Cуҳбати ихтисосӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон аз натиҷаи дастовардҳо дар соли 2020

Дар доираи барномаи муаррифии муассисаҳои олии касбӣ дар ҳафтаномаи «Фараж» ба шаҳри Данғара ба яке аз донишгоҳҳои навтаъсис, вале муваффақу пурнуфуз — Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овардем. Мо бо бинои комилан наву муосир, синфхонаҳои васеъ ва барҳаво, кабинетҳои муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизот, лабораторияҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толорҳои ҷаласавию варзишӣ шинос шудем. Бояд гуфт, ки сифати таълиму тарбия дар донишгоҳи мазкур хеле хуб ба роҳ  монда шуда, имрӯз дар он ҳамаи имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи тиб муҳайё аст. Дар рафти шиносоӣ бо шароити таълим мо бо ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон мусоҳибае анҷом додем ва онро пешкаши хонандагон мегардонем.

— Устоди азиз, чун Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон навтаъсис аст ва дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад, мехостем оид ба фаъолияти он мухтасар маълумот диҳед.

— Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (ДДТХ) ҳамчун муассисаи олии касбии тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2016, таҳти № 79 таъсис ёфтааст.

Дар интиҳои соли 2020 аз давраи таъсис ёфтани ДДТХ, аввалин маротиба донишгоҳ аз аттестатсияи давлатӣ гузашт. Қаблан, мувофиқи нақшаи кории аттестатсионии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, таҳти № 27/01 «Дар бораи гузаронидани худаттестатсияи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» моҳи сентябр худаттестатсияи дохилӣ кард. Аз 8-ум то 17-уми декабри соли 2020 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи давлатии аттестатсияи муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи давлатиро баргузор намуд.

— Сохтори донишгоҳ чи гуна аст ва ҷараёни таълиму омодасозии мутахассисони соҳаи тиб дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?

— Бояд қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба шумор рафта, дар тавозуни худ биноҳои таълимиву маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 4 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ, биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯёндар 4 бинои таълимӣ, 3 пойгоҳи Беморхонаи Марказӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ба роҳ монда шудааст. Дар биноҳои таълимии донишгоҳ 108 синфхона, 4 синфхонаи компютерӣ, 1 қироатхона, 3 толори маҷлисӣ, 11 толори лексионӣ, 1 майдони варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 6 озмоишгоҳи кафедравӣ, 1 китобхонаи электронӣ бо лавозимоти таълимӣ — озмоишӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Сохтори донишгоҳ аз 7 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 4 марказ, 15 кафедра, 3 факултет, 2 коллеҷ, 1 китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, 1 дармонгоҳи донишҷӯён ва бахши хоҷагидорӣ иборат аст.

Моҳи сентябри соли 2020 вобаста ба миён омадани зарурияти истеҳсолӣ дар самти корҳои муолиҷавӣ дар донишгоҳ муовинати муолиҷавӣ, дармонгоҳи донишҷӯён ва Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ таъсис дода шуд.

ДДТХ дорои 3 факултет ва 15 кафедра буда, теъдоди умумии донишҷӯён ба 1877 нафар расидааст. Аз ин, дар факултети тиббӣ 855 нафар, факултети педиатрӣ 719 нафар ва дар факултети стоматологӣ 303 нафар донишҷӯро ташкил додааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 645 нафар тариқи буҷавӣ ва 1232 нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 478 нафар ва писарон 1399 нафар мебошад. Дар байни донишҷӯён, ки 7 нафар ятими кулл ва 16 нафаар маъюби гурӯҳи 2 таҳсил мекунанд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ дар донишгоҳ дар маҷмӯъ 104 адад буда, аз ин 43 гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 61 гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил мекунанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 240 нафар бо хобгоҳ таъминанд.

— Теъдоди кормандон ва омӯзгорон  дар донишгоҳ чанд нафарро ташкил медиҳанд?

