Ё подоши заҳмати чилсолаку?

 Зодрӯзи ӯ моҳи июн аст. Ба синни 70 мерасад. Қариб чоряк аср. Нисфи умраш рафта…

…Саиднабӣ Наҷимӣ, шояд на ҳар кас ин номро шиносад. Зеро ИНТ беш аз 500 аъзо дорад. Аммо дар доираи адабии Суғд аксарият ба маҳорати нигорандагии ӯ қоил мондаанд. Ҳам нависанда, ҳам шоир. Рӯзноманигор ва мусаҳҳеҳ. Ба қавле, марде саропо ҳунар.

…Бори аввал 8 соат суҳбат кардем. Ногуфтаҳоро гуфтем. Дарди дил холӣ намудем. Бо вуҷуди ин, бо истиҳола буд. Баъзе лаҳзаро умумӣ, баъзе шахсро типпӣ мекард. Маълум буд, ки ба рӯйи касе давидан, ба иззати нафсе расидан намехост. Шояд хотирбинӣ менамуд. Ё кадом некиро пеши назар меовард…

Сад оҳи як роҳ

Тӯли 40 сол дар нашрияи Ҳақиқати Ленинобод”, ки ҳоло Ҳақиқати Суғд” ном дорад, фаъолият доштед. Дилгиркунанда нест, 40 сол дар як ҷой кор кардан?

-Агар одам ба ягон касб меҳр дошта бошад, бо вуҷуди душворӣ ба он шуғл меварзад. Ҳамкории ман бо газета аз замони мактабхонӣ оғоз ёфт. Хабару мақола менавиштам. Фаъолияти меҳнатиро бошад дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” шурӯъ кардам. Маро муваққатан ба ҳайси мусаҳҳеҳ-корректор ба кор қабул намуданд. Вале, чунон ки маълум гашт, вазифаи муваққатӣ қариб ҳашт соли расо идома ёфт. Масъулияти мо хеле зиёд буд. То саҳар кор мекардем. Аммо лому мим намегуфтем. Бо маоши 115 сӯм, ки барои нафарони оиладор хеле ночиз буд, қаноат менамудем. Гоҳо зану фарзандро як тараф монда, нашри рӯзномаро дар ҷои аввал мегузоштем. Чунин тарзи корро иддае садоқат ба касб мепиндоштанд, иддае зулми роҳбарият. Албатта, ба касбу кори хеш ҳамеша содиқ будем, аммо андешаи дуюм низ ҷон дошт. Зеро як нафарро 8 сол бо суханҳои умедворкунанда фирефтан “зулми ширин” аст.

Пас, бо ин ҳама мушкилот боре нияти ба кори дигар гузаштанро накардед?

-Сабр мекардам, тоқат менамудам. Муҳаррир ваъда медод, албатта, бовар мекардам. Маҳз ҳамин хислат буд, ки маро ба ҳайси мухбир ба шуъбаи хоҷагии қишлоқ гузарониданд. Аммо чӣ гунае, ки пасон маълум шуд, ин тасмим беҳуда ё худ “дастгирӣ” набудааст. Ман дар як маврид ҳам ба ҳайси мухбир ва ҳам ба сифати мусаҳҳеҳ меҳнат мекардаам. Ба ин “шарт” ҳам розӣ шудам, корро дар ду баст идома додам. Аҷаб рӯзгоре буд…

Яъне, вазъият аз буда ҳам бадтар шуд…?

-Тақдирамон ҳамин будааст. “Доимо яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр”,-мегӯянд. Пас аз чанд моҳи фаъолияти дуҷониба аз баҳри якеаш гузаштем. Аз вазифаи барандаи шумора сар карда, то мудири шуъбаву котиби масъул расидем. Дар ҳамон давра ҳам буданд “рӯзноманигор”-оне, ки маводашон комилан “сиёҳ” буд. Дар чунин мавридҳо маҷбур мешудем, ки онҳоро таҳрир накарда, аз сари нав нависем. Бо чунин ранҷ кашиданҳо, ҷонфидоиҳо 40 сол як боргоҳро обод намудем.

