Як навозиш, як оҳанг, як суруди форам ҳамеша ба кас ҳаловату фараҳ мебахшад ва дар ҳолатҳои мушкилтарини ҳаёт низ мо рӯ ба мусиқӣ меорем. Оҳанги хуб метавонад инсонро аз чоҳи ғӯссаву ғам раҳо созад ва ба руҳи хастаи шахс нерӯ зам намояд. Аммо танҳо ҳамон мусиқӣ ва ё суруде ба кас писанд мегардаду онро ҳамнабзи лаҳзаҳояш медонад, ки дорои мазмуни баланд бошад ва дар айни замон бо маҳорати хуб иҷро гардида бошад. Некрӯз Ниёзов, сароянда, оҳангсози ҷавон мехоҳад аз ҷумлаи санъаткороне бошад, ки фаъолияташ баёнгари гуфтаҳои боло бошанд. То куҷо ӯ дар ин мақсадаш ҷиддист, хоҳем фаҳмид.

— Некрӯз, дар ин гармии тобистон чӣ ҳол доред ва ба чӣ кор машғулед?

— Аввалан салом ба дӯстон ва онҳое, ки маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, шарҳ менависанд. Дар ибтидо барои онҳо изҳори сипоси худро мерасонам. Дар ҳамин гармии тобистон ман фақат дар студия ба кор машғулам. Қариб ду соли охир аст, ки вақтамро дар студия мегузаронам.

— То ҷое мо медонем, Шумо дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ қарор доред. Нафарони зиёд ҳам истеъдодатонро мепазиранд. Вале бо вуҷуди ин то ҳол суҳбате наоростаед. Сабаб чист?

— Ростӣ, бисёриҳо хоҳиш карданд, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шавам. Вале ман хоҳиши рафтанро накардам. Нарафтанам аз он сабаб буд, ки дар бисёр ҷойҳо чи хеле ки ҳозир озод гап мезанам, дар барномаҳои дигар ин тавр нест. Он ҷо дар оғоз, яъне пеш аз шуруъ шудани барнома ба мусоҳибадиҳанда мегӯянд, ки чӣ савол меояд ва бояд чӣ тавр ҷавоб дод. Яъне ба таври сохта. Аз ҳамин сабаб, ман ҳамеша ба чунин мусоҳибачиён ҷавоби рад медодам. Зеро чизи сохтаро намеписандам.

— Нафаре кайҳоннавард, дигаре омӯзгор ва саввумӣ шоир шуд. Ва барои ин ҳама шуданҳо ангезае буд. Некрӯзро чӣ водор сохт, ки риштаи зиндагии худро ба овозхонӣ бипайвандад?

— Ман аз оилаи санъаткор ҳастам ва машғул шуданамро ба санъат агар аз кӯдакӣ гӯям, дурӯғ мешавад. Ман камакак дер кардам. Вақтҳои пеш ман вақти худро беҳуда сарф мекардам. Фикрам ба хондан набуд. Ҳамеша ба беҳудагардӣ машғул будам. Вақте фаҳмидам, ки умрам беҳуда рафта истодаасту инсони бекор чун сояест беҳаракат, тасмим гирифтам соя набошам. Бо вуҷуди ин, аз синни 17-солагӣ дар роҳи санъат қадам ниҳодаму фаъолиятамро дар ин ҷода оғоз намудам. Пеш аз ин дар мактаб монанди дигар наврасон майлу рағбатамро варзиш ба худ ҷалб намуда буд. Вале баъдан дилам касби сарояндагиро интихоб кард. Дар аввал бо гуруҳҳои “Панҷ лайн” ва “Ҷирай” ҳамроҳ шуда, бисёр чизҳои навро дар бораи санъати овозхонӣ аз худ намудам. Дар ин самт амакҳоям ба ман кӯмак мекунанд. Ман як мақсад дорам. Мехоҳам номи падар, бобо ва худамро баланд бардорам. Дар зиндагиам намехоҳам, ки дар сатҳи паст ё дараҷаи олӣ, балки мехоҳам дар сатҳи миёна бошам.

