Мусоҳиба бо вакили МН МО ҶТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Аҳмадов Мирзоанвар, ки дар асоси қарори Конференсияи акҷояи Комиҷроияҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон, ки санаи 6-уми январи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Урунхуҷаев №15 ба вакилӣ пешбарӣ шудааст. Дар интихоботи гузашта номзадии Мирзоанвар Аҳмадов дар асоси қарори Анҷумани VI -и ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ шуда буд.

Лутфан, дар бораи барномаи пешазинтихоботиатон маълумоти мухтасар диҳед.

— Барномаи пешазинтихоботии ман аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон бармеояд ва ҳадафҳои гуногунро дар бар мегирад.

Имрӯз раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои глобалӣ, ба монанди экстремизм, терроризм, буҳрони молиявӣ ва мушкилоти экологӣ, тағйирёбии иқлим, ки баъзан кишварҳои абарқудрат ба манфиатҳои худ истифода мебаранд, моро водор месозад, ки ҷиҳати эмин нигоҳ доштани давлат ва миллати хеш, тақвияти худшиносиии мардумамон талош варзем. Аз ин лиҳоз, дар Барномаи пешазинтихоботӣ масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, ноил гардидан ба пешрафтҳои сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ташаккули озодонаи ҳар як фард мавқеи хосаро ишғол менамоянд.

Дар Барнома ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Мо бояд шароити мусоиди зист барои фаъолияти пурсамари кишоварзон фароҳам оварем. Бо ин мақсад масъалаҳои такмили самтҳои сиёсати давлатии аграрӣ ва қонунгузории соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти аграрӣ ва замин, ташаккулёбии сохтори институтсионалии рушди иқтисодиёти деҳотва объектҳои инфрасохтори бозорӣ ҳалли худро ёбанд. Инчунин, дар доираи Барнома баррасии масъалаҳои пурра озод намудани соҳаи кишоварзӣ аз андозбандӣ ва манбаи баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то ба сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба инобат гирифта шудааст.

Барномаи интихоботии имсола аз пештара чӣ фарқ дорад?

— Ҳар як ҳизби сиёсӣ ва ё номзад Барномаи пешазинтихоботии худро дар асоси таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва дигар омилҳо, ки барои эътироф ва ҷонибдории мардум сазовор бошад, омода мекунад. Аз ин лиҳоз, Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ ва номзадҳои он аз Барномаи пештара куллан фарқ мекунад. Мехоҳам як қатор фарқиятҳоро номбар кунам:

— зарурияти дастгирии муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонии хурд ба хоҷагиҳои калонҳаҷм бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ;

— таҳкимбахшӣ ба корҳои касбомузӣ ва иттилоотӣ — фаҳмондадиҳӣ дар деҳот бо мақсади ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва тақвияти хоҷагидории биологӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ;

— тарғиби низоми пешрафтаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили кластерҳои агросаноатӣ, ташаккули брендҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани имиҷи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ;

— иштирок дар татбиқи барномаҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон барои таъмини шуғли бештари аҳолӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии маҳаллӣ, ҳавасмандгардонии худшуғлварзӣ ва рушди босуръати истеҳсолии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ ва дигарҳо.

— Оё бандҳои барномаи гузаштаатон аз тарафи Ҳукумат дастгирӣ ёфтаанд?

— Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии даъвати панҷум ҲАТ-ро 5 нафар вакил намояндагӣ намуда, Фраксияи ҳизбиро дар Маҷлиси намояндагон таъсис додаанд. Ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки меҳвари Барномаи гузаштаи ҲАТ маҳсуб меёбад, вобаста ба такмили қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои татбиқи тадбирҳои комилан нав ва айни замон зарурии дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд, дар ҳамбастагӣ бо Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон як қатор қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дастгирӣ намуд.

Дар давраи фаъолият қонунҳои мукаммал — «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи чарогоҳ» ва «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар таҳрири нав, инчунин қонунҳо «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи ниҳолпарварӣ» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шуданд. Инчунин, тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ ворид карда шуданд.

— Мегӯянд, ки соҳаи кишоварзӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Метавонед онро шарҳ диҳед?

