САҲНАНАВИС
Исён он нест, ки бар қиём бархезиву саркашӣ кунӣ…
Исён ин аст, ки дастпарварад дастат бигазад!
Исён он нест, ки бо гарданкашӣ гардани дигарон бигирӣ…
Исён ин аст, ки гардани туро нопурсида гиранд!
Исён он нест, ки бо шӯриданҳо ширинии комҳо рабоӣ…
Исён ин аст, ки бо шӯриданҳо шириниҳоро орӣ!
Он ҳама исён ба як қатра оби чашми як тифли бепадар, бар як оҳи ҷонкоҳи модари дур аз писар, бар як дили сӯхтаи падар, ки на гиря дораду на ханда, бар як обилаи дасти ғарибе беватан наарзад!
Ин ҳама исён ба як дили озурдаи Устоде!
САРСУХАНИ САҲНА
Аҷобат дар он аст, ки ҳафтаи қабл ҳафтаи Ато Ҳамдам буд. Ӯро 13- уми июн зодрӯзи ҳуҷҷатӣ бошад ҳам, аммо он гунае, ки худ мегӯяд, дуруст нест. Боре раги кунҷковӣ боло мегираду ӯ аз модар пурсон мешавад: оча, ман дар кадом фасл таваллуд шудаам?
— Зимистони қаҳратун буд. Ҳамин қадар барфе борида буд, ки ҳама гӯиё чодари сафед ба бар карда бошанд.
Бо ин сухани модар муайян мешавад, ки таваллуди ӯ дар тобистон неву балки дар зимистон аст.
— Акнун “дальще”. Бояд муайян кунам: Оча, боз чӣ гапҳо буд дар он шабу рӯз? — мепурсад ӯ.
— Дар хотир дорам, ки бачам, ҳамон рӯз бачаи холаат Муҳсидин обрезак дошт, — модар посух мегӯяд.
Расми мо ҳамин аст, ки баъд аз 10 рӯз тифли таваллудшударо шустушӯй дода, бар гаҳвора мебанданд. Аз ин маълум мешавад, ки ӯ аз писари холааш Муҳсидин 10 рӯз хурдтар аст.
Назди Муҳсидин меравад ва шаҳодатномаи ӯро мепурсад. Санаи таваллуд: 26-уми ноябри соли 1949.
— Агар дар ин байн хатое шуда бошад, як рӯз ё ним рӯз аст. Пас, ман ё чорум ва ё панҷуми декабр мелоди умр дорам, — баланд садо мебарорад Ато.
Бо он ки 5-уми декабр Рӯзи Конситутсияи СССР буд, ин рӯзро рӯзи мавлуди худ интихоб мекунад. Аммо чун дақиқ нест, ин ҳафта ба кулли рӯзи мавлуди ӯст. Ба ин муносибат бо ӯ мусоҳиба оростем.
САҲНАИ АВВАЛ: ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚ
“Агар пешаи худро дуруст интихоб карда, ба он ҳарорати дили хешро бахшӣ, хушбахтӣ худаш туро кофта меёбад!”
(Константин Дмитриевич Ушинский)
Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”-ро дар замони роҳбарии Шумо, ки 3 тин арзиш дошт, то 5 сумӣ харидорӣ мекарданд. Сирри муваффақияти “Комсомоли Тоҷикистон” дар чӣ буд?
-Дар ҳақиқат “Комсомоли Тоҷикистон”- и он солҳоро, ки 3 тин арзиш дошт, дар баъзе минтақаҳо, ба монанди Панҷакент, Айнӣ, Ҳисор ва Мастчоҳ то 5 сумӣ харидорӣ мекарданд. Ин хабарҳо борҳо ба мо расида буд. Агар ин рақамҳоро муқоиса кунем, 3 тин ҳудуди 3 сомонӣ бештар ва 5 сум зиёда аз 8 доллари ҳамон вақтро ташкил медиҳад.
3-юми август соли 1977 баъди хатми Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд ба Душанбе омадам. Ҳеҷ дар гумонам набуд, ки маро аз рӯзномаи ҳизбӣ ба рӯзномаи ҷавонӣ гузаронанд. Ғайричашмдошт баъди ҳаводиси носозгори “Комсомоли Тоҷикистон” маро ба сармуҳарририи он пешниҳод намуданд. Дар аввалин вохӯрӣ бо аҳли эҷоди рӯзнома муроҷиат кардам, ки ҳар он чӣ ки буд, гузашт, аз ин пас, мо бо ҳам — коллективона кор мекунем. Ин вазифае, ки партия ба мо бовар карда супоридааст, муқаддас аст. Мо то муттаҳид нашавем, дар байни худ иттифоқ набандем, аз дастамон коре бар намеояд. Дар байни мо ҳисси бегонагию худпарастӣ набошад. Ман ҳеҷ вақт худро аз шумо боло намегузорам, чун шумо рӯзноманигор ҳастам, лозим ояд аз шумо меомӯзам ва то ҷое, ки имконият дорам, он чиро ки омӯхтам, ба шумо меомӯзонам. Барои ман мафҳуми маҳал ва маҳалбозӣ тамоман бегона аст. Ман танҳо аз рӯи истеъдод ва ҳунар ба шахсият баҳо медиҳам. Ин дари бинои куҳна, ки аз солҳои 30 боқӣ мондааст, барои ҳар яки мо муқаддас аст ва барои шумо доимо боз. Ман интизори суҳбати гарми шумо, интизори пешниҳоди идеяҳои тозаи шумо ҳастам ва ҳар он чи ки хуб аст, бо ёрии ҳамдигар ба роҳ мемонем ва барои обрӯву эътибори рӯзнома, тамоми кӯшишу ғайрати худро дареғ намедорем.
Бо ин аз аввал барои ин ягонагиву якдилӣ, фазои созгори озодро муҳайё кардам. Ин иттиҳоди мо ба зудӣ қувват гирифту вирди забонҳо гашт, ки баъдан ба баъзеҳо хуш наомад. Аммо, фикр мекунам, сирри муваффақияти мо маҳз ҳамин муттаҳидии мо буд, ки бо он ба ҳама чӣ даст ёфтем.
Воқеан, давраи сармуҳарририи Шуморо “давраи тиллоии “Комсомоли Тоҷикистон” мегӯянд. Бузургтарин коре, ки “Комсомоли Тоҷикистон” ҳамчун як рӯзнома анҷом дод, аз назари сармуҳаррири вақт, чӣ буд?
