«Бокс беҳтарин чизро дар ҳаёт иъикос мекунад: вақте ки шумо сарозер мешавед, бояд бархезед! Ҳар касе дар ҳаёт бо ин ё он тарз ба нокдаун дучор мешавад, бояд бархестанро омӯзад ва то охир мубориза барад!”.

Рой ҶОНС

Бокс варзишест, ки аз интихобкунандаи худ нерӯи қавӣ, ҷасорати шикастнопзир ва номуси мардонагиро талаб менамояд. Қадимтарин тавсифи муштзанӣ (яъне бокс)-ро ба юнониҳои қадим нисбат додаанд. Дар таърихи бузурги юнониҳо ҳанӯз дар 1000-солаи пеш аз милод аз давраи Ҳомер мусобиқаҳои муштзаниро дар иду ҷашнвораҳо доир мекарданд ва баъдтар он ба барномаи бузургтарини чорабиниҳои варзишии қадимаи юнонӣ “Бозиҳои олимпӣ” ворид шудааст. Аввалин муштзани маъруфи он замонро тақрибан дар солҳои 680-и то милод ба Ономаст нисбат додаанд. Имрӯз набарди бокс дар дунё яке аз сертамошотарин намудҳои варзиш ба ҳисоб рафта, қаҳрамонони зиёдеро рӯйи ҷаридаи олам аз ин намуди муҳориба сабт намудааст.

Бокс ҳамчун варзиши дорои таърихи қадима бори аввал соли 1904 дар шаҳри Сант-Луис шомили Бозиҳои олимпӣ гардидааст. Ҳамчунин дар Бозиҳои олимпии Лондон соли 2012 бори аввал мусобиқаи занон баргузор гардидааст. Аз соли 2016 инҷониб дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аввалин мусобиқаҳои касбӣ багузор мегарданд. Федератсияи бокси Тоҷикистон низ аз соли 2009 таъсис ёфта, роҳбарии онро Бег Сабур ба зимма дорад.

Ҳоло бобати ин намуди варзиш суҳбате дорем бо қаҳрамони ҷаҳон дар ду риштаи бокс — WBB аз рӯйи вазни 76 кг ва WBС миёни ҷавонон Меҳрубон Сангинов.

Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамони имрӯзаи мо дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ (Boxing Promotions), ки шаби 20-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Майамаи иёлоти Флоридаи Амрико доир гардид, бар ҳарифи амрикоии худ Клеотис Пендарвиси пирӯз гардид.

— Меҳрубон, аввало шуморо барои муваффақияти ба даст овардаатон табрик мегӯем! Сабаби риштаи боксро интихоб намуданатон дар чист?

— Аслан бокс барои ман шоҳи варзиш аст, зеро майдони бокс майдонест, ки нангу номуси мардро комил мегардонад. Маҳз набарди бокс ва ана ҳамон сарозершавиҳои майдони бокс дар шебу фарози зиндагӣ моро сарсахту қавӣ мегардонад ва намегузорад, ки мағлуб гардем. Набарди боксро аз набарди зиндагӣ кам гуфта наметавонам, зеро агар дар зиндагӣ як тасмими ноҷо барои вайрон шудани хушбахтиат кофӣ бошад, пас дар бокс низ кӯчактарин иштибоҳ метавонад туро аз пой афтонад. Яъне бокс барои ман мактабест, ки ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳои ноумедӣ ба пой хестан ва умед карданро бароям меомӯзонад.

— Устоди аввалини худ дар риштаи бокс киро медонед?

— Дар воқеъ, агар сад олиму донишманд ва ё зӯру тавоно бошем, бидуни кумак ва дастгирию роҳпаймоии устод ба ҳеҷ куҷое расида наметавонем. Устоди аввалини ман дар ин самт муррабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Ахмедов ҳастанд, ки маҳз бо кумаку дастгирии ӯ ин ҳама қуллаҳои баландро фатҳ кардам. Ҳамчунин, Амирхон Муродов — муррабии шоистаи ҷумҳурӣ низ устоди ман ҳастанд, ки бисёре аз нозукиҳои ин риштаро бароям омӯзонидаанд. Яъне шахс дилхоҳ роҳеро, ки интихоб менамояд, бе устод буда наметавонад. Дар баробари ин, устодони дигаре низ ҳастанд, ки аз таҷрибаҳои худ маро огоҳ намудаву ҷузъиёти ин риштаро омӯзонидаанд. Дар умум, аз ҳамаашон миннатдорам ва бо онҳо ифтихор дорам.

— Аввалин муҳорибаатон дар куҷо гузашта буд?

— Аввалин мусобиқаи худро хуб дар хотир дорам, ки бароям як рӯзи таърихӣ ва фаромӯшношуданист. Он мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс буд, ки соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Маро устодонам Парвиз Ахмедов ва Амирхон Муродов то мусобиқа роҳнамоӣ карданд. Ҳарчанд бори аввал маро ҳаяҷони зиёде фаро гирифта буд, вале мақсади ягонаи худро болотар аз ҳаяҷонам гузоштам, ки ман бояд ғолиб шавам. Шукр, ки ҳамин тавр ҳам шуд ва ман бар ҳама рақибонам дастболо шуда, сазовори медали тиллои мусобиқа гардидам.

