Суҳбати ихтисосии рӯзноманигор Мусо Бобоҳоҷиев бо коргардони саршиноси тоҷик Барзу Абдураззоқов

Ман театрро дӯст намедорам!

— Дар мусоҳибае гуфта будед, ки аслан театрро дӯст намедоштед, вале сабаб чӣ шуд, ки ба ин ҷода рафтед?

— Ба ин суол ҷавоб гуфтан хеле мушкил аст, шояд хун кашид, театрро дӯст намедоштам ва ҳақ ҳам доштам. Чун, вақте ман таваллуд шудам, падару модарам дар курси чорум мехонданд. Аз кӯдакӣ дохили театр будам. Шабу рӯзи ман на дар майдончаи футбол, балки дар саҳнаи театр мегузашт. Аз ин сабаб дӯст доштани театр барои ман хеле мушкил буд. То ҳол ман шубҳа мекунам, гӯям, ки театрро дӯст медорам. Дар театр кор кардан хеле душвор аст, барои ин машаққат, шабҳои бехобӣ, иродаи мустаҳкам ва асабҳои пӯлодин бояд дошт. Ба шахсоне, ки мегӯянд “театрро дӯст медорам, бе театр ҳаёт надорам”, бовар надорам. Модарам мегӯяд, ту шояд коргардони хуб бошӣ, аммо дар ҳаёт як тюлен ҳастӣ, худатро ҳифз карда наметавонӣ. Дунёи театр шабеҳи моҳии даруни об аст. Хулоса, театр боғчаест барои одамони калонсоли сарсафед.

— Чаро мардум аз театр дур шудаанд?

— Чаро театр аз худ дур рафт? Чаро мақсаду масъулияташ дур рафт? Инҷо мушкил дохили театр аст. Даҳ сол пеш дар як мусоҳибае гуфта будам, ҳоло низ мегӯям, мушкил дар мардум нест, дар худи театр аст. Он намоишномаҳое, ки ҳоло мегузоранд, ростӣ пойи худам намекашад, режиссура, драматургия, корбарӣ ва стенографияи хеле суст доранд. Фикр мекунам, Вазорати фарҳанг ва ҳукумат бояд ин масъаларо матраҳ кунанд. Ин ҷо мушкилӣ дар театр нест, чун театр вориди низоми давлатӣ аст. Мо мегӯем барои чӣ театр, мактаб, тиб, иқтисодиёт, маориф ин ҳолатро доранд, чун ҳама дохили низоми давлатианд. Масалан мо бо театри “Жаш саҳна” нав аз пойтахти Арманистон баргаштем. Бовар кунед, шаҳраки хурдакак аст. Тамоми кӯчаҳо аз афиша пур, аз опера то ҷаз, аз фестивал то оркестр ва ғайраҳо. Кӯча мебароӣ, медонӣ, ки рӯзат беҳуда намегузарад, мехоҳӣ театр, филармония ё ҷои дигар биравӣ. Ин қадар шаҳри зинда. Мо дар шаҳре зиндагӣ мекунем, ки ҳама чиз фурӯ рафта истодааст. Аз ин рӯ, театр намераванд, куҷо ҳаст, ки таклифашон кунанд.

Овезаҳои замони Брежневӣ дигар маъное надоранд…

— Аудиторияи имрӯза аз театр чӣ мехоҳад?

