САҲИФАИ АВВАЛ

Панҷ сабаби тавлиди мусоҳиба

Дар мо мусоҳиба кардан бо ҷавонон новобаста аз касбу корашон мӯд нест. Ин на ба хотирест, ки мо ҷавонони муваффақ надорем, балки сабаб ба қавли профессор Иброҳим Усмонов “матбуоти мо имрӯз чеҳраи мусбатро намешиносад”. Мо ҳам гуфтем, қолаби шахшудаи имрӯзро бишканем…

Соли 2015 ман донишҷӯи курси якуми факултети журналистикаи ДМТ шудам. Ҳамон моҳи сентябр кураторамон Дилафрӯз Рустамова маро бо Одил Нозир шинос кард ва талқини ҳамкорӣ бо ӯ намуд, аммо Одил, ки донишҷӯи курси чорум буд ва бисёр баланд-баланд менигарист, рақамҳои телефонашро доду беаҳамиятона гуфт: “Фақат рӯзҳои ҷумъа занг зан, ба ягон саволат ҷавоб медиҳам, дигар рӯзҳо занг назан” ва ман то ҳамкор шуданамон ягон бор зангаш назадам, зеро яқин медонистам, ки саволҳоям ҷамъ шаванд, пасон рӯзе якбора ба ҳамааш ҷавоб мегирам…

Соли 2017 мо ҳафтае се маротиба дар миёни курдуди сигори устод Хуршед Атовулло дарс мехондем. Ба қавле аз назария ба амалия мегузаштем. Чанд маротиба устод ба ман гуфтанд, ки аз Одил Нозир мусоҳиба гир, ӯ меарзад, аммо…

Соли 2020 вақте ки мо ҳамкор шудем ва ман дар Ютубканали pressa.tj барномаи “Корзина”-ро ташкил кардам, аз аввалин нашрҳо хоҳиш доштам, ки Одил Нозир меҳмон бошад, аммо наздики як сол гузашт ва баъд меҳмон шуд…

Ман доимо мехостам, ки бо нафаре дар бораи қиёмат, Худо, марг, ҷаҳаннам, биҳишт, ҷавонӣ, Тоҷикистон, журналистика, журналистон, кадрҳои журналистӣ ва аҳли илму адаб суҳбати ошкоро дошта бошем…

Ва инак, фурсат даст дод, то ки бо яке аз фаъолтарин журналистони ҷавон, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон“ Одил Нозир суҳбате анҷом додам.

САҲИФАИ ДУВВУМ

“Ман ҳеҷ гоҳ ҷавонӣ накардам

— Шумо гуфтаед, ки “дар хурдӣ ба бозор барои либосхарӣ мерафтем, миёнам то андозае борик буд, ки ҳеҷ шиме дар миёнам намешуд, ҳоло ҳам шимҳои бозор ба танам намешавад, аммо аз фарбеҳӣ”. Сабаби фарбеҳӣ чист ва чаро аз пушти харобшавӣ намешавед?

— Бале, ин дуруст аст, ман бисёр хароб будам. Баъд оҳиста-оҳиста фарбеҳ шудам ва сабабашро намедонам. Аз соли 2020 фикру кӯшиши харобшавиро мекунам.

Ҳаёте, ки мо дорем, дилгиркунанда аст?

— Бале, ҳаёти маро дилгиркунанда гӯем мешавад, зеро дар танҳо аз хона ба кор омадану аз кор ба хона рафтан ҳаст. Ва фикр мекунам, ки ҳаёти бисёри ҳамсолони ман ҳамин гуна аст, зеро кор нест, маош кам аст ва ҳама чизе, ки як ҷавон ба он расидан ва доштан мехоҳад, на ҳамеша ба ӯ муяссар мегардад.

— Дар ҷавонӣ ҷавонӣ кардед?

