Дар берун аз кишвар, хусусан дар Куриёю Филиппин ва Қазоқистону Ӯзбекистон ӯро хуб мешиносанду эҳтиром мекунанд ва ҳатто бо маблағи хеле гарон «хариданӣ» ҳам ҳастанд.
Негматов Фарҳод Нуралиевич 22.11.1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз синни 10-солагӣ ба риштаи варзиши намуди олимпии Тхэквондо WTF шомил шуда, то кунун яке аз беҳтарин варзишгарони тоҷик аст, ки қариб дар зиёда аз 10 давлати Аврупою Осиё бо маҳорати баланди варзишии хеш номи Тоҷикистону тоҷиконро муаррифӣ намудааст.
Зиёда аз 15 карат Чемпиони ҷумҳурӣ, Чемпиони Осиёи Марказӣ (Тошканд, соли 2008), ҷоизадори бозиҳои Осиё дар Чин, Чемпионати Осиё дар Тайланд (соли 2011, ҷойи сеюм), иштирокчии Бозиҳои Олимпӣ (Лондон — 2012), барандаи ҷои сеюм дар Бозиҳои Осиё дар Сэули Корея (соли 2014), барандаи ҷои сеюм дар Чемпионати Осиё дар Филиппин (соли 2016).
— Фарҳод, барои ҳар як варзишгар баромади аввалинаш фаромӯшнашуданист. Фарқ надорад, ки ӯ дар ин муҳориба ғолиб омада буд ё мағлуб шуд…
— Барои ман низ муҳорибаи аввалинам фаромӯшнашуданист. Он дар сини 10-солагиам, дар вазни 30 кг буд. Ман он вақт нав ба тхэквондо омада будам ва албатта, пӯшида нест, ки аксари нахустин муҳорибаҳо бо бохт анҷом меёбанд. Чун аввалин маротиба аз як тараф бетаҷрибагӣ, аз тарафи дигар тамрини кам. Хулоса, ман низ дар ин муҳориба бохта будам, аммо ба ҳисоби ҳамагӣ як хол кам. Ин мусобиқа мусобиқаи дӯстона байни хурдсолон буд ва дар ҳаёти ман нақши басо муҳим бозид. Чун маҳз ҳамин бохт сабаб гардид, ки аз як писараки хурдсоли 10-сола Фарҳод Негматов — чемпиони чандинкаратаи кишвар ба воя расад. Маҳз ҳамин бохт боис гардид, ки Фарҳод Негматов аз он ба баъд фақат ва фақат як мақсад дошт — ман бояд ҳамеша ғолиб оям!
— Бештари ҷавонони тоҷик ба гӯштини миллӣ, дзюдо, бокс ва дигар намуди варзиш машғуланд. Хусусан бокс имрӯзҳо байни ҷавонон хеле машҳур аст. Чӣ сабаб гардид, ки Фарҳод маҳз тхэквондоро интихоб намояд, дар ҳоле, ки метавонист лоақал бокс ё гӯштини миллиро интихоб кунад?
— Дуруст аст, ки ҷавонони мо хеле зиёд ба гӯштини миллии тоҷикӣ шавқу рағбат доранд, ҳарчанд ин намуди гӯштин танҳо хоси Тоҷикистону Эрон ва як қатор мамолики Осиё буда, намуди варзиши олимпӣ маҳсуб намеёбад.
Намуди варзиши тхэквондо, аз қабили намудҳои ушу, каратэ, ҷуҷудзе ва кунфу аст, ки решааш аз Осиёст, яъне намуди варзиши муҳорибавии Осиёст. Ба ҳама маълум аст, ки анқариб 20 сол инҷониб дар байни мо тоҷикон филмҳои муҳорибавии чинию куриёӣ, мисли Ҷек Чану Брюс Ли маъмул буданд. Ман он замон хурдсол будам ва ҳамеша орзу мекардам, ки мисли Брюс Лию Ҷек Чан чолок бошам ва бо истифода аз зарбаҳои начандон душвори пой дилхоҳ ҳарифамро мағлуб созам.