— Дар ҷомеаи мо талабот ба фарҳанг дигар гум шудааст, ракурси мо куллан тағйир хӯрдааст. Меъёрҳои мо хеле ва хеле паст фаромад. Масалан дар театри операи Қазоқистон як моҳ пеш билет намеёбед. Дар театри “Жаш саҳна”-и Қазоқистон билет 12 доллар, баробар ба 120 сомонии мо меистад, лекин ҳамавақт тамошобин дорем. Баъзан оилавӣ ба театр меоянд, агар се нафар оянд, 360 сомонӣ мешавад, лекин меоянд. Мо бо “Жаш саҳна” зуд-зуд ба хориҷа сафар мекунем, дигар мамлакатҳоро мебинем, муқоиса мекунем, як чизи нав меомӯзем ва дар амал татбиқ мекунем. Театри мо (Тоҷикистон) ба меъёрҳои солҳои 70-ум ғӯтта зад ва аз он набаромад. Идеяи нав надоранд, зиндагӣ иваз шуд, технология пеш рафт, телефонҳои мобилӣ ва интернет пайдо шуд. Мардум навгонӣ, кино, намоишҳои театрии дигар давлатҳоро аз интернет тамошо мекунанд. Театр ба онҳо чӣ чизи нав дода метавонад? Ғайр аз сонсуре, ки дар мамлакат ҳаст, дигар чизе дода наметавонад. Сонсур иҷозат намедиҳад, то коргардон ҳар дардеро, ки дорад, ба саҳна барорад. Аз ин сабаб коргардонҳо чизе мегиранд, ки сиёсӣ набошад, то балое сари оилаашон, худашон ё театрашон наоранд. Дороии мамлакат ба илму фарҳанг аст, агар фарҳанг гум шуд, иқтисодиёт маъно надорад. Бубинед, он ҷо навишта шудааст (даромадгоҳи Вазорати фарҳанги ҶТ): “Фарҳанг пояи миллат аст”. Овезаҳои замони Брежневӣ дигар маъное надоранд. Вақте қисми зиёди зиёиён хориҷ аз кишвар қарор доранд, суханашонро гуфта наметавонанд, пйесае, ки мехоҳанд, рӯи саҳна гузошта наметавонанд, ин ҳама дигар маъное надорад. Аз ин сабаб театр пажмурда аст. Тамошобин намехоҳад назди касе равад, ки талаботашро қонеъ намекунад.

— Зиёда аз 120 спектакл ба саҳна гузоштаед. Кадоме Шуморо чун коргардон қонеъ мекунад?

— Шояд се ё чор намоиш маро қонеъ мекунад. Барои коргардон идеалҳо ҳастанд, ӯ ба онҳо нигоҳ мекунад. Аз онҳо илҳом мегирад ва мехоҳад ба он сатҳ расад. Агар аз ҷиҳати корбурди касбӣ нигоҳ кунем, шояд каму беш намоишномаҳои “Антигона”, “Ҳамсинфон”, “Девонагии соли 93”, “Чор дарвеш”, “Роҳи дур ба макка”, “Муҳоҷирон”, “Плаха” ва “Тарма”.

— Театри имрӯза аз театри давраи Шӯравӣ чӣ фарқ дорад?

— Фарқ хеле зиёд аст. Ман даврони Шӯравиро дӯст намедорам. Лек, ҳамчун коргардон мегӯям, ки он давра хуб буд. Дар давраи Шӯравӣ назорат хеле хуб буд, ин ба маънои сонсур нест, чун сонсури ҳозир аз сонсури замони Шӯравӣ хеле шадидтар аст. Намоишҳое, ки он замон рӯйи саҳна мемондам, гумон аст, ки ҳозир ҳадди ақал барои номашро ба забон овардан иҷоза диҳанд. Умуман, театри тоҷик баъд аз соли 92 баста аст. Дар як изолятсияи фарҳангӣ қарор дорад. Ҳар чизе, ки дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон аст, аз замони Шӯравӣ мондааст. Чи телевизион, чи театр, драматургия, диктор, коргардон, актёр, сабки навишт ҳама шабеҳи замони шӯравист. Намедонам ин сарҳад кай кушода мешавад ва мо ғайр аз Маскав дигар ҷойҳоро низ дида тавонем. Ҳар чӣ дар Тоҷикистон мешавад, айни ҳамон дар Кремл аст. Театр ва сиёсаташ низ ҳамон, Кремл чӣ гуфт, ё мунаққидҳои Маскав чӣ гуфтанд. Ин ҷо давлатҳое ҳастанд, ки империяҳои театриро бунёд кардаанд, ба монанди Полша, Руминия, Фаронса, Испания, Италия. Эй Худои ман, ин ҷаҳон инқадар дар соҳаи театр кашфиёт кардааст, ки мо хабар надорем. Мо дар минтақаи замони Шӯравӣ мондем. Ҳама дар вокзал ба қатораҳо нишастанду рафтанд, вале мо бо ҷомадон, сандуқчаҳо, куртаҳои чакан ва қурутобамон мондем.

