Аълочии телевизион ва радиои ИҶШС, аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви ИНТ, рӯзноманигор ва нависанда, Равшан Замир ба синни мубораки 73 расид.
Ба ин муносибат бо эшон сӯҳбате ороста, перомуни рӯзгор, осор ва муҳити адабӣ ҳарф задем. Ин шаммае аз он суҳбати дилнишин аст, ки манзури шумо хонандагони арҷманд мегардонем.
Устод, пеш аз ҳама Шуморо бо 73-юмин солгарди умр шодбош мегӯем…
-Сипос. Маро хеле хурсанд кардед. Илоҳо Шумо ҳам ба синну соли мо расед.
Чӣ боис гашт, ки тахаллуси адабии “Равшан Замир”-ро интихоб кардед?
-Рӯзе маро ба ҳукумати вилоят даъват карда, хоҳиш намуданд, ки мақолае нависам. Навиштам ва таҳрир намуда, ба хулосае омадам, ки номашро “Равшанзамир” монам. Зеро ба муҳтавои мақола мутобиқат мекард ва хислати қаҳрамонро возеҳтар менамуд. Пас аз нашри он фикре ба сар зад, ки бояд ин номро ҳамчун тахаллус интихоб намоям. Ҳамин тавр, аз нашри аввалин маҷмӯаам Равшан Замир номи дуюмини ман гардид. Ногуфта намонад, ки номи аслиам Мирзоғанӣ Валиев аст, барои дӯстон ҳамту-Мирзо.
Соҳаи биологияро хатм кардед, вале корро аз филология шурӯъ намудед…
-Ман дипломи “химия-биология”-ро гирифтаам ва маълумоти агрономӣ низ дорам. Аммо дар ин соҳа фаъолият нанамудаам. Сари мо дар соҳаи филология сафед шудааст.
Аслан, ба ин ҷода рӯй овардани мо сабаби худро дорад. Ҳангоми дар курси сеюм таҳсил намудан, чанд мақола навишта ба редаксияи “Маҳорати педагогӣ” супоридам. Матлабҳоям ба сармуҳаррир писанд омад ва он кас тавсия доданд, ки бештар нависам. Ин маро руҳбаланд намуд ва ба эҷод дилгарм кард.
Минбаъд, натанҳо бо ин нашрия, балки бо нашрияҳои вилоятӣ низ ҳамкорӣ мекардам. Фаъолияти минбаъдаам бо васоити ахбори омма пайванд гардид.
То сардори хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят таъин шудан хабарнигор, муҳаррир, сармуҳаррир будед. Тай кардани ин роҳ чӣ душвориҳо дошт?
-Пас аз хатми донишгоҳ бо хоҳиши кумитаи вилоятии ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” фиристода шудам. Аммо як сол фаъолият накарда, ба сафи Армияи Шӯравӣ пайвастам ва то соли 1972 хидмати аскарӣ намудам. Дар давоми хидмати Ватан-Модарро адо намудан, вазифаи хабарнигории рӯзномаи округи ҳарбии Забайкалие-“На боевом посту”-ро низ ба уҳда доштам.
Баъди анҷоми хидмати аскарӣ ба Тоҷикистон баргашта, мухбири махсуси рӯзномаи ҷумҳуриявии “Комсомоли Тоҷикистон” дар вилояти Ленинобод таъин шудам. Аз соли 1975 то соли 1992 дар кумитаи телевизион ва радиои вилоят ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири калон ва сармуҳаррир фаъолият намудам. Қариб як сол дар ҳукумати вилоят низ кор кардам. Пасон сардори хадамоти матбуотии он таъин карданд.
Албатта, дар сари ҳар кор мушкилиҳои беҳисоб ҳаст, ки онҳоро бояд бартараф кард. Бе ин намешавад. Аммо мушкилӣ гуногун аст ва бо он муносати махсус мебояд намуд. Ҳамчунин, ҳастанд нафароне, ки як корро сад кор мекунанд, яъне халал мерасонанд.