— Баъзеҳо садоятонро ба шодравон Муборакшо монанд медонанд. Оё бо Муборакшо ягон робитаи хешутаборӣ доред?

— Бо он шахс ман ягон робитаи хешутаборӣ надорам. Дар вақтҳои пеш, чуноне ки дар боло зикр кардам, бо бисёр гуруҳҳо ҳамкорӣ мекардам. Дар он вақт ман Муборакшоро намешинохтам. Агар хато накунам, ҳангоме, ки онҳо сурудҳои Муборакшоро мехонданд ва ман барои онҳо менавохтам, дар як лаҳза чунин фикр ҳам доштам, ки ин сурудҳо аз худи онҳост. Ҳангоми хондан, ман ҳамеша матни шеърро зуд аз худ мекардам. Ва баъдан ба фикр фурӯ рафтам: «Ин шеърҳое, ки ман аз худ карда истодаам ва онҳо ба дараҷаи олӣ ба ман писанданд, аз они кӣ бошанд?». Баъдан фаҳмидам, ки он кас кист. Аз он лаҳза боз ҳам бисёртар шеърҳои он шахсро азёд мекардам ва мехондам. Аввалин шеъре, ки аз Муборакшо гӯш карда, меҳр баставу хондам, суруди “Акрамҷони сеторӣ” буд. Сипас чи хеле шуд, ки садояму кирдорам ба вай монанд гардид. Ба фикрам, шояд сабаби ба он шахс монанд шуданам бисёртар кофтуков кардан дар бораи ӯ бошад. Муборакшо санъаткоре буд, ки мисли ӯ дигар ягон кас намешавад. Сарояндаи нотакрор аст. Ман санъати худамро бо санъати шодравон оғоз намудам, сабки ман ҳам ҳамон хел шуд. Ман ӯро барои худ идеал интихоб кардам.

— Маҳсули эҷоди ҳар ҳунарманд суруду оҳангҳояш аст. Некрӯз ҳам дар ин миён суруду оҳанге эҷод кардааст?

— Бале. Ман ҳам оҳанг ва ҳам суруд эҷод намудаам. Лекин то ҳол сурудҳоям пухта нестанд. Оҳангҳоям пухта ва пешкаши шунавандагон ҳастанд. Ман шеър ҳам менависам, вале ба худам писанд нестанд. Барои ман шеърро яке аз пайвандонам — Шамил Давлатқадамов менависад. Вай танҳо барои ман не, балки барои бисёр сарояндаҳои дигар низ менависад. Бештар матни шеърро аз китоб мегирем. Зеро дар китоб шеърҳо маънии беҳаду каноре дорад. Чизи навиштаи мо умри зиёде намебинад. Чизи китоб ҳама вақт пухта аст.

— Нафароне ҳастанд, ки дар баробари касби асосияшон боз ба корҳои  иловагӣ машғуланд. Мо мехоҳем дар бораи шуғлҳои дигаратон донем…

— Пештар ман шуғли бисёр доштам, вале ҳоло не. Пеш ба соҳаи варзиш шавқи беандоза доштам, вале ҳоло фақат ба овозхонӣ машғулам. Бисёртар ҳамроҳи дӯстон суҳбат мекунам, аз онҳо маслиҳат мепурсам, ки чӣ кор кунам, кадом сурудро хонам. Онҳо ҳамеша дар ин кор ба ман кӯмак мекунанд. Ҳар як шахс табъи худро дорад. Дили ҳар яки мо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳар санъаткор бояд одаме бошад, ки завқу шавқи шунавандаро донад, то суруди месароидааш ба онҳо писанд ояд.

Ҳамкориҳо дар кадом сатҳ аст? Бо кадом ҳунармандон ҳамкорӣ доред?

— Солҳои охир бо бисёр сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунам. Махсусан бо Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Сита Қосимӣ. Одамони меҳрубону дилсофанд ва аз онҳо ман бисёр чизҳои дигарро омӯхтам.