Медонед, зарбаҳом тхэквондо хеле дӯстдоштаниянд. Онҳо натанҳо ҳарифро мағлуб месозанд, балки аз нигоҳи тиб низ ба саломатӣ фоидаи зиёд доранд. Масалан Пум-се. Ин намуди тхэквондо нишон додани зарбаҳост. Варзишгар вақте аз як нуқта шурӯъ кард, охираш низ бояд омада дар ҳамон ҷои шурӯъ намудааш қарор гирад. Ин ба кори самараноки сутунмӯҳра ва мағзи сар манфиати калон дорад. Чун варзишгар аснои ба пум-се машғул будан хеле бодиққат ва ором аст. Мушакҳояш хеле ором ва дар баробари ин ҷиддан ҳаракат мекунанд. Болотар аз ин, ҳар касе ба пум-се машғул мегардад, қоматаш рост ва зебо мешавад. Гузашта аз ин, шахси ба пум-се мунтазам машғулшаванда фарбеҳ намешавад.
Зарбаҳои пой низ хеле ва хеле ба саломатӣ фоида доранд. Мисол зарбаи пой — мумтон дулочаги барои кори босамари гурда мусоидат мекунад. Зарбаи апчагию апотологи бошанд, ба кори мунтазами дил манфиатбахш аст.
Маҳз ба ҳамин хотир ман тхэквондоро интихоб кардам. Чун ҷисману рӯҳан солим ба воя мерасӣ ва метавонӣ ҳарифатро бо тану рӯҳи солим мағлуб созӣ.
— Устоди аввалини Шумо дар ин ришта кӣ буд?
— Устоди аввалини ман Истамова Таҳмина мебошад, ки айни замон муқими ИМА аст. Ӯ 6 сол мураббии банда буд ва тамоми нозукиҳои намуди тхэквондоро ба ман омӯхт. Аз ӯ хеле миннатдорам.
— Гуфтед, ки маҳз бохти аввалин сабаби чемпион шудани Фарҳод Негматов гардид. Чӣ тавр шурӯъ шуд аввалин «парвози мурғи ҳумо»-и Фарҳод ҳамчун тхэквондоисти соҳибтаҷриба ба авҷи қуллаҳои шӯҳрат?
— Соли 2006 аввалин маротиба ба Қазоқистон рафта будам ва дар бозиҳои дӯстонаи Осиё ширкат намудам. Азбаски аввалин муҳорибаам дар хориҷи кишвар буд, шикаст хӯрдам. Ин шикаст низ бароям тақдирсоз буд, зеро дар пеш маро муҳорибаи ҷадиди Маскав — Ҷоми шаҳрҳои ҷаҳон-2007 интизор буд. Ин муксобиқа даставӣ буд ва тамринҳои ҳамарӯзаи банда боис гардид, ки дар байни зиёда аз 30 давлат дар вазни 68 килограм, ки дар ин вазн варзишгарони соҳибтаҷриба дар риштаи тхэквандо дар ҷаҳон хеле зиёданд, сазовори ҷойи панҷум шавам. Баъдан бозиҳои олимпии Осиё, ҷаҳон ва ғайра, ки аз ҳамаи онҳо бо медал ба ватан баргаштаам.
— Миллату давлатро се чиз ба олам муаррифӣ мекунад: сиёсати пуриқтидору дурандешона, фарҳанг ва варзиш. Пӯшида нест, ки мамолики абарқудрат дар баробари сиёсати пуриқтидор доштан талош меварзанд барои дар сатҳи ҷаҳонӣ бо варзиш пешсаф будан дар кадом гӯшаи дунё як варзишгари хубро бинанд, ба малағи ҳангуфт ба давлати хеш даъват мекунанд, ё ба қавле «мехаранд». То ҷое огоҳем, чандин тхэквондочиёни моро низ аз хориҷа зиёд «харидаанд», хусусан Русия…
— То ҷое ман огоҳам, аксари тхэквондочиёни тоҷик, ки айни замон аз номи Русия баромад мекунанд, ба ин кишвар сараввал на ҳамчун тхэквондочӣ, балки чун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд. Тавре мегӯянд, «ҳунарманд ҳар ҷо биравад, садр нишинад ва хорӣ набинад». Чун дар эшон маҳорати хуби тхэквондоро дарёфтанд, Федератсияи тхэквондои Русия даъваташон кард ва бо маоши хуб таъмин намуданд, то парчамбардори ин кишвар бошанд. Масалан яке аз он варзишгарони тоҷике, ки айни замон аз номи дастаи яккачини Русия баромад мекунад, Саидов Шаҳоб мебошад, ки дастаи навҷавонони яккачини Русияро мураббигӣ мекунад. Мавсуф дар Тоҷикистон низ хеле фаъол буд ва талошҳои зиёд низ баҳри пешбурди тхэквондои тоҷик намуда, то андозае муваффақ ҳам шуд, лекин вақте синну солаш боло рафту оиладор шуд, маҷбур шуд, ки баҳри таъмини рӯзгор ба Русия ба муҳоҷират равад. Онҷо истеъдоди ӯро дида зуд ҳамчун мураббӣ ба кор даъваташ намуданд ва имрӯз Саидов Шаҳоби тоҷик мураббии як дастаи пурқуввати тхэквондочиёни Русия аст, ки боиси ифтихори мо тоҷикон аст.
