ГУФТОРИ АВВАЛ:
Пайраҳаи умед
— Як ҳафта баъд аз марги азизе ба дунё омадан чӣ маъно дорад?
— Ман аз рӯйи нақлҳо медонам, ки пас аз як ҳафтаи марги бибиям (модари падарам) ба дунё омадаам. Аввалан, инро хости тақдир медонам, вале бояд бигӯям, ки он кас бисёр интизори дидани ман будаанд, зеро одатан ба дунё омадани набераи аввалинро аз ҳама зиёд бибиҳо интизор мешаванд.
— Аз шарҳи ҳолатон медонем, ки Шумо дар шашунимсолагӣ ба мактаб рафтаед. Ин бо ягон роҳи махсус анҷом ёфта буд?
— Не, он замон бо роҳҳои махсус кор ҳал намешуд, балки сабаби ягона ба қавле аз имтиҳони директор гузаштанам аст. Яъне, ман барвақт хату савод бароварда будам.
— Ба донишгоҳ чӣ гуна дохил шудед?
— Соли 1966 макотиби миёнаро ҳам синфҳои 10-ум ва ҳам 11-ум хатм карда, довталабони мактабҳои олӣ хеле зиёд буданд. Барои як ҷой то 15 нафар рост меомад, лекин натиҷааш хуб шуд. Ман бо ду баҳои 5 ва як баҳои 4 ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, риштаи суханшиносӣ дохил шудам.
— Доир ба замони донишҷӯӣ кадом фарқиятҳоро гуфта метавонед?
— Фарқият бисёр аст. Замони мо муҳити дигар дошт, муоширати дигар дошт, муносибати дигар дошт… Ин ҳама техника набуд ва мо дар фазои реалӣ зиндагӣ мекардем.
Баъди дарс давон-давон ба китобхонаи Тошхӯҷа Асирӣ мешитофтем. Кӯшиш мекардем, ки ҷойи нишаст ёфта нишинему китоб хонем, вале имрӯз бо вуҷуди беҳтарин шароитҳо ва беҳтарин китобхонаҳоро доштан ҳам, қисми зиёди ҷавонони мо шавқи мутолиаву инкишоф додани худро надоранд. Яъне “бозори сухан ҳасту харидори сухан нест”. Мо бисёр китоб мехондем ва аз мо бисёр талаб мекарданд. Он вақт мо дар бӯйи китоб маст мешудем, бо муаллифон ҳамроҳ мешудем. Аз дирӯзу имрӯзи худ хуб огаҳ будем.
— Одатан дар замони донишҷӯӣ мо ба хулосабарориҳои ҷиддӣ мерасем. Оё дар Шумо ҳам чунин буд?
— Шукр, ки ман дар замони мактабхонию донишҷӯиям хулосабарории ҷиддӣ ва барои ҳаёти минбаъдаам муҳим доштам. Яке аз муваффақиятҳои мо он буд, ки устодонамон аз пайраҳаи интихобкардаи мо то андозае оҳагӣ доштанд ва ҳамаше мекӯшиданд, ки дар роҳи интихобкардаамон муваффақ бошем. Ва ман фикр мекунам, ки хулосабардории ҷиддӣ ин ҳамон роҳ, кор, зиндагӣ, пайраҳаи ояндаро бошуурона интихоб кардан аст.
— Ва…
— Ва мутаассифона, ҳоло ман бо донишҷӯён суҳбат мекунам ва маълумам мегардад, ки интихоби қисме бешуурона аст, хулосабарории ҷиддӣ накардаанду надоранд. Яъне нияти онҳо дар дигар ришта таҳсил кардан будааст, вале бо сабаби нарасидани бал ва интихоби дубора, яъне дар давраи тақсимоти такрорӣ, ки Маркази миллии тестӣ анҷом медиҳад, мизу курсии факултаи дигарро банд кардаанд.
— Дар ин ҷо танҳо айби низоми қабул аст?
— Не! Дар ягон кори дунёӣ наметавон фақат як тарафро гунаҳкор баровард, зеро ҳамеша тарафайн дар он саҳм доранд. Дар ин ҷо айби худи ҷавонҳо ҳам ҳаст ва боз метавон гуноҳи волидон ҳам гуфт, чунки на ҳамаи волидон имкони назорати фарзадонро доранд, зеро имрӯз ҳушу хаёли қисми зиёди волидон дар таъминоти маишати зиндагӣ аст.
