“АНОДИЛ”

Ё сабаби тавлиди ин мусоҳиба

Аз Бахтиёри Зоир, акаи хубам, ки ҳамзамон журналисти ҳирфаӣ ва нуктасанҷ ҳастанд, китоби “Анодил”-и устод Шаҳобиддини Ҳақназарро дастрас кардам. “Анодил” дар худ рӯзгори аввал пурфоҷеаву пуртазод, пасон неку ороми як модари ҷавонро бо духтарчаи хурдсолаш қисса мекунад. Муваффақияти нависанда дар он аст, ки пас аз гирёнданҳои пай дар пай дар охир ба хонанда қаноатмандӣ, хушҳолӣ ва фазои “позитивӣ” ҳадя мекунад. Муаллиф хонандаи худро бо он хушҳол мекунад, ки дар қисмати интиҳоии асар ба Анодил ва модараш зиндагии шоиста ва арзандаро насиб мегардонад. Ин омил яке аз сабабҳои асосии бештар ба адабиёт рӯ овардани мардум мебошад.

Пас аз хондани китоб ба китобдода гуфтам, ки барои суҳбат кардан бо соҳибкитоб “через” кунанд. Хушбахтона, лутф карда, рақамҳои дастии муаллифи “Анодил”-ро ба ман доданд…

Инак, рақамҳо дар дасти ман ҳастанд.

Инак, назди телефони корӣ истодаам.

Инак, рақам мечинам.

Инак, гуд-гууд-гуууд…- аз гӯшӣ шунида мешавад.

Инак, аз он сӯ калимаи “лаббай” мебарояд.

Инак, мо пас аз саломуалейк, пурупос ва розигии устод Шаҳобиддини Ҳақназар замону макони суҳбатро муайян кардем.

Инак, мо омодагӣ мебинем ба мусоҳиба.

Инак, метавонем бигӯем, ки “Анодил” сабаби тавлиди як суҳбати хубе хоҳад шуд.

 

ДАВРИ АВВАЛ

Барои чӣ?

Аз “Шарқи озод” баромадам. Лаб-лаби соҳили “Душанбинка”қадам мепартоям. Қадамҳо паси ҳам монда мешаванд. Болои пули оҳанӣ марде қадам мезанад. Ба пул наздик мешавам. Аз зинапояҳо мефарояд. Наздик меоям. Табассум мекунам. Табассум мекунад. Ангуштҳо бо ҳам ваҳдат карда, дастҳои моро ба ваҳдат ва расидан ба ҳам даъват мекунанд. Ва аз ҳарду тараф дар як вақт садо мебарояд: Ассалому алейкум!

— Устод, ман аз ҳаёти Шумо якчанд порае пайдо кардам, ки дар зеҳн чанд “барои чӣ?”-е тавлид карданд ва бисёр хуб мешавад, агар аз онҳо оғоз кунем…

— Ҳар чӣ бошад, марҳамат, мо розӣ…

— Барои чӣ дер ба мактаб рафтед?

— Дастёрӣ момою бобоям шуда, нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр 9-сола шудам. Ва дар 9-солагиам ба мактаб рафтам.

— Барои чӣ ба мактаби олӣ дер дохил шудед?

— Пас аз мактаби миёна ман ба хизмати ҳарбӣ рафтам ва ин сабаби дертар дохил шуданам ба мактаби олӣ гардид.

— Барои чӣ дер оиладор шудед, яъне дар 31-солагиатон?

— Ман аз замони донишҷӯиям кор мекардам ва баҳонаи дер оиладор шуданам фурсати мувофиқ наёфтанам буд.

— Барои чӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон дер пазируфтанд?

— Одамӣ… Бепарвоӣ кардам ва вақте ба худ омадам, ки хеле дер шуда буд. Вале шукр, ки ҳамааш хуб шуд.

— Барои чӣ макони суҳбатро лаби соҳили “Душанбинка” интихоб кардед?