— Яъне, ба фикри Шумо, аз ҷониби дигар давлат баромад курдану парчами Тоҷикистонро неву аз он давлатро баланд бардоштан боиси ифтихор аст?
— Чаро не? Ман албатта манзури шуморо фаҳмидам, ки бояд ҳар варзишгар парчамбардори миллати худ бошад. Лекин набояд як нуктаро фаромӯш намуд. Вақте ҳар як варзишгар дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф мешавад, аввалин коре, ки ба фикри дӯстдорони ин варзишгар мерасад, ин донистани миллати ҳамон варзишгар аст. Тасаввур кунед, вақте мефаҳмед, ки он варзишгар тоҷик аст, ҳисси ифтихори миллӣ дар дили шумо шӯълавар намешавад? Магар шумо ба дил намегӯед, ки ана боз як тоҷики мо дар арсаи ҷаҳони маъруф гардид? Масалан дар гӯштини дзюдо Русия дар арсаи ҷаҳонӣ хеле пешсаф аст ва вақте мебинем, аксари онҳо тоҷик ҳастанд. Ман шахсан аз онҳо ифтихор дорам. Барои ман кифоя аст, ки як ҳамватани ман чемпиони ҷаҳон аст. Бигзор аз ҷониби Русия бошад, бигзор аз тарафи Амрико баромад кунад, муҳим он аст, ки ӯ тоҷик аст!
— Аксари он варзишгароне, ки аз номи дигар давлатҳо баромад мекунанд, сабаби ин корашонро дар маоши паст гирифтанашон дар дохили кишвар шарҳ медиҳанд. Шахсан худи Шумо метавонед талаботу хароҷоти ҳамарӯзаатонро аз ҳисоби кори варзишиятон рӯйпӯш намоед?
— Ҳар кас фикру ақидаи худро дорад. Шахсан худи ман ҳамаи мушкилоти молиямро танҳо аз ҳисоби даромади варзишиям рӯйпӯш мекунам. Шукри Худо, оиладор ва соҳиби ду фарзанди солиму солеҳ ҳастам. Харҷи рӯзгорам ҳама пурра аз ҳисоби фаъолиятам дар риштаи тхэквондост. Албатта, бо як баромад дар бозиҳои олимпӣ ва маоши давлатӣ наметавонӣ талаботи ҳамарӯзаатро барорӣ. Шогирд тайёр мекунӣ, толор мекушоӣ. Хуллас, «чун мӯр бояд аз пайи дона шуд». Вақте хоҳӣ нони беминнат хӯрӣ, бояд кор кунӣ, меҳнат кунӣ, аммо назди касе сари болоятро хам насозӣ ва мӯҳточи нони баминнати кас нашавӣ.
— То ҷое хабардор шудем, Шуморо низ чандин давлат хариданӣ шудаанд. Тақдири он қарордодҳо чӣ шуд?
— Воқеан даъватҳо хеле зиёд буданд ва маблағҳое, ки ваъда карданд, воқеан ҳам барои талаботи ҳаррӯза кифоя ва ҳатто зиёдатӣ ҳам буданд. Маоши моҳонаи ҳаррӯзаи баланд, хонаҳои боҳашаммат ва мошинҳои гаронарзиш — ин ваъдаҳое ҳастанд, ки то имрӯз ман аз ин ё он давлати Осиёю Аврупо мегирам. Ҳатто акси он хонаҳо ва мошинҳоро мефиристанд…
Як ҳодисаи аҷиб ба ёдам расид, вобаста ба ҳамин мавзӯъ. Яке аз он давлатҳое, ки зиёд мехост маро «харад» — ин Қазоқистон буд. Намояндаҳои тхэквондои Қазоқистон ба қавле «дасти ману домони ту» гӯён, ҳар дафъаи бо ман вохӯрдан даъват мекарданд, ки аз номи Қазоқистон баромад кунам.
