам ном гузоштам, «Номаи дигар». Чун ҳама фикр мекарданд, ки баъди «Вопасин номаҳои дард» ман дигар шеъру таронаҳое, ки муҳтавои ғаму дард дошта бошанд, намегӯям, аммо зиндагӣ бе дард намешавад. Шоир агар дард надошта бошад, эҷод карда наметавонад ва ин шеърҳо низ пур аз дарданд. Аксаран шеърҳое, ки баъди реҳлати модар эҷод кардаам, ҷой доранд. «Номаи дигар» — боз ҳам номае, ки дард дорад, ба наздикӣ пешкаши ҳаводорони шеърам хоҳад шуд.

— Дар баробари пешкаши китоб, боз диски овозии онро низ пешниҳод мекунед. Идеяи кӣ буд ва чӣ натиҷа дод?

— Идеяи пешниҳоди диск дар дохили китоб идеяи худам буд. Ҳамеша кореро мекунам, ки дилам мехоҳад. Хеле аз ҷониби шунавандагони дохиливу хориҷӣ гарм истиқбол шуд. Дар китоби сеюм, яъне «Номаи дигар» низ боз ҳатман диски бо муҳтавои бойтару ғанитар пешниҳоди ҳаводорон хоҳам кард.

— Дар як шеъратон бо ғурур ифодаи «гурба ҳам шеъре «мияв» гуфт»ро истифода бурдаед. Ба назари шумо ҳамчун шоира, хонандаи имрӯз ин ташбеҳро қабул дорад?

— Ман аз ин ҷо меравам,

Ҳо

Шеър мебояд зи нав гуфт.

Шеър гуфтан, шер будан,

Гурба ҳам шеъре«мияв«гуфт.

Манзур, зарфият дар аксари шеърҳои имрӯз аст ва ҳаргиз кибр нест. Як ҳолат аст. Шояд вақте ин шеърро гуфтам, аз ҷониби касе, ки воқеан ҳам сухани бикр нагуфтааст ва ба иззати нафси ман нарасидааст, ҳатман яъне чизе таъсир расонидааст, чун ман ҳеҷ гоҳ бе таъсир ҳарферо намезанам.

Хонандаи имрӯз ин ташбеҳро қабул дорад ё на, дар зеҳни ман нест, чун ман ҳар чизе мегӯям, он чӣ ки дили ман мехоҳад, мегӯям ва ҳаргиз пушти он нестам, ки касе шеъри маро қабул кунад ё накунад, зеро ҳадафнок шеър гуфтан ғалат аст. Шоира агар дарди худашро ҳамон тавре, ки эҳсос мекунад, баён бидорад, ҳатман хонандаи худашро пайдо мекунад.

— Аз ашъоратон муҳтавои ҳаҷру хиёнат ва ҷудоӣ бараъло ба назар мерасад ва то ҷое огаҳем, дар зиндагӣ бо ҳамсафари ҳаёт бархӯрд ва моҷароҳо доштед, ки ба ҷудоӣ кашид. Айни замон шоираи писандидаи мо чӣ ҳолу ҳавое доранд?

— Барои ҳамсафари ҳаётам, падари фарзандонам бисёр кам шеър гуфтам. Шояд ду ё се шеър. Вақте арӯсак будаму дар сар тоқии арӯсӣ доштам, падари фарзандонам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Чун нахустин марде буд дар зиндагӣ, ки ман ҳамаи иффати занонаамро сар карда аз аввалин бӯса, аввалин оғӯш бахшида будам, шояд ба хотири ҳамон буд, ки як вобастагӣ доштам. Вақте ба муҳоҷират рафтанд, чанд шеъраки фироқ гуфтаам, мисоли:

Меравӣ аз ман умеди зиндагӣ,

Ноумедам менамоӣ оқибат.

То ба ин аҳвол одат мекунам,

Худ расам то боргоҳи охират.

