(Охирин суҳбати ихтисосӣ бо муҳтарам Ислом Зиёзода, ки қаблан раисии шаҳри Панҷакентро бар уҳда доштанд)
— Масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамчун фишангҳои пешбурди ҳаёти босуботи ҷомеа диққати моро ҷалб мекунанд. Вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент чӣ гуна аст?
— Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар доираи Барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба тасвиб расидааст. Оид ба иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016-2020” Қарори Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр даъвати панҷум аз 30-юми октябри соли 2015, №36 ба имзо расидааст.
Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти Панҷакент пеш аз ҳама равона намудани таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба бартараф намудани мушкилоти аввалиндараҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии Барнома беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент мебошад. Барномаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Ба ин барнома лоиҳаҳои афзалиятнок ворид карда шудаанд. Айни замон тибқи барномаи мазкур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд. Рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016-2020 зери назорати доимӣ қарор дорад.
— Дар ин миён, таваҷҷуҳи аҳолӣ ба фаъолияти роҳбарияти шаҳр дар кадом сатҳ аст? Оё муроҷиатҳо зиёд ворид мешаванд?
— Дар нуҳ моҳи соли 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2559 адад муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки аз ин миқдор 437 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон қонеъ карда шуд, 1699 адад фаҳмонида шуд, 262 адад рад карда шуд ва 161 адад мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар нуҳ моҳи соли 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз миқдори дар боло зикршуда тавассути мақомоти болоӣ дар маҷмуъ 299 муроҷиат, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 140 адад муроҷиат, аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад муроҷиат, аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 адад муроҷиат ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 157 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин муддат муроҷиати шифоҳии шаҳрвандони шаҳру деҳоти Панҷакент дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 1054 адад буда, онҳо аз рӯи масъалаҳои гуногун ба раиси шаҳр муроҷиат намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки 1054 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар варақаҳои назоратӣ ба қайд гирифта шуда, мавриди иҷроиш ва баррасӣ қарор дода шуданд, ки айни замон аз ин миқдор 125 адад қонеъ, 103 адад рад, 711 адад фаҳмонида дода шуда, 115 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.
— Оё тартиби коргузорӣ бо забони давлатӣ дар МИҲД-и шаҳр риоя мешавад?
— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рушду такомули забони тоҷикӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар асоси нақшаи тасдиқгардида Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар корхонаву муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятиву давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани нуқсонҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешид.
Моҳе як маротиба тавассути телевизион, радио ва рӯзномаи маҳаллӣ маводҳои таҳлилӣ роҷеъ ба забон ва мақому манзалати он пахш ва нашр мегарданд.
Гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Панҷакент фаъолият менамояд, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро доимо мувофиқи нақшаи кории худ дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилотҳо мавриди санҷиш қарор медиҳад.
— Чун дар бораи қонунгузорӣ сухан рафт, мехоҳем оид ба иҷроиши талаботи яке аз қонунҳои чанд соли охир машҳур — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар шаҳри Панҷакент маълумот бигирем.
— Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зери назорати доимӣ қарор дорад. Оид ба иҷрои Қонуни мазкур дар ҷамоатҳои деҳот ва дар назди муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, онҳо тибқи Низомнома фаъолият мекунанд. Айни замон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент дар назди муассисаҳои таълимӣ 133 комиссияҳои ҷамъиятӣ, 14 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва 7 комиссияи ҷамъиятӣ дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ фаъолият намуда истодаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба гуруҳҳои ҷиноятпеша, тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва тарзи либоспӯшии ба миллати мо бегона ва бо ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент суҳбату мулоқотҳо доир карда шуд.
— Дар бораи қонуни машҳури дигар — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ шарҳе ироа карда метавонед?
— Дар нуҳ моҳи соли 2020 дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳамагӣ 1100 маъракаю маросимҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷумла 1031 адад тӯйҳои домодию арӯсӣ, 48 адад маросими чил (бе додани таом) ва 21 маъракаи сол (бе додани таом) баргузор гардидааст. Барои доир намудани ин миқдор маъракаҳо 7456565 сомонӣ маблағ дар маъракаи арӯсию домодӣ масраф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 7232 сомонӣ рост меояд (маблағҳо асосан хароҷоти дастархон ва таоми омодагардидаро нишон медиҳад). Барои доир кардани ин миқдор тӯю маъракаҳо дар ин давра, 375 сар чорвои хурд забҳ гардидааст.
Аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба муроҷиаткунандагон оид ба баргузории маърака мафҳуму моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаҳмонида дода мешавад. Соҳибмаъракаҳо дар баргузории маърака тибқи қонун огоҳонида мешаванд.
Дар давоми давраи ҳисоботии соли 2020 ҳангоми гузаронидани санҷишҳои бахш дар баргузории маърака ва маросимҳо 12 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. Нисбати қонунвайронкунандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, баррасӣ гардид.
— Дар самти иҷроиши талаботи қонунгузориву дастуру супоришҳои роҳбарият аз дараҷаи касбияти кадрҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятбаранда қонеъ ҳастед?
— Метавон қонеъ шуд, чун дар ин ҷода интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо тавассути озмун ба роҳ монда мешавад. Озмун тариқи воситаҳои ахбори омма эълон карда шуда, ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссия пешниҳод гардида, дар ҷаласаи комиссияи озмун мавриди баррасӣ қарор мегирад. Озмун ба таври шаффоф сурат мегирад. Дар нуҳ моҳи соли 2020 ду маротиба озмуни ҷойҳои холии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар озмун аввал 24 нафар ҳуҷҷат пешниҳод намуда, 18 нафар иштирок намуданд ва 17 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин, санаи 19-уми сентябри соли равон озмуни дуввуми ҷойҳои холии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Дар озмун 17 нафар ҳуҷҷат пешниҳод намуда, 16 нафар иштирок намуданд ва 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ моҳе як маротиба бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
— Барои ба танзим даровардани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ масъалаи молиявӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Оид ба иҷрои даромаду хароҷоти буҷет чӣ маълумоте дар даст доред?
— Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 293 миллиону 863 ҳазору 501 сомонии дар нақша пешбинигардида, ба буҷет 300 миллиону 908 ҳазору 693 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинигардида 7 миллиону 45 ҳазору 192 сомонӣ зиёд ва назар ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоваригардида 55 миллиону 92 ҳазору 173 сомонӣ зиёд (245 миллиону 816 ҳазору 520 сомонӣ дар ҳамин давраи соли 2019) мебошад. Дар ин давра суръати афзоиши нақшаи андозҳо 124,0 фоиз буда, суръати иҷроиши он 122, 4 фоизро ташкил додааст.
Ҳамзамон, иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 341 миллиону 519 ҳазору 979 сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 346 миллиону 885 ҳазору 621 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинигардида 5 миллиону 365 ҳазору 642 сомонӣ зиёд ва назар ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воқеан ҷамъоваригардида 58 миллиону 276 ҳазору 575 сомонӣ зиёд (288 миллиону 609 ҳазору 46 сомонӣ дар ҳамин давраи соли 2019) мебошад. Аз 12 сарчашмаи воридоти андозҳо (бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши 5 намуди он таъмин карда шуд.
— Саҳми соҳибкорону сармоягузорон дар пурра кардани буҷети шаҳр чӣ гуна аст ва оё онҳо ягон ҳавасмандӣ барои ҳамкорӣ доранд?
— Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр саҳмгузор ҳастанд. Намояндагии ташкилоти “Оксфам”-и Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табиии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон”-ро, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ шудааст, амалӣ мегардонад. Иҷрои ду бахш дар ин лоиҳа — “Таъмини оби нӯшокӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ” ва “Рушди иқтисодӣ” дар шаҳри Панҷакент амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи “Хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои фарогирӣ ҷиҳати пешбурди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо баҳри хизматрасонии тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа ба кӯдакони имконияташон маҳдуд”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтар гардидани идоракунии об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо пешбинӣ гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ҳавасмандгардонии соҳибкорони маҳаллӣ ва иқдоми пешгирифтаи онҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани диёр чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Фаъолияти хуби соҳибкорон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд, бунёди пул, таъмири роҳҳо ва сохтмони биноҳои сартарошхона, макони истироҳатии сайёҳон ва коргоҳи дӯзандагӣ назаррас мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ва бо мақсади беҳтар сохтани фазои соҳибкории мусоидаткунандаи рушд ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тавассути дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии моддии соҳибкорон якҷо бо сохтору идораҳои дахлдор корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Бо эълон гардидани соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, соҳибкорон барои бунёди иншооти гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ аз тарафи соҳибкорон ҷараён дорад.
