Сол ба сол сафи кӯдакону наврасон ва ҷавонони майл ба варзиш дошта дар Тоҷикистон меафзояд. Бешак, кӯдакону наврасон ва ҷавонон нерӯи пешбаранда ва ояндаи ҳар миллатанд. Хоса, агар тарбияи онҳо аз овони кӯдакӣ дуруст гузошта шуда бошад. Дар ин авохир, ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ширкат варзида, муаррифгару парчамбардори номи Тоҷикистони азиз ҳастанд. Яке аз чунин варзишгари наврасу умедбахш Анушервон Фозилов, аст ки дар мусобиқаҳои зиёди кишвар дар намуди варзиши бокс ширкат намуда, то ба имрӯз сазовори 7 диплому 24 ифтихорнома гардидааст. Суҳбате бо Анушервон Фозилов доир намудем, ки фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.
— Анушервон, орзуи варзишгар шудан дар дили шумо кай пайдо шуд?
— Ман аз синни 4- солагиам ба тамрини бокс машғулам. Ҳанӯз аз айёми хурдсолиам ман тариқи телевизион баромадҳои варзишгарони маъруфро тамошо мекардам ва мехостам ба монанди онҳо шавам. Аз синни 6- солагиам ба варзиш ҷиддан машғул шудам. Қариб 7 сол мешавд, ки ба тамрини бокс машғулам. Ин намуди варзишро ман бениҳоят дӯст медорам.
— Дар ин ҷода устоди Шумо кист?
— Устоди ман падарам, варзишгари маъруфи тоҷик Мустафо Фозилов мебошад. Аз синни 4- солагиам падарам маро пайваста бо худ ба толори варзишӣ мебурд. Ман дар кунҷи толор нишаста, машқҳои падарамро бо завқ тамошо мекардам. Ҳоло бошад ман бо ҳамроҳии падарам дар толори варзишии «Гулбутта» машқ менамоям. Ҳамроҳи ман боз 20 нафар ҳамсолонам машқ мекунанд. Падарам бисёр устоди меҳрубону пуртоқат буда, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар мусобиқаҳо ман ғолиб бароям. Бо шарофати падарам ман боксро аз худ кардам. Маҳз кӯшишу заҳматҳои падарам буданд, ки ман тавонистам дар 30 мусобиқа иштирок карда ҷойҳои намоёнро сазовор гардам. Ман аз падари худ бисёр ифтихор мекунам ва миннатдорам, ки боксро ба ман омӯзонид.
— Дар кадом мусобиқаҳои варзишӣ Шумо ширкат варзидаед?
— Якумин мусобиқае, ки ман ширкат варзидам ин дар ноҳияи Ҳисор буд. Он вақт 6 сол доштам. Ҳарифони ман аз ҳамин ноҳия буданд. Ман бо варзишгари ин ноҳия вориди рақобат шуда бори аввал сазовори ҷойи якум гардидам. Баъдан ҳамин тавр ман дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат мекардагӣ шудам. То имрӯз ман дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ашт, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Данғара, Мастчоҳ, Ғончӣ, Спитамен, Рӯдакӣ, Ҳисор ва ғайра дар мусобиқаҳои бокс ширкат варзидам.
— То имрӯз соҳиби чанд ифтихорномаву диплом гаштаед?
— То имрӯз 24 ифтихорномаву 7 диплом ба даст овардам, аз ҷумла 23 ифтихорномаи ман барои ишғол намудани ҷойи 1, 1-тоаш барои ҷойи 2 ва аз 7 диплом шаштоаш барои ҷойи 1-ум ва 1-тои охир барои ҷойи дуюм мебошад.
— Тамрини бокс ба дарсҳоят халал намерасонад?
