Сӯҳбати журналист Раҷаб Мирзо бо сармуҳаррири нашрияи “Коммунисти Тоҷикистон” Ҳабибулло Ёров
Дар таърихи парламентаризми Тоҷикистон бори аввал буд, ки даъвати гузашта намояндаи Ҳизби коммунист ба парлумон роҳ наёфт. Оё сабабҳои ин ҳолатро ҳизб баррасӣ намуд? Чӣ иштибоҳотеро дарёфтед ва аз паи ислоҳаш шуда, ҳоло дар интихоботи пешорӯ, намояндаи ҲКТ аз нав ба парлумон ворид мешавад?
Ҳадафи ҳар як ҳизби сиёсӣ ин, пеш аз ҳама, инкишофи ҷомеа ва ободии мулку Ватан бояд бошад. Маълум аст, ки ҳар нерӯи сиёсӣ инро бо дидгоҳи худ амалӣ кардан мехоҳад. Мутаассифона, дар ҷомеа одамоне ҳам ҳастанд, ки аз фаъолияти ҳизбҳо бардоштҳои манфии худро дошта, онро воқеият мепиндоранд. Таври маълум Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) собиқаи садсола дорад. Ягона ҳизбест, ки пас аз барҳам хӯрдани СССР бо собиқаи пешинааш ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоле, ки тамоми ҳизбҳои дигари кишварҳои пасошӯравӣ, ҳатто ҲК Россия ҳам аз нав сабти ном гардид. Дар ҳифзи ҳизб саҳми роҳбарияти пешини он, аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов, бисёр калон аст.
Воқеан, мавқеву дидгоҳи раҳбарияти нави ҳизб дар бораи барҳам хӯрдани СССР чӣ гуна аст?
Ин саволро ба инҷониб дар Эрон ҳам, ки боре сафар доштем, дода буданд. Онҳо пурсиданд, ки аз пош хӯрдани СССР афсӯс мехӯред ва Тоҷикистони нав баистиқлолрасида чӣ давлатест? Посух додам, ки аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати СССР афсӯс нохӯрда намешавад. Аммо дар ин давлати бузург мо танҳо як ҷумҳурӣ будем. Ҳарчанд Конститутсия, байрақу нишони худро доштем, вале тасмимҳои ниҳоӣ дар марказ гирифта мешуданд. Ҳол он ки Ленин – асосгузори ин давлат, ба ин назар буд, ки ҷумҳуриҳо танҳо дар масоили низомӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, дипломатӣ ва сарҳад бояд аз марказ иҷозат пурсанд, дар дигар ҳолатҳо комиссарҳои халқӣ мебоист комилҳуқуқ боқӣ мемонданд. Ин принсип то замони зинда будани Ленин амал мекард. Дар идомаи саволи эрониҳо ба эшон гуфтам, ки барҳам хӯрдани СССР ба мо давлат дод. Яъне мо аз мақоми ҷумҳурӣ ба сатҳи давлат гузаштем, давлатдор шудем. Дар замони шӯравӣ такяи бештар ба забони русӣ буд. Шояд Тоҷикистонро ҳам на дар ҳама ҷумҳуриҳо мешинохтанд. Хушбахтона, имрӯз моро дар тамоми дунё ҳамчун давлат эътироф мекунанд. Дар ин баробар, инро ҳам набояд фаромӯш кард ва дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” -и Эмомалӣ Раҳмон низ зикр шудааст, ки Инқилоби октябр сарфи назар аз камбудиҳои доштааш, моро соҳибдавлат кард.
Боз ҳам баргардем ба саволи аввал. Новобаста аз он ки ҲКТ дар сохтусози давлати Тоҷикистон саҳмгузор аст, аммо бори аввал буд, ки намояндаҳояш дар парлумон ҷо наёфтанд. Чаро?
Оре, парлумони Тоҷикистон ягон вақт бе ҳузури коммунистҳо набуд. Аввал намояндаҳои мо бештари курсиҳоро дар ихтиёр доштанд ва баъдан теъдодашон кам гашт. Зеро акнун ҳизбҳои дигар пайдо шуда буданд ва бисёриҳо бо мурури замон ва воқеиятҳои зиндагӣ ба ҳизби ҳукмрон пайвастанд. Ин воқеият аст ва аз ин набояд малол шуд. Дар даъватҳои ахири Маҷлиси намояндагон ҲКТ ду курсӣ дошт, ки дар онҳо раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов ва муовини ӯ шодравон Исмоил Талбаков менишастанд. Чаро ҲКТ дар даъвати гузашта ҷо нагирифт? Мо фикр мекунем, ки ҷо гирифтану нагирифтани ҳизбро ҷараёни интихобот маълум мекунад. Ҳоло мушаххас гуфта наметавонем, ки ин маърака чӣ гуна сурат гирифт ва дар баробари овозҳои ба ҲКТ додашуда тақаллуб, он тавре раҳбарияти пешин мегӯянд, ҷо дошт ё не.
