Китоб аз қадим ҳамрозу ҳамдами инсон буда, дар ҳама давру замон арзиши баланд дошт ва ягона манбаи илму дониш маҳсуб меёфт. Дар гузашта инсонҳо аз нокифоя будани ин ашёи хониш танқисӣ кашида, дар як ҷо ҷамъ шуда, ба омӯзиши илм мепардохтанд. Аммо дар байни чанд соли охир аксарияти мардум аз китобхонӣ бозмонданд, зеро шароити онвақта барои муроҷиат ба китоб имкон намедод, одамон дар пайи ислоҳи вазъи иқтисодии хеш буданд. Баробари эълон гардидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» таваҷҷуҳи мардум ба китоб афзуд. Акнун китобҳои зеби ҷевон варақгардон шуда, вазифаи аслии хешро иҷро мекардагӣ шуданд. Вобаста ба натиҷаҳои озмуни мазкур бо яке аз доварони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиёшинос Ҳафиз Раҳмон ҳамсуҳбат шудем.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» то чӣ андоза тавонист диққати мардумро ба мутолиаи китоб ҷалб намояд?

— Ин озмун як такони бузурге шуд ба китобхонӣ, ба рӯ овардани намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ғизои маънавӣ. Намояндагони наслҳои калон ҳам бо як шавқу завқи зиёд азм карданд ба мутолиаи китоб. Мардум дарк карданд, ки китобу китобхонӣ василаи хеле муҳими гузаронидани вақт ва як навъ ба саодати маънавӣ расидани инсонҳост. Ҳар инсон хоҳу нохоҳ вақти холӣ дорад ва онро ҳар навъ мегузаронад, яке бо хоб, дигаре дар истироҳат. Мардум интихоб карданд, ки беҳтарин ҳолати гузаронидани вақт рӯ овардан ба китоб аст. Аввал ин ки, инсон ба дунёи хеле пурвусъати образҳои бадеӣ, манзараҳои бадеии зиндагӣ ворид мешавад ва чизе аз он ҷо бардошт мекунад. Дуввум ин ки, ба сарнавишти минбаъдаи ӯ таъсир мерасонад. Онҳое, ки мутолиаи зиёд доранд, тафаккурашон дигар аст, мавқеашон дар зиндагӣ устувортар ва ҳисси оптимистиашон ба ояндаи ҷомеаву кишвар тағйирхӯрда аст.

— Китоб то чӣ андоза метавонад ба шуури инсон таъсир расонад?

— Китоб барои дуруст мушаххас кардани роҳи зиндагӣ, барои тай кардани шебу фарози роҳи дарки ҳақиқат ва дигар паҳлуҳои ҳаёти рӯзмарраи инсон кумаки зиёде расонида метавонад. Ҷомеае, ки дар он китоб намехонанд ва ба фарҳангу ҳунар кам таваҷҷуҳ медиҳанд, қафомонда ва пойбанди таассубу хурофот мешаванд. Ягона чизе, ки аз таассубу хурофот ва боварҳои ғайриилмӣ инсонҳоро наҷот бахшида, ба дуруст зиндагӣ кардан ҳидоят менамояд, албатта, китобу китобхонист. Баъзеҳо дар он назаранд, ки агар бештар ба китобҳои бадеӣ, асарҳои адабии мутафаккирони сухан ошно шавем, аз технология қафо мемонем, ки ин ақида мутлақо хатост.

— Тайёрии донишҷӯён ба озмуни имсола чӣ гуна аст?

— Ҳоло ҳамин хел тасаввури мушаххас ва илман корхӯрдае ҳаст, ки донишҷӯён ба шинохти анвои гуногуни адабиёти бадеӣ ва ҳунарӣ чандон омода нестанд, лекин шаклгирӣ идома дорад.

Ман ба ин назарам, ки мо наметавонем яку якбора ба зеҳну шуури донишҷӯён ҳама масъалаҳои вобаста ба адабиёти бадеиро талқин карда бошем. Барои ин як муддати мадиде лозим аст. Лекин эҳсос мекунем, ки нисбат ба соли гузашта шӯру шавқи довталабон хеле зиёд аст. Аз онҳое, ки дар зинаи якум иштирок карданд, ҳис карда мешавад, ки миқдори осори мутолиашуда хеле зиёд аст. Довталабон аллакай барои худ як номгӯ пешниҳод намуда ва вобаста ба жанрҳои гуногуни адабӣ китобҳоро ҷудо кардаанд, ки ин чиз дар соли гузашта дида намешуд. Инчунин бо мутахассисону донишмандон маслиҳату машварат кардаанд. Ҳамин чиз метавонад дар оянда озмунро ба танзим дарорад.

— Таваҷҷуҳи довталабон ба адабиёти хориҷӣ чӣ гуна аст?

— Бисёре аз хонандагоне, ки дар озмун иштирок доранд, ба адабиёти ҷаҳон рӯ меоранд, асарҳои бисёр ҷиддӣ интихоб мекунанд. Нафақат аз хориҷи наздик, балки аз хориҷаи дур низ. Масалан, аз ҳавзаи адабии Амрикову Амрикои Лотинӣ, аз Австралия, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Чин, Япония ва дигар давлатҳо. Довталабон асарҳои бадеии мансуб ба равияҳои гуногуни эҷоди бадеӣ — рамзнигорӣ, реализми сеҳромез, символизм, сюрреализмро интихоб мекунанд, ки ин ба маърифати ҳиссии онҳо вобастагӣ дорад. Агар онҳо асарҳои фаҳму даркашон мушкилро интихоб кунанд, пас сатҳи завқашон ба он дараҷа расидааст. Агар бештар осори адабии реалистиро интихоб кунанд, ин ҳам хуб аст. Умуман фарқ надорад, муҳим хондан шуруъ шавад, масъалаҳои фаҳму дарк ҳам ҳал мешавад.

— Тағйироти имсола ба озмун чӣ натиҷа бахшиданд?

— Фикр мекунам, озмун бо он тайғироте, ки имсол шуд, бо пайдо шудани номинаи шоирӣ, зиёд шудани андозаи ҷоизаҳо дар ҷомеа ҳавасмандии зиёд ба вуҷуд овард. Инчунин вобаста ба натиҷаҳои имсола шояд боз дигаргуниҳо шавад. Шояд соли оянда номинаҳои нав ба вуҷуд оянд, масалан, нависандагӣ, драматургия ё бахши нақди сухан. Яъне ин озмун ҳамеша такомул меёбад.

— Шумо ба он нафароне, ки дар солҳои минбаъда иштирок кардан мехоҳанд, чӣ тавсия медиҳед?

— Онҳо пеш аз ҳама бояд руҳан омода бошанд, аз ҷиҳати маънавӣ, аз ҷиҳати илмию бадеӣ аз яку ду маслиҳат гиранд, бо донишмандон машварат кунанд, як-ду сол омодагӣ дида, баъд иштирок кунанд. Дар ҳамин ҳолат метавонанд ба саволҳои аъзои ҳакамон посухи дуруст дода бошанд.

Ҳар кӣ оро медиҳад дил бо китоб,

Бурди ӯ бошад ҳамеша беҳисоб.

Ҳар кӣ онро зеби ҷевон мекунад,

Зери пояш бурдаи нон мекунад.

— Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here