Дар солҳои охири фаъолият дар нашрияи “Ҳақиқати Ленинобод” воқеае рух дод, ки зиндагии Шуморо комилан тағйир дод

-Ба ёд овардани он воқеа бароям хеле душвор аст. Зеро меҳнати маро қадр накарданд. Фаъолияти дурудароз ва заҳмати шабонарӯзӣ боис гашт, ки якбора бемор шудам. Вақте варақаи корношоямиро бурдам, маълум шуд, ки сармуҳаррирро озод кардаанд. Ба ҷойи ӯ ҷӯраи давраи ҷавониамро таъйин кардаанд, ки аз фаъолияти ман огаҳӣ дошт. Бадии корро бинед, ки сармуҳаррир пеш аз рафтан вазифаи маро “банд” карда будааст. Маҷбур шудам, ки аз тарафи редаксия ба рухсатии меҳнатии бемузди яксола бароям. Чашм напӯшида, як сол ҳам зуд гузашт. Ба редаксия омадам, ки ҷой ҳоло ҳам “банд”…

Хушбахтона, рӯзе бо раиси бахши суғдии ИНТ, шоир Аҳмадҷони Раҳматзод вохӯрдам. Мавсуф аз саргузашти ман сахт афсӯс хӯрда, барои дастгирӣ ба иттифоқ даъват кард. Чанд сол ба ҳайси муҳаррир, мусаҳҳеҳ фаъолият бурда, дар охир ба нафақа баромадам. Бадии корро бинед, ки ҳамон амали сармуҳаррир ба нафақа ҳам зарари ҷиддӣ расонид. Меҳнати чилсола ба сифр баробар шудагӣ барин, мисли коргари одӣ нафақа мегирам.

Аслан, байни Шумо ва сармуҳаррир ягон нофаҳмие шуда буд?

-Фикр мекунам, ки натанҳо ба ӯ, балки ба дигарон низ аз ман ҳеҷ бадие нарасидааст. Баръакс, некиҳое, ки кардаам, шояд касе накарда бошад. Худамро таъриф намекунам, аммо ин ҳақиқат аст.

Масалан, замоне ба як ҷавон ним воҳиди кориамро дода будам. То дафтарчаи меҳнатӣ кушоянд, дасташ чанд пайсаро бинад, кораш авҷу барор гирад. Имрӯз бинед, ки он кас шахси “вазнин” шуда, дар самти маориф фаъолият мебаранд. Ҳатто аз чӣ сабаб бошад, намедонам, ба сӯи мо санги маломат ҳаво медиҳанд…

Имрӯз ҳам муносибати мо хеле бад аст. Қариб ба ягон ҷамъомад даъват намекунанд. Ақаллан боре суроғам наменамоянд. Гӯё ман барояшон вуҷуд надошта бошам.

То ҷое огоҳем, гӯё Шумо ҳоло ҳам дар “рӯйхати сиёҳи ин нашрия қарор доред. Дер нашр шудани тақриз ба китоби наватон — “Шикасти ғурур” далели ин гуфтаҳост!?

-Аз забони чанд шиносу ношинос ҳам шунидаам. Акнун одамро фаҳмидан душвор. Чанд маротиба мавод пешниҳод кардам, ё гум шуд, ё гум карданд, инаш бароям норӯшан. Ба ҳар як корманди ин боргоҳ мадад расонидаам, ягон сухани онҳоро рад накардаам. Ҳатто бахшида ба 60-солагии нашрия аз комбинати шир маҳсулоти зиёд оварда будам. Ба рӯзи хурсандии ҳар кадомаш шодишарик шуда, кори аз дастам меомадаро кардаам. Аммо коре, ки онҳо карданд, шояд ягон инсони комил накунад…

Зимнан, қиссаи мактуби сиёҳи ҳафт “зиёӣ алайҳи Шумо хеле шӯру валвала андохта буд

-Вақте маро даъват карда, бо муҳтавои мактуб шинос намуданд, аз ҳайрат шах шудам. Зеро дар он маро чунон сиёҳ карда буданд… Гӯё мактуб нею “варақаи аъмол”-ам буд. Бадии корро бинед, ки зери он шиносҳо, шогирдҳо, намакхӯрдаҳо имзо карда буданд. Бо вуҷуди он, дар муҳокима мактубро беасос ва туҳмати маҳз хонда, бекор карданд. Баъди чанд вақт маълум шуд, ки ин корро як ҳамкорамон бо супориши сармуҳаррир ташкил карда, имзоҳоро бо роҳи таҳдид гирифта будааст.

