Аз замоне, ки ҳикояҳои Чеховро дар тарҷумаи Шумо мехонам, онҳоро аз беҳтарин тарҷумаи осори ин адиби оламшумул ёфтам. Чун пештар ҳам чанд ҳикояи ӯро дар тарҷума ба тоҷикӣ хонда будам. Тарҷумонӣ ин шуғли шумост, ё ба истилоҳ ҳоббӣ?
—На, ман тарҷумон нестам, ҳарчанд ки аз ин соҳа начандон дурам. Ман аслан рӯзноманигорам, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии пойтахт дар ҳамин ришта ва ин пешаро воқеъан дӯст медорам. Аммо пеш омадааст, ки гоҳе пажуҳиш кунам аз забону адаби форсии модариямон, гоҳе ҳам ҳикояе нависам ва гоҳе ҳам асареро тарҷума ё таҳия кунам. Нахустин бор солҳои 1980 рисолаеро бо номи «Сайри олами шоҳмот» аз русӣ тарҷума карда будам, ки онро нашриёти «Адиб» (соли 1989) чоп кард. Аз ин пештар, айёми донишҷӯӣ чанд ҳикояи удабои шарқию ғарбиро ҳам аз русӣ тарҷума карда будам ва дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» чоп шуданд. Ҳоло ин бор — кори тарҷумаи достонҳои хурди Антон Чехуф, аз он корҳои пешин тафовут дорад, муҳити маънавии мо пас аз соҳибистиқлолӣ тағйири мусоид кард, хеле пеш рафт, таҳаввулот пеши назарҳо бармалост — ба ҳар таълифу тасниф талабот дигар шуд, соҳибқаламони тирози аввали мо дигар саъй мекунанд, ки аз паҳлуи шиорҳои авомфиребонаи «содда навишт», «ба забони халқ навишт», «фаҳмо навишт» убур кунанду баробари ибрози афкору андешаву ҳиками хеш, ҳамчунин, фарру шукуҳи порсии оламшумули моро ба намоиш бигузоранд ва дур нест, ки бо пайгирӣ ба ин раванди классикӣ, форсӣ ҳамчунон мазҳари аслии илму адабу фарҳанги муштоқони ҷаҳонияш дар сарзамини мо устувор бигардад. Барои ҳамин ҳам, вақте бо дархости рӯзноманигори хушному машҳури мо, дӯсту бародарам, Бобоҷони Шафеъ (барои сомонаи эшон) ҳикояти «Ванка»-ро аз Антон Чехуф саъй ба тарҷума кардам, онгоҳ пай бурдам, ки мо бо адиби ҷаҳоние дар радифи бузургадибони хеш — ҳамчун Байҳақӣ, Унсурулмаолӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Саъдӣ ё Убайдуллоҳи Зоконӣ сару кор дорем, адибе, ки ҳарфу суханаш санҷида, дар қолиби муҳками маънию мантиқ, бо фасоҳату балоғату шевоӣ дунёи розу ниёзи ҷомеъаи худро қаламдод кардааст. Чехуф аз батни ҷомеъа сар бардошта буд ва муаммоҳои аслии ҷомеъаро ба хубӣ пай мебурд, ӯ ҳам пизишк буд, ҳам адиб буд ва ҳам ҳаким ва адабу ҳикмати русӣ ва ҳам адаби пешрафтаи ғарбиро ба хубӣ омухта буд, аз ин рӯ, навиштааш ба қалбҳо кора кард, ӯ адиби ҷаҳонӣ гашт, муосиронаш ба вай «Пушкини айём» унвон доданд, барои он ки ҳусну ҷамоли забони модарии худро бар камолу бар ҷалолаш ойинадорӣ кард.
То ҷойе медонам осори тарҷумашуда аз классикони адабиёти ҷаҳон ба қалами шумо дар шакли китоб чоп нашудааст. Аммо ҳоло ин навид, ки 50 ҳикояи Чехов дар тарҷумаи Шумо дар дасти чоп аст. Чӣ Шуморо водор кард, ки даст ба ин иқдом занед?
