Ҳунарманди асил бо гузашти вақт низ мавқеи хешро нигоҳ медорад ва оҳангу суруди писандида аз хотир зудуда намешавад. Баҳодур Неъмат бо ҳамин махсусияти ҳунарӣ дар саҳна на танҳо устувор монд, балки тавонист насли ҷавонеро дар мисоли фарзандаш Муҳаммадҷони Неъмат ба олами ҳунар роҳнамун шавад. Ин суҳбат бо овозхон аз боби доди илоҳӣ, меҳри диёр, тавону тарбияи шогирдону фарзандон ва ҳикмати ҳунари асил аст.
— Ҳунармандон бо шеваҳои гуногун вориди саҳнаи ҳунар мешаванд ва таври маълум, танҳо истеъдоди асил ҷовид мемонад. Шояд маҳз истеъдоди азалӣ боис гашт, то Шумо дар ҷодаи санъат устувор бимонед?
— Аввалан, албатта шукр мегӯям, ки Худо ба ман ҳамин истеъдодро додааст. Дувум, табиист, ки кӯшишу ғайрат ва меҳнату ҷустуҷӯҳоям ба ин боис гашт. Ман шеърро бисёр дӯст медорам, шеърҳои шоирони классик ва ҳозираро пайваста хотирагардону мутолиа менамоям. Албатта, барои ҳунарманди асил шудан ва касби худро то охир бурдан ба ғайр аз истеъдод бисёр меҳнат кардан даркор аст, шабу рӯз ҷустуҷӯ намудан лозим, дар фикри эҷоди суруди нав бояд буд. Яъне, санъатро дӯст доштан даркор аст. Агар одам касбашро дӯст дорад, ӯ ҳеҷ вақт аз ҷустуҷӯ, машқ, эҷод кардан, навохтану суруд хондан монда ва дилгир намешавад. Пеш аз ҳама ба касби худ муҳаббат доштан лозим. Он вақт одам метавонад дар ин ҷода пеш равад ва ба касби худ то охири ҳаёт содиқ бошад.
— Шумо дар жанри эстрада суруд сароидаед, аммо бо сабку гунаи хос. Сабки ба мардум наздик, ки онро хеле хуш пазируфтанд. Асоси муваффақияти худро дар чӣ мебинед? Шояд асос ҳамин сабку услуби хос бошад?
— Асос ҳамин аст. Ҳар як овозхон бояд сабку услуби худро дошта бошад. Ҳунари овозхон бояд ба ҳеҷ кас монанд набошад, он гоҳ ӯ писанди мардум мегардад ва мухлисони худро пайдо менамояд. Бурдбории ман дар ҳамин аст, ки худ эҷод мекунам ва кадом шеъре бароям писанд аст, оҳанг мебандаму месароям. Ин барои ман кӯмаки калонест ва имкони хубе, ки худ созҳои мусиқиро навохта, эҷод карда метавонам. Ман бо сабку услуби худ ба саҳна омадам ва барои ҳамин ба зудӣ мухлисони зиёд пайдо кардам.
— Шумо дар аввали суҳбат қайд кардед, ки зиёд шеъру сухани баландмазмунро меписандед ва он чӣ аз эҷодатон пайдост, ҳама сурудҳои баландмазмун ҳастанд. То ҷойе огаҳӣ дорем, бо хонаводаи шоири маҳбуб Раҳмат Назрӣ пайвандӣ доред. Пайванди хонаводагӣ бо шоирон ё робитаи дӯстӣ то куҷо дар пешбурди фаъолияти эҷодиятон таъсир гузошт?
— Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки модари мо шахси бисёр фарҳангӣ, китобдӯстдору китобхон буданд. Гарчанде маълумоти олӣ надоштанд, бисёр одами бомаърифат маҳсуб меёфтанд. Шеърҳои Бедилу Саъдиву Ҳофизро бо хати форсӣ бароямон мехонданду мо гӯш мекардем. Баъдан, апаи калонии ман Маҳбуба Неъматова, ки шуъбаи журналистикаи ДМТ-ро хатм намуда буданд, шоираи бачагона ҳастанд ва ҳам пешаи рӯзноманигорӣ ва ҳам шоирӣ доранд. Албатта, таъсири ин ҳам ҳаст. Бародари калонии ман меъмор ва дар ин баробар бисёр санъатдӯст буданд. Он кас ҳам сози тору рубоб менавохтанд ва ҳам суруд мехонданд. Баъд аз он мо бо шоир Раҳмат Назрӣ ва Ҳазрат Сабоҳӣ хешу табориву пайвандӣ пайдо кардем. Онҳо шавҳарони хоҳарони мананд. Баъдан, аз миёни шоирон дӯстони зиёд дорам. Назри Яздон, Муҳтарам Ҳотам, Камол Насрулло ва дигар адибон. Ман ҳамаи шоиронро ҳурмат мекунам ва китобҳояшонро варақ мезанам. Аз шеърҳои Турсунзода, Лоҳутӣ, аз Лоиқ Шералӣ бисёр суруд сароидаам. Аз эҷоди Камол Насрулло низ чанд шеър хондаам. Аз шеърҳои калассиконамон Ҳофизу Бедил, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Шайх Камол, Аттор ва Ҳаким Саноӣ сурудҳо эҷод кардаам. Давоми соли ҷорӣ чор барномаи зинда доир намудем. Як барномаи мо бо номи «Соҳил» бо Назри Яздон буд. Дар телевизиони «Сафина» мо зинда мусиқӣ навохта, суруд хондем ва ҳама таронаҳо бар ашъори Назри Яздон пешниҳод шуд. Баъд аз он бо Раҳмат Назрӣ дар Хонаи адибон маҳфили «Ширу шакар» доир кардем. Баъдан ба муносибати 75-солагии Лоиқ як барнома гузаронидем, ки ман танҳо шеърҳои Лоиқ Шералиро сароидам. Сипас, як барномаи шоми ғазал буд, ки ман танҳо ғазалҳои Носири Бухороиро хондам. Ҳоло мо бо Муҳтарам Ҳотам як барнома омода карда истодаем. Бар ашъори устод Муҳтарам Ҳотам 7-8 суруд омода кардаам ва тайёрӣ дида истодаему ният аст барномаи махсус ба монанди «Соҳил» ё «Ширу шакар» пешниҳод созем. Ин барнома қариб ки омода аст. Умуман, ман бо шоирон зиёд ҳамкорӣ дорам. Шеърҳои класссиконро шабу рӯз варақ мезанам, ҷустуҷӯ менамоям ва ғазалҳои беҳтарине, ки ба дилу табъи ман мувофиқ меояд, оҳанг мебандам ва мехонам.
— Бисёр сурудҳои писандидае доред, чун «Ай Худо», «Гули ноз», «Сабр», «Нигори Бухоро», «Шаб ба хайр»… Ҳамаи ин сурудҳо байни мардум маҳбубият доранд. Бовуҷуд, чун пешорӯ бо мардум қарор мегиред, бештар аз Шумо сароидани кадом суруд тақозо мешавад?
— Дар айни ҳол суруди «Осон шавад ба сабр ҳама кор, ғам махӯр…» ё:
Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад.
Суруди дигар «Нигори Бухоро» бар шеъри Назри Яздон. «Ҷавониям, ҷавониям, ҷавонӣ», суруд бар шеъри Назри Яздон. Бар ашъори Раҳмат Назрӣ ман зиёд суруд хондаам: «Эй Ватан», «Тоҷикистон», «Диламе», «Хуш омадӣ», «Чашми сиёҳе дорӣ». Дар чандин сурудҳоям васфи Тоҷикистони азиз ва Ватани маҳбуб кардаам. Ҳозир, тавре гуфтам, бар ашъори Муҳтарам Ҳотам чанд оҳанги нав офаридам. Якеаш суруди «Нома»:
Ман нома кунам, нома ба ҷонон бифиристам…
Баъд аз он дар бораи рӯзи таваллуд як суруд омода кардем. Дар чандин мавзуҳо суруд эҷод намудаем. Дар бораи меҳан бо Муҳтарам Ҳотам як суруди дигар омода кардем. Умуман, тақозо вобаста ба шунавандест, ки суруди маро шунидааст ва дар бораи он маълумот дораду албатта онро талаб мекунад.