— Ман ҳеҷ гоҳ ҷавонӣ накардам. Аз якумкурсӣ ба газетаи “Тоҷикистон” омадам ва аз рӯзҳои аввали корӣ саҳифаи махсуси худамро доштам, ки масъулияти зиёд мехост. Баъдан силсилаи мусоҳибаҳоро бо намояндагони илму адаб оғоз кардам. Ва табиист, ки бо калонсолон нишасту хез кардан одамро ба онҳо монанд мекунад. Яъне гӯё калонсол будам, тӯйи ҳамкурсонам нарафтам, баҳр нарафтам, истироҳат нарафтам, боулинг нарафтам, футболбозӣ накардам, дар аксари нишастҳои ҷавонон набудам…

— Кист як ҷавони идеалӣ?

— Ҳамоне ки ҳам худашро созад ва ҳам барои ояндаи худаш замина гузошта тавонад.

— Дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан осон аст?

— Не, дар кишвари мо зиндагӣ кардан бисёр мушкил аст.

— Се сабаб бигӯед

— Бекорӣ, ҷомеаи ҳазор соли охир шахшуда ва ҳеҷ кас чизеро тағйир додан намехоҳад.

САҲИФАИ САВВУМ

“Ман аз ин гуна суҳбатҳо безорам

— Шуморо чанд нафар ҳамчун журналист мешиносанд. Бигӯед, ки муносибати духтарҳо дар шинохтану таваҷҷуҳ чӣ гуна аст?

— Мавзуҳое, ки ман менависам, ба духтарон дахл надорад, аудиторияи ман онҳо нестанд. Аммо бояд бигӯям, ки бо ин фарбеҳӣ ва дур будан аз причосткаву дигар хусусиятҳое, ки аксар ҷавонони имрӯз доранд, ҳам ҳеҷ гоҳ аз муҳаббати духтарон канор намондаам.

— Чаро оиладор намешавад?

— Ҳозир ба хулосае омадам, ки ман бояд пас аз хатми мактаби миёна оиладор мешудам, лекин феълан ба танҳоӣ одат кардам ва ҳоло руҳан ба ин омода нестам.

— Дар мавзӯи секс суҳбат кардан ба шумо осон аст?

— Намедонам. Чизе пурсиданиед?

— Секс як кори маъмулист, чаро мардум ин қадар аз ин мавзуъ ҳазар мекунанд?

— Ҷомеаи мо сунатист ва секс кори маҳрамона. Гумон мекунам, ки ҳамин тавр бошад, хуб аст. Ман мехоҳам, ки маърифати секс дар хона ё мактаб дар даврони гузариши насли наврас омӯхта шавад. Ин мушкилиест, ки дар ҷомеаи мо зиёд наврасону ҷавонон ба он мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҳамин сабаб онҳо дар раванди оғози ҳаёти маҳрамона зиёд иштибоҳ мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷонибдори оммавӣ шудани мавзӯи секс бошам. Нафрати ман меояд, вақте ки ду-се нафар дар мавриди секси шабона кардаашон суҳбат мекунанд. Ман аз ин гуна суҳбатҳо безорам.

— Дар ҷавонии шумо секс бисёр аст ё кам?

— Дар ҷавонии ман секс… Биёед, ҷавоб надиҳам, зеро ин ба ҳар ҳол мавзӯи маҳрамона аст. Дигар ин ки, “корнамоиҳо”-и ман кирои ифтихор надоранд.

САҲИФАИ ЧАҲОРУМ

“Гиристам, сахт гиристам”

— Мегӯянд, ҳамроҳи нафароне, ки аллакай синну солашон ба ҷое расидааст, мушкил аст суҳбат кардану муносибати дӯстӣ доштан. Шумо чӣ мегӯед?

— Мушкил аст, бисёр. Онҳоро фақат гӯш мекунӣ, гапашонро рад намекунӣ, ба пурсишҳояшон ҷавоб мегӯйӣ, худатро бомаънӣ мегирӣ, луқма намепартоӣ, баланд намехандӣ… Ва хоҳиву нахоҳӣ, калонсолон аз ҷавонон энергия мегиранд. Аммо сад фоиз гуфта метавонам, ки аз шину хез бо бузургони илму адабамон ҳамаша чизе гирифтам ва ифтихор ҳам мекунам.

— Чаро зиёиёни мо меноланд?