— То имрӯз дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудед ва аз ҳама ҳарифи пурқуввати худ киро дидед?

— Тайи чанд соли охир, ки тамринҳои худро дар хориҷ аз кишвар мегузаронам, дар бисёре аз мусобиқаҳои зиёди қитъавию байналмилалӣ иштирок менамоям. То имрӯз ростӣ ба шумораашон таваҷҷуҳ накардаам, вале иштирокчии зиёда аз 30 мусобиқаи байналмилалӣ будам. Дар ҳар як набарде, ки иштирок намудам, ҳама рақимбонамро барои худ пурқувват меҳисобидам, зеро гуфтаанд, ки “душман гар пашша бошад, камтар аз филаш мадор!”. То имрӯз ҳеҷ рақибамро барои худ душман наҳисобидаам, ҳатто баъд аз бохт ҳам, вале дар набард барои обрӯву эътибори миллатам бо ҳар якашон бо тамоми ҳастӣ мубориза бурдам.

— Мусобиқаи хотирмон дар ҳаёти варзишиатон, ки дар зеҳни шумо нақш бастааст, кадом буд?

— Албатта ҳаёт бе рӯзи хотирмон намешавад. Чун соли 2017 дар набарди бокси ҳирфаӣ, ки бо муштзани машҳури мексикоӣ Фермин Канедо пирӯз гардидам, унвони қаҳрамони WBС дар ҷаҳон миёни ҷавононро соҳиб шудам. Замоне, ки қаҳрамони ҷаҳонам хонданд, худро хушбахттарин инсон ҳисобидам. Дар воқеъ он рӯз бароям хотирмон аст, зеро обрӯи як миллати бузургро пушти сари худ медидам ва замоне парчами давлатамонро аз ҳама боло бардоштанд, аз шодӣ дигар худро дошта натавонистам ва ашке, ки паёмади шодӣ дошт, беихтиёр аз чашмонам рехт. Вақте шахс дар баланд бардоштани мавқеи ҳамиллатон ва парчами давлаташ комёб мешавад, он рӯз воқеан аз худу аз асолати хеш ифтихор мекунад.

— Барои расидан ба ин ҳама дараҷаҳои баланд дар омода ва дастгириатон саҳми киро бештар медонед?

— Пеш аз ҳама дуои падару модарамро беҳтарин дастгирӣ медонам. Нақши устодонам дар роҳи муваффақияту комёбиҳоям кам нестанд ва дастуру ҳидоятҳои онҳо буд, ки ду маротиба қаҳрамони ҷаҳон дар ду ришта гардидам. Ҳамзамон он дӯстону рафиқоне, ки ҳамеша маро ҳамроҳӣ мекунанд ва аз ҳар ҷиҳат кумаку дастгирӣ менамоянд, кам нестанд, ки сипоси худро ба ҳамаи онҳо мерасонам. Аз ҳама чизи асосие, ки маро боз ҳам қуввату нерӯ мебахшад, ин суханони самимии ҳаммиллатонам мебошад, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба ман ирсол мекунанд.

— Ғайр аз машғул шудан ба бокс боз ягон шуғли дигар доред?

— Аз ҳама варзиши дӯстдошта барои ман бокс аст ва ҳатто онро барои худ шоҳи варзиш медонам. Аммо тамошои дигар намудҳои варзишро низ меписандам. Чун бештари вақти худро ба тамрини бокс мегузаронам, барои дигар корҳо ва интихоби шуғли дигар фикр накардаам, вале гӯштини тарзи ҷудоро бештар тамошо мекунам ва мухлиси паҳалавонони ҷудои мамлакат ҳастам.

— Айни замон тамриҳои худро дар куҷо ва бо кӣ мегузаронед?

— Давоми ду соли охир тамринҳои худро дар штати Нервадаи шаҳри Лосвегаси ИМА мегузаронидам. Айни замон ба шаҳри Майамаи штати Флорида барои мусобиқаи ояндаам, ки ҳоло рӯзи баргузориаш дақиқ нашудааст, омадаам ва ин ҷо бо варзишгарони касбӣ тамрин мегузаронам.

— Нақшаҳои минбаъдаи шумо дар оянда…

“Нияти нек ними давлат гуфтаанд…”. Аввалин мақсаде, ки барои оянда гузоштаам, ин медали тиллои қаҳрамони Бозиҳои олимпиро ба даст овардан ва парчами Тоҷикистони азизамро миёни оламиён муаррифӣ кардан аст. Ҳарчанд, ки имсол бар асари вазъияти баамаломадаи ҷаҳонии COVID-19 бисёре аз мусобиқаҳо баргузор нагардиданд ва имкони иштирок дар мусобиқаҳо набуд, вале ман тамринҳои ҳамешагии худро қатъ накардам ва барои мусобиқаҳои минбаъада танҳо бо як мақсад — пирӯзӣ умед бастаам.

Мусоҳиб: Қиёмиддин МАҲМАДҶОНОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here