Дар дунё одамони хуб, заҳматкаш ва меҳнатқарин кам нестанд. Суҳбати мо бо марди меҳнатдӯсту деҳқони хоксор аз ноҳияи Деваштич — Бобои Ҳоҷӣ, ки солҳои охир ба кишоварзӣ машғул асту заминро яке аз муқаддасот медонад, самимиву гуворо буд.
— Бобои Ҳоҷӣ, чанд сол аст, ки ба кишоварзӣ машғулед?
— Ман дар Беморхонаи ёрии таъҷилии рақами №1-и ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) 18 сол ба ҳайси ронанда кор кардам. Баъдан, бо сабаби хира шудани чашмам, бо хоҳиши худ аз кор рафтам. Сипас, ба кишоварзӣ машғул шудам. Раиси Ассосиатсияи кишоварзони ноҳияи Зафаробод Назаров Меҳроҷ ва ҳокими ноҳияи Зафаробод Нурзода Сулаймон маро даъват карда, бароям замин ҷудо карда доданд. Маҳз бо дастгирии Назаров Меҳроҷ ва Нурзода Сулаймон қариб 5 сол мешавад, ки кишоварзӣ мекунам.
— Чанд нафар коргар доред ва музди меҳнати онҳо чӣ қадар аст?
— Ҳамагӣ 10 нафарро бо кор таьмин менамоям. Музди меҳнати онҳо аз 350 то 400 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, гандум, ҷав, равған ва маҳсулоти хӯрока низ медиҳам. Яъне, ба ғайр аз музди моҳонаашон, боз бо маҳсулоти хӯрока низ таъмин менамоям. Дар баробари онҳо ман ва фарзандону наберагонам кор мекунем. Ҳамаи онҳо оилаи ман ҳастанд. Кӯшиш мекунам, ки ба ҳар яки онҳо дасти ёрӣ дароз намоям.
— Солҳои охир буҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон низ ҳукмфармо шудааст. Оё он ба фаъолияти кишоварзии Шумо низ таъсири худро расонидааст?
— Мутаассифона, буҳрони молиявӣ ба бисёр корхонаҳо ва бонкҳои кишвар таъсири худро расонидааст. Аммо ба фаъолияти кишоварзии ман, Худоро шукр, не. Ман худ бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудаам. Ҳар сол ҳосили хуб ба даст меорам, аз ҷумла пиёз, гандум, ҷав ва пахта.
— Хоҷагии деҳқониатон бештар ба парвариши кадом намуди зироатҳо машғул аст ва оё ҳосили мегирифтаатон Шуморо қонеъ мекунад?
— Дар соли ҷорӣ пахта кишт кардем, 30-35-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудем. Инчунин, гандум ва ҷав низ кишт намуда, ҳосили хубе ба даст овардем. Ҳамагӣ 10 гектар замин дорам. Тухмиро ҳокими ноҳияи Зафаробод таъмин менамояд.
— Барои нафаре, ки бо замин сарукор дорад, яъне кишоварз аст, вазифаҳои аввалиндараҷа кадомҳоянд?
— Замин модари мост. Як бурда нони мо кишоварзон аз пушти замин аст.
Ҳамчун кишоварз ман чунин ақида дорам, ки пеш аз ҳама меҳнатдӯст будан лозим. Заминро бояд нағз нигоҳубин карда тавонӣ. Ҳар сол онро бояд як маротиба аз ҳашаротҳои зараррасон пок созӣ. Заминро гардонда, ба аввали баҳор омода намудан зарур аст. Вақте ки зироатҳоро кишт менамоӣ, аз таҳти дил нигоҳубин намуда, бояд алафҳои бегонаашро чинда, ба қадри лозимӣ об доданро фаромӯш насозӣ. Албатта, вақте ки деҳқони меҳнатдӯст ин корҳоро анҷом медиҳад, ҳатман ҳосили хуб ба даст меорад.
— Чун Шумо якчанд маротиба Хонаи Худоро зиёрат карда омадаед, кадом корҳои хайриявиро дар навбати худ анҷом додаед?