Ҳоло маро дар кӯча бинанд, рӯй гардонида мегузаранд. Онҳоро кайҳо бахшидаам. Ҳозир ҳам бе ҳеҷ дастовез ба дидорам биёянд, бо дасту дили кушод ба оғӯш мегирам.

Шумо тӯли дувоздаҳ сол ҳамчун шахси ниёзманд дар “Рӯйхати хона” будаед. Аммо бо чанд сабаб, аниқтараш бо дахолати сармуҳаррир ба он соҳиб нашудед

-Дуруст гуфтед. Ин воқеаро батафсил дар “Шикасти ғурур” ном қиссаам нақл кардаам. Ин гап то ба иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ расид. Аммо редаксияро парвои касе набуд. Дар ин миён чанд нафар, аз ҷумла худи сармуҳаррир соҳиби хона шуд, мо аз рӯйхат мондем. Аммо аз ин як бурд кардам, чеҳраи аслии бисёриҳоро дидам, дурӯяҳоро шинохтам. Ҳатто дар ин бобат, дар як ҳафтаномаи мустақил “дарднома”-е ба нашр расонидам. Афсӯс, ки душман боз ғолиб омада, “обро лой карда”, корро тахт кард…

Соли 2012 ба узвияти ИНТ шомил шудед, ки он замон 61 сол доштед. Дар ҳоле, ки қабул ба узвиятро то синни 55 солагӣ мегӯянд, шуморо чӣ гуна пазируфтанд?

-Ду бор барои узвият ҳуҷҷат пешниҳод кардам, лек бо сабабҳои номаълум гум шуд. Ба гумонам, дар ин кор ҳам дасти душманонам буд…

Бо кӯшиши раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод ба узвият пазируфтанд. Инро бояд дар 50-солагиам мегирифтам. Аммо туҳфаи хубе барои 60-солагиам шуд. Барои дастгирӣ устодон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Абдуфаттоҳ Кулолӣ низ рафта буданд. Дар вазъияти тантанавӣ, аммо бе ҳузури мо варақаи узвиятро супориданд.

Шуморо ба хотири собиқаи чилсолаи рӯзноманигорӣ ба узвияти Иттифоқи журналистон пазируфтанд ё омили дигаре ҳам буд?

-Шояд. Аммо он муносибате, ки дар редаксия бо ман карданд, иттифоқ низ мекунад. Ақаллан ба рӯзи матбуоти тоҷик даъват намекунанд. Соли 2011 ҷашни 60-солагиамро таҷлил намудем. Туҳфа ё гул он тараф истад, ақаллан ягон намояндаашон наомад. Барои ман аз онҳо чизе даркор нест. Шукр, чор фарзанд дорам, маро таъмин мекунанд. Ақаллан як занг мезаданд ё паёмак мефиристоданд, аз шодӣ сарам ба осмон мерасид. Афсӯс, ки на ин шуду на он. Умед дорам, ки ақаллан дар 70-солагиам қадр мекунанд.

Аз бурду бохти рӯзгор

-Нафаре, ки бори аввал маҳсули қаламатонро нашр карда, устод Қурбон Алӣ аст. Аз эшон чӣ хотирот доред?

-Маҳз мактуби сарсони аскари номаълум (“Шикасти ғурур”,- А.М.) буд, ки маро ба навиштани матлабе водор кард. Пеш аз нашри “танқиднома” рӯзе аз редаксия ба мактаб занг зада маро пурсон шуданд. Пас аз итмоми дарс бо дили пурҳарос ва ҳаяҷони беандоза ба редаксия равон шудам. Маро марди хушқаду қомат, биёед, писар, гузаред- гуфта, самимона пешвоз гирифт. Баъд андешаҳояшро доир ба матлаби навиштаам баён кард. Дар охир чанд тавсия дод.

Ҳамин тавр, бо нависанда ва рӯзноманигори хушсалиқа Қурбон Алӣ шинос шудем. Шиносоии мо ба дӯстӣ мубаддал гашт. Чанд сол дар “Ҳақиқат…” ҳам якҷоя кор кардем. Афсӯс, ки дар айёми ҷавонӣ аз дунё рафтанд. Равонашон шод бод!