Чун сари вазифаи раиси кумитаи телевизион ва радиои вилоят омадед, ин соҳаро дар кадом ҳол дарёфтед ва чӣ корҳое дар ин самт ба сомон расонидед?
-Тавре дар боло зикр намудам, ягон кор ё коргоҳ бе камбудӣ ва мушкилӣ намешавад. Чун роҳбари ин ниҳод таъйин шудем, онро дар вазъияти начандон хуб дарёфтем. Коре, ки аз дастамон омад, ба сомон расонидем ва каму беш ин ҷоро обод намудем.
Бузургтарин амале, ки дар ин ҷода ба анҷом расонидем, ин инъикоси ҳаматарафаи кори Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Қасри Арбоб” буд, ки ҳеҷ аз хотирам намеравад. Аввалин хабари нишотовари мо аз кори иҷлосияи сарнавиштсоз “Арбоб бо ҷаҳон гап мезанад” ном дошт. Баъдан дар ин бобат “Қасри Арбоб ва иҷлосияи тақдирсоз” ном ёддошт ҳам навиштам…
Сари вазифаи раиси кумитаи телевизион ва радиои вилоят бошад бисёр наистодам. Ба бахши суғдии иттифоқи нависандагон, нашрияи ноҳиявии “Бо роҳи Ленинӣ”, шаҳрии “Тирози ҷаҳон” ва ҳизбии “Минбари халқ” гузашта, то соли 2011, яъне то ба нафақа баромадан фаъолият намудам.
Муаллифи беш аз 15 маҷмӯаи ҳикояву повест ҳастед, вале “Пари дар киштичаи гул” ном повести Шумо бештар дар байни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст…
-Асоси ин повестро хабаре ташкил медиҳад, ки онро нафаре бароям фиристода буд. Боқӣ, тамоми асар-сужетҳо, қаҳрамонҳо маҳсули андеша ва бофтаи хаёлии ман аст. Шояд бархе воқеаҳо ба ҳаёти нафаре монандӣ дошта бошад, ба ин шубҳа надорам. Зеро “бофтаи хаёлӣ” гуфтан маънои онро надорад, ки асар сирф фантастикӣ аст.
“Пари дар киштичаи гул” ном гузоштани повест низ бесабаб нест. Чунки он хонандаро ба фикр кардан водор месозад. Худи қаҳрамони марказии асар Манучеҳри Мирзо, ки дар оянда прокурор мешавад, ҷавони ботамкин, боирода, аммо каме хаёлӣ аст. Маҳз маслиҳати устодон имкон медиҳад, ки ӯ ба кӯи муроду мақсад мерасад.
Аз сафари худ ба кишварҳои Эрону Туркия, Сурияву Ироқ, Ӯрдуну Арабистони Саудӣ қисса мекардед. Чун пас аз бозгашт се сафарнома ба табъ расонидед…
-Аз тарафи фонде, ки мутаассифона, номаш дар ёдам намондааст, ба сафар баромадем. Ба шаҳрҳои Маккаву Мадина низ ташриф оварда, фаризаи Ҳаҷро низ ба ҷо овардем. Дар гуруҳи мо 15-20 нафар намояндагони синну сол ва касбу кори гуногун буданд. Мо бо як хатти сайр ба ин кишварҳо сафар намуда, бо ҳамон масир бозпас баргаштем.
Пас аз бозгашт, аз дидаву шунидаҳо бардошт карда, се сафарномаи комил офаридем. Инҳо: “Аз Хуҷанд то Макка”, “Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман” ва “Нур аз дур”. Тавре устод Мирзо Турсунзода замоне гуфта буданд:
Рӯи олам дидан, одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Зимни сафар бо муҳаққиқ Азизи Давлатободӣ, нахустин мураттиби “Куллиёт”-и Шайх Камоли Хуҷандӣ шинос шудем ва эшонро ба Тоҷикистони офтобрӯя даъват намудем. Соли сипаригашта, дар таҷлили 750 -солагии ин шоири ғазалсаро иштирок намуданд ва бо ҳам суҳбати муфиде доштем.