Аз интихоботи пешорӯ чӣ интизор ва умед доред?
Фикр мекунем намояндаҳои мо дар парлумони нав ҷо хоҳанд ёфт. Барои чӣ? Ман аз соли 2017 ба масоили ҳизбӣ ва сохтории он бештар машғул шудам. Ба минтақаҳо сафарҳои зиёди корӣ ҳам доштем. Аз ҷумла ба минтақаи Рашт, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ сохторҳои ҳизбии мо дар он қариб барҳам хӯрда буданд. Соли гузашта ташкилотамонро дар ноҳияи Сангвор бо фарогирии 28 нафар ташкил кардем. Сафари мо нишон дод, ки дар ин минтақа ҷонибдорон дорем, аммо сохторҳои ҳизбӣ амал намекарданд. Вақте бо собиқадори ҳизб, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Сайлӣ Раҳмонова вохӯрдем, ӯ моро бо гиря пешвоз гирифт. Гуфтаниам, ки бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти собиқ аъзои ҳизбро парешон намуд. Дар навоҳии дигари ин минтақа низ мо ҷонибдоронро ҷамъоварӣ намуда, ташкилотҳои ҳизбиро созмон додем, ҳарчанд дар бархе ноҳияҳо теъдоди аъзо кам ҳам бошад.
Дар маҷмӯъ аъзои ҲКТ ҳоло чӣ миқдор аст?
Наздик ба 37 ҳазор нафар. Созмонҳои қавии ҳизбиамон дар шимоли мамлакатанд. Дар вилояти Суғд мо тақрибан 16 ҳазор аъзо дорем. Сохторҳои ҳизбӣ низ дар ҳамаи навоҳии ин минтақа муваффақона фаъолият мекунанд ва котиби якуму дуюму сеюм ва мудирони шӯъбаҳои ташкилӣ доранд. Нашрияҳои ҳизбиро бо номҳои “Эътиқод”, “Заҳматкаш” ва “ Ҳақиқат” ба нашр мерасонанду ҳизбро таблиғ мекунанд. Онҳо услуби кории аҷиберо роҳандозӣ кардаанд, ки мо ният дорем дар минтақаҳои дигар аз таҷрибаашон истифода намоем. Яъне котибони кумитаҳо ва дигар кормандони ҳизбӣ сардабирию ходимии нашрияҳоро ба уҳда доранд. Аз ҳисоби нашрия маоши худу кормандони дастгоҳи ҳизбиро таъмин мекунанд. Дар минтақаҳои дигар фаъолияти ҳизбӣ дар асоси ҷамъиятӣ аст ва барои ҳамин корашон чандон муваффақ нест. Саволе ба миён меояд, ки ҲКТ 36 ҳазор аъзо дораду маблағ не? Гап сари ин меравад, ки дар Оинномаи ҳизб банде ҳамроҳ карда,тибқи он собиқадорону кӯҳансолони ҳизбро аз супурдани аъзоҳаққӣ озод намуда буданд. Дар натиҷа, робита бо аъзои ҳизб канда шуд. Ҳоло ин бандро аз Оиннома гирифтаанд.
Соли 2015, ки ҳизб дар интихобот шикаст хӯрд, чӣ қадар аъзо дошт?
Тақрибан 40 -45 ҳазор. Сабаби камшавии аъзо дар он аст, ки як қисмати коммунистҳои кӯҳансол вафот карданд. Дар Суғд аз ҳисоби ҷалб намудани ҷавонон сафи аъзоро зиёд намуданд. Дар пойтахт ва ноҳияҳои Кӯлоб низ ҷалби ҷавонон мусбат аст. Мушкил танҳо дар минтақаи Бохтар ва навоҳии тобеи марказ дорем. Кам пайвастани аъзо ба маъное нест, ки идеяҳои коммунистӣ ҷонибдор надоранд. Фақат ин ки раҳбарияти пешин барои ҷалби онҳо талош накарданд. Мардум дар он замон аз фаъолияти ҳизб огоҳ ҳам набуданд. Пештар мо 3 нашрия доштем: “Нидои ранҷбар”, “Тоҷикистон овозӣ” ва “Голос Таджикистана”. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ мо онҳоро дар як нашрия – “Коммунисти Тоҷикистон” муттаҳид намудем ва агар он пештар ҳар ҳафта нашр мешуд, ҳоло моҳе як бор бо теъдоди 2 500 нусха, интишор меёбад.