-Ман ҳам дар чандин ҷо ин суханро хондаму шунидам. Ин баҳои 1- 2 кас нест, ин баҳои 200 ҳазор хонандаи доимии “Комсомоли Тоҷикистон” аст ва бояд бигӯям, ки мо имконияти то 300 ҳазор бардоштани тиражи рӯзномаро доштем, аммо ин роҳ бо талаб ва таъкиди болобудаҳо ба рӯи мо баста шуд… Бо ин вуҷуд, теъдоди тиражи рӯзномаи рақами яки мамлакат — “Тоҷикистони Советӣ” (имрӯза “Ҷумҳурият”) ба 170 ҳазор баробар буд ва рӯзномаи ҷавонии мо 30 ҳазор бештар аз он чоп мешуд.
Бузургтарин коре, ки мо кардем, вазифаи аслӣ, вазифае, ки дар пеши худ доштем, самимона қабул намудем ва то ҷое ба сомон расонидем. Проблемаҳое, ки он шабу рӯз пешорӯи ҷавонон қарор дошт, мо ошкоро менавиштему мегуфтем. Тамоми қувва, ҷуръат, ҷасорат ва маҳорати худро барои ҳалли дарду доғи пешорӯи ҷавонон буда, сарф намудем. Бояд бигӯям, ки журналистони мо ҳеҷ вақт танқидро ба хотири танқид истифода накарданд. Ба он хотир истифода карданд, ки аз он муроде ҳосил ва мушкиле ҳал шавад. Ин таъкиди ҳамешагии ман буд ва доим талаб мекардам, ки бояд ҳақиқатнигорӣ маҳаки асосии кори мо бошад.
Ҷои гуфтан аст, ки яке аз корномаҳое, ки “Комсомоли Тоҷикистон” карду самараи нек дод, ин ба шефӣ гирифтани корхона, хоҷагӣ ё муассисае буд. Идораи рӯзнома корхона ё хоҷагиеро ба шефӣ мегирифт, ки дар он ҷо ҷавонон зиёданд ва аз рӯзгору кору бори ҳамон хоҷагӣ пайваста огаҳ шуда, журналистонро масъул мекард, то аз пешрафту мушкилоти он доим хонандаю масъулинро огаҳ кунад. Дар ёд дорам, мо хоҷагии “Комсомол”- и ноҳияи Конибодомро, ки колхози ақибмонда буд, ба шефӣ гирифтем ва бо тарғибу ташвиқу масъалагузориҳои мо онҳо руҳбаланд гардида, дар байни як сол ба хоҷагии пешқадам мубаддал шуд. Ҳамчунин, мо Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро ба шефӣ гирифтем ва дар совхози “Илич”- и ноҳияи Куйбишев филиали театри мазкурро кушодем, ки ҳар моҳ театр то 2- 3 маротиба рафта, намоишҳои навашро ба тамошо мегузошт. Ин амали мо самараи хуб дод ва дигар нашрияҳо дар фикрашон ҳам намегузарониданд, ки ин гуна барои пешрафт амалкард нишон диҳанд. Ин бартарии мо буд, ки ба ҷавонон хеле ва хеле наздик будем.
Замоне ба “боло” шикоят карданд: “Ато Ҳамдам хешу табор ва ёру ошноҳои худро дар атрофаш ҷамъ кардааст!”. Вақте дар шӯъбаи кадрҳо ҳуҷҷатҳои аҳли эҷоди рӯзномаро тафтиш намуданд, дар байни онҳо ягон ҳамдиёри маро наёфтанд. Ҳама ҷавононе буданд, ки баъди хатми мактаби олӣ ва ё дар ҷараёни таҳсил онҳоро ба кор ҷалб намуда будем. Аз ҷумлаи онҳо Отамурод Бегмуродов, Додоҷон Атовуллоев, Қироншоҳ Шарифзода, Мардонқул Мардонов, Саидалӣ Сиддиқ (имрӯз директори АМИТ “Ховар”), Қурбон Мадалиев ва Раҷабалӣ Исматуллоев буданд, ки аз курсии донишҷӯйӣ ба кори “Комсомоли Тоҷикистон” қабул намудам ва дар оянда ана ҳаминҳо нерӯи зеҳнии рӯзнома шуданд.
Қолабшиканӣ ва муқобили ҷараён ҳаракат кардан дар кори “Комсомоли Тоҷикистон” бисёр зикр мешавад. Табиист, ки баъди он ба Кумитаи марказии Ҳизби Комунист даъват мешудед. Аз ин ҳолатҳо чӣ гуна мебаромадед, яъне, шуморо чӣ халос мекард?
-Кори мо аз дигар нашрияҳо фарқ дошт ва албатта, ин ошкоро ба мубориза барои рафъи камбудиҳо бархестани “Комсомоли Тоҷикистон” ва коллективи эҷоди он ба баъзеҳо хуш намеомад. Маро ҳар сари чанд вақт ба Кумитаи марказии Комсомол ва ҳатто ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунист даъват карда, гӯшмол медоданд ва ё худ “насиҳат” мекарданд. Таъкидҳо мешуд, ки “аз чорчӯба набароед, то ину он нашавад”. Борҳо ба нармиву ба тундӣ сари маводҳои рӯзнома баҳс шудааст. Аммо боз кори мо ҳамон буд…
Роҳе, ки “Комсомоли Тоҷикистон” интихоб кард, ба назари банда дуруст буд. Чун он роҳи интихобнамудаи мо роҳи “Хизмат ба Ватан, Миллат, Фарҳанг ва Забон” буд ва дар моваро ҳеҷ ғаразу кине сад дар сад ҷой надошт. Бинобар ин, гӯшмоле, ки аз боло медоданд, ки гӯё ман раваму ба роҳи рост дароям, ба ман бегона буд. Инчунин, инро аз коллектив талаб мекардам ва ҳар вақт мегуфтам, ки ҳеҷ ҷои тарс нест, ба пеш! Ҳар ки тарсад аз ҳоло равад!
Дар ҳамин ҷо бояд гӯям, ки ҳамон кабинете дар бинои КМ, ки дар он қисмати зиндагии ман баррасиву ҳаллу фасл мешуду хотироти аҷибе доштам, дар даҳсолаи дигар кабинети кории ман шуд…
САҲНАИ ДУВВУМ: ҲАМДАСТӢ ВА МУЛОҚОТ
“Барои инсони муваффақ дар ҳар ҳафта 7 имрӯз вуҷуд дорад, вале барои инсони номуваффақ 7 фардо”.