—Тақрибан посух додам ба ин пурсиш. Ҳоло мо дар як дуроҳаи буҳронии наву куҳна қарор дорем — нав, яъне кӯшишҳое аз сӯи як зумра қаламкашони бедору фарҳехта, ки дар Варорӯд аз пайи васли форсӣ камари ҳиммат бастаанд ва иморати рехтаи забони модарии моро дар инҷо бар асари бедодгарию харобкории наздик ба як асри султаи болшвекӣ саъйи тармим доранд, саъй аст, ки форсӣ ҳамчунон дар имтидоди ҳазор сол забони дарӣ (дарборӣ, ашрофӣ, расмӣ, илму фарҳангӣ)-и як паҳнои муъаззаме аз Вароруд то Хуросону Эрону Ҳинду Қафқозу Рум буд, дубора ҷонпайванди ақвоми сарзаминҳоямон, ҳадди ақал сарзаминҳои бародаронамон дар Осиёи Миёнаву Афғонистону Эрон гардад. Барои таҳаққуқи ин амри хайр вазифаи умдае дар пеши рӯ дорем: бояд дар ҳар амре — дар сиёсату илму адаб, аз ҷумла дар тарҷума ҳам аркони муқаддаси забони ҷаҳониямонро пос дорем, ҳамчунон, бигӯему бинависем, ки Балъамиҳову Рӯдакиҳову Низомииарузиҳову Шоҳонисирҳову Анвариҳои мо гуфта омаданд ва гуфторашон маншаи ибрату манбаи илҳои ҷаҳониёни порсигӯ то ин дам ҳаст. Дар ин пайванд, осори тарҷумашудаи даврони шӯравии мо бо ҳамон қолиби «хоҷагии қишлоқу», «чорвои калони шохдор» омадааст, ҳарчанд ки осори намуна дар ин замина вуҷуд дорад, аммо хеле кам. Аз ҷумла Чехуф, ки ғолибан осорашро саҳлу сабуку обакӣ тарҷума кардаанд, ба ҳадде ки бархе аз он таълифотро агар дубора русӣ гардонем, хандадору ифтизоҳ менамоянд. Ин буд ман саъй ба тарҷумаи чанд ҳикояи ин адиб кардам ва дар пешгуфтори ин китоб ёдрас шудааст, миннатдорам аз силсилаи дӯстонам ки дар ин ҷодда ҳар гоҳе ташвиқам мекарданд.
Вақте тарҷумаҳои Шуморо мехондам, ҳатто тасаввур мекардам, ки то куҷо бароятон осон набуд онҳоро баргардон карданд. Чун маъмулан Чехуф гӯишҳои мардумиро устокорона ба кор мебарад ва баъзе аз ин гӯишҳо шояд ҳоло миёни русҳо нестанд. Баъзе ҳастанду шояд ба ҷуз соҳибзабонҳо дигарон камтар ба маънои он расанд. Дар вақти тарҷумаи ин гуна ибораҳо чӣ мекардед? Кадом маъхазҳоро истифода мебурдед?
— Пурсиши аҷиб. Чехуф воқеъан муъҷаз, шоирона ва пур аз ибҳому истиора сухан мегӯяд, дар нигоштааш ҳарфу ҳиҷои зиёдатӣ тақрибан нест. Ман нахуст тарҷумаҳои тоҷикиро мурур кардам. Сипас то ҷое дастрасам буд, ба намунаҳои форсии Чехуф (чопи Теҳрон) ошно шудам. Зимнан, дар Эрони имрӯз даҳҳо намуна аз осори Чехуфро адибону тарҷумонҳои гуногун тарҷума кардаанд, куллиёти Чехуф, гумонам нуҳ ҷилд, бо баргардони Суруж Истепаниён, ба зевари чоп кашида шудааст. Мо дар амри тарҷумаи осори бузургони ҷаҳон хеле ақибмондаем.
Ва дар рафти кор ростӣ, фарҳангҳо беҳтарин ёварам буданд, бештар фарҳанги инглисӣ ба форсӣ. Вақте дар мемондам, пайдо намекардам мафҳуми матраҳшуда дар силки чехуфиро, ин фарҳанг ба додам мерасид.
То кунун асарҳои зиёди классикони адабиёти рус ба тоҷикӣ баргардон шуда, вале шоҳасарҳое аз қалами тарҷумонҳои мо берун монда.