— Вазифаи асосии соҳаи кишоварзӣ таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Бояд қайд кард, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ гузаронидани ислоҳоти аграрӣ ва замин барои таъмини адолати иҷтимоии кишоварзон ва умуман мардуми деҳот заминаи устуворро ба миён овард. Ба кишоварзон додани ҳуқуқ барои интихоби мустақилонаи парвариши зироат ва чорво, ба афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқавории истеҳсоли ватанӣ шароити хубро фароҳам овард.

Имрӯз миқдори хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 170 ҳазор ададро ташкил мекунад, ки базаи асосии таъминкунандаи бозори истеъмолии кишвар ба ҳисоб рафта, таъмини аҳолии кишвар бо аксар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз фаъолияти босамари онҳо вобастагӣ дорад.

Ҳаҷми истеҳсоли аксарияти маҳсулоти соҳа ба ғайр аз пахта ва тухм нисбати соли 1991 ба маротиб афзуда, татбиқи барномаҳои давлатии рушди боғдорию токпарварӣ имкон доданд, ки ин соҳаҳо дар иқтисодиёти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол намоянд ва шуғли бештари аҳолиро таъмин кунанд.

Дар баробари ин, меҳоҳам қайд намоям, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2018 меъёрҳои физиологии истеъмоли хӯроквориро тасдиқ намуд. Дар истеъмоли меваҷот, ангур, сабзавот, полизиҳо ба сатҳи меъёрҳои муқарраргардида наздик гардидааст. Танҳо дар истифодаи маҳсулоти чорво ва паранда нисбати меъёрҳо ҳоло дастовардҳо назаррас намебошанд. Сабаби асосии ин дар ҳисоботи оморӣ пурра инъикос нагаштани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ мебошад. Масалан, саршумори чорвои калони шохдор дар кишвар ба 1-уми январи соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ 2,3 млн сар, аз ҷумла модагов 1,2 млн сар, гӯсфанду буз 5,6 млн сарро ташкил доданд. Барои гӯшт забти чорво ҳоло асосан дар қассобхона аз тарафи шаҳрвандон амалӣ карда мешавад, ки на ҳама вақт ҳисобот пешниҳод менамоянд.

— Барномаи рушди инноватсионии соҳаи ҷорводорӣ, ки яке аз бандҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲАТ буд, то кадом андоза қабул ва амалӣ гардидааст?

— Солҳои охир дар рушди инноватсионии соҳаи чорводорӣ як қатор дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Ҷорӣ гардидани имтиёзҳои андозӣ барои воридоти чорвои зотӣ ва хӯроки чорво барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани чорвои сермаҳсул ва бо ин роҳ зиёд намудани саршумор мусоидат намуданд. Таҷрибаи кори як қатор хоҷагиҳои чорвопарвари ҷумҳурӣ (шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Хуросон, Бобоҷон Ғафуров ва ғ.) нишон медиҳад, ки қадамҳои аввал барои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ амалӣ гардида истодаанд. Баробари ин, тибқи маълумотҳои мавҷуда, иқтидори инноватсионии соҳа дар сатҳи 10-12 фисад истифода мегардад, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намебошад. Ба андешаи мо, зарур аст, ки модели рушди инноватсионии соҳаро таҳия ва татбиқ намоем.

— Шумо дар бораи “андозбандии ҳавасмандкунанда” пешниҳод намуда будед. Ин чӣ маъно дорад?

— Сухан дар бораи тафриқаи меъёрҳои андоз ва бартараф кардани фаҳмиши танҳо хусусияти фискалӣ доштани онҳо меравад. Яъне, андозбандӣ бояд манфиатҳои ҳам андозсупорандагон ва ҳам давлатро ба назар гирад. Вазифаи ҳавасмандкунии андоз ба дастгирии рушди падидаҳои муайяни иқтисодӣ нигаронида мешавад. Он тавассути низоми пурра озодкунӣ ва (ё) озодкунӣ аз андозҳои ҷудогона амалӣ карда мешавад. Масалан, аз андози ягона озод намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18% то 12% ва ғ. Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ андозбандии ҳавасмандкунанда васеъ истифода мегардад.

— Роҳҳои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ аз диди Шумо кадом аст?