Мегӯянд, ки устод Раҳим Ҷалил дар ҳама ҷо ҳомиву ҳодии Шумо будаанд…

-Рӯзе ҳамкорам Болтухон Хӯҷаев пурсиданд, ки то имрӯз чанд ҳикоя навиштаам. Посух додам, ки даҳ-дувоздаҳ адад бояд бошад. Баъд он кас боз пурсиданд, ки онҳоро ба устод Раҳим Ҷалил нишон додаам? Чун аз ман ҷавоби рад шуниданд, гуфтанд, ки “то навиштаатон аз зери қалами устод нагузарад, худро нависанда наҳисобед”!

Баъди ин суҳбат чанд ҳикояро гирифта, назди устод Раҳим Ҷалил равон шудам. Он кас маро хуш қабул карда, мақсади омаданамро пурсиданд. Чун фаҳмиданд, ки ҳикоя овардаам, як ба соати дастӣ назар карда, гуфтанд, ки монда равед, ҳатман мехонам. Пас аз ду рӯз Болтухон маро боз даъват карда гуфтанд, ки фавран назди устод равам.

Рафтам. Хайрият, ки худашон буданд. Ҳикояро нағз гуфта, таъриф карда монданд. Дар гӯшаи варақ “мешавад” гуфта, имзо гузоштанд, ки маънои ба чоп тавсияро дошт. Минбаъд дар ҳамаи ҷамъомадҳо устод Раҳим Ҷалил масъулонро вазифадор мекарданд, ки нахуст номи маро дар рӯйхат сабт кунанд…

Дарвоқеъ, саҳми Озод Аминзодаро дар фаъолияти адабии Шумо барҷаста медонанд

-Озод-апа барои мо — адибони ҷавони ҳамон замон аввалин устод ба ҳисоб мерафтанд. Маҳз бо кӯмаку ҳидоятҳои эшон бол бароварда, паррончак мешудем.

Он кас инсони хеле самимӣ, хоксор ва хеле дилкушод буданд. Ҷавононро дӯст медоштанд. Аз ҳар як муваффақияти онҳо хурсанд шуда, ёрии аз дасташон меомадаро мекарданд.

Бо кӯмаки эшон шеъру таронаву ҳикояҳоям дар “Ҳақиқати Ленинобод” ба табъ расид. Ба ин васила, ҳам маҳоратамро сайқал додаму ҳам ҳунарамро муаррифӣ намудам. Ҳамчунин, аз мактаби устод баҳра бардоштам, ки ҳоло ҳам бароям азизу муқаддас аст. Агар пурсанд, ки нахустустодат дар ҷодаи шеър кист? Мегӯям, ки: Озод Аминзода аст.

Се маротиба дар курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ иштирок намудед. Аз он чӣ хотира ва чӣ бардоштҳо доред?

-Бори аввал, зимни тақсимот ба гуруҳи нависанда, узви ИНТ Бурҳон Ғанӣ гузаштам. Устод ҳамаро хуш қабул карда, давоми як ҳафта бо мо кор карданд.

Пас аз анҷоми курс дар нашрияи “Маориф ва маданият” мақолаи хешро чоп карданд. Дар он устод навиштаи ҳамаи моро ба маҷмӯаи дастаҷамъона тавсия намуда буданд.

Дафъаи дуюми иштирок ба гуруҳи адабиётшиноси маъруф, устод Расул Ҳодизода ва дафъаи сеюм ба дастаи адиби фантастиканавис, устод Абдумалик Баҳорӣ гузаштам. Маҳз курс-конференсия боис гардид, ки бо Абдураҳмон Расулӣ, Бобоҷони Икром барин адибони ҷавон аз наздик шинос шудам.

Вақте маҷмӯаи ҳикояҳоям омода шуд, сарсухан лозим гашт. Зеро талабот чунин буд. Бо тавсияи устод Меҳмон Бахтӣ назди устод Абдумалик Баҳории “ҳамшаҳрӣ” рафтам. Он кас мақсади маро фаҳмида, давоми як шаб 15 ҳикояро хонда, сарсухан навиштанд. Маҳз дар ҳамин вақт ба инсони заминӣ ва хоксор будани устод боварӣ ҳосил кардам.