(Франз Карл)
Фаъолияти ду рӯзномаи солҳои 80- 90- и асри 20- “Маориф ва маданият” ва “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳам монандии зиёд доранд. Байни шумо рақобат ва ё ҳамдастиву ёрӣ буд?
—Бале, фаъолияти ин ду рӯзномаи дар он замон машҳур, ба ҳам монандии зиёд доранд. Оғози бедории миллӣ дар саҳифаҳои “Маориф ва маданият” пайдо шуд ва “Комсомоли Тоҷикистон” онро идома дод. Ба “Маориф ва маданият” (“Омӯзгор”- и имрӯз) муаллимаи шодравон Бӯриннисо Бердиева сарварӣ мекарданд ва он ҷасорату матонату маҳорате, ки он кас доштанд, ошкоро мегӯям, ман надоштам.
Пеш аз кор дар “КТ” бо муаллима Бӯриннисо Бердиева ошноӣ надоштам. Чанде аз сармуҳаррирӣ нагузашта, хабари роҳи нави рӯзномаро огаҳ шуда, он кас ба суроғи ман омаданд. Дар ҳуҷраи корӣ сари як пиёла чой суҳбат кардем ва таъкид намуданд, ки писарам эҳтиёт бошед, чун ман бисёр суханони пасту баланд, таҳдидҳои бешумор, дӯғу пӯписаҳоро шунидам. Дар ин роҳ қавӣ будан шарт ё худ сутуни марказист. Ҳеҷ гоҳ сустӣ, заъифии худро нишон надиҳед. Дари ман доимо ба рӯи Шумо боз ва ҳар он чи ки аз ман вобаста бошад, ба Шумо дареғ намедорам.
Аз ин мулоқот ҳамкории мо оғоз ёфт ва то охири дар вазифа будан ва баъди он низ дӯстии мо идома дошт. Ба дафтари кории ҳамдигар равуои бештар доштем. Ҳар он чи ки дар саҳифаи “Комсомол…” ба чоп мерасид, муаллима ё телефон мекарданд ва ё бархоста ба муборакбодии мо меомаданд. Суҳбатҳо, мулоқотҳо, дастгириҳо… Бӯриннисо Бердиева ҳама вақт, ки дар КМ ва толорҳои муҳокима буданд, ҷонибдорӣ ман буданд ва ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекарданд. Ёдашон ба хайр!
Зимнан, дар серхонандатарин рубрикаи “КТ” — “Мулоқоти ғоибона” саҳми Шумо то куҷо буд?
-Дар он солҳо рӯзномаи машҳури СССР — “Комсомолская правда”, ки бо теъдоди зиёди аз 10 миллион нусха мебаромад, мулоқоте ингуна дошт. Ҳар гоҳ ба дасти ман мерасид, ҳатман мутолиа мекардам. Боре дар маҷлис ба аҳли эҷод пешниҳод кардам, ки чӣ мешавад ҳамин рубрикаро бо диди нав, бо тарзи нав дар Тоҷикистон ба роҳ монем. Бисёриҳо ҳайрон монданд, аммо Додоҷон Атовуллоев аввалин шахсе буд, ки фикри маро ҷонибдорӣ кард. Ин роҳи аҷибе буд барои ҳаллӣ проблемаҳои ҷавонон. Мо дар нақша гузоштем, ки дар мулоқот вазирон, депутатҳо, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва ашхоси барӯмандӣ замонро даъват намоем. Ин кори мо дар таърихи матбуоти тоҷик назир надошт. Тасаввур кунед, вазир ҳуҷраи кории барҳавои худро монда, ба як бинои куҳнаи деворҳояш рехта омада, бар курсии сахти сармуҳаррир се соат нишаста, тавассути телефон ба саволҳои гоҳо сахти мардуми одӣ, ба пурсишҳои аз хонандагони синфи 4- 5 сар карда, то донишҷӯву коргару муаллиму китобдору раису деҳқон, ҷавоб медод.
Ёдам ҳаст, ки аввалин мулоқоти мо бо вазири саноат ва масолеҳи бинокорӣ, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Виктор Иванович Медведев 22- юми январи соли 1986 баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҳарчанд ману Додоҷон масъул будем, аммо ҳамаи бачаҳоро даъват кардам. Хушбахтона, мулоқоти аввали ғоибона хеле хуб гузашт ва он се соати ҷудонамуда чӣ гуна зуд ба итмом расид, бехабар мондем. Аз тамоми гӯшаву канори кишвар занг зада, ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд, проблемаҳои худро ҳал карданд. Гармии ин бозор аз тасаввур берун аст ва ҳатто худи вазир баъди хатми мулоқот “это прекрасный идея, это прекрасный вечер”- гуфта буд.
Баъди ин, бо арбобони намоёни вақт, ки аксаран вазирон буданд, мулоқотҳои хотирмон доштем. Ва бовар мекунед, дар ҷараёни мулоқоти ғоибана проблемаҳои ҷомеа ошкоро гуфта мешуд ва бисёри он дар ҷояш ҳалли худро меёфт. Барои мисол, Рашид Олимов котиби якуми Кумитаи марказии Комсомол ба мулоқот омад. Ҳарчанд ин ном дар зиндагии ман бо хатҳои ранга бисёр зикр шудааст, аммо мардона мегӯям, ки суҳбати ҷавонон бо сарвари ҷавонони кишвар хеле гарм гузашт. Дар мулоқоти ӯ проблемаҳои 5- 6 ҷавон дар ҷояш ҳаллӣ худро ёфт: Олимов баъди шунидани мушкилии ҷавонон ба котибони якуми комсомоли ноҳияҳо дар тамос шуд ва супориш дод, ки ҳамин проблема ҳал шавад. Дар ҷараёни суҳбат чандин котибони комсомоли навоҳии кишвар занг зада хабар доданд, ки ҳамон мушкилӣ ҳал шуд.