— Дар як озмун, ки бахшида ба 1150-солагии бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор гардида буд, иштирок карда будам. Дар болои пули “Зояндарӯд” бо ман, ки ҷойи аввалро дар бахши Рӯдакӣ гирифта будам, чанд хабарнигор мусоҳиба оростанд. Рӯд дар назарам руҳ надошт, шару шӯр дида намешуд. Гуфтам: “Чаро оби рӯд чунин аст?”. Гуфтанд: “Рӯди мурда аст”. Бисёр хостам ману Шумо дар соҳили рӯди зинда суҳбат дошта бошем.

Мо ҳамроҳи устод аз пули оҳанин то пули муқаррарӣ рафта, боз баргаштем ва инро метавон як давр унвон дод. Акнун қадамҳои нахустини даври дуввумро мегузорем.

 

ДАВРИ ДУВВУМ

Аввалину охирин маош

— Мо шунидем, ки Шумо аз радио маоши охиринатонро гирифтед ва ба нафақа баромадед ва боз медонем, ки дар ин бора сухани мегуфтанӣ доред, вале лутфан биёед нахуст аз маоши аввалинатон бигӯед…

— Подоши қалам болотар аз ҳама маошҳову мукофот аст. Ман хеле хушбахт ҳастам, ки то имрӯз аз нӯги қалам нон хӯрдам, хеле хушбахтам. Маоши аввалинамро, ки 75 сӯми русӣ буд, моҳи майи соли 1982 гирифта будам. Дар он замони донишҷӯйӣ ва муҷаррадӣ аз 75 сӯми русии гирифтаам 40 сӯмашро иҷорапулӣ додам ва 35 сӯми дигарашро ба рӯзгорам сарф кардам.

— Маоши охир…

— Ман аз радио баромадам, вале ҳамеша радио бо ман аст. Ҳамкорон, ёру дӯстон ва ҳама шиносу ношиносе, ки маҳз ба воситаи радио рӯ ба рӯ шуда будем, бароям азиз буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Аҷиб, ки маоши охиринро дар моҳи май гирифтам. Маоши охиринро ҳам мисли дигар маошҳо барои таъмини рӯзгор харҷ кардам.

— Наход, ки ягон вижагие надошта бошад?

— Фаромӯш кардам, як вижагиаш ҳамин, ки ба як нафар дӯсти наздикам ба унвони маоши охирин панҷ сомонӣ ҳамчун ёдгорӣ додам.

— Маоши охиринро гирифтан чӣ маъно дорад: нуқтаи фаъолияти эҷодӣ ё шикастагии руҳ ва ё дилмондагӣ аз оламу одам?

— Ҷавоби ман дар вариантҳои гуфтаи шумо нест. Бояд донист, ки одамӣ шабеҳи ҳамин оби равон аст, меояду меравад. Ҳоло вақташ меояд, ки шуморо ҳам ба нафақа гусел мекунанд, ин фоҷеа нест, балки қонуни табиат аст. Ман интизор доштам, ки баробари ба нафақа расиданам маро ҷавоб медиҳанд, аммо боз ду соли дигар ҳам кор кардам ва инак он фурсат фаро расид. Оё маоши охиринро гирифтан барои ман маънои хизмати дар наздам гузошташударо адо карда тавонистану ба истироҳат баромаданро дорад?! Зиндагӣ идома дорад…

Дуввум маротиба мо миёни ду пул қадам партофтем. Ҳоло бошад, дар оғози даври саввум қарор дорем.

 

ДАВРИ САВВУМ

Китоб

— Устод, пеш аз ин ҷо омадан аз ҳамкурси Шумо — Толибшоҳи Давлат дар бораатон чӣ чизи нав донистанашонро пурсидам. Бе фикри зиёдатӣ гуфтанд, ки “Шаҳобиддини Ҳақназар пеш аз ҳама як шахси китобдӯст ва китобдор ҳастанд”…

— Саломат бошанд! Албатта, дар замони донишҷӯйии мо ҳамроҳ хеле зиёд китоб мехондем ва ман ҳар китоберо, ки меёфтам, зуд хонда ба он тақриз менавиштам. Китоб ва ман бо ҳам пайванди ногусастанӣ дорем ва Худо кунад, ки ин ришта ҳаргиз канда нашавад. Зеро беҳтарин лаҳзаҳои умри ман ҳамон лаҳазоте ҳастанд, ки бо китобе гуфтугӯ мекунам.