— Ман ба ҳамаи ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунам. Ба мактаби миёнаи рақами №12-и ноҳияи Деваштич маводҳои конселярӣ медиҳам. Боз, дар ҳар як ид дар маҳфилҳои идонаи мактаббачагон саҳм мегузорам. Ба беморхонаи ноҳияи Деваштич якчанд компютери ҳозиразамон харида тақдим кардам.
— Ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз андоз қарздор нестед?
— Ман ягон маротиба қонуншиканӣ накардаам. Аз супоридани андоз саркашӣ намекунам. Ҳамеша кӯшиш менамоям, ки тоза кор кунам. Ҳама қонуну қоидаҳоро риоя менамоям. Худоро шукр, ягон мушкилӣ надорам аз ҳисоби супоридани андоз, қарздор нестам. Ҳамааш қонунӣ аст ва бо меҳнати ҳалол зиндагиамро пеш мебарам.
— Агар махфӣ набошад, солона ба буҷаи давлат чӣ қадар фоида меоред?
— Ҳар сол аз пахта ба буҷаи давлат аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ пардохт мекунам. Худо хоҳад, дар оянда бисёр нақшаҳо дорам. Агар ҳамаи онҳоро амалӣ карда тавонам, боз даромад зиёд мешавад ва бе ягон мушкилӣ андозҳоро месупорам.
— Ба назари Шумо, айни замон дар Тоҷикистон бо соҳибкорон чи гуна бояд муносибат кард?
— Фикри шахсии ман чунин аст, ки агар ҳамин андоз 3-4 муассисаро ташкил накардаву як идора шавад, барои соҳибкор хеле хуб мешуд. Худоро шукр, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо хеле ғамхоранд. Ҳар як баромадашонро ман тариқи оинаи нилгун тамошо мекунам. Дар баромадҳои худ ҳамеша қайд менамоянд, ки «соҳибкоронро дастгирӣ намоед, заминҳои бекорхобидаро обёрӣ карда, коркард намоед». Хушбахтона, мо дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ менамоем, ки дар ҳамаи ин хизматҳои шоёни Сарвари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад. Ман ҳамчун як фарди тоҷик ҳамаи ин арзишҳои миллии худамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳам.
— Барои бунёди ягон корхонаи саноатӣ ба хотири коргарди маҳсулоти кишоварзӣ ягон нақша надоред?
— Албатта, чунин нақшаҳо ҳастанд. Бисёр кор кардан лозим аст, то ин ки ба мақсади худ расем. Аммо айни замон чунин имконият нест. Вале дар оянда умедвор ҳастам, ки ҳамаи умеду орзуҳоям амалӣ мегардад. Зеро таъсис додани чунин корхонаҳои саноатӣ камтар душвор аст. Сармоягузорӣ кардан даркор ва барои ин даромади хуб, яъне маблағҳои калон лозим аст.
Мутаассифона, аксарияти кишоварзон фаъолияти худро қатъ менамоянд, ки яке аз сабабҳо камобӣ ва вазъи ҳавост. Ба ҳамин хотир, агар деҳқон ҳосили хуб ба даст наорад, хароҷотҳои худро рӯйпӯш карда наметавонад.
— Оё нафаре аз фарзандон касби пешакардаи Шуморо интихоб намудаанд?
— Албатта, фарзандон ва наберагонам низ кори маро идома дода истодаанд. Ду нафар фарзандам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия мебошанд. Соли 2011 ҳамроҳи ҳамсарам Усмонова Ҳабибахон Хонаи Худоро зиёрат карда омадем. Худро одами бадавлат ҳис мекунам. Чун ман соҳиби набера мебошам. Худоро шукр, ҳамсарам ва ҳамаи фарзандону наберагон ҳамроҳам ҳастанд. Мо як оилаи калони намунавии бамуросо мебошем. Баъди кори замин ба хона бармегардам, келинҳо дар хизмат, хӯрокҳои бомазза пухтагӣ, хонаҳо рӯфтагӣ. Роҳати ман ҳамин аст.
Мусоҳиб: Нигора САИДБЕКОВА