— Аксарияти ҷавонон рӯ ба гитара овардаанд ва Некрӯзро ҳам бештари одамон бо ҳамин асбоб мешиносанд. Яъне гитара чӣ тафовут дорад аз дигар асбобҳо, ки нафарони зиёдеро ба худ мафтун гардонидааст?

— Дар Бадахшон ва кулли Тоҷикистон ба кадом ноҳия ё деҳае, ки меравед, ҳама гитара менавозанд. Гитара сабук асту асбобест, ки садои ширин дорад ва бо он ҳама чиз навохта мешавад. Барои ман аз он ҷиҳат ин асбоби мусиқӣ писанд аст, ки наворҳои Муборакшоро тамошо мекардам ва дар он ҷо вай фақат бо гитара суруд мехонд. Нафаре, ки садои ширин дошта бошад, бо як гитара метавонад ҷойи дигар навозандаҳоро гирад.

— Мазмуни шеър барои Шумо то кадом андоза муҳим аст?

— Мазмуни шеър барои ман бисёр ҳам муҳим аст. Вақтҳои пеш барои ман матни суруд он қадар муҳим набуд ва чи хеле ки дар забон рост мегирифт, хонда рафтам. Санъаткор бояд матни сурудро аз оҳанг дида дар ҷойи аввал гузорад. Диққати бештари шунавандаро низ матни суруд ба худ ҷалб мекунад. Дарахте, ки реша надорад, умри зиёд намебинад. Сухан ҳам ҳамин хел аст. Аз мушоҳидаи худам гуфта метавонам, ки бисёр сарояндаҳо ба сухан он қадар аҳамият намедиҳанд. Ман ҳам дар аввал аҳамият намедодам, баъзе сурудҳои худам низ бемаъниянд, бо гӯш карданаш чунин менамояд, чизи асосие, ки дар суруд бояд бошад, ба назар намерасад.

— Дар мавриди тақлидҳое, ки иҷро кардаед, чанд ҳарфе бигӯед.

— Ман суруди ҳар касро намехонам. Ба ғайр аз Муборакшо ва Далер Назар. Ман худам сурудҳои бисёр дорам, вале кам пешкаши шунаванда кардаам. Зеро ҳамаи сурудҳоям ҳоло пухта нестанд. Аз ин ду шахс аз он сабаб мехонам, ки матни сурудашон дар сатҳи олист ва дар дили ҳар шунаванда зуд ҷой гирифта метавонад.

— Некрӯзро бидуни гитара тасаввур кардан мумкин аст?

— Не. Ҳангоме, ки баъзе аз дӯстон наздам меоянд, дар зеҳнашон як савол пайдо мешавад: “Зиндагии ту барои худат дилгиркунанда нест? Дар синни ту бештари шахсон ба арӯсбозиву ба дигар нағмаҳо сарукор доранд, ту бошӣ шабу рӯз фақт машғули санъат ҳастӣ…”. Дар ҷавоб ман ҳазломез чунин ҷавоб медиҳам, ки «дар ҳоли ҳозир ҳамсари ман гитара аст».

— Дар анҷом чӣ ногуфтаҳо доред, ки гуфтан мехоҳед?

— Пеш аз ҳама, хурсанд аз онам, ки имрӯз бо шумо ҳамсуҳбат гардидам. Ва хурсандам, ки кору фаъолияти ман шуморо ҷалб намуд, ки имрӯз дар пеши ман ҳастед. Ин ба он маъност, ки зиндагии ман беҳуда нарафта истодааст. Ташаккур ба кулли онҳое, ки маро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Дар охир ба амаку модарам, ки ҳамеша бо ман ҳастанд ва кӯмаки худро дар ҳама ҳолат ба ман мерасонанд, изҳори сипоси беандозаи худро мерасонам.

 

Мусоҳибон:

Гулрӯ КАЛБОДОВА,

Шуҳрати АЛИМАРДОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here