— Суруди «Аз зери чодарат», ки бисёр дилписанд аст, аз лаҳни дигар сарояндаҳо зиёд садо медиҳад. Шояд ин аз маҳбубияти зиёди суруд бошад? Мехостам дар бораи тавлиди ҳамин оҳангу суруд сухан бигӯед.
— Соли 1984 вақте ки мо дуюмбора сафари Афғонистон доштем, Зебо Аминзода сабти ҳамин сурудро оварданд. Ин суруди афғонӣ аст. Гуфтанд, ки ҳамин сурудро омода намоед, духтарони ансамбли «Зебо» рақс мекунанд ва вақти сафар дар Афғонистон ин сурудро бо рақсаш иҷро мекунем. Фармоишгар Зебо Аминзода буданд ва бо шарофати ӯ ман ҳамин сурудро омодаву сабт кардам. Он то ҳол дар телевизион гоҳ-гоҳ намоиш дода мешавад. Дар Афғонистон низ ин сурудро бо рақсаш хуш қабул карданд.
— Як суруди маҳбуби дигари Шумо «Шаб ба хайр» аст. Он махсус эҷод шуд?
— Ин сурудро ман соли 1975 ҳангоми донишҷӯиям иҷро кардам. Дар курси сеюм мехондам, ки ин суруд иҷро шуд. Ҳамон вақт мо ҳангоми пахтачинӣ бегоҳиҳо базм меоростем. Як бегоҳ навбати ман буд ва хеле суруд хондаму баъдан дар охир якумин бор ҳамин сурудро сароидам. Баъд аз он дар маҳфилҳои Донишкадаи санъат онро мехондам. Баъдан ба воситаи телевизион бо аккордеон ва дигар асбобҳои миллӣ ин сурудро иҷро кардам. Баъд аз хатми донишкада устод Орифшо Орипов маро даъват карданду вақте ки ба оркестри «Гулшан» омада, корро шуруъ кардам, суруди дуюми ман ҳамин «Шаб ба хайр» буд. Аввал суруди «Эй Ватан»-ро бар шеъри Раҳмат Назрӣ хондам, баъд «Шаб ба хайр».
— Ин сурудро бо Муқаддас Набиева низ сароидаед. Чаро маҳз бо ӯ?
— Варианти дуюми суруди «Шаб ба хайр»-ро бо Муқаддас Набиева хондам. Баъди ин боз худам сароидам. Боз варианте ҳаст, ки дар Афғонистон бо Хурмо Ширинова хондам. Баъди ин боз худам танҳо сурудро сабт кардам. Умуман, чандин вариантҳояш ҳаст. То ҳозир ман ин сурудро такрор ба такрор мехонам. Охирин бор дар барномае, ки барои Лоиқ Шералӣ карда будем, дар ҳамон «Лоиқнома» мо бо навозандагон ин сурудро зинда навохтаву хондем. Давраи ҷавонӣ ин сурудро бо аккордеон хондаам. Чаро маҳз бо Муқаддас Набиева он садо дод? Чунки, вақте аввалин бор онро танҳо хондам, баъдтараш шодравон Юрий Лядов оҳангро аз нав танзим карду шодравон Муқаддас Набиева ба ман муроҷиат кард, ки «Баҳодур, биё ҳамин сурудро якҷоя хонем». Мо боз якҷо онро сароидем. Баъд ман танҳо онро хондам. Баъдан, ки ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштем, онҷо ба мо тавсия доданд, то дар охир «Шаб ба хайр»-ро бихонем. Тамоми иштироккунандагони консерт дар саҳна меистоданд ва мо ду нафар «Шаб ба хайр»-ро мехондему ҳама ҳамовозӣ мекарданд. Ҳатто сабти телевизионии он дар ман ҳаст.
— Дар бораи замони фаъолияти худ дар «Гулшан» қисса мекардед. Чун он вақт «Гулшан» воқеан ҳам маҳбубияти хеле баланд дошт ва як ҳайати эҷодии фарогири ҳунармандони асил гирд омада буд. Ба мисли Шумо, Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Муқаддас Набиева, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев ва зиёд нафарони дигар… Чӣ махсусият буд, ки «Гулшан» яку якбора маҳбуб шавад ва ҳама ҳунармандони писандида он ҷо ҷамъ оянд?
