Зимистон фаро расид ва дар ин давра, ба гуфтаи мутахассисон, афзоиши ҳама бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла коронавирус ба назар мерасад. Табибон бештар дар бораи нотавонии бадан дар вобастагӣ аз масуният ва баланд бардоштани он ҳарф мезананд. Ҳар як шахс метавонад сатҳи муҳофизати бадани худро аз коронавирус дар сурати риоя кардани якчанд қоида афзоиш диҳад. Вобаста ба масуният ва баланд бардоштани он мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов изҳори назар кард.

— Пизишкон мегӯянд, ки устувории масунияти бадан ва ё иммунитети шумо муҳим аст, то аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар марҳалаҳои сарди сол, аз ҷумла аз коронавируси нав сироят наёбед, хусусан пас аз пайдо шудани овозаҳо дар бораи мавҷи дуюми эҳтимолии ин беморӣ…

— Бале, ин дуруст аст. Масуният, ки зери мафҳуми «иммунитет» ба ҳамагон маълум аст, барои муътадил фаъолият намудани бадан (организм) мавқеи калон дорад. Ҳамзамон, хуб мешуд маротибаи дигар хотиррасон намоем, ки масуният чист ва чиро дар бар мегирад?

Масуният ва ё иммунитет — ин қобилияти худмуҳофизавии баданро аз ҷисмҳои аз ҷиҳати генетикӣ бегона ва ё ношинос (ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ — бактерияҳо, вирусҳо, замбурӯғҳои хурди сироятпазир, паразитҳо) ифода мекунад. Яъне, иммунитет инсонро аз воридшавии ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ раҳо мекунад.

Масунятро маҷмӯи узвҳои дарунии бадан ташкил медиҳанд, ки онҳоро «узвҳои масунӣ ва ё иммунӣ» меноманд. Инҳо мағзи сурхи устухон, ғадуди сипармонанд (Тимус), испурҷ, хун, лимфа, гирехчаҳои лимфавӣ ва ғайра мебошанд.

Узвҳои масунӣ дар якҷоягӣ системаи масунии бадани одамро ташкил медиҳанд ва дар алоҳидагӣ ҳуҷайраҳои масуниро, ба монади Т-лимфоситҳо, В-лимфоситҳо, макрофагҳо, фагоситҳо, ҳамчунин пайвастагиҳои сафедавӣ — интерферон, лизинҳо, пропердин ва ғайраҳоро ҳосил мекунанд ва ҳангоми сироятёбӣ намегузоранд, ки ангезандаҳо инкишоф ёфта, бемории сироятӣ хуруҷ ва ҷараён гирад.

Ба ғайри ин, ҳангоми сироятёбӣ ҳуҷайраҳои гуногуни масунӣ, ки онҳо ҳуҷайраҳои масунияттавоно номида мешаванд (Т-лимфоситҳо, В-лимфоситҳо ва макрофагҳо) дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарӣ антителаҳо (подтанҳо)-ро ҳосил мекунанд, ки ҳангоми такроран сироятёбӣ баданро муҳофизат мекунанд. Дар умум, иммунитет метавонад устувор ва тавоно бошад, ҳамзамон хароб ва ё суст фаъолият кунад.

— Кадом омилҳо метавонанд дар ташаккулёбии иммунитет саҳмгузор бошанд ва ба сатҳи иммунитети бадан таъсир расонанд? Азбаски ҳамагирии КОВИД-19 тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, чӣ бояд кард, ки иммунитети бадан нисбати ин бемории вирусӣ баланд нигоҳ дошта шавад?

— Инсон на танҳо дар ҳолати ба беморӣ гирифтор шудан, балки бояд пеш аз сироятёбӣ дар ин андеша бошад ва пеш аз эҳтимолияти сироятёбӣ иммунитети худро мустаҳкам намояд.

Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки сатҳи муҳофизавии иммунитет ба омилҳои гуногуни муҳити атроф ва ҳолати физиологии бадан алоқаманд мебошад. Аз чумла, фаъолнокии иммунитет бевосита ба фаслҳои сол вобастагӣ дорад. Бинобар ин, як қатор бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар охири мавсими тирамоҳ ва дар замистон бештар ба қайд гирифта мешаванд. Суол ба миён меояд, ки бо кадом сабаб? Дар навбати аввал, ин ба сардшавии ҳаво вобастагӣ дорад. Аз маълумотҳои илмии мавҷуда бармеояд, ки ҳангоми нафас гирифтани ҳавои сард қобилияти гардиши хун дар қабатҳои болои роҳҳои нафаскашӣ суст шуда, миқдори ҳуҷайраҳои иммунӣ кам ва синтези интерферон паст мешавад. Дар натиҷа иммунитет суст шуда, вирусҳо бо осонӣ ба ҳуҷайраҳои эпителявӣ часпида, бемории сироятии вирусӣ инкишоф меёбад. Сабаби дигари бештар ба қайд гирифтани бемориҳои вирусии роҳҳои нафас дар ин фаслҳои сол норасоии витаминҳою (С, Е, Д, гуруҳи В) микроэлементҳо (селен, руҳ (цинк), оҳан ва ғ.) ба шумор меравад, ки онҳо дар ташаккулёбӣ ва фаъолнокии иммунитет мавқеи калон доранд. Чунончи, дар ин марҳалаҳои сол дастрас намудани меваҷот ва сабзавот, ки манбаи асосии витаминҳою микроэлементҳо ҳисоб меёбанд, мушкилтар мешавад ва мардум онҳоро камтар истеъмол мекунанд.

Дар навбати худ миқдори зиёди микроэлементҳо, бештар дар таркиби ҳамаи намуди маҳсулоти донагӣ ва маҳсулоте, ки аз дона дар замин парвариш карда мешаванд (миқдори баланди намудҳои алоҳидаи онҳо дар тухми каду, кунҷид, чормағз), бештар ба назар мерасанд. Бояд хотиррасон кард, ки микроэлементҳо на танҳо дар ташаккулёбӣ ва устувории иммунитет, балки барои чашм, ҳосилшавии хун ва ҳормонҳои барои мардон ва занон зарурӣ ва муфид мебошанд.

Манбаи витамини Д бошад, моҳӣ, зардии тухм, замбурӯғҳои хӯрданбоб, шири гов, афшураи афлесун ва дигар маҳсулоти тропикӣ ҳисоб меёбад.

— Баъзе коршиносон чунин мешуморанд, ки роҳи олии ба даст овардани витамини D як соат ё ду соат дар офтоб истодан аст…

— Шояд онҳо дуруст мегӯянд, охир, витамини D, аз ҷумла Д3-ро «витамини офтобӣ» меноманд. Офтоб яке аз беҳтарин омили пайдоиши он дар бадан ҳисоб меёбад. Чунончи, зери таъсири нурҳои офтоб қобилияти синтезшавии он баланд мешавад. Бамавқеъ аст қайд намоем, ки ин витамин дар ҷараёнҳои физиологии бадани кӯдакон ва занҳо хело ҳам фоидабахш мебошад.

Ҳамзамон, дар зери офтоб бисёр истодан ҳам ҷиҳати зарарасони худро дорад. Ба тавсияи олимон, бояд одам субгоҳон ва баъди нисфирӯзӣ аз нурҳои офтоб истифода намояд. Зеро дар ин марҳалаҳои рӯз нурҳои ултробунафш дар таркиби нурҳои офтоб кам мебошад ва таъсири манфии он кам мешавад.

Вобаста ба иммунитети бадан нисбати КОВИД-19, яъне сироятёбӣ аз коранвируси нав, ҳамаи омилҳои номбаршуда бамавқеъ мебошанд. Дар навбати худ, сироятёбӣ, авҷгирӣ ва паҳншавии ин бемории ҳамагир ба фаслҳои сол на он қадар вобастагӣ дорад. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмию амалии дар муддати як сол бадастоварда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сироятёбӣ аз ин вирус дар ҳамаи кишварҳои дунё (иқлими тропикию субтропикӣ, гарму хунук) қариб якхела буда, дар як сатҳ қарор дорад. Бо ин назардошт, усули асосӣ ва натиҷабахши пешгирии он баланд бардоштани иммунитети бадан дар натиҷаи машғул будан ба варзиш, истеъмоли ғизои солим, амалӣ намудани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ: риояи беҳдошти шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизавии тиббӣ дар ҷойҳои кории серодам, нақлиёт ва мағозаю бозорҳо ҳисоб меёбад.