— Аксарият зиёиёни мо парвардаи замони шӯравӣ ҳастанд ва дар он замон аҳли илму адабро ҳукумат зиёд қадр мекард, китобҳояшонро чоп мекард, ба истироҳат мефиристонд. Хонаву дачаву мошин медод. Аммо вақте ки инҳо ба замони нав расиданд ва он имкониятҳоро надоранд, меноланд. Аз паҳлуи дигар, бояд иқрор шавем, ки маошу нафақаи зиёиёнамон дар баробари хизматҳояшон кам аст, бисёр кам. Зеро бубинед, нафаре, ки 40 соли умрашро ба санъату ҳунар бахшидааст, 600 сомонӣ нафақа мегирад…

— Ба фикри шумо давлат вазифадор аст, ки ба зиёиёнамон мисли замони шӯравӣ муносибат кунад?

— Давлат муваззаф аст, ки ба аҳли зиё ғамхорӣ кунад, вале зиёиёни мо ҳам бояд оҳиста-оҳиста одат кунанд, ки ҳама корро барояшон давлат анҷом дода наметавонад…

— Соли 2020 аз мо бисёр бузургонамонро бурд. Охирин бор барои марги кадом бузург гиристед?

— Охирин маротиба дар марги устод Гулназар гиристам, сахт гиристам.

САҲИФАИ ПАНҶУМ

“Мо ҳамаамон биҳишт меравем”

— Шумо моҳи июл коронавирус шудед ва васият кардед, ки “агар мурдам, дар хок гӯрам накунеду ҷисмамро сӯзонда, ба дарё партоед”. Чаро?

— Ин як сарказм буд. Баъдан, намехоҳам, ки пас аз мурдан маро кирму чирм хӯрад. Фикр мекунам, ки руҳ ба ҷойи даркорӣ меравад ва ҷисми инсон дигар арзише надорад. Бинобар ин, ҳамин тавр гуфтам, ки пас аз маргам маро сӯзондаву хокистарамро ба дарё партоед.

— Боварӣ доштед, ки дӯстонатон ин корро мекунанд?

— Не албатта.

— Охират. Ба фикри шумо он ҷо чӣ гап мешавад?

— Ман фикр мекунам, ки мо ҳамаамон биҳишт меравем. Зеро азобу уқубате, ки дар ин ҷо ҳаст, дар дӯзах нест. Ва Худо ҳеҷ гоҳ бандагонашро аз як дӯзах ба дӯзахи дигар намебарад.

Шумо ба зинда шудани пас аз мурдан боварӣ доред?

— Бале.

Кӣ моро офарид?

— Худованд.

— Барои чӣ офарид?

— Сабаби офарида шудани инсонро намедонам, фикр ҳам накардаам, барои чунин фикр кардан ақлам намерасад. “Асрори азалро на ту дониву на ман”…

Бояд дар ин дунё чӣ кор кунем?

— Зиндагӣ кунем, ҳадди эътидолро нигоҳ дорем, ба касе зарар нарасонем.

Ба охират чӣ гуна тайёрӣ мебинед?

— Рости гап фикр накардаам. Ман ҳоло ба мурдан тайёр нестам, зеро мегӯянд, ки бояд одам панҷ вақт намоз хонад, рӯза дорад, нанӯшад, боодоб бошад, вале аз ин ҷиҳатҳо ман умуман тайёр нестам. Ва дар баробари ин фирк мекунам, ки ба касе зарар нарасондаам ва номаи аъмолам он қадар сиёҳ ҳам нест.

САҲИФАИ ШАШУМ

“Журналистшавандаҳо намехонанд…”

Ҳавои журналистикаи мо чӣ гуна аст?

— Тираву гирифта, туман, ҳавое, ки чанд метр пешатро дида наметавонӣ.

— Шумо кадри факултети журналистика ҳастед. Чӣ омӯхтед аз он ҷо?

— Алифбои журналистика, таърихи журналситика, жанрҳои журналистика, ҳуқуқу этикаи журналистика.

Чаро ба роҳи илм нарафтед?

— Фазои донишгоҳ барои кори илмӣ кардан созгор нашуд.