Саиднабӣ Наҷимӣ, муаллифи китобҳои “Умед”, “Ҷавлон”, Ҷабр”, “Раҳм”, “Армонҳои дил”, “Қуёфатулбашар”-ро ба ҳайси адиби бачагон мешиносанд

-Бештар барои кӯдакону наврасон менависам. Зеро дунёи онҳо хеле рангоранг аст. Завқи кӯдакро бояд фаҳмид, ӯро ҳаматарафа омӯхт. Дунёро бо чашми ӯ бояд нигарист. Пасон метавон чизи арзанда ва ҷолиберо барояш эҷод кард.

Бобои бадавлат ҳастам, соҳиби 14 набераам. Набераҳо манбаъи илҳоми ман ҳастанд. Ҳар як табассум, ҳар як ханда ва ҳатто ҳар як гирёи онҳо маро ба шӯру шавқ меорад. Зуд қалам ба даст мегираму аз пайи эҷод мешавам. Хонандаи нахустинам набераҳоям. Баҳои онҳо ин баҳои хонанда барин. Барояшон писанд шавад, шоду масрур мегардам.

Ду сол дар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” ба ҳайси меҳмон ширкат варзидам. Фестивал дар фазои хуби ташкилӣ баргузор шуд. Кӯдакони хушбахту хуштолеъ шеъру тарона, чистону афсона, ҳикоя қисса карданд.

Соли қаблӣ дар лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”-и барномаи USAID иштирок кардем, ки таассуроти ҷолибе дошт. Бо адибони бачагон — Ҷӯра Ҳошимӣ ва Азизи Азиз ошно шудем. Пас аз анҷоми лоиҳа чанд шеъру ҳикоя навиштем, ки дар нашрияҳои бачагона, аз қабили “Анбоз”, “Лочин” ва “Дурахшандагон” ба табъ расиданд.

Оилаи Наҷимовҳо ҳамчун оилаи намунавӣ дар шаҳри Хуҷанд шинохта шудааст. Имрӯз ин оила чӣ рӯзгоре дорад?

-Ду сол пеш оилаи моро намунавӣ гуфта, аз ҷониби ҳукумати шаҳр қадрдонӣ карданд. Ҳамчунин, барои сайёҳати дурӯза ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро роҳхат доданд.

Ҳамчун сарвари оила, ҳамаи фарзандҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудем. Ҳоло якеаш духтур, дигари иқтисодчӣ, сеюми соҳибкор, чоруми омӯзгор шуда хизмати халқро мекунад. Шукр мекунам, ки фарзандҳои солеҳу некӯро ба воя расонидам.

Дар оянда чӣ нақшаҳо доред ва ҳоло болои кадом асар кор карда истодаед?

-Албатта, шахси эҷодкор нақшаи тарҳрезишуда надорад. Ҳар гоҳе, ки илҳомаш ояд, қалам ба даст гирифта, аз пайи эҷод мешавад. Ҳоло болои романе кор карда истодаем. Он думуаллифа буда, бо ҳамроҳии адиб Юсуфи Насрулло рӯи кор омада истодааст. Ният ҳаст, ки то ҷашни 70-солагӣ ба итмом расонида, пешкаши хонандагон гардонем.

-Дар фарҷом чӣ гуфтание доред?

-Агар озмуне эълон кунанд, ки дорои номинаи инсони раҳмдилтарин, зудбовартарин ва рӯйхотирбинтарин бошад, бешак ман соҳиби Шоҳҷоиза мегардам. Зеро, ба гумонам, касе то ҳадди ман ҷабру ҷафо надидааст, ранҷу азоб накашидааст.

Ба дӯстон ва дӯстдорони каломи бадеъ хоҳони он ҳастам, ки ҳамеша саломат бошанд. Ба ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Самак” барори эҷод ва парвози баландро орзумандам.

Ташаккур, ки вақти қимати хешро дареғ надошта, таклифи моро қабул кардед. Дар фаъолияти минбаъда бароятон қалами сабз ва сари баландро таманно дорем!

Суҳбаторо: Амони МУҲАММАД,

Душанбе-ХуҷандДушанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here