— Ҳозир кадом китобро хонда истодаед?

— Айни ҳол ба мутолиаи китоби “Оташ дар хонаи қадим” машғулам.

— Барои китобхону китобдӯст шудани нафаре ҳатман саҳми як ё якчанд нафари дигар ҳаст. Мегуфтед, ки дар ин самт роҳнамои Шумо кӣ буд?

— Дуруст аст. Ҳамеша ва дар ҳама кор барои инсон роҳнамое лозим аст. Дар китобхону китобдӯст шудани ман саҳми модарам ва бародари калониам бисёр аст. Ва метавонам бигӯям, онҳо буданд, ки ман китобхон шудам.

— Устод, китобҳо хеле зиёданд ва умри мо барои хондани ҳама онҳо камӣ мекунад. Мегуфтед, ки аз ҳама беҳтару хубтар чӣ тавр бояд китобро интихоб карду хонд?

— Китоб роҳнамо аст, аммо ба шарте, ки он арзанда бошад. Имрӯзҳо ҳар рӯз китобҳои зиёд навиштаву нашр гардида истодаанд ва ин маънои онро надорад, ки мо ҳамаи онҳоро бояд ҳатман бихонем, зеро қисме аз онон бо китоб танҳо як умумият доранд, ки дар шакли китоб чоп шуданашон аст. Китобхон китобро бояд бо шавқу завқи худ интихоб кунад ва ба хубу муҳим будани он боварӣ дошта бошад. Ва ё бо тавсияи устодон амал кунад. Дар ин маврид бояд ба хотир овард, ки устод Бозор Собир гуфта буданд: “Мо вақте донишҷӯ будем, ҳар чизеро, ки пеш омад, хондем ва шахсе набуд, ки гӯяд,“инро хону онро нахон”.

— Дар ин бобат Шумо чӣ гуна будед ва ҳоло ҳастед?

— Ман ҳам қариб мисли устод Бозор Собир будам, яъне ҳар китоберо, ки меёфтам, мехондам. Фақат пулҳоямро ҷамъ карда, китоб мехаридам, вале бо гузашти солҳо ин камбудиямро хеле ислоҳ кардам ва то андозае китобҳои зарурӣ ва беҳтарро хондам.

— Имрӯз ба назар мерасад, ки ҳар нафари пулдор китоб чоп мекунад ва худро журналисту шоиру нависанда унвон медиҳад…

— Ман шуморо фаҳмидам, вале ҷомеа бе ин гуна таззод намешавад. Бубинед, дар замони Сайидо гӯё дар Насаф 500 шоир будааст, аммо вақт нишон дод, ки арзанда ва эҷодкори ҳақиқӣ танҳо Сайидо аст. Дар ҳоли ҳозир агарчӣ китобҳои нафарони зиёд чоп шаванд ҳам, на ҳамаашон лоиқи хондану эътироф ҳастанд. Шахсан худи ман ҳеҷ вақт намехостам китоб чоп кунам, зеро то имрӯз ба фикре ҳастам, ки навиштаҳои ман барои дар шакли китоб чоп кардану китоб унвон додан намеарзанд.

— Ба фикри Шумо агар дар ҳаётатон китоб ҷойгоҳи махсус намедошт, чӣ мешуд?

— Он замон бисёр як ҳолати бад буд. Китоб намешуд, ман нависанда намешудам. Китоб намешуд, ман радио намеомадам. Китоб намешуд, ману шумо вонамехӯрдем. Китоб намешуд, ман “ман” намешудам. Китоб намешуд, зиндагиам маъное надошт. Китоб намешуд, умр дар ҷоҳилият мегузашт.

Дар ин боб як-ду суоли дигар ҳам буд, вале роҳи миёни пулҳо ба охир расид ва инак мо маҷбур ҳастем, ки мавзуро дигар кунем, зеро даври сеюм тамом шуд. Мо қадамҳои аввали даври чорумро мегузорем.

 

ДАВРИ ЧАҲОРУМ

Қаламу сӯзан

— Чаро бо қалам шинос, дӯст, қарин ва рафиқи қиёматӣ шудед?