“Мулоқоти ғоибона”- и мо дар ҳалли мушкилоти ҷавонон, ки дар маҳалҳо ҳаллашон душвортар буд, нақши бориз гузошт ва бояд гӯем, ки баъди чанд мулоқот баъзе аз роҳбарон бо “КТ” бисёр боэҳтиёт шуданд. Ҳатто “газетаи бақувват” ва “газетаи фалокат” ҳам унвон доданд, ки “вазиронро ба идораи рӯзнома бурда, маҷбур мекунад, ки бо Тоҷикистон суҳбат кунанд”. Лекин бо ин вуҷуд, кори мо бар дилу дидаи бисёриҳо нишаст ва нафаре пайдо намешуд, ки мо даъват кунему ӯ наояд. Бо вазири маорифи республика Рауф Додобоевич Додобоев, бо вазири маданият Султон Мирзошоев, бо президенти Академия фанҳои РСС Тоҷикистон устод Муҳаммад Осимӣ, бо вазири корҳои дохилӣ Комил Пӯлодов, бо тренер ва бозингарони беҳтарини дастаи овозадори “Помир” Шариф Назаров ва Валерий Турсунову Александр Азимов дар якҷоягӣ, инчунин, бо 6 аъзои Бюрои Кумитаи марказии Комсомол дар як нишаст, бо раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавинӣ шодравон Ғоиб Қаландаров, ки расо ба 300 савол ҷавоб доданд, мулоқотҳои хотирмон доштем. Ҳамчунин, бо хоҳишу дархости хонандагон бо корманди машҳури ГАИ Мулло Нуров як суҳбати ҷолибе доштем, ки ӯ аз корномаи машҳури худ ва бар киҳо раҳм накарданашро қисса кард.
Ман ёд надорам, ки ягон вазир ба мулоқот омада, аз ин ҷо малул ё ранҷида рафта бошад. Дам ба дам чой менӯшиданд, арақи ҷабин пок мекарданд, аммо баъди тамомшавӣ иқрор мешуданд, ки роҳат кардем, чандин сари сол гузашта буд, ки ин гуна суҳбати зиндаву ошкор накарда будем. Ва ҳамаашон аз идораи рӯзнома бо табъи болида мебаромаданд.
Як мулоқоти ҷамъбастии хонанда бо коллективи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳам гузаронидем, ки дар он ҷо ҳам суҳбати ошкоро шуду ба табъи баъзеҳо нафорид. Аз болои мо дар чанд ҷо навиштанд ва мо ҳам навиштему баъзе қиссаҳоро ба бор овард.
Ҳамин тавр, 2 сол “Мулоқоти ғоибона” давом кард ва бо хоҳиши хонандагон ҳамаи он суҳбатҳоро ман ҷаъоварӣ кардам, то ба шакли як маҷмӯа рӯи чоп орам, аммо баъди моҷароҳои зиндагии мо мулоқот ҳам монду он китоб ҳам…
САҲНАИ САВВУМ: ИСЁН ВА МОҶАРО
“Аз душман намеҳаросам, аз ҳасудон намегурезам, вале аз шахси каҷдилу каҷниҳод дар ҳаросам”.
(Аз дафтари “Зиндони Зиндагӣ”— и Х. Атовулло)
Баъд аз барканории Шумо баъзе журналистони саршинос низ аз рӯзнома рафтанд…
—Бале, мутаассифона, ҷавонони чирадасти рӯзнома як- як, баъзе бо хоҳиши худ ва дигаре бо фишорҳо, саввумӣ бо тағйири роҳи рӯзнома “дуруд, бекорӣ” гуфта, аз рӯзнома рафтанд. Аммо дар ин ҷо ман гуноҳи худамро намебинам, чун ман он замон бекор будам ва баъди чанде ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ рафтам ва аз кори “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳатто аз рӯзнома комилан дур шудам. Лек аз дур мешунидам, ки бародарони ман бо ҳар сабаб тарки “КТ” мекунанд, афсӯс мехӯрдам, оҳ мекашидам, аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ мешуд.
Ба кори дигарон дахолат карданӣ нестам, аммо бо рафтани баъзе беҳтарин журналистон обрӯи “Комсомоли Тоҷикистон” каме коҳид. Махсусан, аз Додоҷон Атовуллоев: агар ӯ дар “Комсомили Тоҷикистон” мемонд, “КТ” низ дигар буду вазъи матбуот низ. Навиштаҳои “Комсомол…”- ии ӯ ва навиштаҳои имрӯзи “Facebook”- ии ӯ аз ин шаҳодат медиҳад ва инро бояд иқрор шавем, ки рафтани Додоҷон худ як шикасти бузург ба матбуоти дирӯзу имрӯзи мо буд. Бояд мо ӯро ҳифз мекардем. Ҳамон бузургтарин инқилобчии рус Владимир Илич Ленин гуфта буд: “Талант всегда опасный!”. Додоҷон бозёфти заррине барои ман ва барои журналистика буд. Ӯ агар ин ҷо мемонд, барои Ватан, барои миллат, барои забон ва барои журналистика хидмати бузурге мекард. Чун ӯ содиқ аст ва содиқӣ бо ӯ буд, ҳаст, мемонад. Борҳо ба ӯ навиштам, ки бас аст дар ғурбат нишастан, ба Ватан баргард ва дар канорӣ мо бош! Худ нияти баргаштан дорад, ҳамин умеди бузургест ва рӯзи баргашти ӯ рӯзи иди ман ва иди матбуоти озодӣ мост.
Бо вуҷуди ин, ифтихор дорам, ки бародарону додарони ман дар куҷое буданд, бар халқу миллати худ хидмати шоён карданду мекунанд: дар мисоли раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, ҷонишини ӯ Ато Мирхоҷа, Қироншоҳ Шарифзода, ки дар Донишгоҳи миллӣ ба журналистшавандагон дарси касбӣ меомӯзад, Аҳлидин Ҳисорӣ, ҳамноми ӯ Аҳлидин Исоев, ки беҳтарин аксбардори кишвар буд, Ҳалима Хушқадамова, Шамсиддин Насриддинов, шодравон Исматулло Ибод ва аксари дигар, ки имрӯз дар рӯзномаву нашрияҳо фаъолият доранд.
Аммо Шумо метавонед савол диҳед, ки дар байни шогирдон нохалафон низ буданд?
…?
-Бале, буданд. Ман инро ошкор мегӯям. Русҳо мегӯянд: “Семья не без урода”. Дар оила ҳама як хел намешавад. Дар “оила”- и ташкилкардаи ман, ки 22- 25 нафар журналисти сарсупурда буд, чанде носипосон низ буданд. Дере нагузашта бисёрашон гуноҳашонро дарк карданд, пушаймон шуданд, наздам ба зону заданду узр хостанд. Ба онҳо гуфтам: ман шуморо бахшидам, Худо шуморо бахшад!