Поягузори театри миллии мо коммунистҳо!

— Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки ибтидои солҳои 60 як гуруҳ хатмкунандагон аз Маскав омаданд ва театри миллии тоҷикиро аз байн бурданд… Ба ҷояш мактаби Станиславскийро оварданд, ки барои мо бегона менамуд… Фикри Шумо дар ин бора чист?

— Мо театри миллӣ доштему моро омада пароканда карданд? Не! Аз соли 1929, ки ин ҷо театр ташкил шуд, пояҳояш ҳамон театри Станиславский аст. Аз он роҳ баромадан дигар маъние надорад. Станиславский, ки классик буд, ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад. Ҳама намоишномаҳое, ки мо ифтихор мекунем, “Хизматгори ду хоҷа”, “Рустам ва Суҳроб”, “Ҳуррият” ва монанди инҳо, ҳамаро Александрий монд. Соли 1970 устод Майбалиев омаданд, аммо то замон роҳбарони театр яҳудиён буданд. Мо надоштем театри миллӣ. Поягузори театри миллии мо коммунистҳо, яъне русҳо ҳастанд. Ҳар чизе, ки мо имрӯз дорем, мерос аз коммунистон аст. Мо ки Юнони қадим нестем. Дар замони Сомониён доштем, вале баъд аз омадани арабҳо дигар ин тараф мо куҷо театри миллӣ доштем?

Дар Тоҷикистон низом кор намекунад

— Чӣ намоишномаҳо имрӯз ба театри тоҷик намерасанд?

— Муҳити театр бояд иваз шавад, он вақт коргардон худаш медонад чиро ба намоиш гузорад. Театр ҳамчун давлат низом дорад. Аз директор, коргардон, гуруҳи эҷодӣ ва дигарон ташкил ёфтааст. Дар Тоҷикистон низом кор намекунад. Аввал низомро ҷо ба ҷо бояд кард. Ғайр аз ин, кадрҳои театриро бояд ҷо ба ҷо гузошт. Агар дағал карда гӯем, роҳбарияти ягон театри мо ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Ман шубҳа дорам, ки театр дар Осиёи Марказӣ аз байн меравад. Ин равиш дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва ҳам дар Тоҷикистони худамон низ ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон, ки ҳеҷ кас ба фарҳанг аҳамият намедиҳад, қабл аз ҳама инҷо гум мешавад.

Агар… Иҷозат диҳанд…

— Умуман ба Тоҷикистон баргаштанӣ ҳастед ё не?

— Ин аз ман вобаста нест. Агар баргардам ва пешниҳод кунам, ки ба Театри Лоҳутӣ ё Маяковский намоиш мегузорам, ҳатман иҷозат намедиҳанд. Дирӯз бо намояндаи Вазорати фарҳанг ва ду-се директори театр суҳбат доштем. Онҳо мегуфтанд, ки “акои Барзу, агар иҷозат диҳед, агар мо нависем боло, агар иҷозат доданд… Шумо метавонед биёед?”. Чаро не? Албатта! Барои ин агар иҷозат диҳанд. Ҳайронам, ки бояд кӣ иҷозат медода бошад. Ман муҳтоҷи иҷозати онҳо нестам. Дунё инқадр бузург аст, ки шахс бекор намемонад. Онҳо бояд муҳтоҷи ман бошанд, на ман муҳтоҷи онҳо.

— Агар имконият даст медод, кадом намоишномаро ба саҳна мегузоштед?