— Аз рӯи маълумоти оморӣ теъдоди кормандон ва омӯзгорони ДДТХ ба 271 нафар расидааст. Аз шумораи умумии кормандон 138 нафарро ҳайати профессорону омӯзгорон ташкил додаст, ки аз ин шумора 104 нафарро омӯзгорони асосӣ ва 32 нафари дигар омӯзгорон – ҳамкорони беруна мебошанд. Омӯзгорони синни то 35 — сола 73 нафарро ташкил медиҳанд. Теъдоди омӯзгорони дараҷаи илмидошта аз 21 нафар иборат аст.

— Даъвати омӯзгорони дараҷаи илмидоштачи гуна сурат мегирад?

— Ҳамасола моҳи август дар асоси озмун 4-5 нафар омӯзгорони унвондорро ба кор ҷалб карда истодаем. Боварӣ дорам, ки бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, баъди ба итмом расидани бинои асосии донишгоҳ ва манзили зисти омӯзгорон ин масъала роҳи ҳалли худро меёбад.

Зиёда аз ин дар донишгоҳ омӯзгорони ҷавон ба тадқиқоти илмӣ машғуланд ва дар ду — се соли оянда рисолаҳои илмии хешро ҳимоя хоҳанд кард.

Имрӯзҳо дари Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои омӯзгорони унвондор боз аст. Озмуни навбатии ба кор қабул кардани омӯзгорон барои соли таҳсили 2021 — 2022 дар нимаи дуюми моҳи августи соли равон доир мегардад. Мо даъват мекунем, ки хоҳишмандон омада, дар қатори омӯзгорони мо кору фаъолият кунанд ва саҳми худро дар ташаккулёбии донишгоҳи навтаъсис гузоранд.

— Чунон ки дар Воситаҳои ахбори омма хабар дода буданд, дар ДДТХ аввалин конференсияи илмӣ баргузор гардидааст. Оид ба конференсияи мазкур каме маълумот медодед.

— Бо мақсади иҷрои банди 105-и Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, кибо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми феврали соли 2020, таҳти № 156 тасдиқ шудааст, инчунин тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 — уми декабри соли 2020 таҳти №1015, санаи 16 — уми декабри соли 2020 дар Донишгоҳ Конференсияи байналмилалии илмӣ — амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (1-умини солона) дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия 47 маърӯза, аз ҷумла, 6 маърӯзаи олимон аз хориҷи кишвар шунида шуданд. Мавод дар шакли маҷмӯаи асарҳои илмӣ бо фарогирии 219 адад мақола, аз ҷумла 12 адади он, ки аз хориҷи кишвар пешниҳод гардида буданд, нашр шуданд.

Маърӯзаҳои илмии ба конференсия пешниҳодгардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки илми тибби муосири тоҷикдар давраи соҳибистиқлолӣ на танҳо дар масъалаи ташхису табобати бемориҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, балки барои пешгирии бемориҳои зиёд ва таъмини рӯзгори солими мардуми ҷумҳурӣ қадамҳои ҷиддие гузоштааст. Қобили зикр аст, ки ба конференсия аз 7 кишвари хориҷӣ — Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Англия, Арабистони Саудӣ, Хитой ва Қувайт маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмии олимон пешниҳод гардиданд, ки фарогири масоили баҳсноки тибби амалиявию назариявӣ буданд.

— Заминаи моддӣ — техникии донишгоҳ чи гуна аст ва таъминоти донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ ва илмӣ дар кадом вазъ қарор дорад?

— Заминаи моддӣ — техникии донишгоҳ тадриҷан таҳким ёфта, барои кафедраҳо ва дигар сохторҳои таълимиву озмоишӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таносуби компютерҳои фардӣ нисбат ба донишҷӯён, ки 130 адад истифода мешаванд, дар донишгоҳ 1:14-ро ташкил медиҳад. Мутаносибии дигар технологияҳои иттилоотӣ низ дар ин давра, ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.

Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ ба 28 ҳазору 268 нусха адабиёт расидааст, ки аз ин шумора 25 ҳазору 382 нусха ё худ 89,7 фисади онро китобҳои таълимӣ ташкил медиҳанд. Дар таркиби фонди китобхона инчунин адабиёти электронӣ низ ҷамъоварӣ гардидааст, ки теъдоди он 60 000 мебошад. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чун солҳои гузашта бо теъдоди 2500 нусха китобҳои дарсиро ба китобхонаи донишгоҳ туҳфа намуд. Илова бар ин дар донишгоҳ ба маблағи 255 000 сомонӣ 580 нусха китобҳои баландсифат харидорӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ таъминоти донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ мутобиқи меъёрҳо мебошад.

— Сифати таълим ва дарсазхудкунии донишҷӯён дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонӣ яке аз омилҳои пешбурди фаъолияти босуботи таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, нишондиҳандаи асосии фаъолияти донишгоҳ ва яке аз меъёрҳои муайянсозии сатҳу сифати таълим ва дарсомӯзии донишҷӯён ба шумор меравад.

Аз рӯйи натиҷаи сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили     2019 — 2020маълум гардид, ки дарсазхудкунии донишҷӯён дар маҷмӯъ 98 фоизро ташкил дода, сифати таълим ба 41, 3 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба сессияи тобистонаи соли 2018-2019   4,6 фоиз баланд мебошад.

— Маълум аст, ки дар донишгоҳи тиббӣ дар асоси дониши назариявӣ дониши амалӣ тақвият дода мешавад. Пас, таҷрибаомӯзӣ чи гуна дар донишгоҳ ба роҳ монда шудааст?

— Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ДДТХ дар давраи соли таҳсили 2019 – 2020 дар асоси санадҳои меъёрӣ ва нақшаҳои таълим ташкил карда шудааст. Лозим ба қайд аст, ки дар охири моҳи апрели соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ва хурӯҷи бемории сироятёбии COVID — 19 расман эълон шуд. Новобаста аз вазъияти баамаломада, раёсати донишгоҳ барои баргузор намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси ризоияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро баргузор намуд.

Бояд қайд кард, ки донишгоҳ вобаста ба таҷрибаомӯзӣ бо Беморхонаҳои марказӣ ва КАТС-и 54 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шартнома ба имзо расонидааст.

— Тамоми беморхонаҳо ва мутахассисони соҳаи тиб дар пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID — 19 саҳмгузор буданд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин самт кадом корҳоро ба анҷом расонда буд?

— Дар асоси нақшаи кории «Ситоди вилояти Хатлон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣбарои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар вилояти Хатлон» аз 26-уми марти соли 2020 дар ДДТХ низ «Ситоди донишгоҳӣ оид ба пешгирии мубталошавии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба бемории COVID — 19» таъсис дода шуд.

Ситод фаъолияти худро барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии мубталошавии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ аз бемории коронавирус ва ҳамзамон мубориза бар зидди ҳама гуна ҳангомаҳо, овозаҳо ва хабару маълумотҳои бардурӯғ, ки дар расонаҳои хабарӣ нашр мешуданд, амалӣ намуд.

Аз 29-уми апрел то хири соли 2020 Ситоди донишгоҳ фаъолияти худроба низоми махсуси корӣ гузаронида, пеш аз ҳама чораҳои зиддиэпидемикиро баҳри пешгирии интиқол ва сироятёбии бемории COVID — 19» пурзӯр намуд. Дар ин марҳила корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда буд. Аз ҷумла, дар шароити озмоишгоҳи кафедраи химия аз ҷониби омӯзгорони кафедра маҳлули антисептикӣ ва аз ҷониби фармакологони донишгоҳ аз решаи ширинбуя ҷӯшоба тайёр намуда, тамоми донишҷӯёну кормандони донишгоҳ аз он истифода мебурданд.

Ҳамарӯза санҷиши ҳарорати бадани донишҷӯён ва кормандон тавассути термометрҳои электронӣ санҷида мешавад. Дар ҳолатҳои маълум шудани ҳароратбаландӣ дар дармонгоҳ такроран аз ҷониби духтурон муоина карда шуда, ба онҳо вобаста ба ҳолаташон табобати симптоматикӣ таъйин карда мешавад.