Ман он қадар одами кинагир нестам. Ҳамаи онҳоеро, ки аз нофаҳмӣ, аз беақлӣ, ба ваъдаҳои дурӯғи боло бовар карда, бар муқобили ман хестанд, бахшидам… …аммо, ба ҷуз як нафар…
Бале, гуфтед…
-Ман ҳатто ронандаамро, ки 11 сол бо ман буду нону намаки ҳамдигарро хӯрдем, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ бар зиддӣ ман шаҳодати бардурӯғ дод, ӯро ҳам бахшидам. Аммо ин шахсро ҳеҷ наметавонам бахшам. Коре, ки ин “шогирдам” кард, аз кори ронанда бадтар буд. Дар солҳои 1992 — 1995, ки ман ҷавон будаму тамоми кӯшишу ғайрате, ки доштам, барои фарҳанги миллат бахшидам, ин нохалаф бар ивази кинаи пештар дошта, ҳамон хиёнатро кард ва ин, албатта, барои фаъолияти минбаъдаи ман халали ҷиддие расонид.
Боз нагӯянд, ки барои мансабу курсӣ мегӯяд. Не! Ман ҳеҷ вақт мансаб нагуфтам, барои ягон курсӣ талоше накардам! Ононе, ки маро мешиносанд, медонанд. Бояд гӯям, ки бо лутфи Худо, мансаб ҳамеша худаш маро ҷустуҷӯ кард, ба сӯи ман омад: ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ногаҳон омадам, чунон ки гуфтам ҳамин қадар умед доштам, ки дар ягон шӯъбаи нашрияи ҳизбӣ сардор мемонанд, аммо ба сармуҳаррирӣ пешбарӣ карданд. Дар байни 7 нафар рақиб депутати Шӯрои Олӣ шудам, интихоби халқ буд ва бар он чизе накардам, худаш омад: Ато Ҳамдами ба гуфтаи рақиби интихоботиам “киссахолӣ”, Ато Ҳамдаме, ки як қалам чизе беш надорад, аз байни “бойбобо”- ҳо бо 73%- и интихобкунандагон ба Шӯрои Олӣ роҳ ёфт. Вазири фарҳанг шуданам ҳам, ҳамин хел буд: ҳамчун депутат дар Хуҷанд, дар манзили ҷавононе, ки дар баҳманмоҳ ҳалок шуда буданд, аз телевизион фаҳмидам, ки маро вазир таъйин кардаанд. Ҳамеша мансаб ба сӯи ман омад.
Соли 1994 дар Покистон барои муаррифии фарҳанги кишвар тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф карда, дар байни 40 мамлакати мусалмонии ҷаҳон ҷои аввалро ишғол карда омадем, лек дар кишвар моро хунукназарона менигаранд. Ҷои он ки шодиву фараҳ ва шодбошгӯиҳо бошад, рӯгардониҳо. Ҳайрон намешавед? Худаш чӣ гап?
Баъдан Иброҳим Усмонов, ки нав раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ таъйин шуда буд, номусоҳибаи маро, ки гӯиё бар он расона чунину чунон гуфта бошам, пешам монд. “Интервю”- и худро хонда, ба гуфти русҳо “шок” шудам. Мегуфтам, ин қадар бад намерасид, аммо ин дар ҳолест, ки ман сояи ӯро ҳатто надидаам.
Инро ба он хотир намегӯям, ки дигарбора вазир таъйин нашудам, Президент нав шуд — Ҳукумат нав мешавад. Қоида ҳамин аст. Ва баръакс, боз ман вазифаи баландтарро соҳиб шудам: шахсан Ҷаноби олӣ маро ба вазифаи мушовири калони худ таъйин кард.
Ин саргузаштро ба номи “Исён” китобе карда истодаам, ки қариб омодаи нашр аст ва дар он ҷо бештару кушодтар гуфта мегузарам, зеро қиссаи дарозест.
САҲНАИ ЧАҲОРУМ: ЖУРНАЛИСТ ВА ЖУРНАЛИСТИКА
“Саҳнаи гиряи журналистеро, ки ман дидам, ту медидӣ, чӣ сухане мегуфтӣ баҳри оромии ӯ, чӣ амале нишон медодӣ то куҳи дили ӯ аз ларзиш боз истад? Бар гиряи Мард чӣ гуна менигаристиву намегиристӣ? Гиряи Мард ҷонкоҳ буд, чун ӯ бар ҳоли замон, бар ҳоли журналистон мегирист…”.
“Ногуфтаҳо”
Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеаи мо зарари ҳам моддӣ ва ҳам маънавии худро расонид. Ба фикри Шумо он ба журналистика чӣ қадар зарар овард?
-Ҷони 70 нафар журналисти сарсупоридаи моро рабурд ва тану ҷисми 70 нафари дигарро аз Ватан дур кард. Агар он 70 журналисти шаҳид зинда мебуд ва агар он 70 нафар ва шояд аз ин ҳам зиёд бошад, журналисти бурун аз марз дар Тоҷикистон мемонданд, имрӯзи Тоҷикистон ва имрӯзи матбуоти тоҷик дигар хел буд.
Гуфта мешавад, ки 10 млрд. доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аммо ба ақидаи ман, аз зарари моддӣ дида, зарари маънавии он ҷанги нангин бештар буд.
Баъд аз истиқлол боре ба ҷамъ намудани журналистони дастпарвари хеш ва бо онон ба ташкили рӯзномаи хусусӣ наандешидед?
-Не, ростӣ, дар ин хусус ҳеҷ наандешидам. Аммо бояд бигӯям, ки дар ҷашни 90- солагии “Ҷавонони Тоҷикистон” аксари ононеро, ки гум карда будам, ёфтам, дидам, оғӯшкашӣ кардем, рӯзҳои гузаштаро ба ёд овардем ва ашки шодӣ рехтем.
Аксари ононе, ки ҳамчун филолог мактаби олиро хатм намудаанд, дар журналистика фаъолият доранд. Ва ин чиз дар насли Шумо беш дида мешавад. Қаробати ин дуро мегуфтед?
-Қонуни зиндагӣ шояд чунин бошад. Аксари журналистони муваффақи замони Шӯравӣ, дуруст қайд кардед, ки чун филолог мактаби олиро хатм кардаанд. Ман ҳам аввал факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ- и имрӯз)- ро хатм намудам ва баъд Мактаби олии ҳизбии Тошкандро чун журналист ба итмом расонидам. Вале аз 15- солагӣ бо матбуот сарукор доштам.