ГУФТОРИ ДУВВУМ:
Муаллим, кори илмӣ, тест ва низоми нави таҳсил
— Муҳтарам Саъдулло Неъматов, Шумо фикр намекунед, ки ҳоло ба мактаби олӣ дохил шудан ниҳоят осон шудааст?
— Ҳар низом паҳлуҳои мусбату манфӣ дорад. Дар ин раванд тарафи манфӣ он аст, ки тасодуфиҳо зиёд мизу курсии макотиби олиро банд мекунанд. Бачаҳо таваккалӣ меоянд ва боз ҳамон сухани боло такрор мешавад: интихоби бешуурона. Вале бояд паҳлуҳои мусбатро ҳам ба назар гирем, ки яке аз он нобуд шудани ҷумлаи “Черезбозию тағобозӣ карда, ба донишгоҳ дохил шуд” аст. Ва боз хубии кор дар он аст, ки имрӯз тамоми нафароне, ки каме қобилияту дониш ва малакаву маҳорат доранд, ба мактаби олӣ дохил мешаванд.
— Мақсади мо ин буд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ набояд танҳо бо тест бошад, балки…
— Фаҳмидам Шуморо, ман ҳам ба ҳамин фикр ҳастам. Бисёр айб аст, вақте ки толибилм мактабро хатм мекунад, вале иншо навишта наметавонад. Ва бисёр мехоҳам, ки аввалин имтиҳони дохилшавӣ ба макотиби олӣ ҳамон диктант ё иншое бошад, ки солҳои сол роиҷ буд. Як имтиҳон аз таърих бошад, зеро бояд ҳар яки мо таърихамонро донем. Ва баъдан имтиҳонҳои ихтисосӣ.
— Устод, низоми кредитӣ толибилмро танбалу аз хондан дур намекунад?
— Албатта, ин низом бачаҳоро аз илмомӯзии ҳақиқӣ дур мекунад ва ҳоло дар ҳамин чанд сол то андозае дур ҳам кардааст. Шахсан худи ман комилан зидди низоми таҳсилоти кредитӣ ҳастам, зеро аз бачаҳо ба ҷойи устод компютер бо 25 саволаш имтиҳон мегирад, ки барои фаҳмиши толибилмро санҷидан бисёр ноқулай аст. Ин як. Дуюм, дигар бачаҳо бо ҳамон тестҳо машғул шуда, аз китобу дафтар хеле дур мондаанд. Сеюм, тест қобилияти фикрронии бачаҳоро аз онҳо мегирад. Ва боз сабабҳои чоруму панҷуму шашум ҳам ҳастанд.
— Мо ба ин минвол ба куҷо равонем?
— Мутаассифона, бо ин тарз раҳсипор шудан, ба ҷое расида наметавонем. Шояд чанд соли дигар системаи кредитӣ дар мо амал кунад ва пасон боз ба низоми анъанавӣ, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ доштем, пас гардем. Яъне гуфтанӣ ҳастам, ки мо ҳар қадар аз тест халосӣ ёбем, ҳамон қадар ба мақсад наздик мешавем.
— Дар мавриди низоми таҳсилот гуфтем ва ин ҷо мехостам бифаҳмам, ки назари Шумо ба гузаштани макотиби миёна аз низоми таҳсилоти 11-сола ба 12-сола чӣ гуна аст?
— Ман фикр мекунам, ки гап сари миқдори солҳо не, балки сифат аст. Нигаред, як нафарро агар 15 сол ҳам дарс диҳем, хондан нахоҳад ё фаҳмиш надошта бошад, чизеро намеомӯзаду касе ҳам намешавад. Масалан, ман падари Шумо, падари нафари дигар ва умуман нафароне, ки имрӯз синну солашон ба ҷое расидааст ва барои ҷомеа коре ҳам кардаанд, дар низоми таҳсилоти 10-сола таҳсил кардем, ҳамааш хуб аст. Мақсад ҳамин ки, бояд мо пеш аз ҳама сифати таълимро ба замона мувофиқ гардонем.
Ҷавоб додан ба ин савол бисёр душвор аст. Ба ҳар ҳол, гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-соларо вақт нишон медиҳад. Ва худо накунад, ки мо зуд ва бешуурона гузарем, зеро системаи таълим барои ҳар давлату ҷомеа бисёр мураккаб ва муҳим аст.