— Шумо бештар оид ба масунияти шахсӣ андешаронӣ кардед. Вақтҳои охир овозаҳо оид ба эҳтимолияти хуруҷи мавҷҳо дуюму сеюм ва вобастагии мавҷҳои такрорӣ аз масунияти коллективӣ паҳн шуда истодааст ва дар бисёре аз кишварҳо ба назар мерасад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд оид ба ин масъала маълумот медодед.

— Дар ҳақиқат ҳам масуният метавонад «шахсӣ» ва «коллективӣ» (умумӣ) шавад. Дар бадани инсони аз ин ва ё он беморӣ сироятёфта, новобаста аз намуди клиникӣ (ниҳонӣ ва ё шакли аёни беморӣ), то як муддат — 1 ва ё ду сол ё ин ки дар ҳолатҳои алоҳида то охири умр масунияти шахсӣ (индивидуалӣ) пайдо мешавад ва ҳангоми такроран сироятёбӣ бо вирус ва ё бактерия ба беморӣ гирифтор намешавад, ки ин намудро «масунияти шахсии табиӣ» меноманд. Ҳангоми ваксина гирифтан бошад, дар бадан «масунияти шахсии сунъӣ» пайдо мешавад.

Ғайри ин, дар тиб мафҳуми «масунияти коллективӣ» (умумӣ) истифода мешавад ва чунин масуният метавонад табиатан дар ҳолати зиёда аз 60%-и аҳолии ин ва ё он кишвар ба бемории сироятӣ гирифтор ва шифо ёфтан пайдо шавад ва инро «масунияти коллективии табиӣ» меноманд. Чунин масуният дар мамлакати алоҳида ва дар умум, дар ҳамаи кишварҳо метавонад дар натиҷаи ба ваксинатсия фаро гирифтани зиёда аз 60-70%-и аҳолӣ пайдо шавад ва инро «масунияти коллективии сунъӣ» меноманд, ки метавон бемории «оспаи натуралӣ» (натуральная оспа)-ро мисол овард. Зикр намудан бамаврид аст, ки то аввали солҳои 60-уми қарни гузашта кӯдакони ҳамаи кишварҳои кураи замин зери ваксинатсия қарор дода мешуданд ва дар натиҷа ин «бемории ниҳоят хатарнок» аз байн бурда шуд.

Ба ақидаи ман, имрӯзҳо мардуми тоҷик «масунияти умумӣ»-ро доро мебошанд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо шакли ниҳонии КОВИД-ро аз сар мегузаронанд. Аз дигар тараф, теъдоди шифоёфтагон низ хело ҳам баланд мебошад ва аз эҳтимолят дур нест, ки зиёда аз 60%-и аҳолии кишварамон масуниятро нисбати ин беморӣ доранд. Барои тасдиқ намудани мавҷудияти масунияти умумӣ бояд таҳқиқоти аз ҷиҳати илмӣ асоснокро амалӣ кард. Чуночи, танҳо баъд аз ин, дигар кишварҳо рафтуомад, аз ҷумла тиҷоратро иҷозат медиҳанд ва мардуми мо метавонанд бе мушкилӣ масъалаҳои мубрами оилавӣ ва иҷтимоиро ҳал намоянд.

МАЪЛУМОТНОМА

Саидбек Сатторов — хатмкардаи факултаи санитарию гигиении Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Харков (Украина) буда, рисолаи номзадиро дар Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии микробиология ва эпидемиологияи ба номи Гамалеяи шаҳри Маскав ва рисолаи докториро дар заминаи Пажуҳишгоҳи тиби эксперименталии шаҳри Санкт-Петербург амалӣ ва ҳимоя намудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here