Дар шаҳри Панҷакент Шӯрои машваратии назди раиси шаҳр оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ фаъолият мекунад. Шӯрои машваратӣ мақоми намояндагӣ, коршиносию машваратӣ ва ҳамоҳангсозӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики давлат ва бахши хусусӣ», дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи худ ба роҳ мондааст. Соҳибкорони шаҳри Панҷакент бо “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
— Яъне, замина барои роҳандозии истеҳсолот фароҳам аст. Пас, раванди истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент дар нуҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар якҷоягӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 3 миллиарду 72 миллион сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 362 миллиону 180 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии шаҳр 2 миллиарду 857 миллиону 378 ҳазор сомониаш ба ҶДММ КМ “Зарафшон” тааллуқ дорад, ки 93 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2020 дар шаҳр 14 коргоҳи истеҳсолии нав (аз ҷониби соҳибкорон 3 коргоҳи истеҳсоли хиштҳои сементӣ бо 34 ҷойи корӣ, 4 адад сехи дӯзандагии дӯхти либоси миллӣ бо 24 ҷойи корӣ, 3 адад коргоҳи истеҳсоли сафолакҳои роҳрав бо 22 ҷойи корӣ, 3 адад коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо 13 ҷойи корӣ, як адад коргоҳи коркарди қуму шағал бо 8 ҷойи корӣ, як коргоҳи коркарди оҳак ва гаҷсанг бо 4 ҷойи корӣ) ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар нуҳ моҳи соли равон 8 адад коргоҳи хурд ва миёнаи саноатӣ бо 40 адад ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Кишоварзони Панҷакент барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Дар шаҳри Панҷакент 2 адад хоҷагиҳои тухмипарварӣ, аз ҷумла кооперативи тиҷоратии “Ғелониён” барои истеҳсоли картошкаи тухмӣ ва кооперативи тиҷоратии ба номи “Ш. Назаров” барои истеҳсоли шолии тухмӣ фаъолият менамоянд, ки дар давраи мавсим самараи назаррас медиҳад. Инчунин, дар ин давра аз ноҳияҳои картошкапарвари Деваштич ва Куҳистони Мастчоҳ ва Федератсияи Россия тухмиҳои хушсифат дастрас карда шудааст, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 39 адад гармхонаҳои доимӣ бо масоҳати 10550 метри мураббаъ мавҷуд мебошад, ки нисбати соли гузашта 450 метри мураббаъ зиёд мебошад. Айни замон бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳо барои гузаронидани кишт тадбирҳо андешида шуда истодааст. Зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо дар назар буда, бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Халифа Ҳасан ва Сӯҷина пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳри Панҷакент кишоварзон асосан ба картошкапарварӣ, шолипарварӣ ва боғу токпарварӣ машғуланд. Дар ин раванд кишоварзон барои содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҳамасола ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе маҳсулот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, себ ва ангурро содирот намуда, бо нархи арзон ба мардум дастрас менамоянд.
Бо мақсади нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру деҳот дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 4 адад сардхонаҳо бо иқтидори 1130 тонна мавҷуд буда, айни замон дар сардхонаҳои мазкур захираи сабзавот ва мевагӣ идома дорад. Соли ҷорӣ сардхонаи нав бо ғунҷоиши нигоҳдории 60 тонна дар ҳудуди шаҳр ва 1000 тонна маҳсулот дар ҷамоати деҳоти Сӯҷина ба кор шуруъ менамояд.