— Мо бояд барои содироти бештари маҳсулоти тару тоза ба бозорҳои берунӣ имкониятҳои табиии кишварро истифода намоем. Дар Осиёи Миёна ҳамаи давлатҳо сохтори якхелаи истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзиро доранд ва содироти онҳо асосан ба бозорҳои Россия ва Қазоқистон амалӣ карда мешавад. Бартарии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар содирот истифодаи барвақт пухта расидани меваю сабзавот ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки стратегияи дар муҳлатҳои барвақт ва самаранок дастрас намудани маҳсулоти парвариш ва ҷамъоваришударо ба бозорҳои берунӣ дошта бошем. Ҳамзамон, зарур аст, ки ба масъалаҳои нигоҳдорӣ, бунёди миқдори зарурии сардхонаҳо, парки нақлиёти низоми хунуккунӣ дошта ва банду баст диққати хоса зоҳир намоем.

— Дар умум, таъминоти амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, дар муддати панҷ соли охир чӣ ҳол дорад?

— Соҳаи кишоварзӣ дар даҳсолаҳои наздик соҳаи асосии иқтисодиёти кишвар боқӣ мемонад. Устувории ин исботро ҳамзамон сохтори соҳавии иқтисодиёт ва баланд будани нуфузи аҳолии деҳот дар теъдоди умумии аҳолии кишвар собит мекунад. Аз ин нуқтаи назар, соҳаи кишоварзӣ вазифаҳои гуногунҷабҳаро дар ҳалли таъмини амнияти озуқавории кишвар ба зимма дорад, ки бо маҷмӯи манфиатҳои иқтисодии гуногун тафсир дода мешавад.

Дар панҷ соли охир дар таъмини амнияти озуқаворӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Танҳо қайд карданӣ ҳастам, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии кишвар дар ин давра 20 — 23 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби афзудани ҳаҷми озуқавории истеҳсоли ватанӣ таъмин гардид. Солҳои охир кишоварзони мамлакат барои таъмини амнияти озуқаворӣ таҷрибаи хуби пешбурди хоҷагидориро дар истифодаи имкониятҳои дохилӣ пайдо намуданд. Танҳо то сатҳи лозимӣ ба роҳ мондани дастгирии давлатии соҳа метавонад имкониятҳоро дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар гардонад.

— Дақиқан гуфта метавонед, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Шумо кадом бандҳо муваффақ гардидаанд?

— Дар интихоботи гузашта ман аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ҳамчун вакил аз ҲАТ интихоб гардида будам ва вазифаи асосии ман амалигардонии Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба ҳисоб мерафт. Дар асоси Барномаи ҲАТ, ба андешаи ман, чунин бандҳо муваффақ шуданд:

— муайян намудани заминаи ҳуқуқии ихтиёран ташкил кардани хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гуруҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои: — бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аъзо то 50 нафар ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо ба сифати яке аз шаклҳои ширкату ҷамъияти хоҷагидорӣ;

— дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи чарогоҳ“, ки заминаи ҳуқуқии бамеъёрдарории истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, бартараф намудани мухолифатҳо байни чарогоҳистифодабарандагон, аз ҷумла дар раванди рондани чорво аз як мавзеъ ба мавзеи дигар, танзими ба иҷораи фаръӣ (субаренда) додани чарогоҳро таъмин менамояд;

— дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо;

— дар қонунгузории мамлакат ворид намудани мафҳуми «маҳсулоти тозаи экологӣ» барои саҳеҳ муқаррар намудани натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин меъёрҳои нав барои мутобиқати хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғ.

— Шумо дар муддати панҷ соли вакилиатон чӣ корҳоро анҷом додед, ки худатонро дубора сазовори боварии интихобкунандагон мешуморед?

— Дар раванди суҳбат асосан ба корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби ҲАТ дар Маҷлиси намояндагон ман ҷавоб гуфтам. Маро аъзои Ҳизб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бори дуюм ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намуданд. Натиҷаи интихобот, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, собит месозад, ки ман ба боварии интихобкунандагон соҳиб гаштаам ё не. Новобаста аз натиҷаи интихобот, ман кӯшиш мекунам, ки нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи андӯхтаи худро барои пешрафти кишвари азизамон равона намоям.

Мусоҳиб: Бибиҷон АШӮРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here