Агар боз ҳам ба интихоботи пешин баргардем, баҳси аъзои ҲКТ аз анҷумани пешазинтихоботӣ оғоз ёфт. Мирзоева аз вилояти Суғд, даъво кард, ки ӯ бояд дар рӯйхати ҳизбӣ дувум бошад, на шодравон Исмоил Талбаков. Яъне даъвои ӯ фақат ба хотири бештар будани аъзои ҳизб аз Суғд буд, ё паҳлуҳои дигар ҳам дошт?
Мо фикр мекунем, ки нисбати аъзои ҳизб дар ин маврид ноадолатӣ ҷо дошт. Чаро як нафар бояд 20 -25 сол вакил бошаду собиқадорони ҳизб аз пешниҳод ба вакилӣ маҳрум? Агар номзадҳои навро ҳизб пешниҳод мекард, ин ба ҷомеа ҳам хуш меомад, дар давлатдорӣ низ хуб пазируфта мешуд ва ба манфиати коммунисти одӣ ҳам мебуд.
Аммо Шабдолов мегуфт, ки мо нафароне ҳастем, ки дарди дили мардумро гуфта метавонем. Ҳам дар минбари парлумон ва ҳам аз тариқи расонаҳо. Ҳоло, агар 5 соли ахирро хулоса намоем, ҲКТ тақрибан хомӯш буд. Пас умеди Шумо ҳоло ба чист, ки мардум ба ҷонибдориатон овоз медиҳад?
Ман фикр мекунам, ки дарди мардумро ғайр аз ҳукумат касе бештару беҳтар гуфтаву дарк карда наметавонад. Ягон ҳизб ҳам. Гуфтан мехоҳам, ки танҳо ҳизби ҳукмрон, ки тамоми маълумоти зарурӣ ва имконотро дар ихтиёр дорад, метавонад аз дарди мардум бохабар бошаду роҳи ҳал пайдо кунад. Он имкониятҳое, ки Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат аз рӯи ваколату салоҳияташон доранду ба минтақаҳо сафар мекунанд ва бо мардум мулоқоти доимӣ доранд, ҳеҷ ҳизбе надорад. Шабдолов ҳам ба минтақаҳо намерафт, агар мерафт, ҳамчун вакили парлумон мерафт. Раиси нави ҳизб ҳам ин имконро надорад. Имрӯз бояд аз Шабдолов пурсид, ки ҳоло вакил нест, ба кадом минтақа рафт ва дарди мардумро шунид?
Воқеан, Ҳизби коммунист барои ҳукумати феълӣ чандон бегона ҳам нест. Ба ҳар сурат, аксарияти онҳо дар гузашта коммунист буданд. Пас то куҷо онҳо инро дар хотир доранд ва фаромӯш намекунанд, ки аз мактаби шумо гузаштаанд? Дар кадом масъалаҳо коммунистҳоро метавонанд ҳимоя кунанд, ё не?
Тоҷикистон дар пешорӯи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатист. Яъне кадрҳои тарбиягирифтаи ин замон ҳамин миқдор синну сол доранд. Ин синнест, ки як ҷавон нав ба воя мерасаду кор меомӯзад. Акнун онҳо метавонанд вазиру сафиру ҳукуматдор бошанд. Аз ин ҷост, ки аксари кадрҳои ҳукумат ё коммунистони собиқанд ё тарбиядидаҳои мактаби советӣ. Фикр накунам, ки онҳо ба мо бе таваҷҷӯҳ бошанд. Вале барои ҷалби онҳо аз дохил ҳам бояд талоше анҷом мегирифт. Бубинед, ман дар бораи мушкилотамон дар минтақаи Бохтар гуфтам. Ташкилотҳои мо утоқи корӣ надоштанд. Ягон бор касе барои ҳалли ин мушкил ба назди мақомоти маҳаллӣ нарафта буд. Рафтем, ҳоло масъала ҳалли худро ёфт. Ба фикри мо, ҳар ҳизбе, ки дар доираи қонунҳо амал мекунад, аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ меёбад.