— Ман дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Сино дар синфи 6 таҳсил мекунам. Роҳбари синфамон Ирисой Очилова аст. Муаллиамон бисёр муаллимаи сахтгиру меҳрубон мебошад. Маро ҳамеша дастгирӣ мекунад. Дарсҳоро содда карда, ба мо мефаҳмонад. Ман ҳамеша пас аз дарсҳо ба толори варзишӣ рафта машқ мекунам. Вақте ки мусобиқаҳо оғоз мешаванд, баъзан вақт дарсҳоро аз худ карда наметавонам. Зеро ба мусобиқа омодагӣ мебинаму бисёр машқ мекунам. Ман фанни забони англисӣ ва таърихро бениҳоят дӯст медорам ва барои аз худ кардани ин фаннҳо талоши зиёд менамоям. Ногуфта намонад, ки аз фанни таърих дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок кардаам. Гарчанде, ки ман ягон ҷойро дар олимпиада ишғол накарда бошам ҳам, ман руҳафтода нашудам. Баръакс ман кӯшиш намуда истодам, ки дар олимпиадаҳои оянда ҷойи сазоворро мушарраф гардам.
— Оё боре шудааст, ки дар мактаб ё дар кӯча ягон ҳамсолатро лату кӯб карда бошӣ?
— Дар мактаб ман як дӯст дорам, номаш Исмоилҷон мебошад. Ӯ ҳам ба варзиши бокс машғул аст. Мо якҷоя машқ мекунем ва дар як мактаб таҳсил менамоем. Ӯ дӯсти ҷонии ман аст. Ба наздики дар як мусобиқа, ки дар маҳаллаи Яккачинор баргузор гардид, ҳардуямон ба ҳамдигар рақиб баромадем. Танҳо дар ҳамин мусобиқа бо дӯстам ба истилоҳ «даст ба гиребон» шудем. Умуман бо ҳамаи рафиқон ва ҳамсинфонам муносибати хуб дорам. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ман ҷанг намекунам, зеро падарам оиди ин масъалаҳо борҳо насиҳат карда буданд. Ман падарамро нороҳат кардан намехоҳам.
— Дар оилаи Шумо ба ғайр аз ту боз ягон каси дигар ба варзиш майл дорад?
— Бале. Акаи ман Умедонҷон варзиштар мебошад. Бародарам ба тамрини таэквандо машғул аст. Чемпиони ҷумҳурӣ буда, дорои камарбанди сиёҳ мебошад. Модарам мураббияи боғча мебошад. Апам бошад мактабро хатм намуда, донишҷӯ шуд. Дар рӯзҳои истироҳат бештар бо ҳамроҳии падарам сафар карданро дӯст медорам.
— Назари шумо ба намуди варзиши «Бой без правил» чӣ гуна аст?
— Ман ин намуди варзишро дар телевизион тамошо мекунам. Аммо худам, дар ин намуди варзиш иштирок кардан намехоҳам. Ба ин намуди варзиш машғул шуданро дӯст намедорам. Варзишгар бояд ба як намуди варзиш машғул шавад. Дар як самт роҳи худро муайян намояд. Бо риояи ин қоида варзишгар дар оянда хатман комёб мешавад. Ба монанди варзишгари номӣ — Беҳрӯз Зуҳуров, ки чемпиони ҷаҳон шудааст, ӯ ҳамсояи мо мебошад.
— Дар оянда чӣ нақша доред?
— Ман дар оянда мехоҳам, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намоям. Варзишгарони писандидаам дар риштаи бокс аз миёни варзишгарони тоҷик Асрор Воҳидов ва Шералӣ Маҳмадалиев буда, аз хориҷиҳо Мэнни Пакяо мебошад. Умедворам, ки дар оянда ба монанди ин варзишгарони маъруф дар мусобиқаву чемпионатҳо ширкат варзида, номбардору муаррифгари Тоҷикистони азиз шавам.
— Анушервон, барои суҳбат ташаккури зиёд!
— Саломат бошед!
Суҳбатнигор: Нигора САИДБЕКОВА