Қонуни навиштанро дар филология меомӯзанд, қонуни эҷоди журналистиро дар рафти фаъолият дар ВАО. Ин ду — филологияву журналистика — ду бародари ҳамхун ҳастанд ва инҳоро ҷудо намудан аз инсоф дур аст.
Филологияву журналистикаро ду бародар гуфтед: бародари бузург кадом асту бародари хурдӣ кадом?
-Албатта, бародари калонӣ фолология аст. Чун дар он аз ҳама аввал забон дохил мешавад ва баъдан нависандагӣ ва журналистӣ. Боғ ё худ гулзори филология аз боғу гулзори журналистика васеътар аст.
Аммо бояд гуфт, ки журналистика дақиқкориро мехоҳад ва филология бошад, асосан образнокиро. Бо ин сабаб фаъолияти журналист, ки бо объекти конкрет сарукор дорад, аз фаъолияти филология боло меистад.
…Ва ба ақидаи Шумо дар журналист шудан диплом доштан зарур ҳаст?
-Ин хондану диплом гирифтан ба мо расм шудааст. Мо гумон дорем, ки диплом дорӣ — савод дорӣ. Аммо ба ақидаи ман барои журналисти хуб шудан, диплом ҳеҷ рол намебозад. Дур намеравем, дӯсти ман Салими Зарафшонфарро мисол меорем. Ҳамин ҷавонмард ҳеҷ маълумоти олӣ надорад. Ӯ 3 маротиба барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатӣ (ДМТ-и имрӯз) имтиҳон супорид, аммо ҳар се бор ҳам афтид. Лекин имрӯз Салим яке аз шоирони шинохтаву сарсупурда ва барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, яке аз мунаққидони забардаст, яке аз журналистони муваффақи мо ва тарҷумони соҳибмактаб аст. Ё мисоли дигар: нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов байтор буд, нависандаи ҷаҳоншинос шуд.
Ба ин талқин намекунам, ки нахонед. Не! Хонед, аммо донед, ки бе диплом ҳам мешавад фаъолияти хуб кард. Бе диплом ҳам метавон худро муаррифӣ кард. Метавон мавқеъ пайдо кард. Барои ҳамин шахсони бедиплом ғамгин нашаванд, донанд, ки намунае бедиплом имрӯз дар Иттифоқи нависандагон самаранок кору фаъолият мебарад.
Шумо ба он фикр розиед, ки обрӯи журналист дар рӯзгори мо коста шудааст?
-Агар ин гуна гӯем, ба журналистони мо кори хуб намешавад, аммо андаке шудааст. Дар ин ҷо чанд омилро мебинам.
Боиси ин худи мо — журналистон ҳастем. Фаъолияти хоболудона дорем. Ҳама чиро диққат намедиҳем. Бепарвоёнаву сарддилона фаъолият дорем. Ҳастанд нафарони боистеъдод, аммо онҳоро низ бояд ҳавасманд кунем. Аммо намекунем, ё намехоҳем ва ё наметавонем.
Дигар ин ки мо ба фаъолияти худ хунукназарӣ кардем, аз ҷомеа низ хунукназарӣ мебинем. Дар замони советӣ мо бо жанрҳои бадеӣ — публитсистӣ ва ҳатто ҳаҷвӣ аз мушкилоти ҷомеа мегуфтем ва ҳафтае нагузашта, “қаҳрамони” он ё “виговор” мегирифт ва ё аз вазифа мепарид. Бисёр жанрҳои хуби замони Шӯравӣ имрӯз тамоман гум шудааст. Охирон фелетон кай чоп шуд, дар хотир надорем. Ва инчунин, гуфта наметавонем, ки баъди кадом мақолаи мо чорае дида шуд. Бар як бор нашуд, дуюм бора сахттар нависем, ҳатман чизе мегӯянд. Аммо мо — журналистон, имрӯз ба як бор гӯё аз сари худ соқит мекунем ва дигар аз пасаш намешавем. Ана ҳамин чиз обурӯро каме паст мекунад. Яъне, ба қавле, замона дигар гашту мо ҳам дигар гаштем.
«Рӯзноманигорони имрӯз мисли моҳигироне ҳастанд, ки танҳо моҳиҳои мурдаи рӯйиобро сайд мекунанду аз моҳиҳои зери об меҳаросанд». Ин ақидаи рӯзноманигори ҷавонест. Ин ақидаро ҷонибдорӣ мекунед?
-Дуруст! Ман ба ин ақида сад дар сад розӣ ҳастам! Рӯзноманигори ҷавон касе бошад, хуб дарк кардааст. Ва ба навқаламон муроҷиат мекунам, ки агар аз ҳозир ғайрат пайдо накунед, фардо тарсутар мешавед! Бинобар ин, аз ҳоло кори самарабахшро оғоз кунед, бар зидди қаҷрафториву беадолатӣ ва махсусан корупсия, бархезед ва мақолаву маводҳое нависед, ки таъсиргузор бошад.
Ақидаи шахсии Шумо бар фаъолияти журналистони имрӯз чист?
-Онҳо танҳо кор мекунанд. Чанде пеш дар саҳифаи рӯзномаи “Тоҷикистон” ҳодисаи 3 моҳ пеш дар Иттифоқи нависандагон ба вуқӯъ омада, нашр шуд. Хондам ва ба дӯстам журналисти ҷавон Одили Нозир ба тамос шуда, сабаб пурсидам, ки чаро баъд аз се моҳ ба ин кор баргаштед, ин қадар вақт куҷо будед, чаро як маротиба омада напурсидед? Ӯ чанд чизҳоро баҳона пеш овард. Аммо хӯрок дар гармӣ лазиз аст, баъди сардӣ хӯрдан маъние надорад. Хайр, мо ба ҳафтавори “Тоҷикистон” посух навиштем, ки дар ин шумора ба чоп расид. Аммо боз огаҳ шудем, ки он дар рӯзномаи “Самак” ҳам ба чоп расидаст. Ҳайрон мемонем ба кори журналистон. Акнун бояд аз рӯи этика ин ҳафтанома низ он посухро чоп кунад. Агар накард, кор ранги дигар мегирад ва ин баҳс идома меёбад. Аз ин чӣ суд?
Бо ин қадар таҷрибаи кории самарабахш ва қалами равоне, ки доред, сабаб чӣ буд, ки як марказ ё тренинге барои омӯзонидани журналистони навқалам таъсис надодед?