Ба китобҳоятон бузургоне чун Муҳиддин Хоҷазод, Шамсӣ Собир, Додоҷон Раҷабӣ пешгуфтор навиштаанд. Муносибати Шумо бо эшон дар кадом сатҳ қарор дошт?
-Мо бо ҳам дӯсту бародар будем. Сари як пиёла чой сарҷамъ шуда, суҳбат меоростем. Навиштаҳои ҳамдигарро мехондем, бурду бохташро мегуфтем, таҳрир менамудем. Ногуфта намонад, ки бо бузургоне чун Раҳим Ҷалил, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Қурбон Алӣ, Файзулло Атохӯҷаев, Карим Шариф, Саиднабӣ Наҷимӣ низ рафту омад доштем. Аз аҳволи ҳамдигар бохабар мешудем. Ҳоло моҳе як маротиба бо ҳам вомехӯрем. Бори охир адиб Аюби Кенҷа бояд ош мекард, мутаассифона, ба мавқуф гузошта шуд…
Аз насли ҷавон бештар бо Шодӣ Ҳасани Шарифниё, ки шогирди банда ҳаст ва ӯро дар радифи докторҳои илмҳои филологӣ медонанд, муносибати дӯстона доштему дорем. Адиб бояд бо адиб робита дошта бошад. Зеро “як сар беҳ, ду сар беҳтар” гуфтаанд. Маслиҳату машварат қадри одамро кам ва ё мартабаашро паст намекунад-ку охир!?
Устод Раҳим Ҷалил Шуморо ба хотири шахси серғайрат будан шӯхиомез “девкор” меномидаанд. Аз дафтари хотираҳо дар ин бобат каме қисса мекардед…
-Устод марди ҳақиқӣ ва самимӣ буданд. Кӯмаки хешро аз касе дареғ намедоштанд. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор маслиҳату машварат медоданд, моро ислоҳ менамуданд. Дар ёд дорам, рӯзе наздашон даромада, овозашонро дар дастгоҳ сабт кардани хостам. Устод бо ҷиддият гуфтанд: Метарсед, ки пас аз ман хазинаи радио беовоз мемонад?
Бо вуҷуди истодагарӣ, суҳбатамонро дар 11 лента сабт намуда, ба хазина супоридам. Минбаъд, дар ҳама ҷо гуфтаву шунидаҳоро бевосита дар дафтарча қайд менамудам.
Барандаи ду ҷоизаи адабӣ ҳастед. Аммо ҷоизаи беҳтарин ин баҳои хонанда аст. Боре шудааст, ки барои офаридани ин ё он асар изҳори сипос карда бошанд?
-Ҳам бо почта, ҳам бо телефон ва ҳатто тариқи рӯзнома “меҳрнома” менавиштанд. Бархе “Чаро рӯзгори маро навиштед?” ё “Кӣ ба шумо ин сирро фош кард” гӯён даъво ҳам мекарданд, бехабар аз он ки адиб мавзӯъро на аз осмон, балки аз замин мегирад.
Шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, дӯстон, пайвандон низ таҳният менамуданд. Онҳое, ки қобилияти нақд карданро доштанд, бурду бохти асарро ёфта баҳо медоданд.
Ин ҷо Шумо аз ҷоиза ёдовар шудед. Ман барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷи Содиқ ва Раҳим Ҷалил ҳастам. Ҳамчунин, дорандаи нишони сарисинагии “Сухан” мебошам. Вале, тавре ки зикр кардед, ҳамон арзи сипосу шикояти хонанда беҳтарин ҷоиза аст. Зеро аз ҳар яки онҳо чизи наве барои худ кашф мекунам, меомӯзам, мефаҳмам…
Нависандае, ки ҳам худро ва ҳам хонандаро эҳтиром мекунад, бояд ҳамеша омӯзад. Вазъи замонро дарк кунад, завқи хонандаро мушаххас созад ва тибқи он эҷод намояд. Аммо набояд фаромӯш кунад, ки асар барои як насл нест, он барои ҷовидона аст…
Чанд сол боз узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастед. Саҳми Шумо ҳамчун адиб аз чӣ иборат аст?
-Ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тараннуми Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромиву осудагиро мекунем.
Ман чандин кишварҳоро сайр намудам, вазъи ҷаҳонро дидам, нодидаҳоро омӯхтам. Бовар кунед, чизе ба қадри осоиштагӣ намерасад. Вақте шумо нафаси озод мекашед, беҳтарин лаҳзаи зиндагиатон ҳамон аст. Мо-адибон, дар асарҳоямон бояд ин неъматҳоро васф кунем, арзиши беназири онҳоро таҷассум созем. Зеро нависандаҳоро низ дар баробари рӯзноманигорон “гӯшу ҳуши ҷомеа” мегӯянд.
Шебу фарози зиндагӣ, фоҷеаи рӯзгор, қисмати инсон мавзӯи асосии осори Шумост. Чӣ боис гашта, ки маҳз ба ҳамин мавзӯъҳо рӯ оваред?
-Бештар асарҳои адибони ғарбро мехонам. Хоса, Марк Твен, Даниел Дефо ва дигарон. Ҳамчунин, хондани новеллаҳои ҳиндӣ, туркӣ, чехӣ, русӣ ва ғайраро дӯст медорам. Маҳз мутолиаи ин асарҳо дар вуҷуди ман як эҳсоси наҷиберо бедор мекунад.
Барои офаридани асари хуб рӯзгорро мушоҳида кардан ва эҳсос намудан лозим аст. Адибе, ки байни мардум намегардад, ба дарди онҳо намехӯрад,адиб буда наметавонад. Ӯ бояд ҳама паҳлӯи ҳаёт, ҷанбаҳои неку бад, дарду доғи ҷомеаро омӯзад. Диду назари хоса дошта бошад, сараро аз носара ҷудо карда тавонад. Муҳимтар аз ҳама, вазни суханашро донад ва кӯшиш кунад, ки онро аз даст надиҳад.
Имрӯз ба чӣ кор шуғл меварзед?
-Хоҷагии деҳқонӣ дорам. Боғпарварӣ мекунам. Умуман, ба корҳои саҳроӣ шавқи беандоза дорам. Дар вақтҳои холигӣ ба навиштани ҳикояву тарона ва новелла машғул мешавам. Ҳарчанд мехоҳам, ки асарҳои калон нависам, аммо вазъи саломатӣ имкон намедиҳад.
Аз 73 баҳори рафтаи умри хеш розӣ ҳастед?
Бояд ин суолро аввал медодед. Зеро дар фарҷом чизе намонд, ки ногуфта бошам. Албатта, аз рӯзгоре, ки доштам, розӣ ҳастам. Чун онро бозпас гардонида намешавад. Ба қавле, он “миссия”-е ки доштем, гумон мекунам, ба анҷом расонидем.
Ташаккур, ки таклифи моро қабул кардед ва тӯли ин соат суҳбати хубе оростед. Бори дигар милодрӯз муборак. Боварӣ дорем, ки ин суҳбати охирон нахоҳад буд…
-Бошеду бошем. Ҳамчун хотира китоби тозанашри “Ишқи моҳтобӣ” ба Шумо туҳфа. Хонед, бо дунёи ишқу муҳаббат ошно шавед ва тараннумгари меҳру садоқат гардед.
Ба ҳайати эҷодии ҳафтаномаи хонданӣ-“Самак” ва дӯстдорони он барору комёбӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорем. Ба пеш, шербачаҳо!
Суҳбаторо:
Амони МУҲАММАД,
Душанбе-Хуҷанд—Душанбе