Бо мақсади зиёд намудани маҳсулоти парҳезӣ ва таъмини аҳолӣ бо ин маҳсулот дар нуҳ моҳи соли 2020 аз тарафи соҳибкори инфиродӣ ҶДММ “Ардаш” таъсис дода шуд, ки дар он 3,5 ҳазор сар чӯҷа бо мақсади истеҳсоли тухм дастрас карда шуд. Инчунин, аз тарафи соҳибкори инфиродӣ 6 ҳазор сар мурғ дастрас карда шудааст, ки ҳамчун корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд. Ба санаи 01.10. 2020 истеҳсоли тухм 2 322 ҳазор дона ва гӯшти моҳӣ 17,1 тоннаро ташкил менамояд.
Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Панҷакент дар базаи корхонаи ҶШСК “Моҳипарвар”-и шаҳр Панҷакент ба нақша гирифта шудааст ва фаъолият дорад. Ҳамагӣ дар шаҳри Панҷакент масоҳати кӯл 153,9 га, 41,5 миллион дона кирмина мавҷуд аст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ ба 17, 1 тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 тонна зиёд буда, то охири соли 2020 ба 45 тонна расонида мешавад.
Тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2020 бояд кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 13967 га, аз он ҷумла 9887 га дар заминҳои обӣ кишти баҳории зироатҳои кишоварзиро гузаронанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба майдони 15380 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 110 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 2 ҳазору 220 га кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 84 га зиёд мебошад.
— Тавре мушоҳида мешавад, имрӯзҳо, хусусан дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти тамоми шаҳру навоҳии кишвар талош доранд ба самти сохтмону меъморӣ ва ободонӣ бештар таваҷҷуҳ дода шавад. Дар шаҳри Панҷакент дар ин самт чӣ корҳо анҷом шуда ва ё дар нақша ҳастанд?
— Санаи 12-уми сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд. Нахуст Пешвои миллат бинои Беморхонаи марказии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконот ва шароити фароҳам овардашуда аз наздик шинос шуданд ва бо кормандони соҳаи тиб суҳбат намуданд. Беморхона дорои 200 кат буда, дар он 180 ҷойи кори иловагӣ ташкил карда ва бо таҷҳизоти замонавии муосир ҷиҳозонида шуд.
Дар доираи сафари корӣ Пешвои муаззами миллат меҳмонхонаи «Саразм- Плаза»-ро мавриди истифода қарор доданд. Меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷакентсоз» бунёд гардидааст. Иншоот дорои 24 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 60 нафар мизоҷ хизмат расонида мешавад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона мутобиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин меҳмонхона 15 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Пешвои муаззами миллат бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Корхона ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, парки технологиро таъсис додааст. Таҷҳизоти корхона дар як шабонарӯз хушк намудани то 3 тонна меваҷоту сабзавоти тару тозаро доро мебошад. Ҳамчунин, дар ин ҷо коргоҳи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат зимни сафари корӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассиса 3-ошёна буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншоот аз 26 синфхона иборат буда, ҳар кадоме 24 ҷойи нишастро доро мебошад. Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат бинои нави шуъбаи минтақавии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшонро мавриди истифода қарор доданд.
Нимаи дуюми рӯзи 12-уми сентябри соли 2020 Пешвои миллат ба тантанаҳои идонаи ҷашни 5500-солагии Саразм ташриф оварданд. Нахуст рамзи Саразм, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ гардид. Сипас осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ифтитоҳ гардид.
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба санаи фархундаи миллат — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти таъиноташон гуногун бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бомаром идома дорад. Сифати иншооти сохташаванда зери назорати доимӣ қарор дорад. Ҳамчунин, барои омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ тадбирҳо андешида мешавад. Мутобиқи нақшаи корҳои ободкорию созандагӣ ба ифтихори ин санаи фархунда дар шаҳру деҳот бунёди 405 адад иншооти таъиноти гуногун, ки соҳаҳои истеҳсолӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоиёт, варзиш ва сайёҳиро фаро мегирад, пешбинӣ гардидаанд. Айни замон бунёди роҳҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ, аз ҷумла боғҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, толор ва майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ ҷараёни тоза мегирад. Дар ин тарҳ бо ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ, аз ҷумла соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла 34 коргоҳи хурди коркарду истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, масолеҳи сохтмон, дӯзандагӣ, атласу адрас ва дигар маводҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ба истиқболи ин санаи муборак дар корхонаи муштараки «Зарафшон» сохтмони полоишгоҳи нав, фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо 60 ҷойи нави корӣ ва дигар иншооти истеҳсолӣ тарҳрезӣ шудааст.
