Суҳбати дастпарвари МТЖТ Шаҳрияи Мадгиё бо мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддинов дар арафаи ҷашни 109-солагии матбуоти тоҷик атрофи дирӯзу имрӯзи матбуоти чопӣ

— Имрӯз матбуоти тоҷик 109-сола мешавад. Устод, шумо дар ин бора чӣ гуфтаниҳо доред?

— Аз як нигоҳ таърихи яксадунуҳсола дар қиёс ба матбуоти дигар манотиқи олам чандон фосилаи тӯлноӣ нест. Агар ба таври шартӣ ватани матбуотро Аврупо гӯем, матбуот таърихи қариб 400-сола дорад, яъне матбуот дар мо дертар падид омад ва дар давоми ин фосила матбуоти мо пурра ҳам набошад, дар андозаву хадди муайян ҳамқадами матбуоти пешрафтаи ҷаҳон аст. Албатта, ба истиснои баъзе омилҳо, чун сифати коғаз, мусаввирияти он ва дигар омилҳое, ки ба масъалаҳои ороиши он вобастаанд. Аз нигоҳи мазмун, муҳтаво, маънӣ, мантиқ, ҳадаф, самтнокӣ фикр мекунам, ки мо ҳам камтар аз як матуботи аврупоӣ ё амрикоӣ нестем.

Матбуоти мо рисолатҳои бузургеро ба дӯш дошт ва ба анҷом ҳам расонида тавонист. Дар кишвари мо матбуот дар оғози пайдоиш силоҳи идеологӣ буд ва тавассути он тавонистем, ки хеле аз ҳадафҳо ва мақсадҳои худро баён кунем ва дар татбиқи нақшаҳои зиёде ҳам мусоидат кунем. Рисолати матбуоти аввалини тоҷикӣ ба ҳам овардани миллат буд, ки дар арафаи парокандагӣ қарор дошт. Яъне, миллатро тақсим ва ҳастии онро инкор кардан мехостанд, аммо пайдоиши матбуот аввалин  бонг ё садое буд,  ки аз ҳастии миллате бо номи тоҷик дарак медод. Нашри рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро дар назар дорам. Пеш аз ин ҳам нашрияҳое буданд, ки як навъ қолаб, ё шаклу мазмуне аз тоҷикият доштанд, аммо “Бухорои шариф” ба таври расмӣ аз ҳастии миллати мо ба атрофиён, ба ҳамсояҳо дарак дод. Баъд, аз соли 1925, ки матбуоти расмии мо арзи ҳастӣ кард, рисолату вазифаҳо дигар шуданд. Матбуот идеологӣ буд, матбуот ҳизбӣ буд ва ягон ҳадафу маромро пайгирӣ мекард. Матбуоти мо дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар замони барқарорсозии баъдиҷангӣ, дар замони осиштаи солҳои 70-ум то 90-ум ва дар замони истиқлол вазифаҳои худро то андозаи муайян ба анҷом расонидааст. Махсусан,  матбуоти,  ба қавле ё иборае замони худшиносии навини мо, ки нимаи дуюми солҳои 80-ум мебошад, хеле вазифаҳои зиёдеро амалӣ кард. Аввалин чизе, ки матбуоти мо дар ин ҷода ҳамчун дастовард соҳиб гашт, ин ҷуръату ҷасорат буд, ин баёни ақидаи озод буд, ки мардуми мо аз оғози пайдоиши матбуот ин имконро, ба истиснои баъзе шумораи “Бухорои шариф”, надида буданд. Яъне, сензура инро иҷозат намедод ва, хушбахтона,  солҳои 80-ум мо аз озодии сухан, аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, аз асорат ёфтани фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо садо баланд кардем.

