Мусоҳибаи махсус бо Амиршо Миралиев

— Овони бачагии шумо чӣ гуна сипарӣ шудааст?

— Мисли дигар бачаҳои солҳои баъдиҷангӣ (Ҷанги Бузурги Ватанӣ). Агар манзури шумо мухтасари тарҷумаи ҳолам бошад, пас бояд зикр кард, ки бистуми декабри соли 1946 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудам. Фаъолияти меҳнатиамро соли 1964 дар «Ремстройпрорабство»-и ноҳияи Данғара оғоз намуда, солҳои 1965-1970 донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон будам. Солҳои 1970-1972 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун лейтенанти калон ба сифати қумондони взводи тирандозӣ дар кишвари Приморе адои хизмат кардам. Аз соли 1972 то охири соли 1994 дар сохторҳои ҳизбӣ фаъолият доштам.

Моҳи декабри соли 1994 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо таъин гардидам. Аз моҳи марти соли 2000 то моҳи феврали соли 2001 вакил, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон будам.

Аз моҳи феврали соли 2001 то моҳи декабри соли 2006 Раиси вилояти Хатлон ва аз моҳи декабри соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 10-уми марти соли 2010 дар ин мансаби олии давлатӣ ифои вазифа намудам.

Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини якуми  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудам. Баъд аз анҷоми ваколат як муддат раиси шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» будам. Айни замон вазифаи ҷамъиятӣ — раисии Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистонро ба зимма дорам.

— Падару модар, муҳити оила дар ташаккули шахсияти шумо чӣ нақше гузоштаанд?

— Табиист, ки дар шаклгирии дилхоҳ инсон падару модар ва муҳити оила нақши бориз доранд. Падарам равоншод Миралӣ Нуралиев аз диловарони замони худ, марди нондеҳ, хайрхоҳ ва боорият буд. Ин аст, ки моҳи декабри соли 1942 яке аз аввалинҳо шуда, баҳри ҳифзи Ватани худ бархост. Диловарии ӯ бо рутбаҳо, Раҳматномаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ И. В. Сталин, ордену медалҳои зиёд, аз ҷумла, Ордени «Ситораи Сурх», Ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и дараҷаи дуюм, медалҳои «Барои гирифтани Берлин», «Барои озод кардани Варшава», «Барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Ветерани меҳнат» ва ғайра қадр шудааст.

Модарам — Тугмагул, ки зани бофарҳангу боиффат буд, дар тарбияи мо нақши шоиста дошт. Падару модарам аз худ на танҳо кору номи нек боқӣ гузоштанд, инчунин 10 фарзандро дар руҳияи меҳандӯстӣ ва худшиносӣ ба воя расониданд.

— Дар ҷавонӣ орзуи сиёсатмадор шудан доштед?

— Ман дар қиёс ба тахаюл ва орзупарварӣ ба воқеият афзалият медиҳам. Мақсадам, пеш аз ҳама, таҳсили намунавӣ, риояву арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва комёб шудан дар зиндагӣ буд. То чӣ андоза дар ин ҷода муваффақ шудам, бигзор ҷомеа баҳо диҳад.

— Чӣ гуна ба мактаби ҳизбӣ роҳ ёфтед?

— Ин масъала ба ирода ва хоҳиши ман рабт надошт. Тасмимро доир ба ин масъала роҳбарияти онвақта гирифтанд ва табиист, ки донишу малака ва фаъол будани ман нақши ҳалкунанда дошт.

Баъди итмоми хизмати ҳарбӣ — соли 1972 фаъолиятам дар сохторҳои ҳизбӣ шуруъ гардид. То соли 1980 дар кори комсомолӣ ва солҳои 1980-1986 ба сифати инструктори комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 1986-1988 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Ленинград таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси сиёсатшинос шудам.

Чанд муддат узви Комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон будам. Сипас, бо тавсияи КМ ҲК Тоҷикистон барои кор ба собиқ ноҳияи Москва фиристоданд ва то охири соли 1994 вазифаи Котиби якуми Ҳизби коммунисти ин ноҳияро ба уҳда доштам.

— Солҳои зиёд дар вазифаҳои баланди давлатӣ, дар командаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор кардед. Чӣ хотира, гуфтание аз қаҳрамониҳои Президенти Тоҷикистон доред, ки имрӯз замони нақли он расидааст?

— Садоқати банда ба Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тағйир наёфтаву намеёбад. Ифтихор аз он дорам, ки аз рӯзҳои аввали давлатдории ин абармарди арсаи сиёсат ба сифати содиқтарин ҳамсафаш дар паҳлуяшон қарор дорам ва дар пешрафти кишвар саҳми хешро гузоштаам. Бе мублиға мегӯям, ки ҳар рӯзи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонист.