Дар моҳи майи соли 2020 аз ҳисоби омӯзгорон – табибони донишгоҳ дар ҳайати 12 нафар «Бригадаи захиравии тиббӣ» ташкил карда шуд.

Дар донишгоҳ оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии бригадаи захиравии ёрии тиббӣ, донишҷӯёни волонтёр ва аъзои Ситод тавассути технологияҳои муосир як қатор силсила семинар – тренингҳо, вебинарҳои байналмилалӣ, конференсияҳои мустақим оид ба пандемияи COVID- 19 ташкил карда шуд.

— Овозаи фаъолияти волонтёрони ДДТХ ҳангоми паҳншавии бемории COVID— 19 дар саросари ҷумҳурӣ паҳн гардида буд. Зимнан, бигӯед, ки фаъолияти волонтёрон чӣ гуна сурат мегирифт?

—  Баъд аз расман эълон кардани пайдошавии бемории COVID — 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббииХатлон 20 нафар донишҷӯ худро номнавис карда, бо роҳбарии 4 нафар омӯзгор ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Донишгоҳ дар мувофиқа бо КАТС-и ноҳияи Данғара ба хулосае омад, ки волонтёрҳо хона ба хона гашта, ба таври қатъӣ риоя намудани талаботи гигиениро ба аҳолӣ фаҳмонанд ва оид ба вазъи саломатии аҳолӣ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, вазифаи дигари волонтёрҳо аз он иборат буд, ки рӯҳияи аҳолиро баланд бардошта, барои роҳ надоданба овозаҳои бардурӯғ ва муғризона корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Бояд қайд кард, ки дар муддати якуним моҳ волонтёрони донишгоҳ ҳамагӣ 4635 хонаро гашта, ба ҳисоби миёна вазъи саломатии  23000 нафарромуайян карданд. Ҳангоми хона ба хона гаштан 423 намуди беморӣ бо ташхисҳои гуногун ва 59 бемории ҳолати зукомдошта, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва ҳароратбаландиро ба қайд гирифтанд.

— Дар ДДТХ машғул гардидан ба корҳои илмӣ то чиандоза  қонеъкунанда аст?

— Рушду равнақи корҳои илмӣ ва ҳарчи бештар ба тадқиқот илмӣ ҷалб намудани олимону мутахассисон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 корҳои илмӣ — тадқиқотӣ низ аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмӯъ олимони донишгоҳ 322 таълифоти илмӣ, аз ҷумла, 254 мақола ва 68 фишурда нашр намуданд. Тасдиқи 3 адад пешниҳодоти ратсионализатории омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст. Шумораҳои 5, 6 ва 7-уми маҷаллаи илмии тиббии «Симурғ» дар ин давра ба нашр расидааст.

Аз ҷониби донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ дар Конференсияи   XV — уми олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки моҳи апрели соли 2020 баргузор гардида буд, 64 фишурда ба нашр расид. Аз ҷониби устодон бошад, дар Конференсияи  68 — умини  байналмилалии илмӣ — амалии донишгоҳи мазкур 27 мақола ба табъ расидааст. Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон дар Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», кибо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, нашр гардиданд.

Зиёда аз ин, дар донишгоҳ 20 маҳфили илмӣ ва фаннии донишҷӯён амал мекунанд, ки шумораи умумии аъзои онҳо ба 520 нафар расидааст.

Дар соли 2020 аз 6 лоиҳаи хурди маҳфилҳои илмии кафедраҳо 1 лоиҳа дар мавзӯи «Паҳншавии вазни зиёди бадан, фарбеҳӣ ва омилҳои ба онҳо алоқаманд дар байни ҷавонон – донишҷӯёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ пешниҳод шуда буд,амалӣ гардид.

— Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар то чи андоза қонеъкунанда мебошад?