Соли 2013 буд, чемпионаи Осиё дар Қазоқистон. Мо рафта будем. Он ҷо пас аз анҷоми мусобиқа ба ман як хонаи хеле боҳашаммату зебо ва мошини гаронарзишро нишон дода гуфтанд, ки «як сухани «ман розӣ» аз забони ту кифоя аст, ки ин хонаю дар ва мошини зебо моли ту шавад, болои маоши хеле баланд». Он замон ман бо ҳазл гуфтам, ки «фикр мекунем». Онҳо ин ҳазли маро ҷиддӣ қабул карда, ҳамаи шароитро барои кӯчидани ман ба Қазоқистон омода намудаанд. Як вақт занг зада мегӯянд, ки «Фарҳод, маслиҳатҳо чӣ шуд? Ҳамаи шароитҳо тахт, хонаю дар тайёр, ҷоятон дар кумита тайёр. Насиб бошад, кай меоед?». Ман ҳайрон шуда гуфтам, ки «кадом маслиҳат?» Онҳо гуфтанд, ки «охир, гуфтед фикр мекунам-ку». Ман хандида гуфтам, ки «ин танҳо ҳазл буд, шумо бошед, ҷиддӣ қабулаш кардед».
— Чаро нарафтед? Дар сурате, ки худатон ақида доред, муҳим бардоштани парчами дигар давлат нест, муҳим хуни тоҷикист…
— Медонед, ифтихор аз тоҷики машҳури бурунмарзӣ дигар асту худ берун аз марз аз номи дигар кишвар баромад кардан дигар. Дигаронро намедонам. Аммо ман ҳеҷ гоҳ аз ватанам берун рафтанӣ нестам. Ин кор аз ақли ман берун аст. Охир, ин чӣ хел мешавад, ин қадар солу замон аз номи Тоҷикистон баромад карда, парчами кишварро дар мамолики хориҷ баланд мебардорӣ, яке мебинанд, ки Фарҳод Негматови то ин замон парчами Тоҷикистонро баланд мебардошта вақти ғолибият бо парчами дигар давлат баромад карда, зери навои суруди миллии давлати бегона даст бар қалб гузошта, назди парчами он давлат сари таъзим фуруд оварда, ифтихор мекунад? Не, ин ҳеҷ имкон надорад. Бигзор қаср ҳам ваъда кунанд, наметавонам ин корро ба худ раво бинам. Чанд соли дигар ҳам набошад, баромад мекунам, танҳо аз Тоҷикистон ва бо суруди миллию парчами миллатам, на кишвари бегона!
— Инқадар бо ҳисси баланди ифтихор аз миллату давлат ҳарф мезанед, ки фикр мекунам ин ҳарфҳо меҳри Шуморо чун як варзишгари асили тоҷик дар дили ҳар тоҷики асил бедор месозад. Мутаассифам, аммо суоли навбатиям шояд то андозае хотиратонро озурда созад. Бубинед, Шумо ва мисли Шумо тхэквондочиёни зиёде ҳастанд, ки дар бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанду гардида истодаанд. Аммо касе аз одамони оддӣ он тараф истад, доираи шаҳрнишину садрнишин ва соҳибмаълумот низ эшонро намешиносанд…
— Мутаассифона, ин сухани шумо дуруст аст. Воқеан мо ҳарчанд чандин маротиба дар хориҷ парчами кишварро баланд бардошта, садои суруди миллиамон зиёда аз 15 ҳазор тамошобини толорҳои бузургтарини ҷаҳонро ба по хезонда бошад ҳам, моро ба ғайр аз худи тхэквондочиёну бархе аз Кумитаи варзиш ва сайёҳии кишвар касе намешиносад.
Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат, ҳукумати кишвар барои рушди варзиши тоҷик кулли шароитҳоро фароҳам овардаанд. Мо ҳатто шабакаи махсуси худро бо номи «Варзиш» дорем. Аммо хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ҳатто дар худи ҳамон шабака ягон кас на маро мешиносад, на Алишер Гулов ва На Моҳрӯ Шариповаро. Ҳол он ки, ҳатто дар худи Куриё номи моро шунида, «ана, аз Тоҷикистон ҳам варзишгаронаш омаданд» гӯён, ба ифтихорамон аз ҷой мехезанд.
Чанде пеш ба шабакаи «Варзиш» рафтам, ба хотири он, ки доир ба мусобиқаҳои дар пеш истодаамон хабардор кунам. Аммо намедонам ба хашм оям ё не, онҳо номи маро якум бор мешунаванд. Онҳо дар бораи тхэквондочиёни мо маълумоте надоранд. Ҳол он ки, тхэквондои тоҷик кадрҳои боқувват, парчамбардорони давлат хеле зиёд дорад. Таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик низ ба ин намуди варзиш хеле зиёд аст. Мо хеле шогирдони зиёд дорем…
— Бале, инро ҳамаи мо медонем, ҳамагон хуб медонанд, ки устоди варзида, чемпион дар риштаи тхэквондо хеле зиёд аст. Аммо он қадаре, ки мардум варзишгарони боксу футбол ва дигар соҳаҳоро мешиносанд, дар бораи шумо шояд маълумот надошта бошанд. Сабаб дар чист? Чаро медал ҳасту ифтихор аз шумо барин варзишгарони парчамбардор дар миёни халқ кам аст?
— Чӣ ҳам мегуфтам. Ман бо ҳар ду дастам ба кори федератсияҳои боксу футбол қарс зада, аҳсан мегӯям, ки онҳо барои рушду нумӯи риштаи варзише, ки дар он фаъолият доранд, шабу рӯз ҷаҳду талош мекунанд. Фикр мекунам, сабаби паси парда мондани варзишгарони хуби риштаи тхэквондо низ маҳз дар ҳамин аст: фаъолияти хуб надоштани Федератсияи тхэквондои Тоҷикистон. Ин вазифаи ҷонии онҳост, ки тхэквондои тоҷикро ҳамаҷиҳата таблиғ намоянд ва ба мардум муаррифӣ созанд. Кори ин соҳа дар самти таблиғот ба мардум хеле суст ба роҳ монда шудааст. Як мисоли равшан. Худи шумо шоҳид ҳастед, ки дар шабакаи «Варзиш» чӣ хел дигар намуди варзиш, аз қабили дзюдо, бокс, кикбоксингро таблиғ мекунанд, аммо моро касе таблиғ намекунад. Дар ҳамин мусобиқаи охир масалан зиёда аз 100 варзишгари хурдсол баромад карданд ва хеле хуб ҳам маҳораташонро нишон доданд, аммо барои баланд бардоштани рӯҳияи эшон ягон хабарнигор на аз радио ва на аз телевизион наомад, ки як хабари кӯтоҳ аз ин мусобиқа барои мардум пахш намояд. Ҳамкорӣ бо ВАО ва бахусус телевизиони «Варзиш» хеле суст аст.
Мисоли дигар. Дар шабакаи «Варзиш» акси кулли варзишгарони кишвар, ки баъзеяшон шояд ҳамагӣ як бор дар хориҷ баромад карда бошанд, часпонида шудааст, аммо на акси ман ва на акси Алишер Гулов барин чемпионҳои риштаи тхэквондо, ки чандин карат ҷоизадори бозиҳои олимпӣ гардидаем, нест. Ин ҳама аз сустии кори Федератсияи тхэквондои кишвар далолат мекунад. Агар лоақал ҳафтае як маротиба дар бораи мо дар шабакаи «Варзиш» хабар пахш кунанд ё ҳадди ақал мусобиқаҳои шаҳрию дӯстонаи моро нишон диҳанд, дар як муддати кӯтоҳ халқ моро хоҳад шинохт ва аз мо ифтихор хоҳанд намуд. Чун имрӯз воситаи осон ва беҳтарини таблиғ — ин телевизион аст. Шабакаи «Варзиш» низ маҳз барои шинохти бештари мардум аз намудҳои гуногуни варзиш дар кишвар ва бедор намудани ҳисси ифтихори мардум аз варзишгарони мо кушода шудааст.
Сӯҳбаторо: Фарангиси ФАРМОН