Ин дарди ҷудоие, ки дар аксари шеърҳои ман ба назар мерасад, чуноне ки худи шумо ҳам қайд кардед, натиҷаи дарди танҳо як нафар аст, ки албатта он эҳсосот аз байн рафтаанд, вале шеърҳо монданд, Худоро шукр.

Айни замон бо фарзандонам зиндагии хушҳолу хубу роҳат дорам ва аз танҳоии худам лаззат мебарам, ки дар канорам нафаре нест, ки озодии маро аз ман бигирад. Як муҳити озоду пур аз тарабе, ки худам дар муҳити хонадонам сохтам, хушбахтам, ки касе он ҷо ворид нест ва бо он ҳама андешаҳои сирф хурофотӣ, ки аксари мардони тоҷик доранд, наметавонад озодии маро аз ман бигирад. Танҳоӣ барои ман беҳтар аст.

— Ишқ аз нигоҳи Шоира?

— Дар як шеърам гуфтаам, ки:

Ишқ охир он набуда,

Чатр кобӣ вақти борон.

Ҳарфи изҳораш ту гӯӣ,

Сатр аз як шеъри борон.

Ишқ гулҳои тайи хокмонда,

Зилдилаи навмедиро,

Ончунон берун кардан,

Онқадар бо як таваҷҷуҳ,

Донаи барги варо,

Беасар аз гард охир дар амон берун кардан,

Ишқ бадро аз гумон берун кардан.

Чуноне медонем, бар асари бемории КОВИД-19 бисёр азизон аз байн рафтанд ва шумо яке аз гирифторони ин вабо будед ва пайи ин беморӣ модарро аз даст додед. Ин дардро чӣ гуна таҳаммул кардед?

— Суолест, ки ҷигарамро ба сӯзиш медарорад, вуҷудамро такон медиҳад. Ҳанӯз ҳам ба худ наомадаам баъди ин фоҷеа. Дар умри начандон тӯлонӣ дардҳои зиёдро дидаам ва медонам, ки кадом дард чӣ андоза сӯзиш дорад, аммо ҳеҷ дард, ҳатто шикасти бахт, ки ман бо он рӯ ба рӯ шудаам, ба андозаи дарди аз даст додани модар баробар намешудааст. Дардашро бо ҳеҷ дарде шабоҳат наметавон дод ва аз ҳама ҷойи бадаш ин аст, ки ба гуфти нафароне, ки пеш модар гум кардаанд, ин дард то вопасин нафас домони одамро раҳо намекардааст, яъне дарди сахти бемодарӣ. Чун дар худ таҷриба кардам, дуо мекунам, ки ҳамаи модарон болои сари фарзандон зинда бошанд.

— Ашъоре ҳаст, ки ба дасти хонанда нарасида ва ин имконро барои муаррифии он китоб истифода мебаред?

— Китобе, ки дар арафаи интишор аст, пур аз шеърҳои наванд ва паҳлуҳои дигари зиндагии Шоираро боз мекунанд. Шеърҳое ҳастанд, ки дар ҳар мавзуъ, хусусан шеърҳои иҷтимоӣ дар ин китоб бештар ҳастанд, ки аксари шеърҳоро ҳатто дар саҳифаи фейсбукии худам нагузоштаам, то ба кулли ҳаводорони шеърам як сурпройз бошад.

— Таманниёти шумо ба ихлосмандони шеъратон чист?

— Таманно мекунам, ки дасташон ҳеҷ гоҳ аз домони шеър раҳо набошад, ҳарчанд дар замони душворе зиндагӣ дорем, ки дигар шеър кам ба дарди инсон мехӯрад. Худо кунад, ки ихлосмандони шеъри ман ҳамеша домонгири шеъри ман бошанд ва ҳеҷ гоҳ дасташон аз шеъри ман раҳо нагардад.

— Сипоси зиёд барои як суҳбати хубу самимӣ!

Мусоҳиб: Муниса МАНСУРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here