Чаро Тоҷикистон дар тарҷумаи осори бузургони адабиёти рус ва ҷаҳон ақиб мемонад? Тарҷумон надорем ё шавқу завқ?
— Бале, ин нукта ёдрас шуд, шоҳкорҳои ҷаҳон ҳанӯз кам тарҷума шудаанд ба кириллии тоҷикӣ; барои он ақиб мемонем, ки ниҳодҳои умдаи кишвар, вазоратҳову дигар бунёдҳои расмӣ таъсири маҳсус надоранд. Кори баргардон тадбиру нақшаву назми дақиқи расмиеро тақозо мекунад ва ин кори басо муҳим аст. Дар Хилофати исломӣ, дар давраи Маъмун, ғолиби осори мутафаккирини румӣ ба арабӣ баргадон шуданд, дар даврони Оли Сомон ҳамчунин, осори гаронмояи ҳиндиву румиву арабӣ порсӣ шуданд; то ки ҳамдаму ҳампои замона шуд, мебояд аз ҳиссу фикри ҳамзамонон огоҳ бишуд!
Барои он ки як нафар кори тарҷумонӣ кунад, бояд пеш аз ҳама аз чӣ бархурдор бошад?
— Нахуст ба забони худ бояд мусаллат буд, ба он маъно ки умдатарин осори бузургони худиро мебояд фаро гирифт; баъд ба намунаи афзали осори тарҷумашуда мебояд шинос шуд, то дид ин тарҷумонҳо бо чи риволу сабку шигирде кори худро анҷом додаанд ва ниҳоятан донистани забонҳо, забонҳои хориҷӣ!
Ва суоли охир, ки берун аз мавзуи суҳбат аст: Шумо аввалин касе будед, ки Шарҳи комили Гулистони Саъдии бузургворро бо ҳуруфи кириллию бо форсии мовароуннаҳрӣ тайёр кардед ва он аллакай ду бор ҳам бо таҳриру такмил чоп шуд. Шунидам, ки Шарҳи Бӯстонро ҳам омода кардаед. Кай мехонда бошем?
— Оре, шояд яке аз корҳои умдаи банда таълифи ҳамин ду шарҳ буда бошад. Албатта, медонед, замони истибдоди урусболшвикҳо, мо аз мутолаъаи куллиёти бузургони адабамон маҳрум будем, осори инҳо номукаммал, ҳатто гоҳе ҳам бо таҳрифи қабеҳ мунташир мешуд. Аз ҷумла, дар ин фосила ҳич гоҳ матни комили «Гулистон» ё «Баҳористон» ба табъ насрасид, бадтар аз ин болшевик иҷоза намедод ҳатто аз Мавлоно исм бурда шавад. Иҷоза набуд, ки Мавлоноро Балхӣ гуфт, Шумо китоби муҳимми мо — Фарҳанги Забони Тоҷикӣ, соли 1969, чопи Маскавро бингаред, сартопо Мавлоноро Румӣ хитоб карда омадаанд. Ин амри сиёсат буд, ки тоҷик чию Мавлоно чӣ?! Ё бо фазоҳату қабоҳат Низомии Ганҷавиро дар китобҳои дарсиямон мехондем, ки дар Ганҷаи Озарбойҷон ба дунё омадааст; Озарбойҷон як вилояти Эрон буд он вақт. Аз ин рӯ, банда матни комили «Гулистон»-ро ба ҳамин манзур омодаи чоп кардам ва зимнан як шарҳе ҳам дар ҳошияи он барои умум пешкаш шуд, то хонандаи дуруфтода, як каме ҳам бошад, вориди ҷаҳони маънавии Шайхи олишаъни Шероз гардад. Акнун Шарҳи «Бӯстон»-и Саъдиро ҳам такмилу тамом кардам. «Гулистон» он вақт нахуст аз тариқи интишороти “Адиб” ба чоп расид…
Акнун навбати «Бӯстон», ба гуфтаи Ҳофиз:
Ҳама шаб дар интизорам, ки насими субҳгоҳӣ,
Ба паёми ошноӣ бинавозад ошноро…
Муҳим, ки китоб навишта шуд, ба умеди Худо, ҳатман рӯзе чоп хоҳад шуд.
Суҳбаторо Раҳима АЪЗАМ