— Ансамбли «Гулшан», ки дар назди Кумитаи радио ва телевизион буд, ба он ҷо ҳар кас шомил шуда наметавонист. Танҳо истеъдодҳои фавқулоддаро қабул дошанд. Яъне, он ҷо одамони тасодуфӣ набуданд ва шомил шуда наметавонистанд. Чунки талабот бисёр сахт буд. Он ҷо бисёр навозандаҳои хуб ҷамъ омада буданд. Овозхонҳо низ бояд касони тасодуфӣ намебуданд. Як системае буд, ки кор ҷӯш мезад. Бастакорон оҳанг меоварданд, оркестр ҳар ҳафта мусиқӣ сабт мекард, сарояндаҳо овоз менавиштанд. Ҳар ҳафта сурудҳои нав омода мешуданд. Ҳар ҳафта як-ду суруди нав дар оркестри «Гулшан» бо ин ё он овозхон тайёр шуда, ба хазинаи радио ва телевизион супорида мешуд. Ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа консерти ансамбли «Гулшан»-ро тариқи телевизион дар як вақт нишон медоданд. Мо дар ду ҳафта як консерт сабт мекардем, ду ҳафта онро такрор мекарданду ду ҳафта баъд консерти нав медодем. Дар ансабли «Гулшан» ин сабтҳо тариқи телевизион сурат мегирифт. Яъне мо доим дар пеши назари халқ будем ва кӯшиш мекардем, ки то ин барнома суруди нав тайёр намоем. Бисёр системаи хуб ба роҳ монда шуда буд. Шӯрои бадеӣ, шӯрои таҳририя кор мекарданд ва ҳар кас наметавонист ҳар гуна суруд хонад. Матни суруду оҳангро ҳайати Шӯро медиданд, гӯш мекарданд, ки оё ба оҳанг мувофиқ ҳаст ё талаффузаш нодурусту шояд дар ягон ҷо зада ноҷо омадааст. Яъне ҳама кор мекарданд, ҳам шӯроҳо, ҳам режиссёри овоз, муҳаррирон, бастакорон, навозандагону овозхонҳо. Умуман, як системаи бонизоме буд. Афсӯс, ки ҳоло чунин нест. Ман 28 сол дар ин даргоҳи ҳунарӣ фаъолияти пурсамар доштам. Баъдан ба нафақа баромадам. Ҳоло дар Консерваторияи миллӣ, дар шуъбаи эстрада дарс мегӯям.
— Тавре гуфтем, замони фаъолияти Шумо дар «Гулшан» авҷи шуҳрати он буд. Дар қиёс баҳои Шумо ба вазъи имрӯзаи он чӣ гуна аст?
— Ҳоло ҷавонон дар ин ансамбл кор карда истодаанд. Кори ансамблро роҳбари он то ҷойи тавон бо ҳайати эҷодӣ пеш мебаранд. Писари калонии ман Муҳамммадҷон Неъматов низ ҳоло дар ин ансамбл кор мекунад ва чун овозхон фаъолияти ҳунарӣ дорад. Айни ҳол гуруҳҳои ҳунарии зиёде ҳастанд. Ансамбли «Ориё»-и назди Кумитаи радио ва телевизион ҳаст. Гуруҳҳову санъаткорони ҷавон хеле зиёданд ва рақобат хеле пурзӯр асту танҳо беҳтаринҳо, зӯрҳо мебароянд. Касе, ки истеъдод дораду бисёртар кор ва ҷустуҷӯ менамояд, ҳамонҳо метавонанд дар ин рақобат муқовимат кунанд. Зиёд заҳмат лозим. Баъдан, ҳоло бе маблағ намешавад. Барои танзиму сабти ҳар як суруд маблағ лозим аст. Барои сабти овоз, клип кардан сарфу харҷу заҳмат лозим ва ҳамаи ин якбора ба вуҷуд намеояд.