— Ин аз қуввату қудрату имконияти ҳамон театре вобаста аст, ки туро даъват мекунад. Ҳастанд театрҳои бақувват, ки як асари бузургро бардошт карда метавонанд. Театрҳое низ ҳастанд, ки асарҳои Шекспирро бардошт карда наметавонанд. Ин вобаста аз театр аст, ки муҳиташ чи гуна аст. Пеш аз ҳама мактаби театриро инҷо аз нав бояд зинда кард. Низоми театрӣ инҷо решакан шудааст.

— Театри Фаррух Қосимов солҳои навад ҷомеаи фарҳангии тоҷикро ба ҷунбиш оварда, театрро зинда карда буд. Имрӯз чӣ? Имрӯз ҳаст нафаре, ки ин корро карда тавонад?

— Вақте Фаррух Қосимов театри “Аҳорун”-ро ташкил кард, муҳити театрӣ хеле хуб буд, барои театр пули хуб ҷудо мекарданд. Дар театри Конибодом Тоҳир Баҳромов, Шавқат Халилов дар театри Қӯрғонтеппа ва Мирзоватан Миров дар театри Кӯлоб кор мекарданд. Ғайр аз он ки онҳо бачаҳои лаёқатманд буданд, вале муҳити театрӣ онҳоро баровард. Муҳит ба дараҷае зинда буд, ки набаромадани Фаррухи Қосим имкон надошт. Аммо баъд аз соли 1991, ки муҳит шикаст хӯрд, дигар ҳама гум шуд. Ҷо-ҷо ҳар касе монд. Он ҷазирачаҳои хурд — хурде, ки боқӣ монданд, уқёнус онҳоро низ рӯзе фурӯ мебарад, агар фурӯ набурда бошад. Ин уқёнус хеле хатарнок аст.

— Шуморо профессионализми хатмкунандагони шуъбаи актёрии даврони истиқлол қонеъ мегардонад?

— Дар ҳар синф як-ду аълохон пайдо мешавад. Бачаҳое ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд толиби илм шаванд. Қонеъ мекунанд ё не гуфта наметавонам, ба он хотир, ки дер боз ҳамроҳашон кор накардаам.

Ботлоқи театриро дӯст намедорам

— Барзу бо кӣ созишкор нест? Мегӯянд Шумо тез-тез театрҳоро иваз менамоед. Шояд мушкил на дар театрҳо, балки дар хислати Шумо бошад?

— Шояд рост бошад, он конфликти худи ман аст, ҷое дер буда наметавонам. Наметавонам ҷое муддати тӯлонӣ фаъолият кунам. Муддати тӯлонӣ бо нафаре дӯстӣ карда наметавонам. Агар бӯйи ботлоқ ба машомам расад, дарҳол он муҳитро тарк мекунам. Сабр надорам. Шояд аз он метарсам, ки ба муҳит ворид мешавам ва ба он одат мекунам. Ботлоқи театриро дӯст намедорам. Кори коргардон риск аст. Ту бояд донӣ, ки ҳар қадами ту хатар аст, фикр ва драматургияи нодуруст интихобнамудаи ту барои тамошобин ва ҳунармандон хатар эҷод мекунад. Ҳатто аз атроф мешунавам, ки мегӯянд “Барзу бо роҳбар муросо карда натавонист ва он театрро тарк кард”. Не! Аслан ин хел нест, агар бовар накунед, аз роҳбарони театр пурсон шавед. Намефаҳмам барои чӣ нози чанд аблаҳро бояд коргардон бардорад ва сабр кунад. Таҳаммулпазирӣ дар кори театр бадтарин чиз аст. Мо пеши тамошобин масъулияти бузург дорем. Ҳар бегоҳ дар намоиши ман 400 нафар одам иштирок мекунад, чипта мехарад, дар афиша номи маро мебинад, меояд ва ман ӯро фиреб диҳам… Пас фарқ байни ман ва дузди бозорӣ чист?