Як баҳси пурсару садои ҲКТ солҳои 90 дар масъалаи моликияташ буд, тамоми корхонаҳои Тоҷикистонро моликияти худ медонист. Ҳоло назари шумо дар мавриди моликият чӣ гуна аст? Ба моликияти шахсӣ чӣ гуна бархӯрд доред?
Ҳоло ҳам дар оинномаамон зикр шудааст, ки мо ҷонибдории бештар аз моликияти давлатӣ дорем. Албатта, моликияти хусусиро низ инкор намекунем. Таҷрибаи Хитой нишон дод, ки моликияти хусусӣ вақте самаровар мешавад, ки дар баробари моликияти давлатӣ рақобат карда тавонад. Новобаста аз ин, чизҳое ҳаст, ки моликияти давлатӣ буданашон беҳтар аст. Аз ҷумла, замину обу конҳои фоиданок ва ғайра.
Оё гуфтан мумкин аст, ки агар ҲКТ ба сари қудрат биёяд, ё аксари курсиҳои парлумонро соҳиб шавад, масъалаи барҳам задани моликияти хусусиро ба муҳокима мегузорад?
Таври маълум, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва аввали истиқлолият Тоҷикистон ба сармоя ниёз дошт. Созмону давлатҳои ғарбӣ танҳо бо шарте ин сармояро ба мо доданд, ки хусусигардониро роҳандозӣ кунем. Вақте сотсиализмро барҳам доданд, оё капитализм мехоҳад он аз нав эҳё шавад?
Агар натиҷагириҳои Комиссияи марказии интихоботиро аз интихоботи гузашта хулоса намоем, ба ин андеша ҳам меорад, ки андешаҳои коммунистӣ дар Тоҷикистон ҳоло ҳам ҷонибдор доранд. Манзури мо як ҷо додан ба намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ дар парлумон аст. Аз нигоҳи идеологӣ онҳо рақиби асосии ҲКТ мебошанд. Соли 1991, вақте фаъолияти ҲКТ муваққатан боздошт шуд, як қисмати коммунистҳо дар анҷуманашон гуфтанд, ки беҳтар аст ҳизбро сотсиалитӣ ном барем. Ҳоло фарқи худро аз сотсиалистҳо дар чӣ мебинед?
Аллома Иқбол мегӯяд, “агар ман иқтидор медоштам, танҳо сотсиализм месохтам. Сотсиализме, ки дар он Худо бошад” як олими рус гуфтааст:
“Ислом ин сотсиализм + Худо аст”. Ғояи адолати иҷтимоӣ аз қадим дар мафкураи мардум ҷо дошт. Аз ин нуқтаи назар адолати иҷтимоии сотсиализм ҳеч гоҳ аз байн намеравад. Бовар кунед, капиталистҳо низ ягон вақт маҷбур мешаванд, ки сотсиализм созанд. Бигзор номи сотсиализм надошта бошад, аммо адолати иҷтимоӣ дорад. Ном як чизи шартист. Вале барномаи ҳар идеологияе, ки ин талаботро дорад, ахиран ғолиб меояд. Мо аз марксизм ҳич гоҳ даст намекашем. Бе марксизм адолати иҷтимоиро ба вуҷуд овардан имкон надорад. Ҳазрати Муҳаммад (САВ) мегӯяд: “Он касе уммати ман нест, ки худаш сер мехобаду ҳамсояаш гурӯсна аст”. Ин танҳо дар коммунисти сотсиалист буда метавонад. На мулло инро карда метавонад, на демократ, на каси дигар. Замони донишҷӯиамон аз муаллим Ниёз Сафаров пурсидам: “Агар коммунизм шавад, ман метавонам бе пул мошин, даҳ шиму костюм гирам?”. Посух дод: бо шумо ва шумо баринҳо коммунизм сохта наметавонем. Коммунизмро дар мафкура кардан даркор. Ҳамон вақт коммунизм мешавад, ки одамон донанд, ки барояшон як костюм кофист ва аз байни костюми бисёр онро рафта, аз мағоза мегирад. Вақте мошини давлатӣ бе мушкил одамонро мебарад, мошини шахсӣ чӣ даркор?”. Яъне мафкураҳоро бояд дигар кард. То ҷое медонам, дар барномаву оинномаи ҲСТ мафҳумҳои марксизму ленинизм нест.