— Суруди хуби дигаре доред, «Чарх бизан». Дар бораи тавлиди ҳамин суруд сухан мегуфтед…
— Ин суруд бар шеъри Раҳмат Назрӣ аст. Ҳатто аввали оҳангро Раҳмат Назрӣ як каме зам-зама карданд. Мо давомашро кор кардему идома додем ва як суруди нағз шуд. Ҳамзаи А. онро танзим кард ва оҳанги хубе баромад. Мо дар он асбоби миллии думбраро дохил кардем. Ба Зебо Аминзода онро нишон додем ва вақте гӯш кард, бисёр писандаш омаду зиёд нафарон шояд дар хотир дошта бошанд, ки духтарони ансамбли «Зебо» дар он рақс мекарданд.
— Дар аввал зиёд сурудҳое иҷро кардаед, ки оҳанги шӯх доштанд ва имрӯз оромкунандаи руҳия ҳастанд. Шояд талаботи мардуми мо имрӯз ҳаминро тақозо менамояд, ки барояшон суруди ором сароида шавад?
— Ин вобаста ба синну сол аст. Мо ки хеле баркамол шудем, мехоҳӣ, ки сурудҳои пурмазмуну ором бихонӣ. Сурудҳое, ки пандомез ҳастанд. Сурудҳое, ки ҳам худ ва ҳам дигаронро таскин диҳем. Аз ашъори классикон бештар мехонем, мувофиқи мазмуну вазни ҳамон шеърҳо оҳанг мебандем. Барои ҳамин, вақтҳои охир ба ман бештар сурудҳои ором писанд ҳастанд. Албатта, бар ғазалҳои классикон оҳангҳои шурангезу тарабнок ҳам ҳаст. Аммо меандешам, ки вобаста ба синну сол одам хеле орому вазнин мешавад.
— Аҳли фарҳангро тарбиятгар меноманд ва Шумо, ки баробари таълими шогирдон дар каноратон фарзанди хуби ҳунарманди хеш Муҳаммадҷонро қарор додаеду ӯ ҳамсадову ҳамнавои оҳангу сурудҳои нобатон аст ва метавонад давомдиҳандаи ҳунаратон бошад, баҳоятон ҳамчун овозхони асил ба ҳунари ӯ чӣ гуна аст? Чӣ корҳоеро мехоҳед барояш анҷом бидиҳед, чӣ роҳнамоиеро мадди назар доред, то бештар рушд ёбад? Дар симои ӯ аз насли ҷавон чӣ умедворӣ доред?
— Тавре гуфтам, фарзанди калонии ман Муҳаммадҷон дар ансамбли «Гулшан» фаъолият дорад. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи миллӣ аст ва айни замон овозхони ансабли «Гулшан». Фарзанди хурдиам Баҳоваддин Донишкадаи санъати Санкт — Петербургро хатм кардааст. Ҳамчун танзимгар кор мебарад, вале суруд ҳам мехонаду боз оҳанг эҷод мекунад. Ман ҳам ба шогирдон, ҳам ба фарзандонам мегӯям, ки бояд санъатро дӯст дошт. Модоме, ки ҳамин роҳро интихоб кардед, меҳнату ҷустуҷӯ мебояд. Дар санъат бояд яке аз аввалинҳо бошӣ, ё умуман набошӣ. Асос ин ки, эҷодкор бошанд, сурудҳои тоза ба тоза эҷод намоянд, як навоварӣ бикунанд. Агар ҳунарманд талошу ҷустуҷӯ надошта бошад, мисли оҳан дар як ҷо занг мезанад. Барои ҳамин, бояд шабу рӯз дар фикри пешбурди санъаташон бошанд. Бештар ба навохтани созҳои мусиқӣ машғул шаванд ва пайи эҷоди суруд гарданд. Мутаассифона, дар ҷавонон ман ҳаминро камтар мебинам. Инро ба гуфтан ҳам намешавад, ба насиҳат ҳам. Бояд Худо дар дилашон ҷой диҳад. Ба ҳама шогирдону фарзандон таманно мекунам, ки доимо серғайрат бошанду фидоии касб. Он вақт санъаткор метавонад пеш равад ва то охири ҳаёт дар саҳна бошад.
Мусоҳиб: Зулолаи НУР