— Як устоди қадрдони ман гуфт, ки рафтарафта сатҳи донишу фаҳмиши донишҷӯёни факултети журналистика паст шуда истодааст. Шумо чӣ мегӯед?

— Бале, сол аз сол сатҳу сифати дониши донишҷӯёни факултети журналистика паст мешавад. Сабаби аввал қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, сабаби дигар — донишҷӯён умуман китоб намехонанд ва сабаби ниҳоӣ — журналистшавандаҳо барои чӣ журналист шуданашонро намедонанд?

— Ба фикри шумо чӣ бояд кард, ки ин ҳолат хубтар шавад?

— Нахуст барои онҳое, ки шомили факултаи журналистика шуданӣ ҳастанд, имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат ҷорӣ бояд кард, зеро тест наметавонад маълум кунад, ки довталаб журналист мешавад ё не. Дигар ин ки, журналистика фаъолияти эҷодиест, ки дар заминаи идеалҳо ва пайравӣ кардан камол меёбад. Нахустин идеал барои донишҷӯ устодаш аст. Вақте мо таҳсил мекардем, беҳтарин устодон моро дарс медоданд. Аммо ҳоло ба журналистони оянда нафароне дарс мегӯянд, ки як соат дар газета кор накардаанд, микрофонро ба даст нагирифтаанд, соате пушти камераву монтаж набуданд, ҳатто дар газетаи деворӣ як лавҳа надоранд. Нафаре, ки журналист буданро эҳсос накардааст, наметавонад шогирди хуб тарбия кунад.

— Аз журналистони соҳибном киҳо ба шумо ҳақи устодӣ доранд?

— Шарифзода Қироншоҳ, Шариф Ҳамдампур ва Абдумудассир Аҳмадзода ва дигар журналистоне, ки навиштаҳояшонро хондаму мехонам.

— Зиёдатиҳои журналистикаи мо киҳоянд?

— Ҳастанд, албатта. Ин зиёдатиҳоро, ки “нонхӯрак”-ашон мегӯям, дар нишастҳои матбуотӣ бештар эҳсос кардан мумкин аст…

— Шумо фаъолияти Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАОро пайхас мекунед?

— Ман на Иттифоқи журналистонро медонам ва на Академияи ВАО-ро.

САҲИФАИ ҲАФТУМ

“Орзу дорам газетаи ҳазорсаҳифагӣ барорам

— Чанд сол мешавад, ки шумо дар газетаи “Тоҷикистон” кор мекунед?

— Зиёда аз 8 сол.

— Дар ин муддат шумо ба “Тоҷикистон”  чӣ додед ва “Тоҷикистон” ба шумо чӣ дод?

— Тоҷикистон ба ман минбар шуд, ному нон дод ва ман ба он потенсиали ҷавониямро бахшидам.

— Барои чӣ шумо бояд муҳаррири як газетаи сиёсӣ бошед?

— Барои он ки чанд сол дар ин газета кор кардам ва газетаву сиёсати газетаро медонам.

— Дар вақти омода кардани газета чанд фоиз фикри реклама ва чанд фоиз фикри хонандаро мекунед?

— Ман ба рекламаву тарғибот кор надорам, зеро вазифаи ман таҳия ва хондани матолиби ҳафтаинаи газета аст, масъалаи реклама бошад, масъулони махсус дорад, ки онҳо машғуланд.

— Пӯшида нест, ки ба унвони газета муаллифони берунӣ бисёр матлаб мефиристанд. Вақте ки матолиби эшонро чоп намекунед, “комментария”-ҳояшон чӣ гуна мешавад?

— Орзу дорам, ки ягон кас ба ман пул диҳад ва як газета чоп кунам, ки дар он ҳама архиви газета ҷой шавад.

— Кист, ки бе ӯ ин газета фаъолият карда наметавонад?

— Шариф Ҳамдампур.

— Рақибони “Тоҷикистон” киҳоянд?

— Ҳамаи газетаҳои фаъол.

— Дигар газетаҳоро дида, газет мебароред ё?

— Бале, мебинем албатта, ба хотири он ки монанд набошем.

Газета дар чанд рӯз омода мешавад?