Шумо дар бораи дигар кардани мафкура ва ба вуҷуд овардани идеология мегӯед. Аммо ҳоло дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки насли ҷавони он дар бораи арзишҳои коммунистӣ, сохти шӯравӣ тақрибан маълумоту тасаввурот надоранд. ҲКТ -ро бештар ҳамчун ҳизби кӯҳансолон мешиносанд ва дар маълумоти қаблан овардаатон низ инро зикр кардед. Пас чӣ шуморо бовар мекунонад, ки ҳоло ҳам ҷонибдор доред?
Мутаассифона, дар ҷомеа бархе андешаҳои коммунистиву аттеистиро фарқ намекунанд. Дар замони шӯравӣ ҳам марксизму аттеизмро омехта мекарданд. Ин мушкилоти идеологҳои ҳамон давра буд. Масалан дар дастгоҳи марказии ҲКТ ягон идеолог таърихчиву филолог набуд. Ё аз бахши кишоварзӣ буданд, ё сохтмончӣ, ё геолог… Хушбахтона дар оинномаи ҳозираи мо зикр шудааст, ки коммунист метавонад муллои масҷид, аммо шахси пок ва дар як ҳизб аъзову содиқ бошад. Яъне мо бояд ба ҷавонон фаҳмонида тавонем, ки коммунист одами бехудо нест.
Дар 5 соли ахир чӣ қадар ҷавонон ба сафи ҳизб пайвастанд?
Агар солона 800 -1000 аъзои нав қабул кунем, 70% онҳо ҷавононанд.
ҲКТ 10 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагон номзад пешниҳод карданист. Чанд нафари онҳо ҷавононанд?
Калонтаринашон 72 -сола ва ҷавонтаринашон 50. Шояд ҳадафи Шумо ин аст, ки чаро ҷавонон нестанд? Боре аз Шабдолов дар ин бора пурсиданд, ӯ ҷавоб дод, ки парламент ҷои бокс нест, ҷои мағзҳост. Дар аксари дунё ҳам аксари вакилон кӯҳансолонанд. Бо ин мо худро сафед карданӣ нестем ва иқрорем, ки ҷавононро ба чунин маъракаҳо омода накардаем. Аммо, агар роҳбарони собиқ худашон 4-5 маротиба вакил намебуданду ҷавононро роҳнамоӣ мекарданд, ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ намешудем. Дар замони шӯравӣ мактабҳои махсуси ҳизбӣ буданду ҷавононро таълим медоданд. Ҳоло таҷрибаи сиёсиро ҷавон аз куҷо мегирад? Мо Университети коргару деҳқон доштем ва ҳоло онҳоро бояд барқарор намуд. Ҳоло ҳам олимони бақуввате дар ҲКТ ҳаст, ки метавонанд ба насли ҷавон хеле чизҳоро омӯзонанд.
Айнан ин корҳоро ҳоло ҳизби ҳоким мекунад. Дар мисоли ташкил намудани мактабҳои ҳизбӣ ва курсҳои омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ва дигарон. Яъне низоми ҳукмрон, тавре дар боло ишора кардем, ҳамоно мафкураи коммунистӣ дорад…
Оре, хеле чизҳоро ҳифз кардаанд ва дуруст ҳам карданд. Масалан мактаби партиявиро дар шакли Институти хизматчиёни давлатӣ ташкил карданд. Сониян, мафкура чизи дигар асту қабули як таҷриба ё дастоварди хуб чизи дигар.
ҲКТ бо кадом шиори пешазинтихоботӣ баромад карданист?
“Адолати иҷтимоӣ ҳастии иҷтимоист”.
Механизмҳои таъмини барномаи пешазинтихоботии худро чӣ гуна мебинед?
Мо мехоҳем бо ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳамкорӣ намоем ва ба онҳо кӯмак расонем.
Дар чанд ҳавзаи якмандатӣ номзад пешниҳод кардаед?
Дар Истаравшан, Мӯъминобод, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ.
ҲКТ дар бораи ворид шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ мавқеъ дорад?
Дар барномаи пешазинтихоботии мо дар ин маврид чизе гуфта нашудааст. Дар ин масъала низ мо аз мавқеи ҳукумат дастгирӣ менамоем, ки бояд он ҳамаҷониба омӯхта шавад. Аммо як чиз маълум аст, ки мо ба ҳамгироиҳои иқтисодӣ дар доираи кишварҳои пасошӯравӣ назари мусбат дорем.