— Сабабҳо зиёданд, вале фикр мекунам аз ҳама ососаш ин аст, ки ман дил дорам. Ман чашм дорам. Ман зиндагии пур аз таззод дорам…

— Шумо пеш ё баъд аз навиштан фикри пул ва ҷоизаро мекунед?

— Асло барои ҳеҷ кадоме аз навиштаҳоям ин гуна фикр накардаам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки қалами ман бо дарди мардум ҳамнаво бошад ва аз дили ман сухан гӯяд ва калимаву ибораҳои ман таскиндиҳандаи дили ҷомеа бошанд.

— Шумо маҷбуран ё бо супориши касе болои варақ қалам меронед?

— Вақте ки ҷашну иду айём мешуд, ба ман супориш не, балки хоҳиш мекарданд, ки дар фалон мавзуъ фалон чиз нависед. Он дар сарам як бори вазнин мешаваду барои иҷрояш хеле азоб мекашам. Чунки ҳеҷ гоҳ ман маҷбуран чизе нанавиштаам ва барои навиштани ҳамон фалон чиз хеле кӯшиш мекунам, то ки ангезаамро пайдо кунам.

— Чӣ ё чиҳо ангезаи Шумо шуда метавонанд?

— Ҳикматҳои халқӣ ё суханони бузургон.

— Дар кадом вақт менависед: шаб ё рӯз?

— Бештар шаб менависам. Зеро дар шаб пеш аз ҳама оромӣ, танҳоӣ, мусиқӣ ва ғайраҳоро соҳиб ҳастӣ.

— Қалам метавонад ба Шумо бадӣ кунад?

— Ҳар нафаре, ки дар борааш чизе навиштанро хоҳиш кунад, ба ман бисёр мушкил аст. Чунин супоришҳо бо азоб иншо мешаванд. Аммо гоҳо маводҳои хуб ҳам ба миён меоянд.

— Дар ҳоли ҳозир бо қувваи қалам аробаи зиндагиро кашидан имкон дорад?

— Дар ҳоле, ки қалам мегиряд, чӣ тавр метавон ба қувваи он бовар кард, ки қудрати таъмини зиндагии шоистаро ба мо медиҳад?

— Вақте ки касбатон қудрати таъмини шоиста зистанатонро надорад, чӣ гуна худро таскин медиҳед?

— Агар эҷодкор аз ҳама ҷиҳат таъмин бошаду зиндагии осоишта ва бемушкилиро сипарӣ намояд, вай ҳеҷ гоҳ муваффақ намешавад. Мегӯянд, ки қарздорон дари Балзакро мекӯфтанд ва ӯ дарро қулф карда, эҷод мекард, то пулҳои мардумро баргардонад.

— Устод, то охири ин давр як чизи дигарро мепусам: қаламу сӯзан бо ҳам чӣ умумият доранд?

— Қаламу сӯзан бо ҳам тавъаманд. Яке ҳама ҷоро мепӯшонаду худаш урён мемонад, дигаре аз ғами дигарон мегӯяду худро фаромӯш мекунад, қурбон месозад.

 

ДАВРИ ПАНҶУМ

Аз ҳар зовия

— Устод, мо барои чӣ ба дунё омадаем?

— Барои худро дарёфтан, кашф кардан, ба мардум хидмат намудан…

— Зиндагӣ, яъне чӣ?

— Омадан, як чиз мондан ва рафтан.

— Мо, яъне кӣ?

— Мо, яъне мардуми содадил. Мо, яъне мардуми зудбовар. Мо, яъне ба ҳама меҳрубон. Мо, яъне садоқатманд. Мо, яъне… Вале гоҳо моро истифода бурда, мепартоянд.

— Радио…

— Радио ба ман ишқ, муҳаббат, обрӯ дод. Радио маро ба мардум муаррифӣ кард. Радио сабаб шуд, ки ҳамсари ҳаётиамро пайдо кунам. Радио маро ба ман шиносонд.

— Ва сухани охирин…

— Оқибати ҳама касу кор ба хайр бошад!

 

АНҶОМ

Мо бо устод Шаҳобиддини Ҳақназар панҷ давр миёни ду пул роҳ гаштем ва аз ину он суҳбат кардем. Худо кунад, ки ба чунин суҳбатҳо боз баргардем…

 

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here