—Барои он ки фурсат ва имконият пайдо нашуд. Аммо аз имсол ҳамкории мо бо Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода оғоз ёфт ва ҳафтае як рӯз дар ин ҷо аз драмматургия дарс медиҳам.
САҲНАИ ПАНҶУМ: ҶУФТИ ДУ СИЁСАТ ВА ТАЪРИХ
“Агар заргар соҳибҳунар набошад, нуқраву зар худ чизе нест”.
(Расул Ғамзатов)
Шуморо чӣ аз журналистика ба сиёсат овард?
—Журналистика худ сиёсат аст. Ман ба ин сиёсат аз синфи 6 — 7 қадам задаам ва баъди хатми Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ — маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира н. Рӯдакӣ) пурра ба ин сиёсат ворид шудам ва ин сиёсатро дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд такмил додам ва дар “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҷои лозимии он даст ёфтам.
Сиёсати гуфтаи Шумо ва сиёсати гуфтаи ман ҳар ду якест, яъне, ман аз ҷои дигар наомадам, балки аз манзили худ як қадам боло мондам.
Аз он сиёсати гуфтаатон ба таърих пардохтед. Пас ин ду ба ҳамдигар чӣ қаробат ё мухолифат доранд?
—Мухолифате надоранд, аммо қаробати наздик доранд. Журналистикаву сиёсат ду роҳест, ки ба таърих мепайванданд ва натиҷаи кори онҳо моли таърих мешавад.
Аз сармуҳаррирӣ рондани Шумо баъзе қиссаҳоро бо худ дошт. Аммо баъд аз чанд сол Шумо масъулияти хеле баланд — Вазири фарҳангро бар дӯш доштед. Ин қисмати зиндагиро худи Шумо чӣ гуна мефаҳмед?
-Бо он ҳама саркашиву қолабшиканӣ ҷони баъзеҳоро то бар гулӯ оварда будам. Онҳо қарор бароварданд: ин сағераро наронем, ҷони моро мебарорад! Ва баъдан маро воқеан “говсуд” карданд. Аввал пешниҳоди мақоми болотар дар нисфи шаб шуд. Розӣ нашудам ва ин боиси исён ва коршикании бачаҳо гашт. Сипас диданд, ки намешавад, ба роҳҳои таҳдиду туҳмат гузаштанд. Дар Бюрои КМ ҳизб онҳо бо забони русӣ баромад карданд ва ман бо забони тоҷикӣ ба саволҳои онҳо посух гардонидам, ки ин ҳам оби сарде бар рӯи оташ шуду боиси хашми дигар гардид. Ронандаамро бар зидди ман шӯрониданд, аммо ҳамон замон шодравон Ғойиб Қаландаров сухане гуфт, ки дами ӯ гирифт. Чун диданд, ки вазифаи баланди ба ман ваъдакардаашонро қабул накардам, ба таҳдид гузаштанд ва ман аризаи истеъфои худро навиштам. Ҳини аз дар баромадан рӯ ба ҷониби онҳо ва намояндаи аз Маскав омада оварда гуфтам: “Я вернусь!”.
Аммо, он гунае, ки дар боло гуфтам, мансаб худ ба ҷустуҷӯйи ман омад. Маро дар охирин интихоботи шаффофтарину демократтарини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар интихоботи депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 4 ҷо — аз Кумитаи ТВ ва радио, Панҷакент, Ҳисор, Конибодом пешниҳод намуданд ва ман зодгоҳи худро интихоб кардам. Дар ин интихобот мани киссахолӣ, ки рақибон “пуф” гуфта буданд, аз ҷониби “лашкари журналистон” дастгирӣ ёфтам. Ба якояки онҳое, ки маро пешниҳод ва дастгирӣ карданд, изҳори сипос кардам.
Аммо пас аз ҳафтае он “рақиби сарсахти ман”, ки худро аллакай депутат эълон карда буд, рӯзе пеш аз тӯйи писараш дар шаби ҷумъа ҷонро ба Ҳақ супорид. Ҷояш ҷаннати барин бод!
Акнун ин қисмати зиндагии маро ҳар кас чӣ гунае, ки фаҳмад, аммо ман лутфи Худо медонам.
Гапу гузореро низ шунидаем, ки гӯё баъди Вазири фарҳанги ҶТ таъйин гардиданатон, аз чанд собиқ ҳамкоронатон дар “КТ” “хоҳиш” карда бошед, ки дар бораи “Додоҷон Атовуллоеви оппозитсионер” мақолаи сахти сияҳкунанда нависанд. Ва аз байни чанд нафар яке ин хоҳиши Шуморо ба ҷо оварда, дар ҳаҷми қариб 1 саҳифаи газета дар нашрияе мақолаи сиёҳкунандаи Додоҷон Атовуллоевро ба табъ расонида бошад. Оё чунин буд ва агар “ҳа”, метавонед сабабу таконҳои он “хоҳиш”-атонро шарҳ диҳед?
—Мутаассифона, ман ёд надорам, ки чунин хоҳише карда бошам. Он мақоларо хонда будам ва муаллифашро ҳам то ҳол дар ёд дорам, лекин ин гуна хоҳише накардаам. Бисёр мехоҳам он собиқ ҳамкоронам ин хоҳиши маро — агар ҳақиқат ҳамин хел бошад, — собит созанд: кай, дар куҷо ва чӣ тавр хоҳиш кардаам?
САҲНАИ ШАШУМ: ЁДИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ЭҶОДӢ
“Шарт нест, ки одамон ҳамзабон бошанд. Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст!”
(Адиби Доғистон)
Имрӯз, Шумо ба ҳайси раиси Анҷумани тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва кишварҳои назди Балтия фаъолият доред. Аз кори ин Анҷума мегуфтед?
-Ин Анҷуман соли 2008 дар ҷамъомади тарҷумонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва кишварҳои назди Балтия дар Арманистон ташкил карда шуд ва ман мехостам ва ҳатто пешниҳод намудам, ки дар садри Анҷуман арманшиноси машҳури мо Абдувалӣ Давронов, ки ҳамаи кори дипломиву илмии ӯ бо забони арманӣ буд, пешбарӣ шавад, аммо маро пешниҳод намуданду тасдиқ карданд.