Оғози солҳои 90-ум андаке мураккабиҳо дошт, ки матбуоти мо дар сангарҳои муборизаҳои сиёсӣ хеле фаъол шуд. Ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудем, ақидаву андешаҳо дар ин маврид гуногун ҳастанд. Ҳеҷ вақт ягон журналист ва он нафаре, ки дар матбуот кор мекунаду журналисти асил аст, барои нобудии миллати худ, хонаи худ, марзу буми ватани худ андешаву ақидаеро тарғиб намекунад. Чунин амалҳо дар солҳои сиюм буданд, ки баъзе ватанфурӯхтаҳо тавонистанд, дум ликонда дар назди хоҷаҳо сарзамини моро, ҳастии моро инкор мекарданд. Ҳеҷ як журналисте, ки ӯ худро тоҷик номад, ба муқобили маҷро рафта бошад, набуд. Ва он чизе, ки дар солҳои 90-ум матбуот ба дқш дошту он қазияҳое, ки ба миён омаданд, ба андешаи ман таҳмилӣ буданд. Ба давраи охирин ва зинаву ташаккули матбуоти мо нигарем, андаке масъала  дигаргунатар аст. Матбуот ба майдони нав бо аз даст додани имкониятҳои зиёди худ ворид шуд. Ман  дар назар дорам тираж, сифат, бисёр масъалаҳое, ки марбут ба нашри рӯзнома буд. Ва матбуот дар рақобат ва сабқат бо дигар ВАО андаке нотавон ҳам гашт, ин чизро  бояд  иқрор шуд. Дар кишвари мо, агар сароҳатан назар афканем, шурӯъ аз солҳои 2000 интернет пайдо шуд ва оҳиста-оҳиста мавқеи рӯзномаро танг кард. Намегӯям, рӯзнома мавқеашро аз даст додаст, вале афсӯс, ки имрӯз хонандагони матбуоти чопӣ торафт кам шудаанд. Бештар насли миёнаву калонсоли мо хонандаи рӯзнома ҳастанд. Насли имрӯза насли гуглу интернетӣ, бо такя ба манобеи дигари васоити электронӣ ахборро дастрас мекунад. Он накҳат, кайфият, лаззате, ки аз хондани рӯзнома насли пешин дошт, имрӯзаҳо онро аз даст додаанд. Ҳеҷ вақт як расона билкул нест намешавад. Ҷавҳари он боқӣ мемонад, вале шаклу зоҳири он дигар мешавад. Ин хавф як замоне солҳои 60-ум дар Аврупо низ пайдо шуда буд. Вақте нуфузи телевизон зиёд шуд, рӯзномаҳо бе чора монданд, вале бо чораҳои махсуси давлатӣ, бо дастгирӣ рӯзнома аз нав ба матбуот ворид шуд. Ба таври маҷбурӣ мабуотро нигоҳ доштан намешавад. Ин аз ҳунари рӯзноманигорон вобаста аст, ки то кадом ҳад метавонанд, хонандаи худро пайдо кунанд.

— Устод, имкони ҳар рӯз нашр шудани рӯзнома ҳаст?

— Ин хеле душвор аст, барои ин маблағи зиёд лозим аст. Нерӯи зеҳнии зиёд, нерӯи эҷодӣ,  баъдан пайдо кардани матолибу таҳияи он лозим аст. Боз мегӯям, ин сабқат аст, рақобат аст, шояд дар даҳсолаҳои оянда рӯзнома дар шакли коғазӣ арзи ҳастӣ накунад, ҳама чиз электронӣ шавад. Бояд инро иқрор шуд, ки насли ҷавон дар хондани рӯзнома як навъ дар фосила қарор дорад, агар мо ҳар рӯза ҳам нашр кунем, талабот ба хондани он хеле кам аст. Инро дар  тадқиқоти сотсиологӣ низ муайян кардан мумкин аст, ки хонандаи имрӯзаи рӯзномаи мо ё аҳли зиё  ҳастанд, ё насли калонсол, аммо замони шуравӣ саросар рӯзномахон буданд. “Ҷавонони Тоҷикистон”  то 200 ҳазор тираж дошт ва имрӯз бо шумори камтар. Ё ин ки нашрияҳо ҳатто дар деҳот хона ба хона паҳн мешуданд. Хонае набуд, ки ба ин ё он нашрия обуна набошад.

— Дар бораи муҳтавои навиштаҳои дирӯзу имрӯзи рӯзномаҳо чӣ фикр доред?