Зарур ва ногузир аст, ки ҳар кадоми мо дар тарғиби дастовардҳои мамлакат ва саҳми Пешвои миллат беш аз пеш фаъол ва ҷасуру ҷонфидо бошем. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Ин дастоварди саҳлу сода нест, зеро эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Ба мардум дар заминаи далелу рақамҳои асоснок шарҳу тавзеҳ диҳем, ки маҳз масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро қадам ба қадам наздиктар созанд.

Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки дастоварди мазкур осон ба даст наомадааст. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.

Солҳои 2001-2006 раисии вилояти Хатлонро, ки аз ҷанги бародаркуш дар муқоиса ба дигар манотиқи кишвар сангинтар осеб дида буд, ба зимма доштам. Шоҳиди ҳол будам, ки дар як муддати кӯтоҳ дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат ин гӯшаи валангоршудаи кишвар ободу зебо гардид.

Ба ибораи дигар, тавассути Ваҳдати миллӣ боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ин гӯшаи куҳандиёр шукуҳу шаҳомати тоза касб кард.

Қариб як миллион фирориёни иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми Ватан баргашта, бо дастгирии бевоситаи Сарвари бунёдкору хирадманди хеш рӯзгори худро дар як муддати кӯтоҳ барқарор намуданд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи камназир эътироф шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст.

— Солҳои 1994 — 2000 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо будед. Дар интихоби кадрҳои сатҳи баланд ба кадом нозукиҳо бештар аҳамият медодед?

— Бале, солҳои вазнин буданд ва норасоии кадрҳое, ки дорои касбияти баланд ва содиқ бошанд, то андозае эҳсос мешуд. Бо ҳидояту дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихобу пешниҳоди кадрҳо хеле дақиқкору серталаб будем. Маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки беҳтаринҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод ва дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат саҳми бориз гузоранд. Ҳол он ки, дар он айёми ҳассос дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани ин рисолат кори саҳлу сода набуд.

Бароям эътирофи савод, истеъдод, ҳунар афзалияти бештар дошту дорад. Аз он ифтихормандам, ки он вақт аксар нафароне, ки босаводу кордон буданд, ба вазифаи ба худашон муносиб сазовор дониста шуданд.

— Сиёсатро шуғли мардона мегӯянд. Дуруст аст?

— Ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба занону модарон арҷ мегузоранд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мавриди назар буда, ба маънои рамзиаш занони кишварро паси фармон овард. Муҳим он аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки сарвараш чунин фармонро содир кардааст.

— Шиква бар он дорем, ки аз ҳисоби бонувон камтар занони фаъол доштем. Андешаи шумо дар ин маврид…

— Ба ин назар розӣ шуда наметавонам. Агар ба далелҳо назар андозем, пас соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд.

Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, барои таҳсили духтарон шароити муносиб муҳайё карда шуд.

Таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсир гузоранд.

Дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо теъдоди зиёди занону духтарон фаъолият карда, як зумра дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

— Киҳоро аз шумори бонувони фаъол дар сиёсат, аз собиқадорон то ҷавонон бештар баҳо медиҳед?

— Ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шумори занон сиёсатмадорони зиёде зуҳур карданд, ки бо аксари онҳо кор кардам. Дар робита ба ин, аз Руқия Қурбонова, Рафиқа Мусоева, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулафзо Савриддинова, Назира Ғафорӣ, Нигина Шаропова, Бозгул Додхудоева, Галия Рабиева ёдовар мешавам.

Аз насли ҷавон, ба андешаи ман, фаъолияти Озода Раҳмон, Фирӯза Шарифӣ, Саодатбибӣ Сироҷзода, Сумангул Тағойзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Мавсума Муинӣ ва дигарон арзандаи ситоиш аст.

— Шуморо чун роҳбари сахтгиру серталаб мегӯянд. Воқеан, инсони ҷиддиед ё талаби вақту замон буд?

— Ягон вақт сохтакор набудам, вонамуд низ накардаам. Ба ибораи дигар, ман ҳамонам ва ҳамон мемонам.

Ҳисси сарватғундорӣ ва ҷоҳпарастӣ бароям бегона аст ва бо нафси худ ба қаҳр будаму ҳастам. Дар тамоми ҳолатҳо, сарфи назар аз вазъият, ба мисли баъзе соҳибмансабон андешаамро дигар накардааму намекунам.

Бароям муҳим набуд, ки дар кадом вазифа қарор дорам, баръакс, муҳим самараи меҳнат ва нақши он дар пешрафти мамлакат буд.

Кӯшидам, то байни иштибоҳи корӣ, хунукназарӣ ва бепарвоӣ фарқият гузорам. Кормандро қадр ва талош мекардам, ки ҳеҷ нафари содиқ ва поквиҷдон ҳаргиз озор набинад.

Дар назар сахтгиру ҷиддӣ, вале дар асл хеле хоксору одӣ буда, баъзан шӯхӣ низ мекардем. Дар низоми идорӣ гоҳо шӯхию нимхандҳо низ менамудем, зеро ин гувоҳи хуб ба роҳ мондани кор буд.