— Ба андешаи Шумо, театри тоҷик низ мисли қишрҳои дигари ҷомеа маҳалзада шудааст?

— Чӣ маҳалзада? Аз як маҳалла омаданду роҳбари театр шуданд. Нобудашон агар илм медоштанд, бигзор, аммо фикр мекунам, маҳалзада не, бемор аст. Бемории шадид аст. Барои даво ёфтани ин дард давлат кӯшиш накунад, программаи давлатӣ таъсис надиҳад ва коргардонҳоро даъват нанамояд, мо театрро абадан гум мекунем. Аммо инҳо чашмашонро пӯшанду гӯянд, ки “хдмон медонем”, мегӯям, ки балоро намедонед. Фарҳанг моли давлат аст ва он барои пешбурди фарҳангаш масъулияти бузург дорад. Пояи ҳар давлат қабл аз ҳама фарҳангаш аст. Вақте Илон Маск мегӯед, пеши назар мусоҳибаҳо ва шахсияти ӯ меояд. Замоне Apple ё Стив Ҷобс мегӯем, пеши назар шахси бофарҳанге падидор мешавад, он суҳбатҳое, ки ӯ анҷом медиҳад, шахс ҳаловат мебарад. Суҳбати Бег Зуҳуровро бингаред. Ин одам моро куҷо бурда метавонад? Кадом вазири мо бо ҳамтои хориҷии худ озодона суҳбат менамояд? Масхара аст, масхара! Боз мехоҳанд, ки фарҳанг намирад, ҳатман мемирад.

— Чингиз Айтматов Маҳмудҷон Воҳидовро беҳтарин ровӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта буд. Имрӯз намоишномаҳои гузоштаи Шумо беҳтарин дар Қирғизистону Қазоқистон ҳастанд. Шумо чӣ фарқе миёни он чӣ гузоштед ва намоишномаи “Гуфтугӯ бо худ”-и Маҳмудҷон мебинед?

— Ӯ бо роҳи худ буд ва ман дар роҳу фикри худам. Маҳмудҷон мехост идеяҳои худро ба тамошобин расонад. Вақте намоиши Воҳидовро медоданд, ман хурдсол будам, агар ман фикрамро баён кунам, хонанда нодуруст мефаҳмад. Дар масъалаи ҳунари Маҳмудҷон Воҳидов ман ақидаҳои худро дорам.

— Дар куҷо орамидан мехоҳед? Марги худро чӣ гуна тасаввур мекунед?

— Фикр мекунам, марги зеботарин бо табассум дар лаб аз дунё рафтан аст. Худоро дӯст медорам, мехоҳам барои чунин ҳаёти муъҷизаофаре, ки бароям дод, ба ӯ изҳори сипос намоям. Ба он нафароне, ки ман вохӯрдам, ҳар он чизе, ки дар ҳаёт дида тавонистам. Ба ин ҳама ба ӯ ташаккур мегӯям. Ба нафарони айни ҳол дар барам буда сипос мегӯям. Зеро ман онҳоро дӯст медоштам ва медорам. Мехоҳам бидонам, ки ба биҳишт меравам? Чун ба биҳишт боварӣ дорам ва мехоҳам он ҷо биравам. Ворид шавам ва пойафзоламро бадар кунам, рӯи сабзаҳои сабзи канори дарёчаи биҳишт биншинам ва бигӯям, ки намоиши ман ба охир расид. Мехоҳам пушти пардаи театр Худо бо дастаи гул маро пешвоз бигирад ва ба ягон тарабхонаи биҳишт даъватам намояд. Мо биншинем ва ман саволҳои ба худ ҷолибро ба ӯ бидиҳам. Латифаҳои дӯстдоштаамро нақл кунам. Мехоҳам дақиқаҳои охири умрам хуб анҷом ёбад. Намехоҳам бимирам ва ба қалби одамон дард гузорам. Шояд ба касе сухани бад гуфта бошам ва фурсати алвидоъ гуфтану узр пурсидан дошта бошам.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here