— Имрӯз як бартарият он аст, ки мо дар баёни андеша озод ҳастем. Бояд фарқ байни  озодии журналистика ва журналистикаи озодро то андозе дарк кунем. Озодии журналистика он нест, ки мо ҳар чӣ хоҳем, ҳарчӣ қабеҳ аст, таҳқир аст, дар саҳифаи рӯзнома ҷо диҳем. Имрӯз бартарият он аст, ки Конститутсия озодиро ба мо кафолат додаст. Мо ҳар гуна андешаву ақидаро метавонем, тавассути матбуот нашр кунем, аммо имрӯз фикр мекунам, ки як чиз нисбатан коста аст. Назари интиқодӣ ё баррасии проблемаҳои рӯз дар қиёс ба матбуоти солҳои 30, 40, 60-70-ум дар сатҳи пасттар қарор дорад. Намегӯям, ки матбуоти имрӯз ҳама таърифу тавсиф аст, вале чаро имрӯз жанрҳое мисли фелетону памфлет, ки бисёр мушти зӯр буданд, каманд, ё нестанд? Зеро имрӯз шароити бозоргонӣ, шароити гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар идома дорад ва мо ҳанӯз ҷойгоҳи сухани матбӯъро пурра мушаххас накардаем, ки чӣ гуна бошад. Дар замони Шӯравӣ як асолат, як  ҳақиқату ҷавҳаре вуҷуд дошт, ки хонандаро ба худ ҷалб мекард ва ҳар навишта вазн дошт. Имрӯз аксари навиштаҳои мо бештар тавсифу тамаллуқ ҳастанд. Ҳастанд журналистоне, ки ватандӯстона менависанд, фикри миллат, халқ, мардумро мекунанд, аммо на ба он сатҳу пояест, ки матбуоти мо ҳам аз нигоҳи тираж, сатҳ, мазмун дар замони шӯравӣ дошт.

— Мехостам дар чанд ҷумла меҳру самимияти худро нисбат ба матбуот баён мекардед.

— Газета минбари муқаддас аст, зеро оғози журналистика ба газета, ба матбуот робита дорад. Ҳар он чизе, ки ба шаклҳои дигари ВАО ба вуҷуд омаданд, ин шохаҳо ё самтҳое аз газета мебошанд. Он шахсе, ки дар газета кор карда метавонад, дар тамоми расона кор карда метавонад, зеро ӯ соҳиби андеша, ақида ҳаст, фикри худро самт мебахшад ва дар як доираи муайян ҳама вақт чизе гуфтаву навишта метавонад.

Дар нашри электронӣ низ кор коллективӣ, маҷмӯӣ аст, аммо кайфияти кори рӯзнома он аст, ки дар танҳоӣ нимашабҳо метавон машғул шуд, чизе навишту гуфт.

Садриддин Айниву Сотим Улуғзода ва дигарон ҳама тарбиятдидаи рӯзнома буданд. Дар фаъолияту ҳамкорӣ бо рӯзнома қалами худро сайқал доданд. Рӯзнома минбари беминнати муаррифии он нафаре аст, ки қаламбадаст мебошад, қаламбадасте, ки истеъдодеро соҳиб аст, ҳунар дорад. Барои он минбари беминнат мегӯем, ки агар ҳунар доред, агар навишта метавонед, ҳеҷ гоҳ матбуот барои шумо маҳдудият пеш намеорад ва ин матбуот шуморо шуҳрат мебахшад, нуфуз мебахшад. Матбуот барои ман мактаб аст, сайқали ҳунари эҷодӣ аст, ки ба он ҳамеша эҳтиромро қоилам.

— Шумо чун устоди журналистика ва чун журналист барои пешрафти матбуот дар замони имрӯз чи пешниҳодҳо доред?

— Барои пешравии кори матбуот дар оянда, пеш аз ҳама донишу  малакаи худи кормандони матбуот нақши асосиро мебозад. Он чизеро бояд навишту гуфт, ки ҳамқадами  рӯз бошад. Рӯзнома набояд танҳо барои пур кардани саҳифа фаъолият дошта бошад, балки набзи ҷомеа, набзи ҳаётро ифода карда тавонад. Танҳо дар ин сурат майлу таваҷҷӯҳи хонанда ба матбуот бештар мешавад. Имрӯз ҷомеи муосир ғарқи иттилооту ахбор шудааст. Рӯзномаи имрӯза бояд ба нашри матолиби хуб дар қолаби жанрҳои публисистика бештар тавваҷӯҳ кунад, зеро маълум аст, ки дар сабқати ахбор қафо мондааст. Бояд ба матолибе рӯ оварад, ки мардумро андармон созад, мушкилоти онҳоро баррасӣ кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here