— Дар вазифаи раиси вилояти Хатлон чун раиси ободгар шинохта шудед. Мушкил аст дарёфти бовару эътимоди мардум барои як роҳбар?

— Ифтихормандам, ки бо дастгирии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тавонистем ин минтақаи валангору аз лиҳози иқтисодӣ ақибмондаро «ба по рост монем».

Дар моҳҳои аввали кор дар вазифаи раиси вилоят шахсҳо ва гуруҳҳое буданд, ки ҳеҷ касро дар вилоят писанд намекарданд. «Худам шоҳу табъам вазир» гӯён, ҳаёт ба сар доштанд. Аммо, баъд аз он ки дар як-ду моҳ умуман онҳоро на ин ки қабул накардем, балки талаб кардем, ки дар чорчӯбаи қонун зиндагию рафтор кунанд, вазъи сиёсии вилоят тамоман дигар шуд. Шояд баъзеҳо надонанд, ки бо дастгирии Пешвои миллат як қатор иншооти аз ҷониби қумондонҳои он вақт ба истилоҳ саркаш хусусишуда, аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои собиқ Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ), Муъминобод ва ғайраро бозпас ба давлат баргардонидем. Ин иншоот таъиноти гуногун дошта, кинотеатр, лагери истироҳатӣ ва ғайра буданд. Замони раиси вилоят буданам дар баъзе шаҳру навоҳӣ қариб 50 фоизи раисони ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби бонувон таъин шуда, бо дастгирии Сарвари давлат бо мошинҳои хизматӣ таъмин гардида буданд.

Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз солҳои 1992-1993 истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон 2-3 баробар коҳиш ёфта буд. Замони зикркардаи шумо ин соҳаи муҳим рӯ ба беҳбудӣ оварда, хоҷагиҳои вилоят истеҳсоли пахтаро ба 340 ҳазор тонна расониданд. Дар ҳамин радиф истеҳсоли ғалладонагиҳо низ тамоюли афзоишро касб намуда, то ба 600 ҳазор тонна расид.

Самараи ҷаҳду талошҳо буд, ки дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 202 адад расид. Бо кӯшиши мо якчанд корхона мавриди таҷдид қарор гирифта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Рӯзҳои аввали Раиси вилояти Хатлон таъин шудан эълон карда будам, ки ҳама нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят бояд ба дараҷаи солҳои ҳаштодуми асри гузашта расонида шавад. Хушбахтона ба аксари ҳадафҳоям расидам.

— Қаҳрамони як асри Тоҷикистон аз нигоҳи шумо?

— Ман хизмати дигар нафаронро зери суол бурданӣ нестам, зеро ҳар кадом дар соҳаи худ барои миллат ва Ватан хизмати арзанда карданд. Вале, ба маънои томаш қаҳрамони на танҳо як аср, балки ду асри мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Инҷо овардани чанд мисоли ҷолибро бамаврид меҳисобам. Дар ҳоле ки бар асари коронавирус дар дигар давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат таназулли иқтисодиёт ба амал омад, дар кишвари мо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоишро касб намуд. Пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст рафт.

Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки бори аввал дар 28 соли соҳибистиқлолии кишвар се соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардиданд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид шуданд.

Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади Буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расид ва афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод.

Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки тамоми дастоварду пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи шикастнопазири мардуми шарифи кишвар аст.

— Каме дар хусуси аҳли хонавода, аз саҳми бонуи хона дар дастовардҳои кориатон ёд мекардед

— Аҳли оилаи мо мисли тамоми хонаводаҳои Тоҷикистон як хонаводаи одӣ аст, ки дар он арзишҳои маънавӣ дар муқоиса ба арзишҳои моддӣ ҷойгоҳи баландтар доранд. Бо ҳамсарам 46 сол аст, ки зиндагии босубот гузаронидем. Қоилам, ки ҳамсарам дар комёбиҳоям саҳмгузор аст. Зеро ҳамсари шахси соҳибмансаб будан дар баробари ҷанбаҳои мусбат махсусиятҳои худро дорад, ки на ҳар зан қудрати бардошту таҳаммулашонро дорад. Хушбахтона, солҳи ҳамзистӣ аз ҳамсарам меҳрубониву садоқат ва самимияту одамият подош гирифтам. Табиист, ки афроди таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос пеш аз ҳама иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд. Биноан, фарзандонро дар ҳамин руҳия ба воя расонидаем. Ин аст, ки ҳар кадом дар соҳаи худ муваффақанд.

Шоҳона ОДИНАЗОДА

Бознашр аз маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, октябр / 2020 (№167)

1 бинависед

  1. Ту ва ту баринҳо худро саги содиқи хоҷаи худ медонед, барои ҳамин шумоба садоқат ҷои авваланба.
    Эмомалӣ дар ҷаҳони мағзи ту эътироф шудааст. Касе ба ғайр аз диктаторҳои мисли худаш ӯро намешиносанд ва шинохтан ҳам намехоҳанд. Точка.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here