— Бо дар назардошти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба таҷлили идҳои баҳорӣ, дар донишгоҳ аз якуми март то 20 –уми марти соли 2020 чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ, аз қабили гӯштини тоҷикии миллӣ, бозии шоҳмот, вазнбардорӣ ва ғайра баргузор гашт.

Дар доираи озмуни вилоятӣ бо номи «Рӯзғордорӣ», ки санаи 18 –уми марти соли 2020 дар шаҳри Бохтар доир гардида буд, донишҷӯдухтарони донишгоҳ соҳиби ҷойи аввал гардида, ғолиби озмун гардиданд. Илова бар ин, як донишҷӯдухтари донишгоҳ дар озмуни «Маликаи Наврӯз — 2020» дар ноҳияи Данғара ҷойи аввалро ишғол намуда, дар даври вилоятӣ бошад, соҳиби ҷойи дуюм гардид.

Моҳи марти соли 2020 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат варзида як нафар аз донишҷӯёни ДДТХ  аз фанни физика сазовори ҷойи аввал ва барандаи ҷоми мазкур гардид. Аз рӯи дигар фанҳои дақиқ 4 нафар соҳиби Ифтихорнома гардиданд.

Моҳи декабри соли 2020 дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд онлайн Олимпиадаи байналмилалӣ «Самарқанд — 2020» барои донишҷӯёни соҳаи тиб баргузор гардид. Дар ин Олимпиада аз рӯи 18 фанни заминавӣ ва клиникӣ 21 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаи Олимпиада дар маҷмӯъ 1 нафар ҷои 2, 1 нафар ҷои 3 ва 2 нафар ҷои ифтихориро ба даст оварданд.

Ҳамзамон, охири моҳи декабри соли 2020 дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абу Али ибни Сино онлайн Олимпиада дар мавзӯи «От учения Абу Али ибни Сино – до Третьего ренессанса» аз рӯи 36 фанни заминавӣ, килникӣ, стоматологӣ ва фанҳои ғайриихтисосӣ миёни донишҷӯёни 21 муассисаҳои олии касбии тиббии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид. Иштироки 24 донишҷӯи ДДТХ низ дар Олимпиадаи мазкур таъмин карда шуд. Дар маҷмӯъ 5 нафар ҷои 3 ва 4 нафар ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

— Чунон ки маълум аст, омӯзгорони донишгоҳҳои тиббӣ ҳам ба таълиму тарбия ва ҳам ба муолиҷа машғуланд. Оид ба фаъолияти муолиҷавии кормандони донишгоҳ каме маълумот медодед.

—  Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавиикормандони донишгоҳ низ дар ин давра таҳким ёфтааст. Дар давоми соли 2020 дар Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҳамагӣ ба 7560 бемор ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, 210 амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ — пластикӣ ва 200 намуди дигари ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ 410 амалиёти ҷарроҳиро ташкил медиҳад. Инчунин, табобати 4090 нафар гирифтори бемориҳои дарунӣ, ташхису табобати 1155 нафар гирифтори бемориҳои кӯдакона, муоина ва табобати 440 нафар беморони гӯшу гулӯву бинӣ, табобати 549 нафар гирифтори бемориҳои стоматологӣ, муоина ва табобати 280 нафар беморони чашм ва 645 нафар беморони травмотологӣ ба қайд гирифта шудааст.

— Соли равон ДДТХ аз рӯи кадом ихтисосҳо донишҷӯ қабул мекунад ва рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестӣ чанд аст?

— Имсол низ чун ҳарсола Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрия» ва «Стоматология» донишҷӯ қабул мекунад ва рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестӣ 115 мебошад.

— Таманниёти Шумо ба довталабоне, ки ДДТХ-ро интихоб мекунанд?

—  Барои довталабон муваффақият ва комёбиҳо мехоҳам. Боварии комил дорам, ки арзандаи номи пуршарафи касби табибӣ хоҳанд гашт.

— Устод, барои пешбурди кори пурмашаққати таълиму тарбия бароятон комёбӣ мехоҳам.

—  Саломат бошед!

Суҳбати Холиқи Муҳаммадназар,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here