Мо дар чанд соли аввал фаъолияти хуб нишон додем ва аз рӯзгору осори адибони фаромӯшшуда китобҳо баргардон намуда, ба чоп расонидем. Дар ин баробар, ки мо асарҳои адибони хориҷиро ба забони тоҷикӣ баргардон ва чоп намудем, асарҳои адибони мо низ дар Арманистон, Белорусия, Туркманистон, Қазоқистон ва чанд мамлакати дигар ба чоп расиданд. Фаъолияти мо самараи хуб дод. Аммо, мутаассифона, 4 соли ахир бо сабаби дасткашии маблағгузор, кори мо ба таъхир афтод. Умед ҳаст, ки мо боз ба кору фаъолияти Анҷуман давом диҳем, аммо ҳоло интизори маблағгузор ҳастем.
Ҳамчунин дар баробари он ки узви Иттифиқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед, боз узвияти Иттифиқи журналистони Белорусро ҳам доред. Ин ба Шумо чӣ гуна даст дод?
-Ҳуҷҷати узвияти Иттифоқи журналистони Беларусро барои пайванди робитаҳо соли 2009 дар намоиши байналмилалии китоб шахсан раиси Иттифоқи журналистони Белорус Неколай Чергинитс бо самимияти хос ба ман супорид.
То ба имрӯз бештар аз 60 китоби Шумо, ки чандтоӣ қиссаву драммаву асарҳо дорад, аз чоп баромадаанд. Ҳоло озодтаред, аммо пештар — ҳангоми Вазири фарҳанг будан ва вазифаи мушовирии Президентро ба уҳда доштан, барои кори эҷодӣ чӣ гуна вақт пайдо мекардед?
-Чун рӯз пурра дар кор будам, шаб камтар хоб рафта, ба навиштан вақт ҷудо мекардам. Шабҳо то соати 1 — 2 менавиштам ва дар фурсатҳои холӣ низ қаламзаниро идома медодам. Аллакай ин ба ман одат шуда буд.
Бо Леонид Чигрин ҳамдастии хуб доред ва зиёда аз 10 ҷилди романи “Асрори таърих” бо ҳаммуаллифии он кас таълиф шудаанд. Инчунин, дигар китобҳо низ. Дӯстӣ ва ҳамкории шумо кай оғоз шуд ва онро чӣ тақвият дод?
—Ошноии мо бо шодравон Леонид Чигрин аз рӯзи аввали сармуҳарририи “Комсомоли Тоҷикитон” оғоз ёфт. Ҳамон замон устодамон — сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистон Советӣ” Шодӣ Саидов, раиси Госкино шуд ва Чигрин бо он кас кор мекард. Саидов моро бо ҳам ошно карданд ва 40 сол дар канори ҳам будем.
Мо бо ӯ 25 китоби ҳаммуаллифӣ навиштем, ки қисме ба чоп расид ва боқӣ ҳоло дастнавису таҳрирталаб аст ва умед аст, ки дар оянда онҳоро ба чоп расонем.
Инро бояд зикр кунам, ки асари “Корномаи Эмомалӣ Раҳмон”- и мо бо ҳаммуаллифӣ навишта, ба 10 забони дунё тарҷума шуд. Ин худ як дастовардест, ки сиёсату таърихи кишвари моро дигар давлатҳо омӯзанд.
Ин рӯзҳо бо чӣ кор машғулед?
-Пйесае аз дастовардҳои замони Истиқлол таълиф дорам. Умед дорам, ки ин намоишнома дар рӯзҳои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба тамошобинони гиромӣ пешкаш мегардад. Кори дигареро, ки ба анҷом расонидам ва он имрӯз ё фардо дар шакли китоби калон бо номи “Ҷон дар кафи даст” ба дасти хонандагон мерасад.
Дарвоқеъ, дар баробари эҷоди асарҳои бадеиву публитсистӣ, Шумо ба драмматарҷумакунӣ ҳам машғулед. Мегуфтед, ки кадоме — асари бадеӣ ё публитсистӣ ё драмма тарҷумааш осонтар аст?
—Албатта, эҷоди асари бадеӣ осонтар аст. Ҳам навиштани драмма ва ҳам тарҷумаву баргардонии драмма душвор аст. Зеро дар ин ҷо саҳнаҳоро бояд созем, образҳоро ба ҳаракат дароварем, зудиву оҳистагии онҳоро муайян кунем. Тарҷумаи драмма фикрронии амиқро меписандад. Асарро дар як нишаст метавон тарҷума кард, аммо драмма мушкилтар аст. Навиштану баргардони драмма ҷолибияти хосӣ худро дорад. Имрӯз ҳам ман дар шуъбаи робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драмматургияи Иттифоқи нависандагон кор мекунам.
Дар ёд дорам, ки мазҳакаи “Латифаҳои деҳот”- и драмматурги машҳури рус Александр Вампилов, ки ман баргардон карда будам, дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 1000 маротиба дар саҳна намоиш дода шуд.
БА ҶОИ САҲНАИ ҲАФТУМ
Ва имрӯз низ бо вуҷуди он ки замоне Вазири фарҳанг ва мушовири калони Президенти мамлакат буд, исми Ато Ҳамдам дар дафтари қайде нест, хонаи давлатие, бӯстонсарое надорад. Ба як маънӣ, шояд ӯ ягона мансабдори Тоҷикистон бошад, ки аз ягон имтиёзи давлатӣ истифода набурдааст. Ба гуфтаи дӯсти роздонаш Леонид Чигрин, ки ҳамеша ба ӯ муроҷиат карда шӯхиомез мегуфт “мы с тобой не вовремя приехали, или поздно”, шояд дер карда бошад?
Агар ӯ асарҳои таърихии “Садди Суғд”, “Садди Хатлон”, “Роҳи Абрешим”, “Спитамен” ва даҳҳои дигарҳоро дар замони Шӯравӣ ба чоп мерасонд, ба гуфтаи роздонҳо он китобҳо бо теъдоди на кам аз 100 000 нусха аз чоп мебаромаданд.
Агар дар вақту замони созгор унвонеро ба худ мегирифт, то ба имрӯз интизори он намебуд.
Агар дар вақти муайян чашм бар олам мекушод, шояд ду зодрӯз надошт.
Аммо бо ин ҳама “ақибмониҳо” ӯ бақуллаи мурод расид ва хидмате дар журналистикаву сиёсату таъриху адабиёт намуд, ки дар лавҳи хотирҳо нақш бастааст.
Қаламат сабз, Умрат бехазон, Рӯзгорат пур аз шодиву нишот бошад, Атои Худое, ки худ ҳадяи заррин барои миллати тоҷик ҳастӣ!
Суҳбаторо: Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