Дар нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ ҷойгоҳи хоса дошта, то таҷлили ин ҷашнвораи бузург 20 бинои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои нав бо 5360 ҷои нишаст, 3 муассисаи томактабӣ, аз ин 2-то то ҳол сохта шудааст ва 32 муассисаҳои тиббӣ сохта хоҳад шуд, ки то ба имрӯз 13-то сохта шудааст.
Дар нақшаи омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолият дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои калон сохтмони муассисаҳои хизматрасон, марказҳои савдо, аз ҷумла сартарошхона ва кошонаи ҳусн пешбинӣ шудааст.
— Дар ин давраи мураккаб, яъне пандемияи “КОВИД-19” соҳаи тандурустии шаҳр дар кадом вазъият аст?
— Дар нуҳ моҳи соли 2020 сохтмони бинои таваллудхонаи шаҳрӣ идома дорад ва зиёдшавии 60 кат дар таваллудхона ва воҳидҳои корӣ ба назар гирифта шудааст. Бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр дар чор қабат, барои 200 кат дар рӯзи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, таъмири капиталии биноҳои мавҷудаи беморхона аз қисми шимолии биноҳо оғоз ёфта, иваз намудани болопӯши ин биноҳо ба анҷом расид. Дар ин давра бо дастгирии “Хазинаи кӯдакон”-и Созмони Милали Муттаҳид корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ оид ба таъминоти оби нӯшокӣ, иваз намудани хатҳои оби корезӣ дар шуъбаҳои беморхонаи бемориҳои кӯдакона ба анҷом расид.
Ҳамзамон, баҳри мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ воридот, харидорӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти муосири ҳозиразамон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва суратҳисоби махсуси соҳа дастрас мегардад. Ба мисоли монитори назди кати бемор — 3 адад, маҷмӯи таҷҳизоти ҷарроҳии хурду калон — 2 адад, таҷҳизоти ТФС (УЗИ) — 1 адад, дастгоҳи нафасдиҳандаи сунъӣ — 2 адад, дастгоҳи Дефиблятор — 1 адад, дастгоҳи кашаки барқии ҷарроҳӣ — 2 адад мебошад. Дар ин давра ба маблағи 13700 сомонӣ аз ҷониби ҶДММ “Истиқлол” 2 адад таҷҳизоти дастгоҳи кашиши барқӣ ва 1 адад оксигенератор ва ба маблағи 7800 сомонӣ аз ҷониби ҶСП “Мед — Комплект” 3 адад дастгоҳи кашиши барқӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.
Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 21 адад муассисаҳои тиббии бахши госпиталӣ бо 1245 кат фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои табобатии шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 383 нафар табибон ва 1486 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус “КОВИД-19” ситоди шаҳрӣ ва нақшаи чорабиниҳо омода гардидааст. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ идома дорад. Ҳамзамон, баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат барои кормандони соҳаи тиб маводи хӯрока, либоси муҳофизатӣ ва доруворӣ дастрас карда шуд.
“ФАРАЖ”
ШАРҲИ ҲОЛ:
Шафеиён Ислом Зиёзода 16-уми октябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст. Солҳои 1993-1996 огрономи соҳавии колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, солҳои 1996-1999 бригадири колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, солҳои 1999-2001 саркишоварзи колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, солҳои 2001-2003 ҷонишини раиси колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, солҳои 2003-2010 раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Ш. Шарифови шаҳри Панҷакент, солҳои 2010-2014 сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент, солҳои 2014-2015 муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент, соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент буд. Аз моҳи марти соли 2015 то ҳоло раиси шаҳри Панҷакент аст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.