— Се рӯз.

— Чан соат кор мекунед?

— 3 соат пеш аз нисфирӯзӣ ва 3 соат баъд.

— Маошатон чӣ қадар аст?

— Маошамро намегӯям, зеро кам аст.

САҲИФАИ ҲАШТУМ

“Якто ҳам нест

— Топ 3 сутуни Тоҷикистон

— Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов, Раҳимзода Рамазон.

— Топ 3 сутуни журналистикаи тоҷик

— Шариф Ҳамдампур, Умед Бобохонов ва дигар журналистон.

— Топ 3 сутуни факултети журналистикаи ДМТ…

— Прфессор Мурод Муродӣ, профессор Ҷовид Муқим ва Қироншоҳ Шарифзодаву Сангин Гулов.

— Топ 3 китоби беҳтарин

— “Ҷанг ва сулҳ”-и Толстой, “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ ва “Духтари оташ”-и Ҷалол Икромӣ.

— Топ 3 мусоҳибаи беҳтарин

— Мусоҳибаи Абдуқаюми Қайюмзод бо Муъмин Қаноат, мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур дар бораи Раҳмон Набиев бо собиқ корманди КГБ ва мусоҳибаи Додоҷон Атовуллоев бо Гулрухсор.

— Топ 3 интервюери беҳтарин

— Абдуқаюми Қайюмзод, Шариф Ҳамдампур ва Раҷаб Мирзо.

— Топ 3 шоири муосир…

— Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Фарзона.

— Топ 3 шоири классик…

— Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва Саъди Шерозӣ.

— Топ 3 нависандаи тоҷик

— Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Баҳманёр.

— Топ 3 нависандаи ҷаҳон

— Лев Толстой, Габриэл Гарсиа Маркес ва Холид Ҳусейнӣ.

— Топ 3 қадами бузурги шумо…

— Якто ҳам нест.

— Ман баъзан номҳоро мегӯям, шумо онҳоро ба аудитория бишносонед.

— Хуб.

Отахон Латифӣ.

— Журналист ва муаррифигари Тоҷикистон дар замони шӯравӣ.

— Шариф Ҳамдампур.

— Публитсист ва медиамагнати тоҷик, ки барои матбуоти тоҷик корҳои муҳим кардааст.

— Додоҷон Атовуллоев.

— Журналист.

— Салими Аюбзод.

— Журналист.

— Умед Бобохонов.

— Журналист ва медиамагнати тоҷик, ки барои матбуоти тоҷик корҳои муҳим кардааст.

— Хуршед Атовулло.

— Як замон маҳбубтарин журналисти ман.

— Аҳмади Иброҳим.

— Журналисти маҳаллӣ.

— Раҷаби Мирзо.

— 10 сол пеш яке аз журналистони беҳтарини Тоҷикистон.

— Самариддин Асозода.

— Сармуҳаррири “Садои мардум”.

Қурбоналӣ Раҳмонзода.

— Сармуҳаррири “Ҷумҳурият”.

— Бахтиёт Ҳамдамов.

— Сармуҳаррири “Минбари халқ” ва раиси Шӯрои ВАО.

— Маҳмудҷон Усмонов.

— Нависандае, ки ҳамзамон аз ӯ умеди зиёд дорем ва чандест муовини аввали сармуҳаррири “Садои мардум”.

Ҳурринисо Ализода.

— Яке аз беҳтарин сармуҳаррирони маҷаллаи занона дар Тоҷикистон буданд.

Шаҳло Акобирова.

— Менеҷере, ки барои журналистон баъзе дарсҳо ташкил мекунад.

— Фазлиддин Асозода.

— Сармуҳаррири “Фараж”.

— Усмон Раҳимзода.

— Шореҳи иқтисодии “Тоҷикистон”.

САҲИФАИ НУҲУМ

“Бояд волидонам аз ман узр пурсанд…”

— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

— Панҷакент хонаи падару модарам меравам.

— Узрпурсӣ?

— Не, баръакс, бояд волидонам аз ман узр пурсанд, ки маро ба ин дунёи бемаънӣ оварданд…

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

3 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here