Боз бояд бигӯям, ки аввал бояд мо низоми таълимии макотиби томактабиро мустаҳкам кунем. Чун имрӯз аксар волидон коргар ҳастанд, бачаҳо бояд аз хурдиашон таълиму тарбияи хуб бигиранд.
— Шумо вобаста ба низоми баҳогузорӣ чӣ андеша доред?
— Ба фикри ман низоми балгузории мо хато аст ва хуб мешавад, ки ба ҷойи 12,5-бала ҳамон баҳои “3”, “4”, “5” бошад.
— Имрӯз ба назар мерасад, ки аксарият аз беқадрии илм гила доранд. Шумо чӣ?
— Мо ҳамеша илми бузург доштем ва дорем.
— Дар макотиби олии мо дар курси аввал барои донишҷӯён кори илмӣ пешбинӣ нашудааст, вале якбора дар курси дуввум аз донишҷӯ 20-25 саҳифа кори курсӣ талаб карда мешавад. Магар ин хато нест?
— Не, зеро мо наметавонем аз курси аввал, ки барои донишҷӯён давраи шиносоӣ бо донишгоҳу системаи таълимӣ аст, дар сари онҳо боз кори илмиро бор кунем. Ин як. Дуюм, аз курси дуввум оғоз шудани кори курсӣ дар замони шӯравӣ ҳам буд ва ба мақсад наздиктар аст, чунки то ин дам бачаҳо каму беш аз устодон ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар бораи хусусиятҳои кори курсӣ маълумот мегиранд.
— Шумо метавонед раванди шогирдгирӣ ва кори илмӣ навиштани онҳоро ин ҷо бигӯед?
— Ман ҳар сол 4-5 нафар шогирд мегирам. Ба онҳо ҳанӯз аз моҳи сентябр мавзуҳоро пешниҳод мекунам. Табиист, ки на ҳамаашон мавзуҳоро мефаҳманд ва ман як моҳ барои шинос шудан бо мавзуҳояшон ба онҳо вақт медиҳам. Аз октябр то декабр давраи омӯзишӣ ва маълумоткобияшон идома меёбад. Мо корро аз январ ҷиддӣ оғоз карда, дар як ё якуним моҳ тамом мекунем. Дигаронро намедонам, вале шогирдони ман бисёр хуб кор мекунанд.
ГУФТОРИ САВВУМ:
Саъдулло Неъматов
Саъдулло Неъматов 26-уми январи соли 1950 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадаанд. Соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, ба риштаи суханшиносӣ дохил шуда, соли 1970 онро бо муваффақият хатм карданд.
Соли 1971 ба аспирантураи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе роҳхат гирифта, ҳанӯз дар соли аввали таҳсил ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд. Соли 1976 аспирантураро хатм намуда, ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд баргаштанд.
Эшон дар сисолагӣ дар Пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии мактабҳои миллии Вазорати маорифи Федератсияи Русия рисолаи илмиашонро дар мавзӯи “Асосҳои илмии таълими забони тоҷикӣ дар шароити дузабонӣ” ҳимоя намуданд. 14-уми ноябри соли 1991 дар ҳамин пажуҳишгоҳ рисолаи докториашонро дар мавзӯи “Асосҳои илмии таълими лексикаи забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар шароити дузабонии русӣ-миллӣ” ҳимоя карданд.
Эшон ҳамчунин 3 сол дар вазифаи ҷонишини раиси вилояти Суғд хизмат кардаанд ва дар ин давра яке аз шахсони боэътимоди номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Устод солҳои 1996-2000 ҳамчун сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон адои вазифа кардаанд. Баъди сафирӣ боз ба таълиму тарбияи насли ҷавон ва роҳи беохири илм баргаштанд.
Саъдулло Неъматов муаллифи 3 монография, 6 китоби дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои мактабҳои русӣ, 8 дастури таълимӣ-методӣ ва роҳнамои таълим аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои мактаббачагон ва донишҷӯён, зиёда аз 150 мақолаву гузоришҳои илмиянд. Инчунин, зери роҳбариашон то имрӯз 24 нафар номзади илм ва 2 нафар доктори илм шудаанд.
26-уми январ устод Саъдулло Неъматов ба синни мубораки 70 медароянд, ки мубораку хуҷаста бошад барояшон!
Мусоҳиб: М. ТОҲИР